Миёни ҷавонону наврасон намуди варзишии каратэ маҳбубияти беш дорад. Имрӯз дар аксари толорҳои варзишӣ наврасону ҷавонон бо як дилбастагии калон  ба ин  намуди варзиш шуғл меварзанд. Аз ин хотир сол то сол баргузории ин намуди мусобиқа бо шукӯҳи бештар доир мегардад. Бо мақсади дарёфти варзишгарони хуби ин риштаи варзишӣ дирӯз дар шаҳри Гулистон мусобиқаи вилоятӣ оид ба каратэ «wkf» байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки дар он ғолибони шаҳру навоҳии вилоят дар ин ришта ширкат варзиданд. Донишҷӯи соли дуюми ихтисоси 40.01.01- и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Абдумалик  Маҳмудов  дар вазни 84 килограмм бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омад. Ӯ акунун дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ шарафи вилоятро ҳимоя менамояд.

Дар ҷодаи ба даст овардани ғолибият дар мусобиқаҳои баъдӣ барояш барор хоҳонем.