Санаи 5 майи соли 2018 дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт бо роҳбарону масъулони ташкилотҳои сохтмонӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарони ҶДММ “Появар” Шарипов А., “Еврострой Сервис” Абдуллоев А., роҳбари ИСА “Шоҳроҳи Хуҷанд” Самадов С., намояндагони ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Абдуллоев Т., роҳбари ҶДММ “Роҳи обод” Боқиев, намояндаи дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукумати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали ҶСК “Пажӯҳиши илмӣ ва лоиҳакашии ҷустуҷӯии САНИИОСП”Шарипов Ф., директори генералии ширкати “Тиниал” Зафар Охунов ва дигарон ширкат варзиданд. Аз донишкада декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов А.А., муовини директор иод ба тарбия Аминов Ф.А., мудири кафедраи сохтмон Усмонов Ш., сардори шуъбаи мартаба Мирхолиқов ва донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт иштирок намуданд.

Вохӯриро муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти донишкада, аз ҷумла ФСН маълумоти муфассал доданд.

Баъдан наворе, ки маълумот оид ба фаъолият, озмоишгоҳҳо, дастовардҳо ва ҷомеаи устодони факултетро  фарогир аст, ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Зимни суханронии хеш Мақсудов Х.Т. қайд намуд, ки дар факултети мазкур аз рӯйи 2 ихтисоси сохтмон зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантура (PhD)амал мекунад.  Дар доираи таҳсил барои донишҷӯён 9 фанҳои элективӣ (интихобӣ) гузошта шудааст, ки фанҳои ба худ заруриро омӯзанд. Муовини директор оид ба таълим ба ҳозирин муроҷиат намуда, зикр карданд, то мазмуну мундариҷаи фанҳои элективӣ пурратар гардида, мутахассисони соҳа таклифҳои худро оид ба омӯзиши фанҳои мазкур пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, аз роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои сохтмонӣ даъват ба амал оварданд, ки фикру ақида хешро нисбати он, ки чиро бештар ба донишҷӯёни соҳа омӯзонанд, иброз намоянд.

Масъалаи асосии вохӯрӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни соҳаи сохтмон гардида, масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ карда шуданд. Қайд карда шуд, ки барои мутахассисони баландихтисос гардидан бояд донишҳои назариявӣ амалан татбиқ шавад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муддати тӯлонӣ амалӣ гардида, бештар шавад. Аз ҷониби мутахассисони соҳа, роҳбарони ташкилотҳо таклиф карда шуд, ки донишҷӯён метавонанд баъди итмоми дарс ба сохтмонҳо рафта, бемамоният кор кунанд. Таҷрибаомӯзи на танҳо ҳамчун дарси одӣ, балки бо масъулияти баланд дар сохтмони биноҳои муайян гузаронида шавад. Ғайр аз ин, пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади аз наздик шинос шудан бо нозукиҳои соҳаи сотхмон  сайёҳат ба сохтмону иншоотҳои бузург ташкил карда шавад.

Баъди анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз факултети сохтмон ва нақлиёт, озмоишгоҳҳои он дидан намуданд. Меҳмононро декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов А.А., мудири кафедраи сохтмон Усмонов Ш. , сардори шуъбаи мартаба Мирхолиқов ҳамраҳӣ намуда, ба саволҳо посухҳои мушаххас доданд.