Равандҳои ҷаҳони муосир аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки  нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, ки насли ояндасозаш ном мебарем ва аз онҳо умеди калон низ дорем, бетараф набошем. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзандон, баҳри таҳсил дар мактаб тамоми шароитро фароҳам орад.

Бо назардошти дигаргун шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади пурзӯр намудани таълиму тарбия дар замоне, ки ҷаҳонро хатарҳои гуногун таҳдид намуда истодааст, инчунин бо мақсади пурзӯр намудани таълиму тарбияи фарзанд ва робитаи оила бо мактаб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қабул намуд. Мақсади асосии қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. 

Дар қонуни мазкур вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии  ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар  дар ин ҷода, уҳдадориҳои фарзандони бабалоғатрасида, ки дорои қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модарро доранд зикр гардидаанд.  Раванди тарбияи маънавию  ахлоқии фарзандон яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия буда, мушкилоти  ба худ хосро дорад.     Сабаби ин мушкилот аз бисёр ҷиҳат  ба ҳамдигар  ҳамоҳанг набудани тарбияи мактабӣ, бо тарбияи оилавию ҷомеа  мебошад.  Аз ин рӯ,  дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон  ҳамкории мустаҳками  мактаб, оила ва ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Замони муосир тақозо менамояд, ки бояд  оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам дорои равобити қавӣ бошанд ва якҷоя  дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯсти миллат саҳмгузор бошанду ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Воқеан, тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе  мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”

Дар хотир бояд дошт, ки фарзанди имрўзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллат ба хисоб меравад.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд пояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлўҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомўзи падару модар ҳам барои фарзанд  ифтихор мебошад.

Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон тавре ки дар боло гуфтем боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд