Мавқеъ ва мақоми муассисаҳои олӣ аз сатҳи касбияти хатмкунандагон вобастагии калон дорад.  Роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи доимӣ дода,  бо иқдоми бевоситаи директори Донишкада Дилафрӯз Саидӣ бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани робитаи донишкада бо корхонаву муассисаҳо сӯҳбату мулоқотҳоро бо роҳбарону масъулини муассисаҳою ташкилотҳо доир менамоянд. Моҳе қабл як гурӯҳ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, ширкатҳои истеҳсоли маводи хӯрока ба донишкада ташриф оварда, аз шароити таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ огоҳии комил ёфта буданд.

Ин навбат роҳбарони шабакаҳои барқии вилоят, шаҳри Хуҷанд, навоҳии Бобоҷон Ғафурову Ашт, сардорони умумии зеристгоҳҳо, масъулини корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «Нику Хуҷанд», «Ресандаи тоҷик»  ба вохӯрӣ омаданд.

Дилафрӯз Раббизода зимни оғози чорабинӣ таъкид дошт, ки донишкада моҳи май тасмим гирифтааст, ки ярмаркаи навбатии «Интихоби мутахассиси арзанда»-ро доир намояд. Ҳадафи имрӯза мулоқот боз ҳам бештар ошно шудан аз вазъи таълиму тарбия ва пояи моддиву технкии донишкада маҳсуб меёбад. Ба ин васила ташкилотҳои кордеҳ имкон пайдо менамоянд, ки ба коргоҳи худ мутахассиси хубро интихоб намояд. Донишкада соли равон тасмим гирифтааст, ки Ассотсиатсияи хатмкунандагонро таъсис диҳад. Ба ин аллакай заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки дар кафедраи таъмини барқ ва автоматика тамоми шароитҳо барои такмил ёфтани дониши назариявиву амалии шогирдон муҳайё буда, донишкада бо Донишгоҳи энергетикаи Улянови  кишвари Чувашияи Федератсияи Русия ҳамкории зич дорад. Ва мутахассисони ҷавони донишкада дар ин донишгоҳ рисолаи номзадии худро ҳимоя мекунанд. Соли равон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  250 нафар шаҳрвандони бекор ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта бар ивази ҳамагӣ 50 сомон аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии васлу насби электрикӣ  гузашта, соҳиби сертификат гардиданд. Донишкада имкон дорад, ки бевосита дар назди корхонаҳо кафедраҳои сайёр таъсис дода,  ба мутахассисоне, ки донишҷӯёнро таълими назариявиву амалӣ медиҳанд, ба кор қабул намояд.  

Охунбобо Раҳимов,  номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика аз робитаи наздики кафедра бо ниҳодҳои шабакаҳои барқии вилоят ҳарф зада, қайд кард, ки маҳз аксари  мутахассисон парвардаи ҳамин донишкада ҳастанд.

Видеоролик аз ҳаёти дирӯзу имрӯзи кафедра ҳозиринро боз ҳам бештар бо фаъолияти донишкада ошно сохт.

Сипас, меҳмонон аз лабораторияҳои муҷаҳҳази донишкада дидан намуда, ба шароиту имконоти донишкада баҳои баланд доданд. Зимни мулоқоти ошкоро аксарияти масъулини шабакаҳои барқии вилоят, корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук  омодагии хешро барои ҳамкорӣ иброз доштанд. Зимнан таъкид шуд, ки мутахассисони омодакардаи донишкада дар ҳама самт намуна бар дигаронанд.

Чунин мулоқоту суҳбатҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе доир карда мешавад.