Дар замони пешрафти техникаву технология, ки кишвари мо сол то сол ба он ноил мегарданд, нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла,  собиқ раиси ТЭИ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Масалан онҳо дар ояндаи наздик мехоҳанд Иттиҳодияи опозитсионии наверо таъсис додани ҳастанд.

    Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш  Бегзод ва Ҷавоҳир +риновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

        Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар як қатор васоити чопии ахбори оммаи Тоҷикистон мақолаи таҳлилии рӯзномаи бонуфузтарини Шарқи Миёна «Ал – Аҳром» бознашр шуд. «Ал – Аҳром» аз соли 1875 инҷониб дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба табъ мерасад. Чуноне аз ин мақола маълум мешавад, ТТЭ ҲНИ на танҳо бо ҳаракатҳои террористии «Толибон»-у «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон», балки бо ташкилоту созмонҳои террористии дигар аз қабили Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), «Ҷабҳат ан – Нусра», «Ҷайш – ал – ҳур» ва «Ихвон – ал – муслимин» низ ҳамкории густурда дошта, дар сафарбар намудани садҳо нафар ҷавонони гумроҳ барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва иштирок дар набардҳои хунин ба Сурия, Ироқу Афғонистон ва дигар минтақаҳои ноором даст доштааст.  

    Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо - аҳли ҷомеаҳои хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи №13-и шаҳри бостонии Хуҷанд рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун     тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарем, истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. 

Соҳибназар Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд