Санаи 30- марти соли равон қалби яке аз омӯзгорони масъулиятпешаву дӯстдори касби хеш устоди кафедраи кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология Шаҳодатхон Шарипова аз задан боз монд.

Дар митинге, ки субҳи рӯзи ҷумъа доир гардид, хешону пайвандон, дӯстону ҳамкорон аз хислатҳои ҳамидаи ин муаллимаи равоншод ёд карданд.

Ҷамшед Мирсаидов, раиси созмони ҷавонони донишкада, шогирди муаллима аз номи Раёсати донишкада, шахсан аз номи директор Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуд.

 Устодони кафедра, номзади илмҳои кишоварзӣ Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои химия Руслан Бобохоҷаев, ҳамсинф ва ҳамсабақи замони донишҷӯи Абдузафар Инъомов ва собиқадори меҳнат  Мирмуҳаммад Абдуллоев аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо ин зани оқила ёдовар шуданд.

Бо дуою фотеҳа аҳли ҷамъомадагон муаллимаро ба роҳи охират гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мавсуф соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд тавлид ёфтаанд. Хамтмкунандаи Донишкадаи аграрии шаҳри Фрунзе (ҳозира Бишкеки) Ҷумҳурии Қирғизистон буда, пас аз хатми он солҳои сол дар рушди соҳаи махсулоти хӯрока саҳм гузошта, то ба дараҷаи сармуҳандиси комбинати истеҳсоли гӯшти шаҳри Хуҷанд расидаанд. Даҳ сол қабл бо даъвати филилали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба донишкада пайваст гардида, дар ин муддат садҳо шогирдонро  тарбия намуда буданд. Солҳои охир дар доираи лоиҳа бо мақсади табодули таҷриба дар муассисаҳои олии Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ба шогирдони ин муассисаҳо давоми як моҳ дарс мегуфтанд.

Руҳатон шоду хонаи охирататон обод, муаллимаи азиз!