Дар замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ, мардуми давлатҳои пешқадам ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо таъсис медиҳанд, лекин аз мақому ояндаи он фикр намекунанд. Ҳатто андеша ҳам намекунанд, ки ин ҳизбҳои таъсисдодаи онҳо ба давлат ва миллат чӣ манфиате дорад?

Нахондану надонистан ва огаҳ набудан аз донишҳои замони муосир сабаби аслии зери таъсири идеяҳои бегонангон мондан ва пайрави равияҳои ифротӣ гаштанӣ баъзе аз ҷавонон мегардад. Ин ҷавонон намедонад, ки ташкили равияҳои гуногуни мазҳабӣ, кори дасти иғвогарону дасисакорон мебошад. Онҳо равияҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд, маблағгузорӣ мекунанд, тафриқа меандозанд, байни кишварҳои исломӣ тухми низоъ мекоранд, ки ҳамаи ин кор бар суди онҳо мебошад.

Афсӯс, ки ҳамин ҳолро як зумра намояндагони бонуфузи аҳли ислом намефаҳманд, ки бо гуфтор ва рафтори худ ба номи поки ислом иснод меоранд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҳама гуна амалҳои террористӣ ва ифротгароиро мардумони давлатҳои Ғарб ба ислом алоқаманд месозанд.

Хуруфот ва хуруфотпарастӣ аз падидаҳои номатлубест, ки метавонад ба афкори ҷомеа зарбаи ҷиддӣ расонад. Ақидаҳои маҳдуди хуруфотӣ пайдо шуда, густариш меёбад.

Дар Тоҷикистони азизи мо ҳам, бо баробари ба даст овардани мутақилияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳое пайдо гаштаанд, ки оромиву осудагии кишварро халалдор сохтанд. Яке аз чунин ҳаракатҳо ин ҲНИ мебошад. Роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд, ба мардуми мо нохушиҳои зиёд овард. ҲНИ ба пешравии давлат монеа эҷод карда, барои амнияти кишвар халал ворид кард. Имрӯз онҳо низ аз берун истода корбарӣ мекунанд, то оромиву осудагии ватани моро халалдор созанд.

Мувофиқи гузориши хабарнигорони “Ховар” ҲНИ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти коршиносони ҷаҳонӣ ҲНИ ягона ҳизби исломие буд, ки дар Осиёи Марказӣ расман фаъолият мебурд. Ин далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ буда, барои озодона фаъолият бурдани ҳар як ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ имконият фароҳам овардааст.

Аммо ҲНИ аз озодии додашуда сӯйистифода карда, барои татбиқи ғояҳои нопокӣ худ фаъолияташро вусат бахшид. Аз ҷониби аъзоёни ҲНИ содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифташуда, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва террористӣ дошта, аз ҷумла, барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аз рафтору кирдори онҳо маълум гардид, ки онҳо зоҳиран дар байни мардум худро гӯё дилсӯзи дини мубини Ислом меҳисобанд, аммо вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо нақшаву ниятҳои онҳо мазҳабу фарҳангу урфу одатҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик аз байн бурдан аст.

Айни ҳол ин ҳизб мамнуи террористӣ дар мамалкати хориҷа аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар расонаҳо кӯшиш менамояд, кизеҳнҳоро мағшуш намояд.

Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо террориз зуҳуроти барои инсоният хатарноку бегона, бинобар мураккабиаш, вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст.

Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. Бинобар ин, мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ин олами пурошӯб ва ҷаҳоншавӣ бо дарки масъулияти бузурги фарзандию шаҳрвандӣ баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани биҳиштосоямон аҳ таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳнатпарастӣ, асолату ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию динӣ саҳми арзанда дошта бошем. Корҳои тарғиботию ташвиқотиро тарзе ба роҳ монем, ки ҳар як ҷавони шунаванда ё бинанда аз роҳи бад гашта, ба фаъолияти худ аз рӯи ақлу фаҳмиш баҳо диҳад. То бошад, ки иддае аз ҷавонони фиребхӯрдаю роҳгумгардида дигар ба мулкҳои хуношом нарафта, ба ҳизбҳои бардурӯғ даст назада, дар ватани худ, аз пайи кору фаъолияти созанда шаванд.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои Миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷаҳои пурвусъати тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расидааст.

Сулҳ барои мо, тоҷикон, бо нархи ҷон муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, абрҳои сиёҳфазои сиёсии Тоҷикистонро тарк кардаанд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд. Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем ва бар зидди ҳаракатҳои номатлуб баҳри ватан модар муборизаи шадид барем.