Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як падидаи бисёр нодир буда, ба мардуми шарифу сарбаланди Ватани маҳбуби мо пайки тоза аз саодатҳои нав ба нав мерасонад. Он ҳамчун роҳнамои асосӣ ва комили роҳи фардои ободу зебо шунавандагонашро ба иқдомҳою ибтикороти наву созанда ҳидоят менамояд.

 Паёми Пешвои миллат муттаасиртарин василаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Он ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатии кишварро барномарезӣ ва равишу роҳҳои татбиқашро дақиқ менамояд. Ба ибораи дигар, мардуми тоҷик тавассути Паёмҳои фардоафрӯзи Пешвои муаззами худ моҳият ва асолати зиндагии шоиста ва марому мақсадҳои худро дақиқан муайян намуда, аз файзу баракоту иршоди он ба сӯи музаффариятҳои нав гомҳои устувор мегузоранд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат низ дар пояи таҳлилҳои амиқи илмии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву ғоявӣ асос ёфта, фарогири ҷанбаҳои муҳими илмӣ, назариявӣ, амалӣ ва ояндабинӣ буд. Дар Паёми имсола чун ҳамешагӣ Пешвои миллат бо хоксории бузургворона аввал аз заҳматҳои мардуми кишвар дар раванди созандагиву  ободкорӣ ёдовар шуданд, ки ин боз як бори дигар нисбати халқу миллат садоқату самимият ва муҳаббати беандоза доштанашонро собит менамояд.

Сарвари давлат дар Паёми имсола баробари ёдовар шудан аз мушкилотҳои сиёсиву иқтисодии баамаломадаи ҷаҳон дар солҳои охир, аз муваффақиятҳои ноилшудаи кишвар дар соли сипаришуда ва умуман дар давраи пасошӯравӣ ёдовар шуданд, ки рақамҳои гуфташуда худ дар роҳи дуруст қарор доштан ва ҷонибдори сиёсати муваффақона будани мардуми шарифи Тоҷикистонро бозгӯӣ мекунад.

Бо маром идома ёфтани рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба маротибҳо зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, сол аз сол боло рафтани музди миёнаи меҳнат ва андозаи нафақаи ниҳоӣ ва паст рафтани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар, ба маротиб зиёд гардидани ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бо суръати баланд идома ёфтани сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ, ки собиқааш ҳатто дар даврони Шӯравӣ набуд ва даҳҳо нишондиҳандаҳои дигар, ки дар Паёми имсола дақиқан зикр ёфтанд, эътимоду пайравии мардумро аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар  боз ҳам мустаҳкамтар намуда, эҳсоси шукргузории ҷомеаи имрўзи Тоҷикистонро афзун гардонид.

Пайғоми дастгирӣ ёфтани панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим ва муборакбодии мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат ба ин муносибат, яке аз нуктаҳои ҳассоси Паёми навбатӣ буд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ ва воситаи муассири таҳкими эҳсоси ватндӯстии халқи меҳнатписанди ватанамон мебошад. Барои он ки ин муждаи Пешвои муаззами миллат сарбаландии ҳар фарди тоҷикро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин бозгў мекунад.

Ҳамчунин, дар Паём пешрафту дастовардҳо ва роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои нав дар ҷодаи рушди иқтисодиёт, саноат, фаъолияти бонкӣ, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, иқтидори мудофиавӣ, амнияту осоиштагӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба таври мушаххас гуфта шуданд, ки дар роҳи расидан ба музаффариятҳои нав барномаи фаъолият ва амалкарди мардуми тоҷик на танҳо барои як сол, балки баҳри даҳсолаҳову садсолаҳо ба шумор мераванд ва воқеан ҳам мардуми мо аз ҷумлаи саодатёртарин халқҳои олам мебошад, ки тавассути чунин Паёмҳои созанда ва номаи фардои дурахшони миллат барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ва зиндагонии шоиста кору фаъолият мебаранд.

Аз мо-сокинони сарбаланди меҳан, хосатан занону ҷавонон танҳо ҳамин тақозо мешавад, ки дар тарғиб ва татбиқи ҳамаҷонибаи ин таҳлилу ҳидоятҳои нодир камари ҳиммат баста, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, эҳсоси баланди масъулият дар назди халқу Ватан дар анҷоми корҳои созандагиву ободкорӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ҳамеша пешсаф бошем.

Тавре Пешвои Муаззами миллат қайд намуданд: “Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

Бо боварии комил изҳор медорам, ки аъзоёни ҲХДТ чун тарғибгарони асосӣ ва татбиқкунандагони пешсафи Паёмҳои Роҳбари муаззами худ, ин навбат низ корҳои зиёди шоистаро дар ин ҷода анҷом хоҳанд дод.

Одилхӯҷа  Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд