Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 4 –уми май баргузор гардид, тамоми кишварҳои ҷаҳонро бо ҳам овард. Аз ҷумла дар нутқи пурмӯҳтавои Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар зикр шуд, ки Тоҷикистон мувафаққона тавонист бар зидди ин зуҳуроти номтлуби ҷомеа мубориза барад. Ӯ Дар қиёс ба кишвари Афғон сиёсати роҳбари давлати моро дар ин ҷода нек арзёбӣ намуда, дар баробари ин амалҳои наҳзатиёнро маҳкум намудааст.

Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.