Солҳои охир дар васоити ахбори омма маводҳои зиёд дар мавриди  ғасби заминҳо аз ҷониби аҳолии наздимарзии қирғиз  дар манотиқи кишвар интишор мешаванд. Дар ин миён баҳси замин миёни тоҷикон ва қирғизон дар шимоли мамлакат бештар ба мушоҳида мерасад.

Ҳал намудани проблемаи хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон он қадар осон наменамояд, дар ҳоле ки он қариб 1000 км-ро ташкил медиҳад.

Баҳси ҳудудии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мисоли шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров пас аз фурӯпошиии давлати бузурги шӯравӣ авҷ гирифт. Бо вуҷуди ин, то имрӯз масъала бо он қолаби бисту ҳафт сол пеш мавҷуда қарор дорад ва ягон тағйирот дида намешавад. Дар ин ноҳияҳои марзӣ ҷанҷоли аҳолии тоҷику қирғиз барои об, ҳезум ва дигар чизҳо сар мезанад. Баъзан мешавад, ки аҳолии минтақаи Тоҷикистон  ниҳолҳои мевагӣ мешинонанд, аммо субҳи рӯзи дигар аз онҳо осоре намеёбанд. Далели гуфтаҳои болоӣ ҳодисаи чанд рӯз пеш рухдода дар сарҳади деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ва Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон байни аҳолӣ вобаста ба замини кишоварзии баҳсӣ ва  латукӯби сарҳадбонони тоҷик аз ҷониби сарҳадбонон ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон мебошанд.

Пирамардони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ нақл мекунанд, ки ҳамасола дар оғози фасли баҳор, вақти киштукор ҷанҷоли об байни қирғизону тоҷикон сурат мегирад.  

-Оғози баҳор хеле гарму хушк меояд. Заминҳои киштшуда бо айби сокнони қирғизи болооб беоб мемонанд- таъкид медоранд онҳо.

Воқеан марз чунон нодуруст тақсим шудааст, ки ҳатто хонае мавҷуд аст, ки нисфи он то ба як марз дахл дораду нисфи дигараш ба марзи дигар кишвар, - мегӯяд Замириддин Давлатов, як тан аз сокинони ноҳияи Исфара.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аввалин ангезаи низоъ байни қавму миллатҳо дар даврони шӯравӣ маҳз аз ҳамин минтақа сар зада буд.

-Он солро хуб дар хотир дорам, баҳори соли 1990 буд,-мегӯяд Муллобаҳодур Умаров, сокини деҳаи Хӯҷаи Аъло, ҷанҷол аз барои об байни сокинони деҳаву қирқизон аланга гирифту он ба афту дарафт бадал шуд. Кор  то ҷое расид, ки аз худи Маскав муовини раиси кумитаи амнияти ИҶШС ва роҳбарони баладпояи ҳукумати Тоҷикистон ташриф оварда, сокинонро ба оромӣ даъват карданд.

Он айём айнан чунин ҳолат дар Гурҷистон низ ба мушоҳида расид. Баъд шоири тавонои миллат равоншод Бозор Собир дар сӯгвории қурбониёни гурҷӣ шеъре эҷод карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки чунин ҳолат ба беҳурматӣ нисбати миллати соҳибтамаддуни мо низ ҷой дорад. Масалан мардуми меҳнатдӯсту ободкори Исфара бо домани худ санги кӯҳдоманро чида, замину боғ бунёд мекунанд, вале баъди ба ҳосил даромадани ин боғу заминҳо қирғизҳои ҳамсоя ба онҳо даъвои соҳибӣ мекунанд.

-Агар касе аз  маркази шаҳри Исфара то деҳаи Ворухи баландкӯҳ рафтанӣ шавад, ҳатман се ҳудуди марзии ҳамсоякишварро убур мекунад. Ҳолате низ шуда буд, ки роҳи асосии байни ҷамоати деҳоти Сурхи Тоҷикистон ва Қаробоғи Қирғизистон аз ҷониби ҳукуматдорони қирғиз  баста шуд. Он гоҳ аҳолии беш аз 100 ҳазор нафараи ин минтақа дар ҳолати ногувор монданд. Лозим омад, ки аз болои дарёи Исфара пуле бунёд кунад, то аз ҳудудии ин ҷамоати қирғизнишин нагузаранд,-мегӯяд сокини деҳаи Чоркӯҳ Аҳлиддин Ҷӯраев.

Директори кулли осорхонаҳои кишваршиносӣ ва ёдгориҳои таърихию меъмории шаҳру ноҳияи Исфара Абдуманнон Рауфов дар як мусоҳибаи худ иброз медорад, ки мавзеи Оқсой, иборат аз 700 га яке аз манотиқи баҳсталаби марзӣ маҳсуб мешавад.  "Мувофиқи тақсимоти нодурусти солҳои 50-уми садаи XX 300 гектари ин мавзеъ ба деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон ва 400 гектари боқимонда ба ҳудуди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шомил гардид. Ҳол он ки  мавзеи мазкур таърихан замини тоҷикон аст. Номи ҷуғрофии маҳалӣ атроф ва кӯҳҳо далели ин гуфтаҳост. Масалан, кӯҳи Сари Сот калимаи санскритӣ буда, маънояш таҷассумкунандаи об мебошад, деҳаи Ворух бошад маънии селгири калонро дорад."

Ин фикри Рауфовро нависанда Додохони Эгамзод тақвият дода, чунин мешуморад, ки ин мавзеъҳо таърихан моли тоҷикон буда, тақсимоти нодуруст боиси маҳрум шудани онҳо аз заминҳои аҷдодӣ гардид: "Мавзеи Тангии Ворух, ки имрӯз дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад, таърихан замини мост. Инҳо ҳамон қирғизҳое ҳастанд, ки як замон чун зердастон барои тоҷикон кор мекарданд. Тақсимоти нодурусти шӯравӣ дар он буд, ки ин мавзеи муқаддаси тоҷиконро ба зердастони онҳо дод".

Аҳолии қирғизи ин минтақа имрӯз бо мушкилоти калон рӯбарӯ ҳастанд. Ойгул Турғунова, сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистон чунин мешуморад, ки ҳукумати Қирғизистон воқеан ба аҳолии ин минтақа беаҳамият аст. "Мо мешунавем, ки дар марказ боз ягон воқеа ё гирдиҳамоӣ рух додаааст, дар мо гӯё ҳар рӯз ҳукумат нав мешавад, аммо ғами мардуми дур аз марказро ягон кас намехӯрад".

Аз соли 2003 БР СММ барои барҳам додани баҳсҳои мардуми наздимарзии тоҷику қирқиз чандин лоиҳаро роҳандозӣ кард. Ба ин лоиҳа чор ноҳия-Лайлак ва Боткени Қирғизистону Ҷаббор Расулов ва Исфараи Тоҷикистон дохил гардиданд, ки маблағи умумии он 120 ҳазор долларо ташкил медод. Ин лоиҳаҳо соҳаи ҳифзи сиҳатӣ, маориф,  таъмини оби нушокӣ, таъсиси ҷои кор ва барҳам задани пайдоиши муноқишаҳои сарҳадиро дар бар гирифтанд. Тибқи ин лоиҳаҳо таъминоти ғизоии беш аз 40 ҳазор нафар беҳ гардида, 1500 га замини нав обшор ва 400 ҳазор аҳолии Суғд ва Боткени Қирғизистон бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.

-Аслан роҳандозии чунин лоиҳаҳо ба фоидаи кор аст. Аммо бе ин ҳам муносибати мардуми оддии қирғиз  бо мо дӯстонаву дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат мегирад,- мегӯяд   Талъатбек Носиров, сокини деҳаи Лаккони ноҳияи Исфара,- мо ҳар сол дар мавсими киштукор заминҳои қирғизонро ба иҷора мегирем. Онҳо барои дастрасӣ ба оби полезӣ ба мо кӯмак менамоянд. Ана, соли гузашта мувофиқи шартнома барои як мавсим бар ивази 2 ҳазор рубли русӣ 30 сотих заминро иҷора гирифта, шолӣ коштам. Ҳосили дилхоҳ рӯёндам. Имсол низ аз ҳамон дӯсти қирғизам 50 сотих заминро иҷора гирифтам. Байни мо тафриқаву ҷудоиандозӣ нест.

Як соҳибкори исфарагӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, баён дошт, ки асосан молҳои сохтмониро тавассути қочоқ аз ин кишвар ворид мекунем, барои ҳамин маҳсулоти сохтумонӣ назар ба дигар минтақаҳо арзонтар аст. Ҳеҷ ҷои пӯшидан нест, мегӯяд , вақте дар мо ягон маҳсулот камчин шавад, аз Қирғизистон ворид мекунем, чун дар ҳамсояноҳияҳо чизе дар бозор кам мушоҳида шавад, аз Исфара ворид мекунанд. Ҳомидҷон Рӯзибоев, замоне ронандаи хатсайри Исфара-Боткен ёдовар шуд, ки муносибати тоҷикону қирғизон агар баҳси обу замин набошад, хеле хуб аст. Ман беш аз 10 сол шаҳрвандони қирғизро ба ноҳияамон мекашондам. Он вақтҳо вилояти Ботканд ягон нақлиёти худиро дар ин сайрхат надошт. Аз чеҳраҳои мардуми қирғиз аён буд, ки онҳо аз муносибатҳои тоҷикон қаноатманданд. Бо вуҷуди заминҳои фарох доштанашон ҳатман харидашонро аз бозори Исфара мекарданд. Аҷиб, заминҳоро ба мо  иҷора дода, аз маҳсулотҳои рӯёндаи мо онҳо худ харидорӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ Исфара имрӯз чи барои қирғиз ва чи барои ӯзбекони наздимарзӣ маркази асосии савдо ҳисоб меёбад. Аҳолии ин минтақаҳои марзӣ дар ҳар ду ҷониб зиндагии қашшоқона доранд ва ҳукуматҳои тоҷику қирғиз рӯирост иқрор мешаванд, ки қудрати бартараф сохтани тамоми мушкилоти аҳолии ин минтақаҳои марзиро надоранд..

Сотиволдӣ Умрузоқов, сокини деҳаи Равоти Қирғизистон бошад, аз муносибати тоҷикон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки маданияти заминдориро маҳз аз тоҷикон омӯхтам. Чанд сол пеш як дӯстам бо номи Абдунабӣ аз деҳаи Боғистони ноҳияи Исфара ба ман маслиҳат дод, то дар замини дар ихтиёрам буда ниҳолони дарахти зардолу шинонам. Даромади хуб ба даст меорам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Ҳоло дар як гектар навъи зардолуи "Абрикос"- ро парвариш мекунам. Ҳар сол дар айёми пухтанаш бо аҳли хонаводаи акои Абдунабӣ меваро хушк мекунем. Фарзандони дӯсти тоҷикам онро ба Русия бурда мефурӯшанд, даромадро баробар тақсим мекунем.  Аз ин хотир шукронаи тинҷиву осиштагӣ карда, зиндагиамонро пеш мебарем. Ягон проблема надорем, ҳама чун як бародар зиндагӣ мекунем.

Воқан вақти он расидааст, ки ҳар ду ҷониб бори дигар сари мизи гуфтушунид нишинанд, то нофаҳмиро бартараф созанд, вагарна гумроҳӣ оқибати хуб надорад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд