Таърихи башарият собит кардааст, ки қисмати бисёр шахсиятҳои нодир ва бузург ба ҳам монанд ва ё дар давру замони дигар зиндагӣ карда бошанд ҳам, дар маконе ва ё манзиле, дар ҳалли муаммое ва ё дар лаҳзаи басо ҳассоси сарнавишти халқу миллат роҳи ҳаётии онҳо ба ҳам дучор меомадааст ва нуқтаи бурише будааст, ки шоҳроҳи тақдири абармандони асолатбузургро ба ҳам пайванд мекардааст.

Домани Арбоб шуд парвозгоҳи халқи ман,

Фахр кун бо сарварат пиру ҷавони ин ватан.

Баски бишносад кунун дунё ҷаҳони тоҷикон,

Чунки аз Арбоб сар гардад замони тоҷикон.

Сарвари давлате, ки дар ин макони муқаддас аз ҷониби вакилони халқ якдилона интихоб шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи олам соҳибобрӯ ва мӯҳтараму муаззам гардониданд, дар ин соли хотирмон -30 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизу муқаддасамонро обод гардониданд.

Имрӯз бо гузашти сӣ сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки  Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд.

Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд, зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан  ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Бо заҳмату маломати Сарвари кишварамон сулҳу субот барқарор гашта, давлати азизамон обод гардид, ки худи он кас мегӯянд :

-“Бо вуҷуди ҳамаи ин шӯълаи умед дар дилам лаҳзае, хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам”.

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони , 8 сентябри соли 2011.

    Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд