Мутобиқи баъзе аз маълумот ҳоли ҳозир ба сафи қӯшунҳои Давлати исломии Ироқ ва Шом зиёда аз 300 нафар ҷавонони тоҷик аъзо гардидаанд ва зиёда аз 50 нафарашон аллакай ҳалок шудаанд. Барои ҷомеае, ки ҷавонону наврасон ояндаи дурахшони он ба шумор мераванд, чунин кирдор амали манфӣ ва номатлуб маҳсуб ёфта, барои дурнамои миллату давлат хатари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Шомилшавии бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои алоҳидаи хусусияти ифротгароидошта чун Ҳизби исломии Туркистон, Ҳизб-ут-таҳрир, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар", “Таблиғ", созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», “Ансоруллоҳ”, ҷараёни динии салафия ба яке аз муаммоҳои мубрам мубаддал гардидааст. Таассуби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо натиҷаи ноогоҳӣ ва беиттилоӣ дар шинохти ҷавҳари аслии дини ислом ва моҳияти ҷанги равонӣ ба шумор меравад.

Амалҳои ваҳшатангезе, ки гурӯҳи ифротгарои Толибон солҳои охир дар сарзамини Покистону Афғонистон ва берун аз он содир карда истодаанд, на танҳо Осиёи Марказӣ, балки мардуми дигар қитъаҳоро низ ба ташвиш оварда, хеле мутаассир гардонидаанд. Азбаски афкори гурӯҳҳои ифротгаро барои тараққии ҳаёти ҷамъиятӣ зид аст, табиист; ки он барои рушду нумӯи ҳаёти мардум халал ворид месозад. Аъзои ин ҷараёнҳо ҷонибдори ба вуҷуд омадани нооромӣ, хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳои ваҳшатангезанд. Онҳо ба хотири расидан ба мақсад ва ҳадафҳои харобкоронаи худ роҳҳои мусаллаҳона ва ҷинояткоронаро пеш мегиранд. Аз ин хотир имрӯз бадбахтиҳое, ки аслан ба сари инсонҳо омада истодаанд, маҳз аз дасти ифротгароист.        

Ислом ва терроризм

Воқеаҳои ахире, ки дар сарзамини як қатор давлатҳои араб, аз ҷумла Сурия ва Ироқ рух дода истодаанд, дар бераҳмӣ, зулм, бедодгарӣ ва камоли ваҳшоният дар ҳаёти инсоният зуҳур мекунанд. Тасаввуркунед, киинсонбахотирикадом як мақсадиғаразкоронаихешинсонидигарро ба қатлмерасонад. Аз баъзенидоҳовашиорҳои ин гунаашхосбармеояд, кихудромусалмонметарошандудигаронро ғайримусалмон. Боҳаргунасабабубаҳонаҳоибеасосмиллатухалқияте, ки аз як дину нажодҳастанд, даст ба кушторияқдигармезанандвагӯёбо ин роҳхудромусалмонмеҳисобанд. Ин ҷосуолибаҳсангез ба миёнмеояд: магародамкушӣ дар динимубиниисломгуноҳнест?

Гуноҳаст, албатта, гуноҳибасоазим! Дар Қуръони карим куштор, хунрезӣ ва зулми як нафар аз тарафи дигаре гуноҳи кабира ҳисобида шудааст. Пас, моҳияти аслии масъаларо бояд дарк кард. Ин гуна афрод дини муқаддаси исломро ҳамчун ниқоб барои амали гардонии мақсадҳои нопоки хеш истифода мебаранд ва номи ин динро бо ҳар гуна амалҳои зишт олудамесозанд.

Бо мақсади пиёдасозии аҳдофи ғаразкорона мавриди истифода қарор додани номи дини ислом барои аҳолии кишвари мо низ хатари ҷиддӣ дорад, зеро зиёда аз 90 дар сади мардуми Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парастиш мекунанд ва фарҳанги беш аз ҳазоручаҳорсадсолаи ислом ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик мубаддал гардидааст. Душманони миллати тоҷик ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз он истифода бурда истодаанд.

Мусалмонон ва тараққиёти ҷаҳон

Тараққиёти ҷамъият дар ҳар замон ба захираҳои зеҳниву ақлонӣ вобастагии қавӣ дорад. Омили асосии таъминкунандаи рушду тараққии ҷомеа бошад, осудагиву субот, оромӣ ва сулҳу амният, вахдату дӯстӣ маҳсуб меёбад. Захираҳои зеҳниву ақлонӣ ва нобиғаҳо, ки дар шароити солиму муҳити мусоид ташаккул меёбанд, асоси пешравии иҷтимоъ мебошанд, вале дар ҷаҳони ислом ин захираҳои бебаҳо коста гардида, ба исломситезию мазҳабпарастӣ, тундгароӣ ва хурофот иваз шудаанд, ки ин падидаи номатлуб, мебошад.

Мувофиқи андешаҳои таҳлилгарон солҳои охир аз сабаби ҷангҳои бардавом байни мусалмонон дар як қатор давлатҳои исломӣ сатҳи зиндагии мардумони давлатҳои ҷангзада паст рафта, ин авомили манфӣ ба рушду нумӯи давлатҳои мазкур халал ворид сохтаанд.

Маҳз таъсири муҳити ноорому ҷангзада буд, ки мусалмонон дар соҳаҳои илму техника то андозае қафо монданд. Масалан, мутобиқи маълумоти баъзе аз таҳлилгарон дар муддати 105 соли охир аз миллати яҳуд, ки дар дунё ҳамагӣ зиёда аз 13 миллион нафарро ташкил медиҳад, 180 нафар соҳиби ҷоизаи Нобел шудаанд. То ҳол аз мусалмонон, ки ҳоло зиёда аз 10,4миллиард нафаранд, ҳамагӣ 3 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардидаанду халос. Пас, суоле ба миён меояд: чаро?

Ба андешаи мо, таъсири асосие, ки баҳри пешрафти мусалмонон халал ворид месозад, маҳз байни якдигар тафриқаандозии намояндагони ҳамин дин ва бо ҳар сабабу омили нодуруст ва ноогоҳона бо ҳам муноқиша карда, баҳри маҳви якдигар силоҳ ба даст гирифтани мардуми мусалмон аст. Дар ҳоле, ки байни мусалмонон низову мухолифат ҳасту якдигаркушӣ идома дорад, чӣ ҷои ҳарф задан аз пешравӣ?

Паёмади ноогоҳӣ

Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор мераванд. Боиси нигаронист, имрӯз шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки бо мақсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаёти мардум бо роҳу воситаҳои гуногун, ба монанди ҳуҷуми мафкуравӣ, пешниҳоди маблағи зиёд ва ё дигар усулҳои ҷалбнамоии эътибори одамон барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш мекунанд. Тибқи маълумоти коршиносону таҳлилгарон роҳи асоситарине, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ барои ба худ моил сохтани ҷомеа истифода карда истодаанд, ҳуҷуми фикрӣ ё равонӣ маҳсуб меёбад, Ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо ашхоси аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият бештар мебошанд, такя менамоянд, Ҷавононро, ки нисбатан аз нигоҳи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинӣ заъф доранд, идора кардан осон аст. Ин нишону ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, аксҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯь иҷро нагардидани ӯхдадориҳо аз ҷониби волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, барои гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Интернет:.таҷовуз ба тафаккур

Бино ба таъкиди коршиносон маҳз тавассути интернет, хоса шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатҳои даъвати ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сурат гирифта истодаанд. Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле фаъол буда, баробари ин корбарони зиёд доранд. Агар дар мисоли шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” гирем, аз 3,6 млн нафар истифодабарандагони интернет дар кишвар ҳамарӯза 600 ҳазбр нафар ба ин шабака ворид мешаванд. Дар он ҳоло зиёда аз 3000 гурӯҳи марбут ба Тоҷикистон амал мекунад, ки қисми муайяни он ба иттилоъпаҳнкунӣ сарукор дорад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ баробари нақш гузоштан дар иттилоотонӣ ва муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар Тоҷикистон, ҳамчунин, вақтҳои охир ба як василаи сӯистифодакунӣ барои тарғиб, афкору идеологияи ғаразнок мубаддал. гардидаанд. Гурӯҳҳои муайяни ифрот барои байни сокинони мамлакат, махсусан, ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояву афкори зӯроварӣ, террористӣ, экстремистӣ аз имконияти шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, фаровон истифода мебаранд.

Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистию террористӣ истифода мешавад. Гурӯҳҳои ғаразнок шабакаи мазкурро ба як майдони ташвиқот, ки ба рангезандаи ақоиди фиребгаронаи онҳо аст, мубаддал намудаанд. Дар навбати худ ин мавод мисли “маризиҳо” байи мардум хеле зуд сироят меёбад ва афкори сироятшудагонро фалаҷ мегардонад.

Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Сабабҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан, ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро метавон бо зикри якчанд нукта то андозае баён кард. Масалан, паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии қисме аз ҷавонон, надоштани дониши мукаммали сиёсиву динӣ, ба таври кофӣ дарк накардани моҳияту ҷавҳари аслии дини мубини ислом ва бо ин сабаб тақлидҳои кӯр-кӯронаи ноогоҳона ба баъзе аз афрод, беиттилоӣ аз моҳияти аслий афкору идеологияи ҳаракатҳои ифротгароӣ сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои террорристию экстремистӣ ба шумор мераванд.

Нафароне, ки зери таъсири афкори экстремистӣ қарор доранд, тамоми меъёру қоидаҳои. барои ҳаёти ҷамъият эътирофшударо инкор карда, барои иҷрои амалҳои зиддиқонунӣ ва барои ҳаёти инсон хатарнок омодаанд. Экстремистон барои иҷрои амалҳои ғаразноки худ омодаанд, ба террор рӯ оранд. Террор бошад, бо роҳи зӯроварӣ таъсир расондан аст.

Ба ҷои хулоса

Ҳадафи асосии экстремистон ва террористон, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷангу мудохила суст намудани пояҳои давлатдорӣ ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба сари қудрат омадан аст.

Болоравии фаъяолияти ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба асосҳои сохтори конститутсионӣ халал ворид намуда, барои бехатарии ҳаёти ҷомеа ва давлат хатари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ, сулҳу субот, роҳ надодан барои сар задани ҳар гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти ҷангҷӯёна кӯшиш намоем, зеро ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи натанҳо фақат равшанфикрон, балки ҳар фарди ватандӯст, ҳар як аъзои ҷомеаи мутамаддин аст.

Мирзо Соҳибназаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд