Таърих гувоҳ аст, ки инсоният сароғози зиндагонии маънавии худро тавассути ба ҳам омадан ва муттаҳид шудан нусрат бахшида, бо дарки маҷмӯъ шудан ва иттиҳоди ростин роҳе ба фарҳанги иҷтимоӣ боз намуда, эҳсоси воқеиву дурусти будан кардааст. Ин замоне буда, ки нерӯи ҳамоиш дар зеҳни инсоният қудрати кашфи пирӯзӣ алайҳи ҳамагуна неруҳои ғайрро таҷаллӣ рехт ва дар зимни ҳамин мукошафат буд, ки одаме танҳо ба авлоду қабилаву қавму миллат расид ва мардум шуд. Фаротар аз ин роҳи расидан аз ниёз то ба истиғно, талаб то матлаб, хоҳиш то ормонро пайдо кард, ки саодати ҳамешагии ӯ сафари мубораку ҳумоюн аз ҳамин тариқ аст ва сорбониву раҳнамояндагии пири ин тариқат-ваҳдат.Тафаккури ваҳадгароёнаи инсоният баробари атиябахшии ақлонияти олӣ ва фатҳи ҷодае ба сӯи маҷмӯи кушоишҳо барояш камолоти маънавӣ ато кард ва суроғаи абадиятро  нишон дод. Пас, месазад, ки    ваҳдатро воҷаи рӯҳманд бишморем, зеро дар андешаи инсоният нахуст он маъние, ки бо шунидани воҷаи мазкур пайдо мегардад, ҳузури 2-3 нафар, як гурӯҳ ва ё як ҷомеаи муттаҳиду мутамаддин маҳсуб мешавад. Ин лаҳни аҳуроӣ  дар адаби форсӣ бо ибораи «ваҳдати вуҷуд» бештар корбаст шуда, чун як пора ҳусни рӯҳи шоир тавонистааст боиси инфиҷори зебое дар тафаккури орифона гардад. Ваҳдати вуҷуд  кӯчабоғи  сабзи имонест,ки мунтаҳояш ибтидои  зинае ба сӯи худ ва тариқи он меъроҷ ба сӯи ҳақиқат ва абадият аст. Аз ин ҷост, ки куллияи оромишу осоиши рӯзгори инсонро Мирзо Бедили Деҳлавӣ, бузургтарин шоири ваҳдатсарои тоҷик мубтанӣ бар ҳамин ваҳдат мешуморад ва мақоми ваҳдатро дар зиндагии инсон ба масобаи  об дар зиндагонии моҳӣ муқаррар месозад:

Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,

  Моҳиёнро ҳарчи бошад ғайри дарё оташ аст.

Шояд болотар ва шоистатар аз ин тафсире барои ваҳдат ва шарҳе дар ваҷҳи ниёзмандии инсон ба ин отифаи мубораку рӯҳманд пайдо натавон кард. Ин ҷойгоҳу мақоми шоёни ваҳдатро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзгори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба вуҷуди мубораки ваҳдат дар рӯзгори чӣ сиёсиву иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

Раванди муттасили таҳаввулот дар инфиҷори бебозгашти фурсат нишон дод, ки ваҳдат шаҳди огоҳиро аз фардои пуртаҷаллии Тоҷикистон  ба мардум чашонд , муҳоҷиронро имкони бозгашт ба Ватан  дод ва таронаи умедро дар фазои мазраи тоҷикон танинандоз гардонид. Дар канори ин метавон тазаккур дод, ки истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои ҳамрадиф бо ҷомеаи имрӯз буда, чун олитарин шакли эъҷози  иҷтимоӣ дубора дар хуни миллат ва тафаккури ориёиёнаи мо сидқу имону хубии ба гумшудан гароидаро эҳё карданд.Маҳз Истиклолият ва ваҳдати миллии точикон Тоҷикистонро,ки чун оинаи мусаффо зери хокистари ҷомондаи ҷанги дохиливатанӣ нопадид монда буд,бурун кашид ва ин оина имруз кудрате дорад,ки дунёро дар худ ғунҷоиш  дихаду инъикос гардонад. Албатта, ҳамаи ин  подоши абадиятро  таърих ба тоҷикон ройгон надода, балки он натиҷаи таҳаммул,тавфиқ ва талошҳои бамавриди ин қавми таърихӣ дар масири ҳастии башарият маҳсуб мегардад. Фитратан сулҳпарвар будан, ба хоки бегона чашми ҳирс накушудан, чун бузургтарин халқиятҳо нерӯи эҳёгарӣ доштан, арҷгузори нобиғагони миллати худ будан ва барои бақои хеш талоши одилона варзидан аз сифотест, ки тоҷикон дар имтидоди масири мавҷудияти  хеш онро дар ниҳодашон такмил бахшида,чун ваҷҳи аслии камолоти маънавӣ маърифат намуданд. Дар канори ин, таърих собит намуд,ки дар дарозои беш аз ҳазор сол ваҳдат рукни беназири ҳастии миллати тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зеро ин зуҳуроти фикрии инсоният барои тоҷикон чун нерӯи бегазанди давлатдорӣ ва дар мавридҳои шадиду носозгориҳо барои  ин мардум василаи расидан ба беҳтарин омили наҷоти миллат аз парокандагӣ ва меъёри дарки мақсадҳои олӣ эътироф гардидааст.

Иттифоқ, якдилию якдигарфаҳмӣ, садоқат ба сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар, пазируфтани ақоиди бузургдошти тамаддуни ориёӣ, ҳамоҳангӣ бо садои имрӯз ва пайванд шудани афкори халқи тоҷик ба ҷаҳони муосир маҷмӯи маъниест дар таркиби Ваҳдат, ки  Истиқлолият сояпарвари он мебошад.

 

                                                              Фароғат МАҲМУДОВА,          

                                              устоди Донишкадаи Политехникии  Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон  ба номи   академик   М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд