Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ХХ – ҳанӯз дар оғози бунёди давлатдори соҳибихтиёрии худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи омӯзиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқ Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадими хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем. Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангиву тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷи дар кишвари тозаистиқлолои мо гирифта шавад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида  ҷонибдорӣ мекунем.

Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд