Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолияти комил ба даст оварданд, дучори бӯҳрони сиёсӣ гардида, баъзе аз қувваҳо бо истифода аз фазои холигӣ бо мақсади баланд бардоштани «ифтихори миллӣ», сатҳи диниву имонии мардум ҷомеаро ба ҷониби гумроҳӣ мебурданд. То ҷое иттилоъ дорам, он замон хонадоне набуд, ки барои азхудкунии дониши динӣ назди «домуллотарошон» мерафтанд. Аммо дар асл ин нафарони чаласавод онҳоро бо мақсади тобеи худ кардан бо оятҳои бардурӯғи худ ба худ ром мекарданд. Ҳукумати навтаъсис баҳри баланд бардоштани маърифати мардум барои таъсиси масҷиду мадрасаҳо шароитҳои мусоид фароҳам овард. Танҳо солҳои 1995- 1997 бинобар оморҳои расмӣ дар кишвар 3720 масҷидҳои панҷвақта, 29 мадрасаҳо ду мактаби динӣ ва як Донишгоҳи исломӣ барои дониши исломшиносӣ хизмат мекард. Давлат барои беҳбудии дин, мустаҳкамкунии эътиқод таваҷҷӯҳи хосса медод.  Зеро дар мустаҳкамии давлат, ҷамъият ва оромию сулҳ на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин  меъёрҳои ахлоқӣ, хусусан қоидаҳои динӣ низ нақши бузургро ишғол мекунад.

Мардум ин ҳама имкониятҳои давлатро хуш пазируфта, бо шукрона аз тинҷиву амонӣ барои таҳсиломӯзии фарзандон мусоидат намуданд. Аммо гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба монанди ташкилоти экстремистӣ-террористии ХНИТ ба қавле вакте даст додед, аз остин гирифтанд. Ин ташкилот чи гунна ташкилоте буд, биёед ба сайри таърихии он меравем. Собиқ ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ҳозира дар замони Иттиҳоди абаркудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии  «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври маҳфиёна амал мекард. Мақсади онон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Тавре дар боло ишора рафт афроди ин гурӯҳ солҳои сол тарҳи табадуллоти давлатиро кашида, авали солҳои навадум бо баҳонаи  миллатпарастиву маҳалароӣ оташи ҷангро забона заданд. Ҳар кадоме дар майдони «Шаҳидон» бо суханҳои «пурҷаззоб»-и худ издоҳомро ба сӯи худ мекашид. Оқибат ҷанги бародаркуш оғоз шуда, дастандаркорони ҳизб бо такя аз нерӯи хоҷагони худ ба қатлу куштор даст заданд. Ҳосили ҷанг рехтани хуни ноҳақи қариб 20 ҳазор шаҳрвандон буд, ки аксаран ҷавонон буданд. Баъд аз оштии миллӣ ҲНИТ бо ҷамъи ёронаш ба мансабҳои баланд роҳбарӣ расида,бо истифода аз тинҷиву оромии ҷомеа аввалан хазинаи худро бой сохтанд. Пасон ҷавонони ноогоҳу гумроҳро бо баҳонаи хизмат ба Худованд ба ҳизби худ шомил намуданд. Ин ҳизб агарчи барномаву Оинномаи худро дошт, аз рӯи ягон низомнома амал намекард.   

Чун диданд, ки давлат имконоту шароити хубе барои роҳбаронашон  муҳайё сохтанд бо истифода аз фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, никорталаб, фитаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуданд.

Солҳои тӯлони сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию  миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гуё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.

Ин ҳизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сӯистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд. Кирдорҳои зишту нопок ва ғайриқонунии баъзе аз аъзоёни ХНИТ ҳамаро дил монда кадааст. Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ ба шумор рафта, мавҷудияти ҳизбе, ки бо дин омезиш ёфтааст мантиқан нодуруст аст,аммо Ҳукумати мамлакат ба хотири сулҳу суботи ҷомеа ва як дилии миллати тоҷик ба ХНИТ иҷозат дода буд ва ҷавоби аъзоёни шӯрои ин ҳизб ин аст.

Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ХНИТ аз ҳар гуна амалӣ душманона нисбат ба ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ХНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломии асил ХНИТ –ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Дигар ба ваъдаҳои ҳангомадорӣ муҳофизони ислом бовар намекунем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид  шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ намедиҳем.

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд