Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳо ва суханрониҳо борҳо таъкид кардаанд, ки мо бояд  шукри Истиқлол, сулҳу субот ва оромии кишвари азизамонро намоем. Зеро ки маҳз оромии давлат асоси ободӣ ва рушди ҳар як мамлакат мебошад. Ҷангу ҷидол дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон баръало оқибати фоҷиабори онро инъикос намудааст. Бисёр давлатҳои ободи ҷаҳон дар натиҷаи нооромӣ ва зиддият ба гирдоби нобудӣ ва маҳв кашида шудаанд.

      Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим созанда ва бунёдкор, сулҳпарвар ва озодидӯст, инсонпарвар ва хайрхоҳ нисбати дигар миллату кишварҳо буд ва чунин муносибатро алҳол ҳам идома медиҳад. Донишмандон ва адибони бузурги тоҷик дар осори худ мудом мардумро ба дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ  ва сулҳу субот даъват мекарданд. Дар эҷодиёти онҳо ғояҳои кирдор ва рафтори нек, раҳму шавқат ва инсондӯстиву инсонпарварӣ ҳамеша танинандоз буд. Мардуми тоҷик кишвареро забт накардааст, миллатеро таҳқир ва таъқиб нанамудааст, баръакс  ба ҳамзистии осоишта ва дӯстона мудом кӯшиш менамуд. Зеро ки мардуми тоҷик табиатан фарҳангдӯст, маърифатпарвар, хайрхоҳ ва некандеш буданд ва чунин хусусиятҳои волоро имрӯз низ дар ниҳоди худ мепарваранд.

       Зимнан, бадхоҳон ва душманони миллат тоҷик пинҳону ошкоро дар байни мардум зиддияту низоъ ва хусумату тафриқа андохта, кишвари ободи моро низ ба вартаи нооромӣ кашида истодаанд.  Дар байни мардум миллатчигӣ ва маҳалчигиро  пурзӯр намуда, бо ҳамин кишвари ором ва озодро ба роҳи  нобудӣ  ҳидоят менамоянд. Ободӣ ва рушди босуръати чорякасраи ҷумҳуриро нодида гирифта, танҳо баъзе камбудӣ ва норасоии ҷузъии кишварро «аз паша фил сохта» дар байни муридон  ва умуман тамоми ҷаҳон тарғиб менамоянд. Тавассути баъзе тарафдорон ва ҳомиёни хориҷии худ бо ҳар роҳу восита оромиро дар мамлакат барбод доданӣ мебошанд. Бо ҳамин тарз баъзе нафарони гумроҳро ба доми худ кашида, обрӯи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон паст заданӣ мебошанд.

       Ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори умум оид ба амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон маълумот дарҷ мешавад.Мутаассифона, ин қабил амалиёт беш аз пеш афзуда, хусусияти мунтазамона пайдо карда истодааст, дар қатори чунин ашхоси нобалад тоҷикон низ мебошанд. Магар нафарони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда намефаҳманд, ки оқибати онҳо ин марг, маъюбӣ ё маҳбас аст. Ба ҳиллаву фиреб ва ваъдаҳои пурдабдабаву дурӯғи саркардагони ифротиён дода шуда, ҳаёти худро баҳри зархаридон қурбон мекунанд. Ҷавонони гумроҳ хушиҳо ва шириниҳои зиндагиро  начашида, соҳиби ҳамсар ва фарзандон нашуда, насли худро минбаъд идома надода, баръакс  шоҳиди зулму ситам, азобу шиканҷа ва бераҳмиву ваҳшигарии ифротиён мегарданд. Зархаридон чунин нафаронро дар руҳияи золимӣ, инсонбадбинӣ, бераҳмӣ, инчунин иҷрои бечунучарои фармони сарваронашон тарбия менамоянд. Барои чунин ашхос мафҳуми ватан, миллат ва волидайн вуҷуд надорад, мафкураи онҳо заҳролуд карда шуда, онҳо ба «манкурт» табдил дода шудаанд. Ҳатто, чунин нафарон  фикр ҳам намекунанд, ки бо амалиёти  ваҳшиёнаашон  обрӯи миллат, падару модар ва авлоди худро резонида, тамоми умр дар байни мардум волидайн ва оилаи худро сархам ва раъди марака  менамоянд. Дар натиҷаи чунин амалиёти ифротиён ҳазорон одамони бегуноҳ кушта ё тамоми умр маъюб мегарданд.

       Мутаассифона, баъзе сарварони давлатҳо ҷонибдорӣ чунин ҷангҳои бемаънӣ ва нооромии ҷаҳон мебошанд. Зеро ки дар натиҷаи чунин амалиёт онҳо мақсадҳои разилонаи худро дар ҳаёт татбиқ намуда, дар миқёси ҷаҳон мавқеи худро мустаҳкамтар намуда, билохира дар натиҷа маблағҳо хеле калон низ ба даст меоваранд.

 

Раҳмонов З.А. 

                              устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ