Қадам ба қадам мураккаб шудани авзои сиёӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар як узви ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар муқобили ин гуна зуҳурот истодагарӣ намояд. Гузашта аз ин, Тамоюлҳои имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳо дигаргунии куллиеро ба вуҷуд овардаанд.

Мутаассифона, бархе аз насли муосир ба таҳаввулоти техникаву технологияи муосир сарбанд шуда, аз арзишҳои таърихии худ бехабар мемонанд.

Дар сомонаҳои интернетӣ хабаре хеле паҳн шуд, ки кишвари Туркия дар яке аз Донишгоҳҳои олии тиббии худ ҳайкали Абӯалӣ ибни Синро гузошта, ин абармарди таърихӣ, олими бузурги шарқ ва дар асл тоҷикро олими худ хондаанд. Ба ёдам хотираҳои навиштаи шарқшиноси ҳолландие омад, ки дар як навори видеоӣ гуфта буд. Ман аз сафар ба Осиёи Миёна ҳам хурсанд будаму ҳам ҷое ғамгин. Шодмон аз он, ки баъзе аз халқияту миллатҳои ин гӯшаи олам аз ҳеҷ чи як чизро месозанд. Яъне, моли дигаронро моли худ медонанд. Аммо тоҷикон, ки фарҳанги бою  ғанӣ доранд ба таври шоиста миллати худро муаррифӣ карда наметавонанд. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ба ин васила хонаву дари сокинон обод, миллат ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад шуд. Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо зиёини мамлакат дар остонаи ҷаши байналмилалии Наврӯз таъкид дошта буданд:  «Таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд.

Таърихи начндон дури кишварамон моро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари донистани фарҳанг ва тамаддуни хеш ҳамзамон зиракии сиёсӣ дошта бошем. Махсусан нофаҳмиҳои солҳои навадум асри гузашта ба ҷавонон бояд дарси ибрат шавад.  Вазъият аз моҳи феврали соли 90-ум мураккаб шуда баъдтар ба дараҷаи олии худ  расид  (яъне ҷанги бародаркуш оғоз шуд). Бо пайдо шудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо «Растохез», «Рӯ ба рӯ», « Лаъли Бадахшон»  ва ғайра на бо роҳи муколамаи солим,  балки  бо роҳҳои  гуногун кӯшиши ба даст овардани ҳокимият (бо кадом арзише, ки набошад) вазъиятро торафт тезу тунд мекард. Маҳз дар ҳамин давра, принсипи асосии мубориза бо роҳи осоишта ба даст овардани  ҳокимият ба назар намерасид. Дар натиҷа вазъи мазкур  ба ҳодисаҳои фалокатовар оварда расонид. Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ фаро гирифта буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо кулфатҳои зиёдеро овард. Дар рафти ҷанги бародаркуш иқтисодиёти ҷумҳуриямон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, зиёда аз 150 ҳазор  нафар одамони бегуноҳ қурбон шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор  оила бе саробон монда, муҳоҷирати иҷбории наздик як миллион тоҷикистониён, даҳҳо ҳазор хонаҳо сӯхта, ҳазорҳо иншоотҳои хоҷагӣ аз кор бозмонданд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба қатори мамлакатҳои камбизоату дастнигар дохил шуд ва 80% аҳолиаш мӯҳтоҷи ёрии башардӯстона гардид. Дар  ибтидои асри ХХI Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷа 840 млн. доллари амрикоӣ қарздор шуд».  Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ фаро гирифт, ки оқибатҳои он то имрӯз ба чашм мерасад. Хусусан, насли ҷавон, ки дар ҳамон давра аз таълиму тарбия дур монданд ва имрӯз бинобар паст будани сатҳи савод ва таълиму тарбияи онҳо ба ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ даст мезанад. Чунки онҳо мавқеъи худро дар ҷомеаи имрӯза  ёфта наметавонанд ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба тамоми корҳои зишт  даст мезадагӣ шуданд. Бадии кор дар он аст, ки бархе аз ҷавонон бо вуҷуди дар даврони осоишта зиндагӣ кардан ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст мезананд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум гӯё бехабар бошанд ё  барои худ ягон таҷриба наомӯхта бошанд.

Дар мардум мегӯянд, ки «Кӯр як маротиба асои худро гум мекунад»,  яъне  мо дар солҳои 90-уми қарни гузашта ба хатоӣ  роҳ додем, ки  дарси ибрат барои наслҳои оянда шуда метавонад. Чунки одамият ҳамин хел офарида шудааст, ки то ба чашми худ набинаду онро бо тамоми вуҷудаш ҳис накунад қаноатбахш намегардад. Барои ҳамин сиёсатмадорон,  табақаи зиёиёни кишвар, бо мардум наздик шуда, бо онҳо доимо корҳои фаҳмондадиҳӣ  мегузаронанд.то ки ҳарчи зиёдтар шуури сиёсии мардумро  баланд бардоранд, забони мардумро ёфта, дарду камбудиҳои ҷойдошташро ошкор намуда дар якҷоягӣ бартараф намоянд. Ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ватандории мардумро боз ҳам ҷоннок намуда онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуд. Бояд  мудом аз таҷрибаи гузаштаи худ ва имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрат гирифт, зеро зикр менамоянд, ки агар шахс гузаштаи худро надонад имрӯз ва ояндаи худро дуруст дарк карда наметавонад. Шлюхи и проститутки Белгорода дарят незабываемые встречи, где побывать стоит каждому ценителю красивых женщин.

Амриддин Азизов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд