Аз ғалабаи мардуми сулҳхоҳи собиқ давлати паҳновари шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ соли равон 73  сол пур мешавад. Дар остонаи солгарди ин санаи муҳими таърихӣ ва дар доираи ҳафтаи Поси хотир донишҷӯёни курси 1, гурӯҳи 40.01.01 ра бо роҳнамоии  устод  Темирова Хайринисо барои зиёрат ва дидорбинии иштирокчии Чанги Бузурги Ватани Ахмедов Қориҷони 95 сола рафтанд. Қаҳрамони зиндаи набардҳо аз хотироти ҷангии худ ба донишҷӯён нақл намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бояд расид. Зеро замони ҷанги хонумонсӯз дар майдони ҷанг ва ақибгоҳ вазъияти хеле вазнину ҳасос буд. Мардум аз гуруснагиву нодорӣ ба марг мувоҷеҳ мешуданд. Ҷавонони навхат, ки акнун давраи шуху бебокии худро мегузарониданд барои ҳимояи Ватан- модар рафта, аксаран ҷони ҷавони худро таслим ба марг намуда буданд. Номбурда ҳамзамон қайд кард, ки фирефтаи ягон қувва нашаванд, зиндагии худро ба хотири чанд маблағ сиёҳ накунанд. Бояд  рӯзгори талхи ҷавонони дар Сурияву Ироқ буда, барояш сабақи зиндагӣ  гарданд.

- Ба шумо фарзандони азизам - ояндаи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бори дигар муроҷиат менамоям, ки омӯзеду огоҳ бошед, соҳибмаърифату донишманд бошед, нисбат ба сарнавишти давлату миллати худ бетафовут набошед ва худро барои масъулияти бузург, яъне соҳибӣ кардани давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди хеш омода намоед. Огоҳ бошед, ки агар шумо як қадам аз замона, аз асри пуршӯри худ қафо монед, кишвару миллати худро ҳимоят ва соҳибӣ карда наметавонед- гуфт Қориҷон Ахмедов дар фуроварди сухан.

Донишҷӯён ба ин пири барнодил ваъда доданд, ки бо дониши баланду рафтори намунавӣ барои фардои дурахшони кишва хидмат хоҳанд кард.