Алҳол роҳбарон ва пайравони ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароӣ бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлол таблиғу ташвиқи иғвогаронаву муболиғаомезро аз хориҷи кишвар идома дода, афкори мардуми тоҷикро бо маълумоти бардурӯғ заҳролуд менамоянд. Ҳадафи асосӣ ҳаёти осоишта ва амнияти осудаи кишварамонро ноором ва муташанниҷ намудан аст. Азбаски афкори аҳолии калонсолро тағйир додан ва ба ҳаракати худ ҷалб намудан душвор аст, мухолифин ташвиқотро байни ҷавонон пурзӯр менамоянд.

Ба ақидаи ифротгарон, тафаккури ҷавононро вайрон кардан ва ба тарафи худ кашидан осонтар менамояд. Аз ин лиҳоз, пайравони гурӯҳҳои мухталифи ифротгарон асосан таблиғоти худро ба ҷавонон равона менамоянд. Аввалан, бо ваъдаҳои бардурӯғ ва бодабдаба, инчунин нақшаҳои дурнамои беасос ва сохта ба ҷавонон таъсир расониданӣ мешаванд. Аз тарафи дигар, ҳама гурӯҳҳои ифротӣ, ҳатман фаъолияти худро бо дини мубини ислом пайваста, ҳатман худро чун «ҳифзкунандаи ислом»  муаррифӣ менамоянд. Дар асл бошад, амалиёти золимонаи бештари ифротгароён ба суннатҳои дини ислом тамоман зид аст. Инчунин, таблиғотгарони гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонони гумроҳ ояндаи дурахшон ва маблағҳои калони пулӣ ваъда медиҳанд. Билохира, ба ҷавонон ақидаҳои маҳалгароӣ, миллатчигӣ, саркашӣ, бадбинӣ ва зиддиятро нисбати Роҳбарият ва Ҳукумати кишвар, инчунин миллат ва волидайн талқин мекунанд. Мухолифини кишвари ободамон танҳо камбудӣ ва норасоиҳои ночиз, баъзе масъалаҳои ҳалталаб ва бештар маълумоти бардурӯғро истифода бурда, ҳаёти моро мунтазим танқид ва мазаммат менамоянд.

Аз вазъи душвори бӯҳрони ҷаҳонӣ моҳирона истифода бурда, мушкилоти иқтисодиётро бо бесалоҳиятии роҳбарияти кишвар мепайванданд. Ҳол он ки чунин вазъияти муташанниҷи иқтисодӣ, тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои мутаррақиро низ фаро гирифтааст. Мо борҳо дидаем ва шунидаем, ки ҳатто давлатҳои абарқудрати Россия, ИМА ва пешрафти Аврупо аз бӯҳрон зарар кашида, барои бартараф намудани натиҷаҳои он чораҳои зиёде меандешанд. Ҷолиби қайд аст, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин бӯҳрони шаддид ба зиндагии мардуми тоҷик чандон таъсири калоне нарасонидааст. Баръакс, саноат ва хоҷагии кишварамон мунтазам рушд меёбад, пеш меравад ва зиндагии мардум беҳтар мешавад. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди тоҷик ба ҳамаи душвориҳои муваққатӣ нигоҳ накарда, ба ояндаи нек ва дурахшон боварӣ дорад. Ва барои ба мақсадҳои худ расидан софдилона меҳнату заҳмат мекашад, зеро ки сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукуматро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд. Аммо таблиғгарони мухолифин ҳаёти чанд нафар ранҷдида ё ҷинояткорро, ки аз муносибати роҳбарият норозианд, мисол оварда, аз будаш зиёдтар рангу бор дода, онро бо шарҳу эзоҳи беасосу бардурӯғ оро намуда, онро бо зиндагии тамоми тоҷикистониён мепайванданд. Албатта, чунин даъвоҳои иғвогарона ва муболиғаомез ба мо таъсир намекунанд, зеро ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва тараққиёти кишварамоноро ҳар рӯз мебинем ва эҳсос менамоем. Мутаассифона, ин маълумоти бардурӯғ ва иғвогаронаро баъзе роҳбарон ва нафарони хориҷи кишвар қабул намуда, ба он бовар мекунанд. Ва фикр менамоянд, ки мухолифин метавонанд, камбудӣ ва норасоиҳоро дар мамлакат бартараф намоянд. Зеро ки мухолифин худро ҷафодида ва ранҷкашида нишон дода, чунин вонамуд мекунанд, ки танҳо онҳо беҳбудии кишварро мехоҳанд ва онро обод карда метавонанд.

Афсӯс, ки баъзе хориҷиёни кундзеҳн ба ин сафсатаҳои мухолифин бовар мекунанд. Вале хурсандӣ, шодӣ, фараҳмандӣ, ризоият аз сиёсат ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, ҳаёти хуш ва ободии кишварамонро нодида мегиранд. Ё намехоҳанд рушд ва пешравии кишвари хурраму ободамонро бинанд ва онро эътироф намоянд, чунки мақсади ин бадхоҳон ва душманони Тоҷикистони обод, танҳо дастгирии фитнаву бӯҳтони мухолифини иғвогар мебошад.

              Раҳмонов З.А., устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ