Хатарҳои нави геополитикӣ, ки сарчашмааш аз давлати исломии Ироқ ва Шом бармеояд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Махсусан ангезаҳои ин қувваҳои иртиҷоӣ дар мамлакати ҳамсояи мо авҷи тоза гирифта истодааст. Ба ҷузъ он, ки ҳаракати Толибон дар Афғонистон аз нав зуҳур карда, қисмате аз Бадахшони Афғонистонро тасарруф намудаанд, пайравони «Ал – қоидаву», «Салафиҳо» дар ин давлат тарафдорони бештаре пайдо карда истодаанд.   Шиддатнокӣ меафзояд-исломиҳои бунёдгаро ҳудудҳои васеъро дар Сурия ва Ироқ таҳти назорати худ даровардаанд. Дар ин ҳол мақсадҳои эълон намудаи он мустақиман ба доираи манфиатҳои Русия дар Қафқоз, Осиёи Миёна ва дигар заминҳои каму беш мусулмондошта таҳдид мекунанд.

«Иттиҳодияи экстремистии равияи Салафия» ба амният ва суботи сиёсӣ, бехатарии иқтисодӣ, оромии авзои динӣ ва фазои иттилоотии муҳити мазҳабӣ, хатари азим ва ҷиддӣ дорад. Салафияи ифротие, ки барои ширкат кардан дар ҷангҳои зидди давлатҳои қонунии Ироқ ва Сурия шомили ДИИШ гаштанд.

Мувофиқи иттилооти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳоло дар кишварҳои Сурия ва Ироқ наздик ба 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Нисбати 85 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Ироқ ва Сурия меҷанганд, аз ҷониби Прокуратураи генералии Љумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Боиси зикр аст, ки «Иттиҳодияи экстремистии равияи динии Салафия» пеш аз ҳама ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористии «Ал-қоида» буда, бо ҷабҳаҳои экстремистии «Ан-Нусра», «Муҷоҳидони қаҳрамони Ироқу Шом», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ьаракати Толибон», «Ьаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Артиши саҳоба», «Армияи Худо», «Љамоати  тавҳид ва ҷиҳод», «Хуросон», «Гурдони Имом Бухорӣ», «Лашкари Тайиба», «Ал-мудҷаҳидуна фи Афғонистон», ҳаракати «Дор-ул-ҳақ», «Минбар-ат-тавҳид ва-л-ҷиҳад», «Университети омӯзиши ҷиҳод», «Маркази иттилоотии умумиҷаҳонии исломӣ», «Маркази донишнома оид ба тайёр намудани яроқи ядроӣ» ва «Бомбаи атомӣ беҳтарин чиз барои ҷиҳод» ҳамкориҳои мустақим ва муштарак дорад ва дорои ақидаю идеологияи ягона буда дар пайи таъсиси «Хилофат»- ДИИШ дар ҷаҳон ҳастанд.

Пешвоён ва аъзоёни ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротии Осиёи Марказӣ барои ташкил ва таъсиси «Хилофат»-и ДИИШ, ғоибона ва ошкоро бо Абубаркри Бағдодӣ ва Абдураҳмони Мусалмондӯст байъат кардаанд. Салафия дар якҷояги бо дигар ташкилотҳои террористӣ дар пайи таъсиси «Артити байналхалқии ҷиҳодӣ» бо ДИИШ ҳастанд.

Чӣ бояд кард? Беҳтарин мубориза бар зидди тундгароён ин маърифати баланди сиёсӣ доштан аст. Ҷомеаро бояд мо омода кунем, то мафкураи онҳо ба ин ҳизбҳо нагаравад. Он гоҳ мо пирӯз хоҳем шуд.

Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд