Хабари дар ҷамоати Себистони шаҳри Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфтани амали террористӣ аз ҷониби пайравони ДОИШ боиси нигарони аҳли олам гардид. Ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барин давлати абарқудрат расман баён дошт, ки дар самти таҳқиқи ин ҷинояти мудҳиш бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва кирдори нангини анҷомдиҳандагони амали мазкурро ба кулли мардуми тоҷик вобаста намедонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Амрико низ таъкидҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси Ватан, модар, дину имон, меҳру муҳаббат ва ихлосу садоқат надоштани террористону ифротгароён тасдиқ менамоянд. Яъне наметавонад дасисаву фитнаи нокасон номи давлату миллатамонро дар ақсои олам паст кунад.

Вобаста ба ин масъала падидаи номатлубе моро сахт ба андеша водор намуд, ки мавқеи бетарафиро ишғол кардани Ҷумҳурии исломии Эрон нисбати амали террористии болозикр аст. Мо бо мардуми ин кишвар на танҳо ҳамзабон, балки ҳамхун низ ҳастем. Решаҳои ягонаи миллӣ, таърихиву фарҳангии муштарак дорем. Бузургони миллати тоҷик бузургони форсҳо ҳам ҳастанд. Адабиёти ҳар ду кишвар низ муштарак аст ва дар саргаҳи он Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ меистад. Бо назардошти ин, эрониҳо бояд беш аз дигарон ғусса мехӯрданду мутаассир мешуданд. Вале мутаассифона, мо баръакси онро мушоҳида намудем.

Хирадманде панд медиҳад, ки ё зангии Занг бош, ё румии Рум! Дар ҷаҳон аз мавқеи бетарафиро ишғол кардан дида кори бадтаре нест. Нисбати чунин кирдорҳои нангин бетараф будан маънои ҷонибдорӣ аз онҳоро дорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дӯстонаро бо Эрон ба роҳ монд, ки ҳама соҳаҳоро фаро мегирифтанд. Маҳз дар доираи ҳамин дӯстию рафоқат ду лоиҳаи калони сармоягузорӣ – нақби «Истиқлол» ва НБО «Сангтӯда -1» сохта, ба истифода дода шуданд. Сафарҳои расмии сарони ҳар ду кишвар ва даҳҳо ҳайатҳои бонуфуз ба давлатҳои якдигар, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва ҳамкории босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барои ҳар ду кишвар судманд буд. Мутаассифона, бо иваз шудани роҳбарияти Эрон дӯсти дирӯзаи мо ба паноҳдиҳандаи бадхоҳону душманонамон табдил ёфт ва имрӯз парвое надорад, ки пайравони ДИИШ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфтаанд.

Ҳанӯз зиёда аз 1000 сол пеш шайхурраис Ибни Сино таъкид дошта буд:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст,

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт!

Ватани азизи мо имрӯз аъзои комилҳуқуқи  СММ аст ва бо зиёда аз 140 давлати дунё муносибати дипломатӣ дорад. Дӯстони ҳақиқиву ҷониамон дар тамоми қитъаҳо ҳастанд ва ҳаргиз моро дар рӯзи сахтӣ танҳо намегузоранд! Аммо дар сари масъалаи дӯстӣ бо «Дӯстон»-и душманнасақ бояд сахт андеша намоем.

 

Турсун Холматов, муовини директор оид ба илми ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд