Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз маъмултарин  таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, ба миллат, фарҳанг ва дин  рабте надорад. Аммо бархе аз кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси  «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври ошкоро назари расонаҳои  байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад.  Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

         Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, ба сафи гурӯҳҳои  ифротгароӣ  равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва аз ҳам аз тариқи иқдомогти ҷиноӣ, монанди кочоқи  маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки  дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд.

Мутаассифона, дар ин амал нақши ҲНИ калон аст. Он аъзо ва пайравоне, ки аз амалкарди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати бастани ин ҳизб норозианд, имрӯз хеле фаъолона дар ҷалби ҷавонон гом мениҳанд. Ҳадафашон ҷавони гумроҳро барои оянда омода кардан аст. Яъне, инҳо мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулот намуда, нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагони худро дар амал ҷорӣ созанд.  

         Воқеан аз нақли нафарони гумроҳшуда бармеояд,   ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

         Мо, устодон аз ҷавонони огоҳу зирак даъват ба амал меоварем, ки ба ҳамсолони худ роҳнамову ёвар бошед. Ба онҳо фаҳмонед, ки наҳзатиён на дӯст, балки душмани миллат ҳастанд.