Ҳамдиёрони азиз!

Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки таҳаввулотҳои илму техника ба суръати кайҳонӣ пеш меравад. Иттилоъ ва дастрасии онро  низ хоҷати тасвиру шарҳ ва эзоҳ нест. Агар даҳ сол қабл ҳамагӣ дар олам беш аз 40 сомонаҳои ҳангомаҷӯй ва даъват ба ифротгароиву терроризм мавҷуд бошад, пас  имрӯз ин гуна сомонаҳо аз сарҳади  4 ҳазор гузаштаанд. Ва мусаллам аст, ки ин сомонаҳо таҳти контроли «хоҷа»- ҳо қарор дорад. Яъне, ҳифзу фаъолият доштани сомонаҳо маблағҳои калонро тақозо мекунад. Яъне, мақсади  ин сомонаҳо барангехтани кинаву адоват, динситезӣ ва умуман ҷалби шаҳрвандон ба ин ё он гурӯҳ ва ахиран бар манфиати худ истифода бурдани нерӯи онҳо мебошад.

Сомонаи «Востокнюс», ки муассисисонаш ҳизби террористиву экстремистии наҳзати Ислом, гурӯҳҳои 24 ва «Озодандешагон» аст, мекӯшад, ки бо мақолаҳои тӯҳматангези худ ба зеҳну тафаккури мардум нисбати ҳукумати кунунӣ кинаву адоватро бархезонад. Матолиби охирини онҳо манъи ҷавононии зери 18 –сола ба масҷид намунаи гуфтаҳои болоист.

Ин нафарони «диншинос» дар мақолаҳояшон овардаанд, ки давлат ва Ҳукумат барои намозгузорон, хосса, ҷавонон монеа эҷод мекунад. Аз ин тӯҳмати хушку холӣ шарм намекунанд. Дар Тоҷикистон масҷид ба рӯи ҳама намозгузорон кушода аст, ба ҷузъ аз мактабиёну донишҷӯён. Онҳо метавонанд тоату ибодати худро дар хонаҳои худ гузаронанд. Алҳол дар Тоҷикистон наздики 4 ҳазор масҷидҳои панҷвақта амал мекунад ва мо нашунидаем, ки нафари намозгузорро аз масҷид боздошт карда бошад. Ба ҷузъ он нафароне, ки пайрави дигар мазҳабҳои амосоли салафияву ваҳхобия бошанд. Ин нафарон миёни мусулмонон тафриқа гузошта, онҳоро ба ҷузъ аз ибодат ба «ҷиҳод»-у ҷоҳилият даъват мекунанд.

 Дар назди мо, устодон вазифаи бузург ва муқаддасе меистад, ки бояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги миллӣ саъй намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҳаматарафа мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонон дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳ монда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ шомил шаванд. Зеро ҷавонони огоҳ ва соҳиби маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи наметавонад фирефта созад.