Сомонаи   ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» бо нашри мавод дар бораи зиндагинома ва «қаҳрамоннома»-и яке аз мубаллиғони ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом   Маҳмадалии Ҳайит маводеро таҳти унвони «На шикастаем  на рехта!» нашр кардааст, ки онро сомонаи «Паём.нет» бознашр намудааст. Намедонем муаллифи ин «меҳрнома» кист, вале ҳамин дақиқан дуруст аст, ки мавод низ фармоишӣ буда, дар симои ин лидери наҳзатиён пардапӯшона фаъолияти ҳизб васф шудааст. Мо қоилем, ки Маҳмадалии Ҳайит сухандону забондон аст. Аммо ӯ низ қурбони роҳбарони хоҷагони хориҷии худ шуд.

Дар мақола омадааст, ки нақши ҷониби мухолифин барои ба даст овардани сулҳи бебозгашти тоҷикон камтар аз Ҳукумати кунунӣ нест, аммо дар баёни фикр ва навиштани мақола саҳми ҷониби мухолифин қайд намешавад. Шахсан ман ба  ин фикр розӣ шуда наметавонам. Ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат дар расонаҳои хабарӣ садҳо мақолаву гузоришҳо дар бораи арзиши таърихии ин музокирот зикр мешавад ва дар нашрияҳои даврӣ аксҳои таърихии он замон мунакис мешаванд. Мо медонем, ки агар ҷониби мухолифин барои музокирот розӣ намешуд, сулҳ пойдор намегардид ва ин нуктаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид доштаанд. Чунончи дар маросими таҷлили ҷашни 10- солагии ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат таъкид дошта буданд: «…Бояд махсус таъкид намоям, ки оштии миллӣ ва сулҳу субот хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва ободгари тоҷик аст. Бо истифода аз фурсат бори дигар дар назди мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон сари таъзим ва эҳтиром фуруд меорам. Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (рӯҳашон шод бод) ва ҳамсафони наздики ӯ саҳми арзанда доранд. Бинобар ин, ман имрӯз ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам». Пас чаро наҳзатиён ба ин масъала яктарафа баҳогузорӣ мекунанд. Магар ин суханон исботи қадр намудани кору пайкори ҷониби мухолифин нест? Сониян сулҳе, ки бо хунбаҳои ҳазорон- ҳазор мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омад, танҳо маҳсули хизмати мухолифин ва ё Ҳукумати Ҷумҳурӣ нест. Он ҳамон тавре, ки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд, натиҷаи таҳаммулпазирӣ, хиради волои халқи заҳматкаши кишвар аст. Аммо хеле афсӯс, ки ҷониби наҳзатиён ҳамоно ин тарафи масъаларо нодида мегиранд. Баъдан дар нигошта омадааст, ки музокироти «Хусдеҳ»-и Ҷумҳурии исломии Афғонистон макони калидии гуфтугузор буд. Комиссияи оштии миллӣ, ки ба он Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекарданд новобаста аз хавфу хатар шартҳои гузоштаи ҷониби мухолифинро иҷро мекарданд. Ҷавонмардона рафтан ба ин минтақаи ҷангзадаи Афғонистон далели қаҳрамонии Сарвари давлат маҳсуб мегардад.

Муаллиф сабабҳои ҷангу хунрезиро аз ворид шудани қувваҳои иловагӣ аз ҷониби шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбкистон медонанд, ки он хатои маҳз аст. Ин нерӯ нерӯи сулҳхоҳ буд ва барои эътидол овардани вазъ ба кишвар ворид шуда буданд  на барои хунрезӣ.

Дар мақола омадааст, ки ҳар як узви ҲНИ новобаста аз «фишор» сабуриро пеша кардаанд. Дар ин ҷо низ муаллиф ба иғроқ дода шудааст. То замоне, ки худи саркардаҳои ҲНИ бо кӯшиши табадуллоти давлатӣ ба амнияти кишвар халал ворид накарданд, ягон фишор ва тазйиқ ба ҲНИ набуд. Баръакс онҳо эҳсос мекарданд, ки сол то сол нуфузи эътиборашон дар ҷомеа коста мегардад, барои ҳамин роҳи дуюм ба даст овардани давлатро тариқи зӯрӣ пеша гирифтанд. Мисоли барҷастаи шикасти бармаҳали ҲНИ дар интихобот овоз нагирифтани ягон номзади пешбарикардашуда ва ниҳоятан худи ҳизб поён аз нишондоди пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ана ин аст, шикасте, ки Кабирӣ ва   Маҳмадалии Ҳайит ба он рӯ ба рӯ шуданд.

Мо, устодону шогирдон медонем, ки дасисаву иғво роҳи ҳалли мушкиливу муаммо нест. Ва ин гуна маводҳои пархошҷӯ мафкураи моро дигар карда наметавонад. Зеро мо медонем, ки қавлу амали Ҳукумати кунунӣ як аст – Созандагиву буёдкори мароми мост.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд