Пас аз шиносоӣ бо суханронии вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бори дигар боварӣ намудем, ки ҳама гуфтаҳо ва навиштаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фалокатбори ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин фаъолияти зиддихалқии ҲНИТ заминаи воқеӣ дошта, бо санаду далелҳои мӯътамад тасдиқ карда шудаанд.  

 Дар бораи вазъияти муташанниҷе, ки бар сари халқи ҷафокаши афғон омадааст, таваққуф намудани вазир бесабаб нест. Дар Афғонистони ба мо дӯсту ҳаммарз дар муддати қариб 40 сол ҷангу ҷидол ва зиддияти гурӯҳҳои мухталиф идома дорад. Бешубҳа,  чунин вазъияти вазнину душвор ба тамоми Осиёи Марказӣ таъсир расонида, оромии ин минтақаро халалдор менамояд. Изҳори нигаронӣ намудани вазир ҷон дорад, зеро ки солҳои охир бар замми нооромӣ дар Афғонистон, таъсири ҳаракати Давлати исломӣ беш аз пеш пурқувват шуда истодааст. Ва чунин ҳолат ҳар як фарди солимфикрро бепарво гузошта наметавонад, чунки ҷангҳои фалокатбори Шарқи Наздик, алалхусус  Сурия ва Ироқ низ зина ба зина пурқувват гардида, аҳолии бештар ва ҳудудҳои фарохтарро дар бар гирифта, ба ҷанги харобовар ва мудҳиш мубаддал гардидааст. Дар ҳақиқат, маҳз бепарвоӣ ва саривақт наандешидани чораҳои мушаххас ва дуруст алангаи майдони набардро афзуда, дигар давлатҳоро низ ба доираи худ кашида, мардуми зиёдро сарсону саргардон намудааст.

  Аз ин лиҳоз, таҷриба ва фаъолияти Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои тамоми ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат хизмат хоҳад кард. Зеро ки бо заҳмат ва кӯшиши Сарвари кишвар ва халқи тоҷик дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шуд ва мардум дар фазои осоишта зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Бешубҳа, дар оянда таҷрибаи ҶТ дар ин ҷода аз тарафи роҳбарон ва мутахассисон амиқ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, барои бартараф кардани муноқиша ва зиддиятҳои дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҷойдошта, мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор мегиранд. Аз тарафи дигар, хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, худ хирадмандӣ ва дурандешӣ, инчунин далерӣ ва инсондӯстии эшонро бори дигар ба субот расонидааст.

 Бояд қайд кард, ки маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, доира ва ҳудуди мубориза ва ҷангро танг карда, барои сироят накарданаш ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мамоният гардад.

    Суханони вазири Ҳиндустон нисбати ҳаракати террористӣ ва экстремистии ҲНИТ низ ҷолиби диққат буда, дар муддати фаъолияташ борҳо он исбот шудааст. Зеро ки аз солҳои 90-уми асри 20 сар карда, фаъолияти ин ҳизб зидди Ҳукумати қонунӣ буда, мақсади асосӣ ба сари қдрат омада, ғасби ҳокимият буд. Дар ин хусус борҳо тариқи воситаҳои ахбори умум гуфта шуда буд, вале имрӯз низ сарварон ва пайравони ҳизби мазкур аз хориҷи кишвар, нисбати роҳбарият ва мардуми тоҷик бӯҳтону дурӯғҳои беасос  пахш карда, фазои ороми кишвари азизамонро халалдор  менамоянд. Вале мардуми сулҳдӯст ва созандаи тоҷик намемонад, ки душманон Тоҷикистони ободу оромро ба майдони ҷангу ҷидол табдил диҳанд.

 

 

Раҳмонов З.А. дотсенти ДПДТТ ба номи М.Осимӣ.