Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву терорристии ҲНИ ба ҷузъ он, ки худро пайваста «реклама» мекунад, кори дигар надорад. Мусаллам аст, ки сомонаҳо ҳам мехоҳанд, ки ба саҳифаҳояшон зиёдтар корбарони интернет ворид шаванд. Аз «Паёми Рамазонии Кабирӣ» ва мусоҳибаи иғвоангезаш бо Алим шояд «Олим» бошад муддате нагузашта, худро бо баҳонаи «Сӯиқасд ба ҷонаш» расонаӣ кард. Ба ин кор ёварону хоҷагонаш ба ӯ маслиҳати «судманд» доданд. Наҳзатиён ба лидери худ ҳамонгуна рафтор мекунанд, ки дар ягон гӯшаи дунё чунин «рақиби тавоно» набуда бошад. Ӯ ба ҳадде эркаи хоҷагонаш шудааст, ки бояд ӯ ҳатман дар расонаҳо чеҳраи рақами як бошад. То ҳадде воҳима шудааст, ки дар масъалаи амни ҷонаш сохторҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо ба ӯ сипари боэътимод аст. Ба гумони ман ин ҳангома аз пяр беш нест. Кабирӣ мехоҳад, ки бо ин ахбори бардурӯғ  барои худ имиҷ созад.

Бояд гуфт, ки Кабирӣ аз маккортарин саркардаҳои наҳзатиён маҳсуб меёбад. Ӯ аз аввалинҳо шуда, аз Ватан ба қавле думро хода кард. Чунки нозбардоронаш товони эркагии ӯро бардоштан наёфтанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз қабили чунин шахсиятҳое ҳаст, ки мехоҳад тавассути ба даст овардани иродаи халқ дар кишварамон тарафдорон пайдо намуда, мулки тинҷу оромонамонро ба майдони ҳарбу зарб табдил диҳад. Ин нафаре, ки аз фазои озоду ободи кишварамон солҳои сол истифода намуда, бо эҳсоси имони мардум бозӣ мекард.  Бо ин мақсад дар дохилии кишвар даҳҳо ҷавонони соддаву гумроҳро ба тарафдории худ мекашид. Гӯиё ӯ «лидери сиёсӣ» асту «тӯдакаши ҷомеа». Аммо тираш хок хӯрд. Дар интихобот, ки мағлуб шуд, дигар кӯзаи пуробаш шикаст. Аз кӯза на худаш ва ёронаш об нӯшиданд.   Ӯро  мардум ба воқеъият шинохтанд. Дили ӯ ва ҳаммаслаконаш барои ин миллат ва сарзамин намесӯзад. Чун оташи ҷанг забона мезад, онҳо нафарони аввалине мешуданд, ки силоҳу асбобҳои ҷангиро ворид карда худ дар хориҷ ин саҳнаро тамошо мекарданд. Муҳиддин Кабирӣ ҳаргиз андеша намедорад, ки он хоҷагони ӯро ба «кироя» гирифта мехостанд миллатеро аз байн баранд, ки дар ҳазорсолаи охир бо фарҳангу адабиёти оламшумулаш дар феҳрасти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. Ва муҳимтар аз ҳама аз калон то хурди ин диёр ваҳдати миллӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву оромии ҷомеаро болотар аз ҳама неъматҳо медонанд.

Фикр мекунам дар ин ҷода бояд ҳар як инсон, хосса ҷавонон имон дошта бошанд. Фирефтаи ҳар гуна иттилоҳои бардурӯғ нашаванд. Бояд донанд, ки имрӯз рақибони давлат мехоҳанд аз пушт ба шонаҳои миллат корд халанд. Ва гумон доранд, ки дар ҷанги иттилоотӣ пирӯзӣ насибашон мешавад. Аммо ҳамон тавре, ки дар боло ишора кардам, оне имрӯз иродаи халқро ба даст овардааст, ки барои ин миллат хизмат карда бошад. Оне тӯдакаш аст, ки дархури ормонҳои миллӣ аст. Дини мубини исломро сипари манфиатҳои худ намудан аз рӯи камоли одамгарӣ нест ва нахоҳад буд. Пас худ хулоса бароред, ки пирӯзу кӣ мағлуб?

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд