Имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризо­ияти миллӣ дар Тоҷикистон» дорои аҳамияги байналхалқӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриямон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард.

Он лаҳза қабл аз созишномаи сулҳ амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти муҳими иқтисодӣ - иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ҳарбӣ кӯшиш ба харҷ мерафт.

Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборие, ки садҳо ҳазар нафар худро ба шимоли Тоҷикистон ва хоки Афғонистан афканда буданд. Тибки оморҳои расмӣ соли 1993 теъдоди онҳо ба 800 ҳазор расида буд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як силсилаи тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳу субот ва бозгаштани ҳамватанон мусоидат намуданд. Дар ин бобат қабули қонунҳо авф ва иловаҳо ба қонунҳои “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи озодии виҷдон”  ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд.

Баъди имзо шудани Созишноми умумӣ  27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумхурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуд ва то ба ҳол ваҳдати милли-ро мустаҳкам карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мамлакат зарари моливу ҷониву маънавии бузург овард. Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «Дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, дабистону кӯдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Ғоратгарӣ ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум барбод рафт. Зарари моддии ба ҷумхурӣ расонидаи ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод...»

Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ - қайд менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон - бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсй, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва даҳлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад".

Дар чунин шароити тақдирсоз баҳри ҳарчи зудтар аз нав барқарор намудани ҳаёти иқтисодию - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси наҷиб оид ба ташкили  “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” баромад намуданд.

Рӯзи 18 июли соли 1997 қариб 600 вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” интихоб карданд. Дар оинномаи ин ҳаракат чунин қайд шудааст: “Ҳадафи асосии ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кушишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳривандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими яклорчагии давлат ва интегратсия ба Иттиҳода Давлатҳои Мустақил, устуворӣ ва вусъат бахшидани демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.”

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ овози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ин сулҳ, боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд ба зиндагӣ ва ба ояндаи гулгулшукуфоии Ватан гарм намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳрфарони миллати тоҷик ва иродаи некм ҳарду ҷониб буд.

Далели гуфтаи боло чандин давлат аллакай бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сулҳи деринтизорашон расиданд. Дар дарсҳои макотиби оливу миёнаашон аз сулҳи тоҷикон бо хубӣ ва ҳамчун соатҳои ибратбахши зиндагияшон ёдовар мешаванд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дар муддати 21-сол Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаӣ мустаҳкам давонд ва боровар гар­дид. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Ба хулосае омадем, ки Ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мо ҳаст. Бигзор Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ободӣ, озодӣ, оромӣ ва зиндагии шоистаи  мардуми Тоҷикистон мебошад. Таманно мекунем, ки ин ваҳдати миллии мо зиндаву ҷовидон бошад!

Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд