Мо, устодони факултети информатика ва энергетика пас аз тамошои ин филми мустанад бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ҳизби ифротию террористии наҳзати ислом чи тарҳу нақшаҳое барои амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ кашида буданд. Миллате, ки соҳибтамаддун аст, ба ҳеҷ ваҷҳ барои душманони аҳримансифат таслим нахоҳад шуд. Ва ин навор парда аз рӯи маккориву дасисабозӣ, дурӯягиву манфиатхоҳии Кабириву ёронаш бардошт. Наход нафаре, ки дар ҳар суханронии худ, аз Худову Расул ёд мекунад, дар амал барои миллати хеш, марзу буми муқаддаси он, модару падари худ чунин хиёнатро раво бинад. Мо миллати шикаста будем дар солҳои навадум ва ҳамин домуллотарошон маҳз ба хотири супоришҳои хоҷагони худ хостанд, ин диёрро ба нестӣ расонанд. Ҷомеа бунёд кунанд, ки мутассибу фундаменталӣ, аммо тирашон хок хӯрд. Миллат ба рағми ин ҳама носипосиҳо гуноҳи саркардаҳои ҷангро бахшид, аммо ин хиёнаткорон бо истифода аз мавқеъ, шароити мусоиди фаъолият боз даст ба таҳримҳо заданӣ шуданд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ ин нафаре, ки аз мактаби бузурги динӣ гузаштааст, имрӯз иқрор мешавад, ки ӯ фармудаҳои Худовандро иҷро накард, балки супоришҳои хоҷагонашро болотар аз оятҳои Қуръонӣ донист. Яъне, мардумро ба гумроҳӣ бурд. Имрӯз пушти панҷара нишаста афсӯс мехӯрад, ки чаро пойбанди макру ҳияли Кабирӣ ва дигар роҳбарони «руҳонӣ» шудааст. Мо миллати созандаю бахшандаем.  Имрӯз ҳам дер нашудааст, ба хотири амну амонӣ ҳарзгӯиҳоро як тараф бояд гузошт. Пешрафт кишварамонро бо чашми сар бояд дид. Онгоҳ фардоиён онҳоро хоҳад бахшид.