Зиндагии шоиста, ҳаёти осоишта ва хушбахтона орзую ормони деринаи инсоният мебошад. Ҳар як инсон аз он рӯзе, ки худро мешиносад, барои бахту саодат, роҳи рӯзгори пурфайзу пурнишот, расидан ба кӯйи мақсаду мурод, яъне хушу хуррам гузаронидани умри азизу ширин кӯшишу талош меварзад. Аммо на ба ҳар кас ин муяссар мегардад. Калиди бахт ба ҳама дастрас нест. На ҳар фард дар давоми умр роҳи хушбахтӣ, макони ормонии зебою гуворои шодкомиро ёфта метавонад. Ин роҳ душвору дуру дароз ва пуршебу фароз менамояд. Агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем, ки дар тӯли асрҳо, садсолаҳо одамизодагон ба мушкилию нобарориҳо нокомию рӯзҳои сахт гирифтор шуда, чиқадар азобу машаққат гирифтор шуда, ба офату бадбахтиҳо дучор омадаанд ва мутаъсифона дар замони мо ҳам рӯзҳои  сахту сангин ба сари инсонҳо меоянд. Бештари мавридҳо ҳамдигарнофаҳмӣ, ҷудоихоҳӣ, худро аз дигарон боло гирифтан, манфиати хештанро пештару авлотар донистану манфиату хоҳиши дигаронро нодидан ва ё нодида гирифтан боиси кашокашу низоъҳо, кинаю ситеза ва ҷангу ҷанҷоли байни одамон, маҳалҳо ва киварҳои гуногун мегардад ва ба сари мардум харобию вайронаҳо,  маҳрумияту талафотҳои гарон меорад. Ҳолоки инсон, одамизод беҳтарин офаридаи Парвардигори меҳрубон аст. Оллоҳ Таоллоҳ дар Қурони карим фармудааст «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем». Модоме, ки чунин аст ҳамаи инсонҳо новобаста ба миллату нажод наздики Худованд азизу мукаррам мебошанд, онҳо барои Офаридгори худ баробаранд, ягон пасти ё баланди надоранд, ҳама яксон аз лутфу меҳрубониҳои ӯ бархурдоранд. Аз ин рӯ инсонҳоро зарур аст, ки аз амру фармони Худои бузург сар натобанд, худро ва ҳамҷинсони худро шиносанд, нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд, байни одамон меҳру муҳаббат, иззату ҳурмат,  дӯстию рафоқат ҳамеша пойдор бошад.

 Худованд дар сураи Нисо ба бандагонаш мефармояд: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики  ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамниши наздик ва мусофир ва онки дасти шумо молики ӯ шуд накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки мутакаббиру худситоянда бошад». Дӯстии байни одамон аз чунин рафтору амалҳои шоистаи инсонӣ, гуфтори нарму ширин, пиндори нек оғоз меёбад. Дустию дӯстдорӣ дар ҳар як оила, маҳалла, деҳа, шаҳру ноҳия, вилоятҳо, тамоми кишвар ва байни кишварҳо бояд барқарор истода бошад, токи одамон дар фазои меҳрубонӣ, иззату ҳурмат хушу хурсандона умр басар баранд ва худро саодатманду бахтиёр ҳис карда тавонанд. Мутафаккирону хирадмандон, адибони бузурги оламшумули халқи тоҷик бо санаду такя ба оятҳои китоби муқаддас ва ҳадисҳои ҳидоятбахши Пайғамбарамон (с) барои аҳли башар инсоният панду ҳикматҳои саршор аз насиҳат ва хиради равшангару ибрат мерос гузоштаанд, ки сарчашмаи хушбахтӣ, ҳаёти шоистаи одамон бидуни дӯстию рафоқат амри маҳол ва имконнопазир мебошад.

 Халқи хирадманду заҳматпешаи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо дӯстию ваҳдатро шиори зиндагии худ карда бо халқҳои дигар дӯстона ва хайрхоҳона муносибат карда, чун миллати соҳиби фарҳанг ва маърифати воло дар байни мардумони дигар ном бароварда аст. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Презеденти маҳбуби мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи давлат ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо таври рӯзафзун боло меравад.Сиёсати дарҳои кушод, ки рукни асосии сиёсати берунии давлати мо мебошад, меваҳои ширини худро дода истодааст. Беш аз 130 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро барасмият шинохта, робитаҳои дуҷонибаи судманди сиёсии иқтисодӣ ва фарҳангиро бо кишварамон густариш медиҳанд.

Аммо қувваҳои аҳримансифате ба мисоли гурӯҳҳои тундрави Салафия, Ҷамоат – ут – таблиғ, Ансоруллоҳ, Ҳизбуллоҳ, ҲНИ дини мубини исломро ливои худ намуда, мекӯшанд то мардум гумроҳона ҳадафу мароми онҳоро дастгирӣ намоянд. Чунин нафарон ба хотири манфиатҳои худ омодаанд, ба ҷузъ модар, меҳан, ёру бародар ҳамчунин мазҳаби худро фурӯшанд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз раҳбарон ва саркардагони Ҳизби наҳзати ислом дар як мусоҳибаи худ иқрор шудааст, ки ҳар он амале, ки ӯву пайравонаш иҷро намудаанд, фармудаҳои Кабирӣ ва «дӯстон»-и Эронишон аст. Маҳз онҳо намехостанд оромиву сулҳ  дар кишвари мо бошад. Бо барангехтани ҷангу низоъ, ҳамдигарнофаҳмӣ мехостанд дубора ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар зуҳур кунад, аммо вақт ва халқ беҳтарин довар аст. Бубинед, ин ҳизб ва роҳбарони онҳо имрӯз дар ғарибӣ азият мекашанд.

Бояд ки онҳо барои пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ халал ворид накунанд, зеро зӯри беҳуда миёншикан аст.

Соҳибназар Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд