Аз фоҷеае, ки дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба амал пайваст огоҳӣ ёфта, хеле нороҳат шудам. Дилам ба насли одамӣ сӯхт. То куҷо ҳайвонсирату бадгуҳар шудаем, ки барои канда шудани риштаи ҷони нафари бегуноҳ даст дорем. Дилам ба наздикону пайвандони сайёҳон сӯхт. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш онҳо дар саҳифаи инстаграммаи худ аз меҳмоннавозӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон васф карданд. Дар ҳар куҷое буданд, тоҷикон онҳоро гарм пешвоз мегирифтанд. Магар ин аз рӯи адолат аст, вақте миллионҳо сокинони кишвар аз рушди сайёҳӣ болидагӣ изҳор намоянду ҳар хонадон ҳатто беҳтарин анвои хӯрданиашро барои меҳмонон, хоссатан сайёҳон пешкаш созанду бо айби чанд тан аз ҷавонони ноогоҳ  бо тавсияи терористони наҳзативу исломпарастони зоҳирӣ ин ҳама хислатҳои наҷиби тоҷикона фаромӯш шавад? Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.

Андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Хайринисо Темирова,

номзади илмҳои педагогӣ,

устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забони давлатӣ