Мо дар замони хеле мураккабу печида, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шаҳиди абарқудратҳои ҷаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеологӣ зиндагӣ ва фаъолият мебарем.  Дар чунин вазъият ба моҳияти воқеият сарвақт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ хеле муҳим мебошад. Вале афсус, ки на ҳама вақт ва на ҳама кас чунин хусусиётро доранд. Махсусан, барои насли наврас ва ҷавонон як силсилаа воқеати шидиду мураккаби манфиатҷӯёнаи сатҳи ҷавонӣ бетаъсир намеонад ва дар онҳо ҳар гуна ангезаҳо ба бор меоранд. Қисме аз ҷавонон бар асри донишу биниш ва танрбияи нокомил фирефтаву раҳгумзада мешаванд ва ба нокомию шикастаҳои зиёд бархӯрд мекунанд.

Терроризм ва амалҳои террористӣ, ифротгароӣ яке аз таҳдидҳое мебошанд, ки ҳар лаҳза метавонанд таъсири манфии худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд. Ифротгароён ва хусусан, пайравони гурӯҳи террористӣ барои таблиғу ташвиқи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Амалҳои бераҳмонаи ифротиён, боиси марги ҳазорҳо афроди бегуноҳ гаштаанд.

Терроризм, ифротгароӣ ва амалиёти ҳаракатҳои хиёнатпеша дар ҷаҳони муосир пайваста кӯшиши доман паҳн намудан мекунанд. Ҳамлаҳои террористӣ ҳисороти зиёди ҷонӣ оварда, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин ҳисороти молию маънавиро дар пай дорад. Террориз ва ифротгароӣ хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад.

Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ дур буда наметавонад. Дар давоми 27 соли Истиқлолият амалҳои зиёди террористие ба вуҷуд омааднд, ки амнияти кишварро халалдор намудаанд.

Гурӯҳҳои экстримистӣ ҳамеша бар он мекӯшанд, ки бо ҳадафҳои муғризонаашон зеҳни ҷавононро ҳазролуд намоянд. Баъзан ҷавонони зудбовар ба ақидаи онҳо бовар намуда, ба ҷараёну гурӯҳҳои ифротӣ ворид мегарданд, ки оқибаташ маълум аст.

Барои бартараф кардани чунин ҳолат, пешгирии раҳгумзаниву фиребхӯрӣ аҳли таълиму тарбия масъулияти бештар ба дӯш доранд. Аз ин рӯ мо устодон бояд донишҷӯён ва ҷавононро даъват намоем, ки фирефтаи суханони фитнаангези шахсони манфиатҷӯ нашуда, дар пешрафти Ватани худ саҳми муносиб гузоранд. Яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳимояи ҷавонон аз доми фиреб ин неруҳои тахрибкор тақвияти тарбияи ватандӯстӣ ва ватанпарварист, зеро маълум аст, ки шахси ватандӯст ба халқу миллати худ муҳаббати самимӣ дорад ва ҳаргиз ба хиёнат даст намезанад ва дар ҳама гуна ҳодат ба Ватан содиқ мемонад.

Вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзанд. Чунончи дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: “мардуми шарафи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд”.

Барои таҳқими рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ба онҳо оид ба таърихи Ватан, фарзандони барӯманди диёр, фидокорони роҳи истиқлолият ва парчам, афрозони нангу номуси миллӣ маълумот бояд дод. Ҷавонон бояд дар заминаи тарбияи амиқ дарк кунанд, ки ватандорӣ ва нақшгузорӣ дар ободонии кишвари маҳбуб шарафу ифтихор аст. Эҳтироми Ватан, эҳтироми падару модар, ҳтироми кулли ҳамдиёрон мебошад. Шахси ватандӯст ҳамеша сарбаланду шарафманд хоҳад буд ва баръакс, хиёнаткори ватан ба нафрати ҳамагон хоҳад гашт.

Ҳамзамон, ба ҷавонон бояд оиди асли ҳадафу ниятҳои нопоки террористону ифротгарон дар паҳнои ҷаҳон маълумоти саҳеҳ дод ва онҳоро аз намунаҳои амалиётҳои тахрибкоронаи ин гурӯҳҳои каҷрав ва пайомадҳои фоҷеабори онҳо барои аҳли башар огоҳ бояд кард. Ба ҷавонон фаҳмонд, ки терроризм вабои аср буда, хатари ҷиддии глобалӣ мебошад. Ба ҷавонон фаҳмонд, ки террориз ва ифротагроӣ ба ҳастию равнақи осоиштагӣ, тамддун ва дӯстию рафоқат таҳдид мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки онҳо нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба шумор меравад, ва аз ин рӯ набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳанд. Онҳо барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиқлолият давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд. 

 

Дилрабо Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд