Зиёдшавии аҳоли дар сайёра ба таъмини талоботҳои рӯзмарраи ба табиат таъсири худро гузаронида истодааст. Аз таърихи гузашта ба мо маълум аст, ки инсоният созандаи табиат ё ин ки нобудкунандаи он ҳастанд . Дар айни замон аз тарафи инсон ба табиат зарари худро расонида муаммоҳои глобалӣ ва экологиро пайдо кардааст. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бо газҳои заҳрнок, теҳнологияҳои муосир, биёбоншавии заҳираҳои замин ва дигар проблемаҳои ҷахонӣ ба вуҷуд омадааст. Инсон талоботҳои худро аз табиат қонеъ намуда дар асри XX ва оғози ҳазорсолаи савум пайдо шудани муаммоҳои глобалӣ, дигаргун шудани иқлим ва обшавии бисёр минтақаҳои дарози пиряҳҳо ва таъсири аҳолӣ ба сайёра ба вуҷуд омада истодааст. Дар ин таъсири калони табиат инсоният маҷбур шуд, ки пешгириву ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ аҳамият дода корҳои заруриро ба анҷом расонад. Солҳои охир баҳри кӯли Арал ва камобшавии он хатари калони экологӣ буда, қариб ба ҳама минтақаҳои Осиёи Миёна таъсири худро расонида истодааст. Гармшавии иқлими Тоҷикистон ба пиряхҳо таъсир расонида, обшавии пиряҳҳо ба вуқуъ омада истодааст. Имрӯз 80 млн нафар одам дар кишварҳои Африко аз оби ифлос истифода мебаранд ва ин бисёр касалиҳои марговарро ба миён овардааст. Дигаргун шудани иқлим пиряҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули қариб 60  фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошад, дар асри ХХ қариб 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардааст.

 3-сентябри соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тайғирёбии глобалии иқлим, ки дар Женива баргузор гардида буд, дар  мавзуи “Проблемаҳои нигоҳдории пиряҳҳо ва истифода бурдани самараноки заҳираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ” сухан ронданд. Дуруст истифода набурдани заҳираҳои обӣ, ва партовҳои маишӣ, дар ҳаракати машинаҳо, сузишвории газҳо дар ҳаво баромадани газҳои зароровар пастшавӣ ё баланд шудани ҳарорати иқлим таъсири калон расонида истодааст. Тибқи арзиёби коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Аз ин шаҳодат медиҳад, ки таъсири тайғирёбии иқлим дар давраи зикршуда алалхусус 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо хатари норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Ин офатҳои табиат ба ҳайвонҳо, растаниҳо ва иқтисодӣ талофатҳои ҷонӣ сабаб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз 2-юми августи соли 2011 моддаи 3-4 ва қонунҳои дигар маъсалаҳои зиёд нисбат ба безарар гардонидани партовҳои ифлоскунандаи муҳит, пешгӯи кардани манбаъҳои зараррасони ҳавои атмосфера, об, обанборҳо, ҳок ва пешгирии ба нестӣ овардани ҷангалҳою, дарахтзорҳо хароб кардани ландшафт, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ санадҳои асосӣ қабул шудааст.

      Бо ташаббусҳо ва пешниходҳои  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд ва дар ҷаҳон қабул карда шудаанд. Чаҳор пешниҳодҳои савари давлатамон инҳоанд:

1) Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

2) Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

3) Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои

саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

4) Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи

пиряхҳо дар ш.Душанбе.

     Ин ташабусҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ- (илм дар бораи об ) ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Об манбаи ҳаёт ва ташкил ё инкишофёбандаи табиат мебошад. Дар ҳақиқат пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор меравад. Барои бо оби нушокӣ таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад.

      Мо ҳар як сокинони Тоҷикистон аз Пешвои муаззами миллат ифтихор кунем, ки ин ташабуси сарвари давлат барои муҳофизат кардани ватани азизамон мебошад. Бойигариҳои захираҳои табиӣ оқилона истифода бурда, безараркунонии партовҳо ва тоза кардани муҳити зист вазифаи ҳар яки мо аст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

                                        Кудузова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд