Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст номаи табрикотии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта мешавад, ки маъракаи муҳиму тақдирсози кишвар-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ифодагари сарҷамъиву муттаҳидӣ ва якдиливу якмаромии тамоми сокинони кишвар ҷамъбаст гардида, халқи хирдаманду дурандеш ва заҳматпешаи кишвари маҳбубамон бо умеду боварии комил барои фардои неку шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодату шоиста қадами устувору созанда мегузорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ба маснади арзандаи хеш аз нав интихоб гардиданд ва баргузории маросими бошукуҳи савгандёдкунии Президенти навинтихоби халқ бори дигар аз сулҳу ваҳдати комил, ки дар Тоҷикистон пойдору устувор аст, дар арсаи ҷаҳони башорат дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таърихи бистунуҳсолаи кишвари соҳибистиқлоламон пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд. Мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, тавонистем, ки ба шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаамон рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намоем.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд. Воқеан, ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пасошӯравӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Дар замири шахсияти Роҳбари Давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Бидуни шубҳа корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.
Сипас барномаи фарҳангии фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

 

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи 24 - уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ Муъмин Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва вакилони конференсия доир гардид.
Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Вакилон пас аз тасдиқи ҳайати Раёсатии кории конференсия, рӯзномаи кори конференсия, ҳайати комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот, ҳайати таҳририя, регламенти кории конференсия, тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи кори конференсия шурӯъ намуданд.

Наим Маликисломӣ дар бораи омодагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр дошт, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Президенти мо ташаббускори иқдомҳои башардӯстонаву хайрхоҳона дар мавриди истифодаи оқилонаи об буда, се пешниҳоди аҳамияти байналмилалӣ доштаашон шурӯъ аз соли 2003 аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои пешрав дастгирии ҳамҷониба ёфт. Маҳз бо иқдоми сулҳпаваронаи Пешвои муаззами миллат дӯстии тоҷикону ӯзбекон баъд аз 24 соли ҷудоӣ дар арафаи баҳори соли 2019 дубора барқарор шуд.

Раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, раиси кумиҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ зимни музокира баён доштанд, ки марҳилаи муҳими сиёсӣ фаро расидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар доираи идрок ва фаҳмиши худ ояндаи худро интихоб намояд. Онҳо ҳушёр буданду мусаллаҳ будан бо дониши сиёсиро бурди ҳар як шаҳрванд донистанд.
Аъзои кумиҷроияи марказии ҳизб Муъмин Шарифзода таассуроти худро аз ҷаласаи Кумиҷроияи Марказии ҳизб ироа дошта, баён дошт, ки роҳбарияти олии ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро пешорӯи интихобот муайян карда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки бештар рӯ ба мардум ниҳанд ва аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошанд.
Фирӯза Нуруллозода дар баромадаш аз омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи сиёсӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроия бо кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сухан ронда, зикр намуд, ки мақомот дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ пеш аз ҳама ба ин ташкилоти муқтадир такя мекунад ва боварии комил дорем, ки мо дар ҳамҷоягӣ ин маъракаро дар сатҳи баланд доир менамоем.

 

 

Истиқлолият аз бузургтарин дастовард ва неъмати халқи тоҷик аст, ки моро ҳамбастаи сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат гардонидааст. Маҳз истиқлол аст, ки мо имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ дорему ваҳдату оштӣ пешаи мост.

Бо шукргузорӣ аз суботи кишвар ва истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябр дар толори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ чорабинии сиёсиву  фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз намоиши навор оид ба дастовардҳои донишкада оғоз гардид. Баъдан сухани табрикотӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз дода шуд.

Зимни суханони табрикотии хеш Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо фарорасии Иди Истиқлолияти давлатӣ таҳният намуда, қайд намуданд, ки имрӯзи осудаи мо бо шарофати соҳибдавлатӣ ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Махсусан, зикр шуд,  ки барои баландбардории маърифати сиёсии сокинону донишҷӯён, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯстдории ин сарзамину миллати аҷдодӣ саҳми омӯзгор калон аст. Маҳз меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкада дар қаламрави кишвар боз ҳам баландтар аст

Баъди табрикоти директори донишкада ҷонишини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед суханронӣ намуданд. Мақсудов Х.Т аввалан ҳамагонро бо ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, баъдан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бо гирифтани Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсат ва ҷомеаи устодон табрику таҳният намуданд. Ба директори донишкада Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.  

Боиси ифтихор аст, ки устоди донишкада Зариф Довудов номзади илмҳои физика ва математика гардид. Аҳли нишаст ва директори донишкада устодро бо гирифтани номзадӣ таҳниятҳо намуданд.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон ва кормандони фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Баъди қисмати расмӣ  бахши фарҳангӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён гулдастаи шеъру суруд, рақсу таронаро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идона ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.

 

 

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» дар назди кумитаи маҳаллаи «Бофанда» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни кори Конференсия масъалаҳо вобаста ба рафти обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, дар бораи муқоисакунии аъзои ҳизб, идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва интихоби вакилон ба Конференсияи XXIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъбаст якчанд фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар баромади Аминҷон Шарифзода таъкид шуд, ки интихоботи навбатӣ аз ҳар як узви ҳизб масъулиятнокиву дониши баланди сиёсиро тақозо мекунад. Бояд ки зимни ташвиқу тарғибот ахборотчиён аз татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки тавъаманд бо стратегияҳои давлатанд сухан ронанд. Ба сифати аъзои узви пешрав ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ бояд мавқеи мустаҳкам дошта бошанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзномаи конференсия иштирокчиёни конференсия 54 нафар вакилонро ба конференсияи 14- уми Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ки санаи 21 август доир мешаванд, пешбарӣ намуданд.

 

 Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон конференсияи илмӣ – адабӣ доир гардид.

Конференсия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, ваҳдат ва истиқлолият аз ҷониби донишҷӯёни донишкада оғоз шуд.

Тайиба Бобоева, мудири кфедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ  мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати бостониамон боз ҳам бештару хубтар шинос шавем ва  бо арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ошногӣ  пайдо намуда, эҳсоси ватандӯстӣ  ва ифтихори миллиамонро баланд бардорем.

Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б. ­Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзӯи «Истиқлолият: моҳият ва ҳадафҳои олии он» маърӯза намуда, афзуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Мӯътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» суханрон ронда, гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолият имрӯз миллати тоҷикро чун меросбарони фарҳанги қадима мешиносанд. Дар тӯли беш аз 27 соли соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ рушд намуда, муҳимтар аз ҳама сатҳи худшиносии шаҳрвандон боло рафт.

Миёни донишҷӯён ва устодон атрофи мавзӯи истиқлолият саволу ҷавоб сурат гирифт. Бо ҳамин конференсия ба анҷом расид.

 

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён доир гардид.

Нахуст аҳли нишаст филми мустанадро дар бораи ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда, ки дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доштанд тамошо намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки донишҷӯён дар баробари хуб таҳсил кардан, ҳамчунин дониши баланди сиёсӣ дошта бошанд ва ба ҳаводиси рӯйдода баҳои воқеӣ дода тавонанд. Он гоҳ гумроҳиву ҳар гуна қувваҳо наметавонад иродаи онҳоро шиканад.

Сардори хадамоти назорати пешгирӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати корҳои дохилии вилоят, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ зимни баромади хеш зикр дошт, ки аз тавсиби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли равон 10 – сол пур мешавад. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки амалигашти ин қонун дар ҷомеа чӣ манфиатҳоро ба бор овард. Бояд, ки моҳияти қонун ба таври пурра омӯхта шавад, то масъулияти волидон дар назди ҷомеа боло равад.

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 148 ноболиғ 183 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ки аксарият бинобар беназорати падару модар ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудааст. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равонии ҷавонон  мебошад. Бояд донишҷӯён, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.

Нозимҷон Турсунов, полковники милитсия, корманди ҳамин Хадамот дар баромадаш аз афзудани қонунвайронкунии ҷиноятҳо байни ҷавонон изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки мутаассифона, миёни донишҷӯён ҳастанд нафароне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият меоянд, инчунин теъдоди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби донишҷӯён кашидани сигор ва нос ба қайд гирифта  шудааст.  Таблиғи адабиётҳои динии характери ифротидошта низ байни донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст, ки чунин амалҳои номатлуб боиси гаравидани ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ мегарданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди донишкада перомуни дастовардҳои даврони истиқлол сухан ронда, қайд кард, ки бо талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради халқ ҳамаи соҳаҳо рушд карда, ифтихори миллӣ хеле боло рафт. Махсусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, мудофиа хеле пешрафта, моро ояндаи дурахшон интизор аст.

Дар анҷоми мулоқот Зариф Довудов барои чунин як мулоқоти зарурию омȳзанда ба кормандони  ҳифзи тартибот изҳори сипос намуд.  

 

 

 

 

 

Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Дар мақоми шукргузорӣ ва саодат ва бо ҳисси ифтихормандии зиёд Шуморо бо фарорасии ҷашни фархунда, мубораку муқаддаси миллӣ  – 27 – умин солгарди  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ  ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ  устуворона қадам мезанад.

Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ  ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ , ватандӯстӣ  ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳанги бою қадима мебошад.

Сарвари давлатамон дар яке аз баромадҳои худ моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан  ифода намудаанд: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид».

Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯза ба хубӣ эҳсос мекунад, ки маҳз бо баракати Истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. 

Дар баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан саҳми Шумоён устодони гиромӣ низ хеле калон аст.  Маҳз  меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкадаамон миёни дигар муассисаҳои олии кишвар боз ҳам баландтар мешавад.

Тақвият ёфтани базаи моддиву техникӣ, рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароити таълим имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонон бештар рӯ ба муассисаи олии мо оваранд. Натиҷаҳои имсолаи қабул тариқи Маркази миллии тестӣ гуфтаҳои моро тасдиқ менамоянд. Гузашта аз ин донишкада сол то сол робитаро бо муассисаҳои олии пешрафтаи дунё қавӣ намуда, дар роҳандозии чандин барномаҳо муваффақ шуда истодааст.

Танҳо дар ду соли охир ворид шудани таҷҳизотҳои муосири лабораторӣ ба факултети муҳандисӣ- технологӣ, бунёди бинои лабораторӣ ба ихтисоси дизайн ва меъморӣ руҳияи мо, устодонро дучанд гардонд.

Мо ифтихорманд аз онем, ки пайваста ҷараёни бунёдкориву ободонӣ дар донишкада вусъати тоза мегирад. Сол аз сол биноҳои таълимиву дигар иншоотҳои донишкада азнавсозӣ гардида, фикр мекунам соли оянда вақте бинои факултети информатика ва энергетикаро аз таъмири куллӣ баровардан дигар мушкилот дар ин самт боқӣ намемонад.

Роҳбарияти донишкада тасмим гирифт, ки давоми ду моҳи таътили тобистона ошёнаҳои 2, 3 ва 4 –и хобгоҳоро таъмиру азнавсозӣ намояд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ тамоми ҳуҷраҳо, ошхона, долон ва дигар утоқҳои ёрирасон ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Ҳамзамон дару тирезаҳо иваз ва дар ҳар як блоки истиқоматӣ ҳуҷраи дастурушӯи бунёд гардид. Ҳамчунин бошандагони хобгоҳ бо мизу курсӣ, рахти хоби нав, либосовезак, китобмонак  таъмин карда шуданд.

Дар маҷмуъ дар соли нави хониш 453 нафар донишҷӯён бо утоқҳои маҷҷаҳҳаз таъмин гардиданд. Донишҷӯён аз чунин таваҷҷӯҳ ва иқдомҳои наҷиб хушнуду сарфароз мебошанд. Илова бар ин синфхонаҳои 101 ва 401-и факултети информатика ва энергетика пурра азнавсозӣ гардид.

Боварии комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада, хосса донишҷӯён ин заҳматҳои моро сазовор қадрдонӣ намуда, бо хонишу рафтори намунавӣ обрӯи донишкадаамонро боз ҳам баландтар мебардоранд.

Бори дигар  ин  ҷашни муборакро ба ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада муборакбод гуфта,  рӯзгори обод, дили шодро таманно дорем.

Саломат бошед!

 

Бо дастгирии Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти суханрони муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ саҳми омӯзгоронро дар рушду нумуи вилоят наззаррас унвон намуда барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Баъдан ба ҳамаи иширокчиёни конференсия, ки зиёда аз 200 нафарро ташкил менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгириву пуштибонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кормандони маориф рӯ ба беҳбуди ниҳодааст. Аз якуми сентябри соли ҷорӣ 15% зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷҷетӣ аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи маориф боз далели ин гуна ғамхориҳост.

Дар рафти чорабинӣ 68 нафар фаъолон, собиқадорон ва кормандони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ санъаткорон ва хонандагони муасассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ барои болидагии рӯҳии иштирокчиён сурудҳо дар васфи ватан ва омӯзгор сароиданд.

 

 

 

Ҷомеи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли нави хониш ва дарси сулҳро аз тамошои мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону шогирдони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз намуданд.

Пешвои миллат зимни баромади хеш кулли донишҷӯёну хонандагони кишварро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, аз моҳияти сулҳ ва амну амонӣ сухан карданд.  Президент бори дигар аз хатарҳои геополиткии олам ҳарф зада, баён доштанд: «Мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кунем».

Президент аз ғахориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати маориф сухан ронда, насли худогоҳи миллатро ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳунару ҳунармандӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат дар идомаи сухнронии худ аз мушкиливу дастоварди соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1500 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд шуданд, вале ба андешаи роҳбари давлат сатҳи касбияти мутахассисон вобаста ба омӯзиши технологияи навини тиббӣ чандон қаноаткунанда нест. Ҳамзамон зикр шуд, ки марказҳои ташхисиву тиббӣ дар иҷрои рисолати худ саҳланкорӣ мекунанд. Баъзе аз пизишкон ташхиси дуруст намонда, ба мизоҷон доруворӣ таъин мекунанд, ки дар натиҷа бемор шифо неву ба бемории дигар мувоҷеҳ мегардад. Пешвои муаззами миллат аз вазъи нохуби санитариву гигении сарторошхонаҳо, хонаҳои ҳусн,  марказҳои стоматологӣ изҳори ташвиш намуда, сироятёбии баъзе аз сокинон ба бемории марговарро аз беаҳамиятии масъулин донистанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Президент аз кормандони соҳаи тандурустӣ ва кулли устодону шогирдони Донишгоҳи тиббӣ даъват ба амал оварданд, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудиҳои соҳаро ислоҳ ва дастовардҳоро афзун намоянд.

Пас аз тамошои дастаҷамъонаи суханронии Сарвари давлат директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо соли нави хониш табрик намуда, баён дошт, ки  Сарвари давлат ба масъалаи омӯзонидани  донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдорӣ донистанд. Албатта ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷомеаи меҳнатии ҳамаи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро барои боз ҳам хубтар ҷорӣ кардани таълиму тарбия вазифадор мекунад. 

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз дастовардҳо дар самти беҳбудии таълим, мувафаққиятҳои олимони ҷавони донишкада дар озмунҳои инноватсионӣ, олимпиадаву Ҷоми академияи илмҳо, натиҷаи ҷараёни қабул ба донишкада ва вазъи пояи моддиву техникӣ ҳарф зад. Қайд шуд, ки агар солҳои пеш мо факултетҳои муҳандисӣ-технологӣ, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ- технологӣ, майдонча ва толорҳои варзиширо пурра аз таъмир бароварда бошем, пас имсол ошёнаи 2, 3 ва 4 хобгоҳ пурра таъмир гардида, ҷиҳози утоқҳои зисти устодону донишҷӯён нав карда шуд. Гузашта аз ин синфхонаҳои 101 ва  401- и факултети сохтмон ва нақлиёт аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Дар факултети муҳандисӣ – технологӣ бинои нави иловагӣ барои лабораторияи ихтисосҳои дизайн ва меъморӣ бунёд шуда истода, ҳамчунин Маркази бақайдгирӣ азнавсозӣ шуда истодааст.

Номбурда ба донишҷӯён ва устодон дар соли нави хониш барору комёбиҳо таманно намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сармеъмори вилоят Равшан Раҳимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Абдуқаюмзода номаи муборакбодии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори соли нави хониш ва дарси сулҳ ба самъи ҳозирин расониданд.

Бо ҳамин ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори соли нави хониш анҷом пазируфт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

 Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, қофиласолори назм, устоди устодон маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳои худ дар саросари ҷаҳон машҳур буда, ашъори ҳамвазни дурру гавҳарро боқӣ гузоштааст.

Ашъори  устод Рӯдакӣ саршор аз  панду ҳикмат буда, қариб тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фарогир аст.

Омӯхтани илму дониш, хайру сахо, одобу тарбия, меҳру муҳаббат, зебогии табиат, васфи диёр аз зумраи ин баҳри бекаронанд.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор  ояд.

Ҳамасола 22 – сентябр дар саросари кишварамон Рӯзи Рӯдакӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Санаи 21 сентябри соли равон дар толори донишкадаи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ бахшида ба Рӯзи Рудакӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Маҳфили адабӣ бо доираи васеи устодон ва донишҷӯёни донишкада ва воситаи ахбори омма баргузор гардид. Дар толор намоиши асарҳои устод Рӯдакӣ ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо хондани шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён оғоз гардид.

Баъдан омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Файзиева Ш. оид ба осор ва рӯзгори Одамушшуаро суханронӣ намуданд.

Маърӯза доир ба фаъолияти адабии пири хирад аз ҷониби  омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Нозирова М. қироат карда шуд. Зимни маърӯза қайд карда шуд, ки дар асари “Чеҳраҳои мондагор”-  и Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик, Одамушшуаро, қофиласолори назм, балки ҳамчун пири маънӣ, рамзи бедориву худшиносӣ, рамзи ҷовидонии адабиёт оварда шудааст.

Маърӯзаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Т.Р таҳти унвони “Ҳазордастони шеъри Аҷам”  аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.

Аз ҷониби донишҷӯён суруди “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” ва “Бихандад лола бар саҳро” бо маҳорати баланд сароида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ навор оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод, асарҳои ӯ намоиш дода шуд, ки устодону донишҷӯён як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

Пандҳои устоди назм аз ҷониби омӯзгор Файзиева Ш. хеле пурмазмун ва олӣ шарҳ дода шуд.

Бо ҳамин маҳфили адабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, ҳусни анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  аз 20 июли соли 2018 санаи 9 август бо иштироки беш аз 18 намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотии директори ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид.

Мавсуф доир ба фаъолияти шашмоҳаи донишкада назди ҳозирин гузориш дода, таъкид дошт, ки ташрифи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи таҷлили моҳвораи ҷашни ҷавонон,  ба  вазъи таълиму тарбия баҳои баланд додани ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов масъулияти устодону шогирдонро боз ҳам зиёдтар намуд. Давоми 5 моҳ 4 нафар устодони ҷавони донишкада рисолаҳои номзадиро ҳимоя карданд. Дар маҷмӯъ 67 дар сади устодони донишкадаро  олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Дар панҷ моҳи охир донишкада соҳиби 2 патент ва 7 шаҳодатномаи зеҳнӣ гардида, дар маҷмуъ донишкада дорои 24 гувоҳномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 57 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 8 патенти берун аз ҷумҳуриро дар самти ихтироъ ва навоварӣ ба даст овардааст. Дар давраи ҳисоботӣ 7 шартномаҳои нав бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд. Он имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва устодони мо дар мактабҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Аз рӯи барномаҳои шуъба 12 нафар устодону донишҷӯён барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, таҳқиқот ва иштирок дар конфронсҳои байналмиллалӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд.

Номбурда аз вазъи пояи моддиву техникӣ, омодаи бинои муассиса ба соли нави хониш ва дар ин замина рафти таъмиру тармими хобгоҳ, бинои маркази бақайдгирӣ, натиҷаҳои қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ғолибият дар олимпиадаву озмуни Ҷоми Академияи илмҳо ва  «Enactus» сухан ронд.

Сипас рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд,  Саидҷон Сулаймонов аз нашрияи «Согдийская правда», Алишер Охунов, намояндаи нашрияи «Фараж» дар вилояти Суғд,  Робия Розиқова, намояндаи нашрияи «Нилуфар» ва Уғулой Раҷабова, телевизиони «Ҳафт ситора», вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, равобит бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имтиёз барои устодону донишҷӯён, чорабиниҳо ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Афзал Босолиев, намояндаи телевизиони «Азия» пешниҳод кард, ки дар сатҳи вилоят шогирдони донишкада сомонаи махсуси сайёҳӣ бо се забон таҳия намоянд, то он роҳнамои сайёҳони хориҷӣ бошад. Ин таклиф аз ҷониби роҳбарият хуш пазируфта шуд.

Дилафрӯз Саидӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳозиринро ошно намуда, зикр дошт, ки дар ояндаи наздик бо ҷалби барномаҳо дар факултети муҳандисӣ- технологӣ лабораторияи махсус барои ихтисосҳои дизайн ва мӯд мавриди истифода қарор гирифта,  ҳамчунин меъморони оянда низ он ҷо таҳсили илм хоҳанд кард.

Директори донишкада барои ҳамкории мутақобила ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, дар ҷодаи қаламфарсоӣ ба онҳо барор хост.