Даҳшату ваҳшате, ки одамкушони давлати исломӣ нисбати сокинони Сурия ва Ироқ вақтҳои охир содир мекунанд, имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст.  Зеро дар вуҷуди ин пастфитратони ҷангиёни ба ном исломӣ аз ҷавҳари инсонӣ нишонаи дигаре боқӣ намондааст. Ин тӯдаи манқурт зери таъсири идеологияи мағзхӯру душмани илму маърифат ва тамаддуни умумибашарӣ ҳадафи ягонааш ба чӯлистону регзорони ҳазорсолаи пеш табдил додани дунёи мутараққӣ ва маҳв сохтани аҳли илм дар шуури инсонҳост. Чанд соли охир дар кишвари мо ба инкишофу равандҳои ислом бештар таваҷҷуҳ дода мешавад. Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд,сохтмони масҷидҳои нав, нашри китобҳои динӣ, мақолаҳои илмиву оммавӣ, филмҳову барномаҳои телевизионӣ роҷеъ ба мавзӯҳои ислом ва ҷаҳони имрӯза хеле зиёд шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани Донишгоҳи исломӣ бо тамоми шароиту имконоташ, ки дирӯз Сарвари давлат ба он асос гузоштанд, бори дигар аз нигохи хайрхоҳона ва мардумсолории Пешвои муаззами халқ далолат медиҳад.  Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бегуноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро бо кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. Ислом динест, барои осудагиву амният ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва раҳму адолат водор месозад. Тавре аз сарчашмаҳои аслӣ бармеояд, дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.

Бадбахтона ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ чодари исломӣ пӯшонидан хатои маҳз аст.

Душманони миллати мо ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд бо маводҳои ҳангомаҷӯёна, наворҳои авомфиребона дили халқро ба худ моил кунанд. Чунончи дар расонаҳои хабарӣ видеоролике нашр шудааст, ки гӯё давлат муқобили ҷашнҳои динӣ бошад ва онро асос кардаанд, ки соли гузашта санаи 1 сентябр дар рӯзи Иди Қурбон  дар муассисаҳои таълимӣ дарс буд. Агар давлат ба дину диндорӣ арҷ намегузошт дари ҳазорон ҳазор масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз намешуд. Барои ҳаҷҷи Каъба шароиту имкониятҳои фарох намедод.

Эй аҳримансифатон бас кунед,  аз ин иддаои бепояатон