Гузашти маҳу сол инсонро солортару ботамкин менамояд. Ин ҳарфҳоро дар ҳаққи кишвари офтобии мо низ метавон гуфт. Ҷумҳурии мо аз 27- умин баҳори соҳибистиқлолии худ гул мечинад. Ва тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ин давлат аз сол ба сол месабзад ва шукуфон мешавад. Дигар ин миллату халқият пойбанди ин ё он мафкураи бегона нест, балки ҷойи онро ҳуввият ва ифтихори миллӣ гирифтааст.

Пас аз изҳоротҳои паёпайи ҷавонон, коркунони соҳаҳои мухталиф ва ҳатто собиқ сарварони бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру навоҳии кишвар гуфтаҳои ман исботи худро ёфтанд. Халқ хосса, ҷавонони огоҳи миллат накӯро аз бадӣ ҷудо карда истодааст. Кадомин роҳ дурусту кадомин роҳ ба каҷӣ мебарад, худ интихоб карда истодааст. Ва он андешаи ботил, ки барои ҷавонон фардои ин миллат бефарқ аст, комилан ғалат аст.

Ҷавониро давраи бебокии умр меноманд ва ҳар яке шаҳди ин аёмро чашидааст, лаззати онро медонад. Таззодро бубинед, ҷавоне илм андӯхт, роҳи донишгоҳро гирифт, маълумотро олӣ кард ва имрӯз пешгоми ҷамъият аст. Дигаре аз паи фанди дигарон шуд. Бо ришу фаши расида, олудаи ҳамаи чиркиниҳо, дар дашту даман гуруснаву ташна силоҳ дар китф ҳар лаҳза ғами ҷонашро мехӯрад. Бехабар аз он ки амали ноҷояш  натанҳо худашро маҳв мекунад, балки ба наздикону пайвандонаш ва миллаташ зарбаи ҷонкоҳе мерасонад. Шумо гумон мекунед, ки ҷангиёни тоҷике, ки имрӯз дар Сурия ҷангида истодаанд, бо амри дил рафтаанд. На, хато мекунед. Зеро таълимоти нодуруст, нотавонбинӣ, ҷоҳилӣ онҳоро ба ин кӯи навмедӣ бурдааст. Дар кишвар ҳазорҳо нафар донандагони дини мубини ислом сукунат доранд, аммо на ҳамаи онҳо дар зеҳну шуури хеш ҷиҳодро ҳамон тавре ки ин ҷавонон мефаҳманд, ҷо додаанд.

Дар гузари мо домуллое зиндагӣ мекунанд, бо номи Аълохоҷа ҳама ба ӯ эҳтиром доранд. Боре нафаре аз мубаллиғони ҳизби назҳати ислом наздашон омада, он касро талқин кардаанд, ки шомили ин ҳизб шаванду дигаронро низ ба ҳизб талқин намоянд. Дар ҷавоб ин марди донишманд гуфтааст, ки  яке аз сабабҳои ба масҷид нарафтани ман ҳамин аст. Имрӯз сад «олими диншинос» баромада, ин ё он ҳадисро ба таври худ шарҳ дода, мардумро ба кӯчаи гумроҳӣ мебарад. Ман ин ҳизбро эътироф намекунам ва кардани ҳам нестам. Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад. Ва мардум худ муҳаббат ва асолати дини мубини исломро тӯли ҳазорсолаҳо чун як ҷузъи фарҳанг ва имони хеш қабул карда омадааст  ва давлат дуруст кардааст, ки динро аз давлат ҷудо намудааст.

Воқеан ҳам агар Муҳиддин Кабирӣ ба қувваву нерӯи ҳизби худ боварӣ медошт, се сол қабл ҳаргиз дар интихоботи президентӣ занро пешбарӣ намекард, балки чун як сиёсатмадор номзадии худро мемонд. Коршиносон мегӯянд, ки ин амали сарвари ҳизб обрӯ ва нуфузи ӯро дар назди ҳамҳизбиёнаш коста гардонд. Ҳар он касе, ки худро мубалиғи ҳизби Ислом медонад, ба умеди дарёфти мансаб ва дастгирии хоҷагони худу дар асл бегонаро дар зиндагӣ умедвор аст. Оне ки дили пок дорад, динро аз таассуб ҷудо карда метавонад, ҳаргиз ба ҳизби Ислом шомил намешавад.

Аминам, ки халқи олишон ба қадри тинҷиву осудагӣ мерасад  ва роҳи дурустро интихоб кунад. Ва роҳи дуруст ҳамон тавре, ки дар боло ишора шуд, ин ҳамон роҳест, ки Президенти мамлакат бо сиёсати созандааш пеш мебарад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд