Барои халқи Тоҷикистони азиз, ки дар фазои сулҳу оромӣ рӯзгори босаодат ба сар мебаранд, амали ношукргузорона, ки аз ҷониби тан аз ҷинояткорон ҳадафмандона ба амал омадааст, хеле шармовар ҳам аст. Ҳадаф ҳам маълум аст: кишвари азизи мо бо ташаббус ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдаҳти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас сазовор гардид. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо ба як минтақаи азими сайёҳӣ мубаддал гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ташриф мефармоянд.

Вале рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.

Дар Қуръони азиммуушаън омадааст, ки рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас чаро ифротиён дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст заданд? Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд.

Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.

Ҳамон тавре, ки ишора рафт, масъулияти ин амали нангинро давлати исломӣ бар дӯш гирифта, онҳо ҳадафи ин амали террористиро аз байн бурдани «кофирон» арзёбӣ намудаанд. Ва бо ин кирдори нангин ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?

Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Охунбобо Сайфиддинов,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика,

собиқадори меҳнат