Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир шоҳид аст, ки терроризм дар асл таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Муаммои реалӣ ва душвори даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё рӯй додааст, амали ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ  мебошад.

Террор яъне ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру фишор, нобуд ва зӯроварӣ барои  мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале, мутаассифона, имрӯз ин амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кӯдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва  дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Гуфтаҳои болоиро баргузории конференсияи байналмиллии дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”  бо иштироки васеи коршиносон тасдиқ мекунад. Дар конференсия таъкид шуд, ки падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон бо айби гурӯҳҳои ифротгароӣ вусъати тоза касб менамояд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад.

Махсусан, барои ҷомеаи мо ҳизби ифротгарою террористии наҳзати ислом хатари зиёде ба бор меорад. Саркардаҳои ҳизб хориҷ аз кишвар бо мақолаҳои иғвоангез ва даъватҳои беасоси худ мардумро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Ба андешаи онҳо василаи пурқувватшавии ҳизб ин зиёд кардани тарафдорон ва нишон додани камбудиҳои ҷомеа аст. Яъне онҳо мехоҳанд, ки эътимоди мардумро нисбати давлат коста гардонда, ҷонибдорони худро зиёд нмоянд. Моро мебояд, ки  дар тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ҷавонон аз ҳар вақта дида ҷиддитар бошем.  Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд