Дар Тоҷикистон чун дар бисёр кишварҳои дигар барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба монади ҲНИ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Барои пешгирии зуҳури ҳама гуна падидаҳои терроризму экстремизм, хариду фурӯши одамон ва коррупсия мо аз тамоми имконот истифода мебарем.   Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои ихтиёдорӣ ба қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст. 

Ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгаро, на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. 

Аз таърих маълум аст, ки дини ислом дар густариши ҳаракатҳои миллӣ-озодхоҳӣ нақши муҳим бозида, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои барангехтани муноқишаҳои сиёсӣ- динӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла баъзе ҳаракатҳои динӣ ҳамкориҳоро бо ташкилотҳои пурқудартӣ  террористӣ қавитар намуда, барои барангехтани кинаву адоват аз ҳар воситаю имкониятҳо истифода мебаранд. Мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои тундгаро дар ташкилу баргузории низоҳои миллӣ дар  кишварҳои Яман, Либия, Лубнон, Урдун  самар оварданд. Акнун ин гурӯҳҳо бо воситаи ҲНИ мехоҳад Тоҷикистонро аз дарун вайрон карда, амалиҷинояткоронаи худро идома диҳанд Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд.

 

 

 

Мутаассифона, дар тамоми давру замон дар ҳар ҷомеаву кишвар ёфт мешаванд нафароне, ки арзишҳои муқаддасу пок ва беолоиш ба монанди дини мубини исломро ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранду аз ниҳояти ғафлатзадагӣ огаҳонаву ноогоҳона ба эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд. Махсусан ҳадафи «тир»-и ин нохалафон ҷавононанд. Зеро онҳо дар марҳилаи гузариш ҳастанд. Ҳар як амал метавона онҳоро ба ҷониби хеш кашад. Хусусан он ҷавононе, ки саводи сиёсиву динӣ надоранд, қурбони дасисаҳои гурӯҳҳо мегарданд.

Барои ба фаъолияти созандагӣ бештар ҷалб намудани онҳо созмонҳои шоистакори ҷавононро зиёдтару воқеитар бояд кард, фаъолияти марҳалавии онҳоро ба доимӣ табдил бояд дод, доираи фаъолияташонро фароху ҳамагир бояд кард, ки дар маҳаллаҳову микроноҳияҳо пас аз дарсу кору машғулият дастҷамъона соати фароғат гузаронанд, майдончаҳои назди биноҳое, ки бо ҳар гуна «автоҳо»-ву дўконҳо банд шудаанд, бояд мақсаднок истифода бурд, чорабиниҳои хурд-хурди маърифативу равшаннамоӣ бо шумораи ками ҷавонон роиҷ бояд кард, собиқадорону нафақагирони обрўмандро бештар бояд ҷалб кард, хуллас барномаҳои мушаххасу воқеии кўтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддати ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию маҳаллӣ бояд тарҳрезӣ кард, консепсияи кор бо ҷавононро амалӣ бояд кард, ҷавонон бо онҳо машғул шуда, худро ба ҳар тараф назананд. Албатта барои ин ҳам тараддуд лозим асту ҳам маблағ ва ҳам хоҳишу кўшиш. Вале ҷомеаи мо қодир аст, ки бо ҳар як рўйдоди номатлуб мубориза бурда,  онро безарар гардонад, аммо беҳтар аст онро решакан созем. Барои ин бояд ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа саҳмгузорӣ кунад.  Танҳо дар он сурат ба чунин «шайху авлиёву пайғамбарон»-и сохтаву бофта ҷой намемонад. 

 

              

 

Ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хўрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шудани чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусулмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад. Дини мубини Ислом тарғибкунандаи ваҳдат ва якдилӣ  буда, ҷудоӣ  ва тафриқа, қисмат шудани ҷомеаро ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурўҳу равияҳо намеписандад.

Беобрӯии ҳизби исломӣ  аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гурўҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухангуфтанҳо чӣ  натиҷа медиҳад. Масалан, дар Афғонистон 28 ҳизби ба ном «исломӣ » фаъолият мекунад, ки ҳар кадом худро ҳақ дониста, дигареро мавриди иҳонат, таҳқир ва ҳатто куштор қарор медиҳад. Дар Покистон, Миср, Ироқ, Сурия, Тунис, Либия ва як қатор давлатҳои дигар бар асари бисёрҳизбӣ  муноқишаҳои мазҳабӣ  сар задаанд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ кушта, садҳо ҳазор кўдакон ятим, шаҳрҳои сарсабзу хуррам вайрону валангор гаштаанд. Дар Украина мардум ба гумони он ки демократияи ҳақиқиро соҳиб мешаванд ва зиндагиашон хубтар мешавад, ба ваъдаи гурўҳҳои муғриз фирефта шуданд. Имрўз мо натиҷаи чунин «демократия»-ро дида истодаем. Бинобар ин мо ҳаргиз намехоҳем, ки ба сари мардуми шарифи тоҷик чунин рўзҳои даҳшатнок биёяд.

Бародарону хоҳарони азиз, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гурўҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ  ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрўз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем.

 Мо набояд таърихи худро фаромўш намуда, амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем. Маҳз аз интихоб ва раъйи мо вобаста аст, ки мо дар кадом ҷомеа зиндагӣ  кардан мехоҳем.

 

Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад.  Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои  истифода аз  василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароест, ки  ба марзи ниҳоии худ расидааст.  Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш  ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе  рабте надорад. Аммо бархе аз маркази қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси  «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои  байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад.  Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангамон бошад Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии байналмиллалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои  давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва  ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд.  Яке аз вазифаҳои муҳими марбут ба расонаҳо  фароҳам кардани муҳити дарку шинохти саҳеҳ аз манфиатҳои миллӣ тавассути худи рузноманигорон мебошад Вақте дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, бархе аз мо ба ҷойи муроҷиат кардан ба ниҳодҳо ва коршиносони худӣ  ба таҳлилгарони кишварҳое рӯй меоваранд, ки масъаларо бо таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллии худашон тафсир мекунанд.

Дар масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ тайи даҳсолаҳои ахир  шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм  ба манзури фишор ба рақибони геополитикиашон истифода мекунанд. Ҳатто ин масъала баҳонаи ҳузури низомии онҳо дар минтақаҳои ҳасоси геополитикӣ ва дорои захираҳои саршори энержиро фароҳам кардааст. Ҳарҷу марҷи чанд соли ахир дар Ховари Миёна ва Африкои шимолӣ  ба таври мустақим бо ин масъала иртибот дорад. Дар Сурия ва Ироқ шоҳиди онем, ки аз як тараф гурӯҳҳои террористӣ (монанди Давлати исломӣ)  мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор мегиранд ва аз тарафи дигар ба инҳо силоҳу муҳиммот  вогузор мешавад.

Бархурди дугона ва истифодаи абзори ин падидаи шуму хатарнок аст, ки масъалаи «мубориза бо терроризм» камарзишу беэътимод мондааст. Худи ин шеваи носолим ангезаи ҷалби бархе  ва махсусан ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ фароҳам намудааст. Бинобарин бояд, бояд дар канори иқдомоти қудратӣ инчунин маҷмӯйи аз чораҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ қарор дода шавад, то натиҷаи матлуб ба даст ояд.

Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва аз ҳам аз тариқи иқдомогти ҷиноӣ, монанди кочоқи  маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки  дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд. Намояндагони созмонҳои террористи муҳоҷирони кории Осиёи Марказиро ба чандин гурӯҳ тақсим мекунанд

Гуруҳи аввал иборат аз афроде мебошад, ки нисбати мутаддайин буда, таҳти таъсири таблиғоти «ҷиҳодӣ» омодаи саҳм гирифтан дар мубориза алайҳи  «куфор»  дар ҳар нуқтае аз дунё мебошанд, ки барои ин ҳадафи «муқаддас» пулу сармоя ҳам намехоҳанд. Гурӯҳи дуввумро бештар ниёз ба пул ва беҳбуди шароити иқтисодӣ дар ин масир қарор медиҳад.

Иддае аз ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Аммо онҳое, ки ба ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ барои ширкат дар «ҷиҳод» машғуланд, ҳамагӣ хориҷиву бегона нестанд.  Барои ба даст овардани эътимоди қурбониёни билқувва ҳамеша кумаку ҳамкории афроде лозим аст, ки аз худи муҳоҷирони корӣ бошанд. Ин афрод маъмулан аз сатҳи нисбатан лозими донишҳои динӣ ва шеваҳои таъсиргузории равонӣ бархӯрдор буда, қодир ба додани посухҳои  итминонбахш ба пурсишҳо ва шубҳаҳои ҷавонон мебошанд.  Ин кор ҳам ба сурти мустақим (сӯҳбату гуфтугӯ, вогузории адабиёту маводи  марбутаи савтиву дидорӣ ва ғайра)  ва ҳам  аз тариқи фазои маҷозӣ ва ё худ интернет амалӣ мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ  беш аз ниҳоди расмиву ҷамъиятии кишварҳои минтақа бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия сару кор дошта, онҳоро  ба доми макри худ мекашанд, ки  дар оянда барои суботу амнияти  ин кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам аломатҳои тадриҷии  ин таҳдид ба мушоҳида мерасад. Бинобарин дар назар гирифтани барномаи ҷомеаи миллӣ (бо ҳузури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ,  рӯҳонияти бонуфуз, шахсиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  ғайра) метавон ба коҳиши таъсири манфии ин падида даст ёфт.

Рӯ овардани баъзе аз ҷавонон чӣ тоҷик ва чӣ дигар кишварҳои минтақа ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ далелу сабабҳои худро дорад. Баъзе ин  сабабҳо дохилӣ ва баъзе ҳам хориҷист. Дар робита ба сабабҳои дохилӣ метавон ба бархе мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора кард.  Албатта, ин мушкилот ба зоти худ наметавонанд боиси ифротӣ шудани ҷавонон гарданд, аммо бо вуҷуди ин, ба эҷоди ангеза кумак мекунанд, ки аз он гурӯҳхову ҷараёнҳои ифротӣ истифода менамоянд.

Сабабҳои хориҷӣ ба сурати мустақим ба манфиатҳои бозигарони фароминтақавӣ бармегарданд, ки мутаассифона, таи даҳсолаҳои ахир дар рақобатҳои геополитики худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто терррористӣ ҳамчун абзори нуфуз баҳрабардорӣ ба амал меоранд.

Таҷрибаи даргириҳои Қафқози Шимолӣ, Афғонистон, Ховари наздику Миёна  ва ба хусус, Сурия ва Ироқ ин воқеиятро тасдиқ мекунад.

Алабтта, бо вуҷуди он, ки дар беш аз ду даҳаи пеш ба Тоҷикистон ҷангу даргириҳои дохилӣ таҳмил шуд, роҳбарияти кишвари мо таҷрибаи бисёр арзишманди таомулу тасомуҳро андӯхт, ки мусолиҳаи миллӣ ва сулҳу суботро ба бор овард. Дар он марҳала фазои ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталиф ва  меъёр қарор додани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ имкони нуфузу таъсири идеологии созмонҳову ҷараёнҳои ифротиро ғайриимкон карда буд.  Дар марҳилаи баъди шароити геолполитикии минтақа ба далели шиддат гирифтани рақобати қудратҳо тағйир кард ва хатари ифротгароӣ домани ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро гирифт.

Дар чунин шароит ҳифзи фазои таомулу тасомуҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим буду ҳаст. Зеро бо ҳамкории муҳимтарин асотири иҷтимоӣ метавон раванди рушди диниро натанҳо назорат кард, балки дар масири саҳеҳ низ қарор дорад. Дар ин росто ҳамкории фаъолона ва огоҳона  бо руҳоният (бидуни тақисими онҳо ба расмиву ғайрирасмӣ) дар ҳифзи фазои матлуби динии кишвар бисёр муҳим мебошад. Лозим аст, ки меъёри аслӣ шинохти манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва ҳифзи мазҳаби таърихии мардуми Тоҷикистон бошад.

Дунбол шудани масоил дар чунин чорчӯб, ки комилан дохиливу миллист, баҳонаро аз дасти идеологияи таҳмиливу бегона гирифта, имкони мудохилаи онро ба ҳадди ақал хоҳанд расонд.

 

И. Инъомов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Вақте чанд сомонаҳои ҳангомаҷӯй аз қабили «Паёмнет», «Востокнюс», «Ислоҳсом»-ро мутоила мекунӣ, иқрор мешавӣ, ки соҳибони ин сомонаҳои иғвоангезу моҷароҷӯй кистанд. Дирӯз дар ин сомонаҳо хабаре нашр шуд, ки гӯиё  мақомотҳои қудратии кишвар давоми сол беш аз 100 нафар узви ҲНИ –ро дастгирӣ намуда, азобу шиканҷа медодааст. Ин дурӯғи маҳз аст. Касоне, ки  имрӯз аз роҳи интихобкардаашон пушаймонӣ зоҳир кардаанд, давлат кафолати зиндагии орому осоиштаро дода истодааст. Дар «рӯйхат»-и онҳо аксари «ҷабрдидагон» аз ноҳияи Ашт мебошад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд имрӯз бисёре аз собиқ аъзоёни ҲНИ, ки замоне аз тарсу воҳимаи ҳамҳизбиён тарки диёр карда буданд ба хонаҳои худ баргашта омада истодаанд. Ин идеология нодруст аст, ки ту замоне аъзои ҲНИ будӣ,  имрӯз паси панҷара меравӣ.

Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

 

 

 

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста саъю талош меварзад. Баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣ, ки моҳи майи соли равони дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бозгӯи гуфтаҳои болоист.  

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад.

 Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай­налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш  анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре­мизми (ифротгароӣ) байнал­милалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво­ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар  асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Новобаста аз ин ҳастанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд аз берун истода ба амнияти мо халал ворид созанд. Аз ҷумла ҳизби ифротгарову террористии наҳзати исломӣ аз қабили ин гурӯҳҳо мебошад, ки имрӯз ба номи муқаддаси дини мубини ислом иснод меоранд.  Вокунишу изҳоротҳои бардурӯғи онҳо қисме аз аъзои ҷомеро ба худ гумроҳона моил мекунад, аммо воқеияти ҳол он аст, ки онҳо бо ҷорӣ сохтани «идеяҳои созанда»-и худ як кишвари хилофат барпо карданианд, ки ҷомеа онро хуш надорад.

Моро мебояд, ки бар зидди ин гуна ҳаракату мафкураҳо муборизаи беамон барем.

Имрӯзҳо мо давру замоне зиндагӣ мекунем, ки пуртаззод ва хатарзо аст. Ҳар як инсон дар ин марҳила бояд бо андешаи солим ва хиради воло мусаллаҳ бошад. Вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки инсоният бори дигар ба арзишҳои маънавӣ аз қабили инсондӯстӣ, хайру саховат, ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми ниёгон ва монанди ин арзишҳо арҷгузорӣ намояд.

Вале афсус, ки дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки ин гуна арзишҳои умумибашариро нодида гирифта, баҳри амалигардии манфиатҳои ғаразнок ва нопоки хеш ба рӯзгори ободу осоиштаи мардум халал ворид месозанд.

Солҳои охир зӯроварӣ, ифротгароӣ ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд ва тавассути ахбори омма он то аҳли ҷомеа расонида мешавад.  Ифротгароӣ ва терроризм ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунанд. Онҳо асосҳои маънавиёти ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд.

Алҳол дар  ҷаҳон экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳоншавӣ ва амсоли инҳо ба қайд гирифта шудааст. Экстремизми наврасон ва ҷавонон дар ифодаи қувваи зиёд, хушунат, таовуз ва куштор, адоват ва гуногунандешӣ, хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитарӣ ва амсоли он асос ёфтааст.

Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтор, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накӯкорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либоси бегона, риоя накардани талаботи сохтори дунявӣ ва ғайра мебошад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва беруна вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ изҳор намудаанд, ки “... вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартарҷӯи, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави “ҷанги сард” боисӣ нигаронӣ гардидааст” Дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъ идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамалҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имруз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ тасъсиргузор мебошанд...”.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат карда, бо мақсади мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор 16 – уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул кардааст.

Дар робита бо ин, бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намояд.

Аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд донанд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ва террористӣ ба ояндаи онҳо таъсири хатарнок мерасонад. Онҳоро аз ҷомеаи солим ҷудо менамояд.

Амалҳои террористӣ ва ифротгароии пайравони ин созмонҳои харобкор аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки пайваста ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри абадан решакан намудани он тадбирҳо андешанд.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.

Дилрабо Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

  

Тайи чанд сол аст, ки вокунишҳое нишонрас перомуни яке аз масъалаҳои глобалӣ – тероризм сурат гирифта истодааст ва маҳкум шудани ин вабои аср аз ҷониби қишрҳои ҷомеа далолат ба он мекунад, ки инсоният дар оғози асри навин, ки онро асри технология унвон намудаанд, ба мушкилии зеҳнӣ ва маънавӣ дучор гардидааст. Вусъати афкори ғайриинсонӣ дар зери ниқоби ислом ва ташкил кардани давлати исломӣ муҷиби пайдо шудани муборизаҳои ақидатӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Талошҳо ва амалиётҳои ваҳшатбори созмонҳои ифротиву терористии қаламрави Сурия ва Ироқ  боиси зарбаҳои нерўҳои зиддитерористии давлатҳои дигар дар хоки ин ду сарзамини мусалмоннишини курраи Осиё гардидааст ва ин бори дигар боиси сурат гирифтани муқобилиятҳои низомӣ дар ин самт шудааст, ки як андоза ба истиқрору истиқлолияти давлатии кишварҳои ҳамсояи ҳаммарзи мусалмоннишинашон хатар эҷод менамояд.

Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хоки кишвари Сурияву Ироқ, Тунис  Яман Нигерия ташкил намуданд, дар баробари талафот ёфтани ҳазорҳо шаҳрвандони ин давлатҳо аксар осорхонаҳои муҳиму таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

Ташкил намудани чунин амалҳои хунину нанговарро аксари саркардаҳои ин гурўҳҳо истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро ба унвони «шаҳид»-у муборизи роҳи ислом меситоянд ва бо ин амал дини мубини исломро дар чашми мардумони олам ҳамчун дини реаксионӣ ҷилва медиҳанд.

Дар замони муосир бояд таъкид намуд, ки сафи низомиёну ҷангиёни гурўҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд.

Гурўҳҳои терористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд ва бояд таъкид намуд, ки ҳадафе, ки дар пайяш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳама чизи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро аз китоби муқаддси «Қуръон» ба даст овард. Ҳамин хусусиятро ба назар гирифта «Қуръон»-ро конуни ахлоқ унвон намудаанд. Аз ин ҷиҳат, амалҳои чунин гурўҳҳо аз доираи одоби қуръонӣ берун буда, танҳо барои роҳандозии нақшаву барномаҳои теъдоди маҳдуди дастаҳои ҷинояткор нигаронида шудааст.

Бинобар ин мо ҳодисаҳои даҳшатбори терористии чунин гурўҳҳоро маҳкум намуда, аз ҷавонон хоҳиш ба амал меоварем, ки нисбати ҳамин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кўшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зирракии сиёсӣ бошанд.

                                                                 

 

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо робита ба ин  масъала таъкид намудаанд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Маджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахсони алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешавад». Вале бархе ҷавонони аз ҳадафҳои ғаразонаи чунин бадхоҳон ноогоҳ худ бехабар ба доми фиреби онҳо меафтанд ва оқибат аз амалҳои худ пушаймон мешаванду назди халқу Ватан бадному ҷинояткор мегарданд.

Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2014 алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24»  ва ҲНИ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти солҳои гузаштаи  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз, дар чунин айёми ҳассоси ҷаҳонишавии зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванди кишварро зиракии сиёсӣ мебояд, мо, соҳибватанонро лозим аст, ба арзишҳои олии ин Ватани азизамон арҷ гузорем, шукри даврони сулҳу субот, осоиштагӣ кунем.

Мулобоев Азимҷон,  донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепушиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Ки гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Зеро мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат, дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кур-курона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрӯ з бошад занон ба тарзи либоспӯшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.  Ин хӯрдагирӣ аз ҷониби наҳзатиён кундзеҳну тақаллубкор рӯи кор омадааст.

Ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 27 сол мешавад, ки озодона ба дин пайравӣ мекунад. Давлатҳои дигари исломӣ бошад, қариб ҳазору чорсад сол дар ҷомеаи динӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ  таҷрибаи бештаре доранд.

Умуман либоспӯшӣ дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрӯз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд.

Мо тавре дар боло ишора кардем либоси миллии худро дорем ва  ҳамсафони худро даъват менамоем, ки майл ба либоси миллии худ- атласу адрас биёранд на фаранҷипӯшиву миниюбкапӯшӣ. Магар мо аз занону бонувони туркманӣ ягон камӣ дорем. Ин миллат аз таърихи начандон бойи худ тамаддун сохта истодааст, пас мо, ки оринажод ҳастему таъриху тамадуни мо беш аз 6 ҳазорсола дорад, бояд меросбарони фарҳанги қадимаи худ бошем. Ва соле, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон кардаанд, бо дастовези азими меҳнатӣ корбарӣ намоем.  

 

Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин Ватанро азизу муқаддас нигоҳ дошта, аз ҳамаи оризаҳои нопоку ғаразнок эмин дорем, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар самти тараққиёти мамлакат саҳми сазовори хешро ба ҳайси як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ гузошта бошем. Нагузорем, ки пойи, нохалафе ин сарзаминро олудаи бадиҳо гардонад. Ба ҳамин хотир, ҳар як лаҳза дар фикри он бошем, ки диёрамон ободу зебо ва гулгулшукуфон бошад. Инчунин дар баромадҳои Пешвои миллат  доимо дарҷ мегардад, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллати хеш рӯ ба сӯи муроду мақсад қадамҳои устувороне гузорем. Агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатамонро ҳифзу ҳимоя намоем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолати ногуворе, ки давлати морро табоҳ созад, нахоҳем гашт.

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза олудаи сиёсатбозиҳо буда,  бо баҳонаи номаълуме  давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъияти давлату миллат ва мардумро тангтар менамояд. Мутаассифона, байни он нафароне, ки худро имрӯз қурбони майдони набарди Сурияву дигар мамолики ҷангзада намудаанд, бархе аз ҷавонони миллати мо низ ба ин шариканд, ки ин бевосита боиси нигаронии тамоми халқ гардидааст. Аз ин лиҳоз, аз ҳолати зикргардида ҳама изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овардаанд, ки эшон аз сабаби нафаҳмидан ва дуруст дарк накардани суханҳои дурӯғу фитнаангези бегонагон вориди чунин ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро гаштаанд ва зиндагии худу пайвандонашонро ба ҷаҳаннам табдил додаанд.

Яке аз қувваҳои иртиҷоангезе, ки мехоҳад оромии моро халалдор созад ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом  мебошад. Саркардаҳои онҳо пас аз он, ки давлат фаъолияти тахрибкоронаашонро маҳдуд намуд, ба хориҷа рафта аз он ҷо низ бо қувваҳои беруна ва дасти бегона мехоҳанд ба амнияти кишварамон халал ворид созанд. Махсусан мо,  ҷавонон дар ин гуна ҳолатҳо бояд ҳушёру зирак бошем. Зеро камтарин қувва, нерӯ ва ташвиқот метавонад ба зеҳну шуурии мо андешаи носолимро ҷой диҳад. Беҳуда Сарвари муаззами кишвар барои мо ҷавонон чунин имкониятҳои хубро омода накардаанд. Он кас борҳо гуфтаанд, ки аввал мо худро бишносем, баъдан дигаронро талқин кунем, то роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.

Шукронаи Худованд, ки Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо,ҷавонон, ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки дар ҷавоби чунин ғамхориҳои падаронаи роҳбарият дар оянда, Тоҷикистони азизу биҳиштосоро ба гулистон мубаддал намоем. Тамоми эътимод ва боварии халқу миллатро ба даст оварда, қувваю нерӯи худро барои сарсабзии Ватани маҳбубамон сарф кунем ва ворисони арзандаи мутафаккирони аҷдодони хеш гардем. Инчунин дар оянда бо ақлу иродаи қавӣ  миёни дигар давлатҳо кишварамонро ҳамчун як миллати пешрафта, мутараққӣ ва соҳибтамаддун муаррифӣ менамоем. Тавассути заковату матонати мардонагии хеш руҳияи мухолифинро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми нерӯ ва қуввати худро сарф менамоем, то созандаву бунёдкунандаи ин марзу буми мақаддас бошем. Баҳри ояндаи Тоҷикистони гулистон кӯшиш менамоем ва  зиндагии шоистаро барои мардуми кишвар муҳайё месозем.

 Ин ҳама баҳри анҷоми амалҳои зишти бадхоҳони кишвар ягон асоси дигар боқӣ намегузарад. Зеро эшон бо ҳар гуна баҳонаву таблиғҳои миллати  бегонагон баъзе аз мардуми моро гумроҳ менамоянд, онҳоро бо роҳи фиреб гирифтори ҳар гуна ақидаҳои бегонапарастӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки бо иқдоми пайгиронаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ба ин хотир тамоми ҷавонон, то тавонистанд, масъулияти хешро дар назди халқу миллат сарбаландона адо намуданд  ва  минбаъд пеши худ мақсад гузоштанд, ки дар оянда аз ин дида масъулияти бештарро ҳис намуда, барои ободии диёри хеш саҳмгузор бошанд. Ин аст, ки бо руҳияи баланд ва масъулияти дучанд барои сазовори номи  неки ниёгон будан кӯшиш намуда истодаанд.

Мо, ҷавонон тамоми қуввати хешро барои он сарфа менамоем, то худро ба насли оянда чун меросбарони тоҷвар нишон диҳем.

Мо, тоҷикем, фарзандони ворисони Сомониён, насли ориёниён ва меросбари ононем, ки аз ин ифтихор менамоем.Азизов Амриддин, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд