На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулоҳдориву оини сарварӣ донад

 

       Санаи 19.10.22  қӯшунҳои нируи амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон 13 маротиба фазои сарҳадии марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда мардуми дар марз бударо мусаллаҳ менамоянд, ки ин боиси хавотирӣ ва нооромии марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад. Ҳарбиёни қирғиз дар назди марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон танку тӯбҳои ҳарбиро ҷойгир намуда акопҳо кофта истодаанд, ки ин амалашон бар хилофи протоколи №42, ки санаи 25 сентябири соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон навишта шуда мебошад.                                                                              Бо вуҷуди созишномаи сулҳ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷаппаров дар сесияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ маърӯзаи пучу туҳматомез ва далелҳои норӯшану беисбот дар ҳамоиши  сатҳи байналмиллалӣ намуда буд, ки  дигарбора ноҷавонмардию аз таъриху сиёсат дур будан ва ғараздории роҳбарияти феълии Қирғизистонро дар назди мардуми олам собит сохт.                                   Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,
На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад.
На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдориву оини сарварӣ донад.

        Алъон вазъи ноороми ҷаҳон ба ҳамагон маълум аст. Ҷаҳон дар як ҳолати ҷанги даҳшатноки сеюми ҷаҳонӣ қарор дорад. Роҳбари оқил он касест, ки дар дар чунин ҳолати даҳшатбор алами сулҳу ваҳдатро баланд бардорад. Ҷанг ҳунар нест. Ҷанг кори ҳайвоноти дарранда аст. Сулҳу ваҳдат овардан ҳунар аст ва кори мардони Худост. Бесабаб Ҷаноби Олӣ муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдат ном нагирифтаанд. Роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо талош меварзанд, ки дар давлати азизи мо, минтақа ва ҷаҳон сулҳу ваҳдат пойдор бошад. Бо яроқу аслиҳа сулҳро барқарор намудан намешавад. Сулҳу ваҳдат маҳсули қалбҳои пок аст.                                                            Амалҳои ноҷавонмардонаи роҳбарони Ҷумҳурии  Қирғизистон, ки боиси муташанниҷ гардидани байни ду давлат ва минтақа мешавад, маҳкум менамоям. Бояд як комисияи босалоҳият аз ҷониби давлатҳои бетараф ташкил карда шуда масъалаи сарҳад боадолатона ҳал карда шавад. Бо роҳи ҷангу зӯроварӣ ва тӯҳмату бӯҳтон ва айбдор намудани ҳамдигар натанҳо муаммо ҳал намегардад, балки мураккабтар мешавад ва бегуноҳон аз ҳарду ҷониб қурбон мешаванд.

Ҷони гургону сагон ҳар як ҷудост,

Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост.

Ҷалолиддини  Балхӣ.