Тоҷикистон бо гузашти 27 – соли истиқлолияти давлатии хеш марҳилаҳои хеле муҳиму душворро паси сар намуд. То кунун доғи ҷанги хонумонсӯз аз дилҳои мардум нарафтааст. Ва аксаран саркардаҳои ин ҷанги бемаъниро лаънат мехонанд. Давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири сулҳу салоҳ аз гуноҳи размандагон гузашт, вале маҳз ҳамон нафароне, ки таҳти ғамхории доимии давлат қарор доштанд, ба қавле аз пушт ханҷар заданӣ мешаванд. То замоне, ки Ҳоҷи Ҳалим Назарзода силоҳ ба дасту алайҳи давлат сар набардошт, то замоне, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ чеҳраи аслии ҳизби наҳзатро кушода надод, аксаран гумон мекарданд, ки ин ҳизб мардумро ба роҳи рост, дину диёнат, покизагиву хушрафтор даъват месозад. Аммо тавре Саид Қиёмиддин Ғозӣ дар филми «Решаҳои ноаён» иброз доштааст, мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ва саркардаҳои он хиёнат ба Ватан аст. Онҳо барои ҳифзу манфиатҳои худ омода ҳастанд, ки дину мазҳаб ва хоки муқаддаси худро фурӯшанд. Қабирӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш будани аъзо ва пайравонашро дар майдони «Шаҳидон» рад мекунад, аммо Саид Қиёмиддин Ғозӣ мегӯяд, ки ба сифати таблиғгари фаъоли ҲНИ дар ин майдон ҳамроҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мардумро бар зидди давлат мешӯронд. Ӯ дар идомаи суханаш эътироф кардааст, ки  тӯли чандин солҳои охир маҳз бо дастгирии Кабирӣ ва хоҷагони эронии худ барои таблиғи ҷараёни шиапарастӣ ва  дар ояндаи наздик ба даст овардани ҳокимият дар кишвар бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбатҳо анҷом додааст ва ба сифати раиси ин ҳизб дар Федератсияи Русия кору фаъолият бурдааст. Номбурда бори дигар эътироф кардааст, ки пас аз шикасти ҲНИ дар интихоботи соли 2015 аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда бо ҳоҷи Ҳалим Назарзода ҳамкориро вусъат бахшида, барои шӯриш заминаи мусоид фароҳам овард. Яъне, маҳз Кабирӣ ба навкронаш маблағҳои зиёде додааст, то дар кишвар шӯру валвала барпо намояд.

Мантиқан нодуруст аст, ки ҳизбе, ки номи поки исломро дорад, барои ноамнии ҷамъият, қатлу куштор даст занад. Гузашта аз ин тафриқаандозӣ миёни мусулмонон худ гуноҳест азим. Пас, исломи покро ба бозии сиёсӣ кашидан, худ дур будан аз имондорист  Ваҳдату суботро имрӯз миллат дорад. Кабириву ёронашро мебояд, ки  баҳри таҳкими давлатдорӣ  рушди соҳоти ҳаёти ҷомеа донишу маърифат саъй варзад. Вагарна як умр ва ҳатто дар саҳифаи таърих чун Заҳҳок онҳоро ёд мекунанд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд