Мо, ҷавонони фаъоли ДПДТТ пас аз мутоилаи “Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ» дар мавриди гӯиё шиканҷа шудани маҳбусон ба чунин хулоса омадем, ки рақибони заифи сиёсии мо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ бо ҳамсоягон мехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки амну суббот ва адолат дар кишвар пойдор нест. Ташкилоти терорристи ҳизби наҳзати ислом пас шикаст андар шикасти худ дар ҷанги иттилоотӣ баҳонаро бофта баромаданд, ки гӯиё маҳбусон зери шиканҷа суханҳои дурӯғро ба аҳли ҷамъият пешниҳод мекунанд. Онҳо Саидқиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторовро, ки чеҳраи аслии ҲНИ –ро кушода доданд, ҳамонгуна, ки зери шиканҷаю азоб бардурӯғ нишондод додан унвон мекунанд. Аммо ҳар ду ин чеҳраи тобноки ҲНИ худ иқрор шуданд, ки асли воқеиятро гуфтаанд ва ягон нафар онҳоро ба ин кор маҷбур накардааст. Онҳо бо амри дилу виҷдон аз шармсорӣ назди миллат ба чунин амал даст заданд. Мо ҷавонон   бояд донем,  ки мақсад  ва ҳадафҳое, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҲНИ дорад, ин  вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат аст. Онҳо дар зеҳну мафкураи ҷавонон эҳсоси бадбинӣ ва нотавонбиниро нисбати миллат талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш дода, вазъи мустақили ва сулҳу суботро дар кишвар вайрон мекунанд. Ба маънои дигар эшон дар ниқоби ислом дар ниҳоди ҷавонони гумроҳ амалҳои ифротиро ҷо мекунанд.

Сухану амали аъзоёни ин ҳизб ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад.  

Ҷамшед Мирсаидов, сардори бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ,

Хиромон Пӯлодова, донишҷӯи курси 4, факултети информатика ва энергетика

Маърифат Мавлонова, котиби масъули нашрияи “Меҳвари дониш”-и ДПДТТ

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи курси 3, факултети сохтмон ва нақлиёт

 

 

 Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст, то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан надошта, мехоҳанд, ки фазои  орому софи  моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Имрӯз, ки Ҳукумати Ҷумҳуриамон барои баланд бардоштани нархи симкортҳо ташаббус менамояд, мо низ ин иқдоми ҳукумати мамлакатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем ва бо изҳори қаноатмандӣ иброз менамоем, ки танҳо ҳамин тадбир метавонад, низоми баҳамоии тартиботи сиёсиро ҳам дар дохил ва  ҳам дар хориҷи кишвар ба ҷо орад. Мо медонем, ки ин омил барои пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб дар миёни аҳолӣ, хосатан истифодабарандагони симкортҳо равона гардидааст. Имрӯз истифодаи васеъ ва бемаҳдуди симкортҳо, ки барои харидории он маблағи ночизе сарф мегардад, аксар ҷавонон ва истифодабарандагони онро гумроҳу фирефта намудааст, яъне бо воситаи симкорт ба сомонаҳои иҷтимоӣ эшон ворид гардида, хабарҳои бемантиқу бемаънии гурӯҳҳои ифротиро мехонанду видеороликҳои ифротиро тамошо менамоянд. Агар тоифае аз онҳо дарки асосии чунин ахборотро пайдо намоянд, баъзеи онҳо аз нодурустфаҳмии худ аз он пайравӣ менамояд. То кунун ба ҳолатҳое вохӯрдем, ки бо воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро ба ҳар гуна роҳҳои бад бурда, онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ ворид сохтанд. Бо чунин амали зишти хеш ҳаёти чандин нафар аз ҷавононро барҳам дода, эшонро ба доми макру фиреби худ кашиданд.

Боло бурдани нархи симкортҳо дар Тоҷикистон ба ҳадде айни муддаост, ки ҳоли ҳозир низ тарафҳои мухолифатпазир ба оромии сиёсии мамлакати мо тавассути шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна хабарҳои бемантиқ паҳн карда, ба оромии сиёсии мо халал ворид намуда истодаанд. Аз ин лиҳоз ҳар қадар, ки нархи симкортҳо баланд бардошта шавад аз беҳудаистифодабарӣ мардум даст мекашанд ва ба ҳамин тариқ тартибот низ дар ҷомеа ба таври зарурӣ ҷорӣ мегардад. Ва сафи онҳое, ки ҳатто ба хориҷиён аз номи худ симкортҳоро харидорӣ менамуданд, бардошта мешавад.

Ҳоло аз изҳороти баъзе нафарони аз мамлакат берун ҳайрон мемонем, ки ба қонуни ё ғайриқонуни будани  ин иқдом ба эшон чи зарурат овардааст, ки ақидаҳои зиддидавлатиро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд. Аввал ин, ки ин ташаббус барои батартибдарории низоми истифодабарии симкортҳо дар миллат аст, на барои ин ки ғазаби дигаронро биёранд. Масъалаи рӯзи 31 августро чун рӯзи Бойкоти симкортҳо эълон намудани онҳо худ аз иғвоангези миёни мардуми кишвар шаҳодат медиҳад. Мақсади асосии онҳо фикри киссаи мардум нест, балки фикри манфиати худашон аст. Ин болоравии нарх дар Тоҷикистон ба киссаи мардум зарар меорад ва халқро ба бепулӣ меорад, танҳо восита асту баҳонае барои пешравии кори худ. Барои он, ки паҳни ташвиқоти бемаънии  хеш бо воситаи ҳамон симкортҳои бешумуре, ки имруз мо онро хеле васеъ истифода менамоем, ба авҷи боло равад.

Дар итмоми сухан иброз менамоям, ки набояд касе зидди ин ташаббуси пешгирифтаи Хадамоти алоқа гардад. Зеро танҳо ҳамин омил метавонад, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи сиёсӣ дар ҷомеа кӯмак намояд. Мо ҳама тарафдори он ҳастем, ки бигзор ҳамин тадбир роҳандозӣ гардад ва миёни ҷавонон ақидаҳои истифода шабакаҳои интернетӣ ба кас роҳатбахш ва дигар афкорои бегона аз байн равад. Итминони комил дорем, ки бо ин васила садди роҳи чанде аз амалҳои номатлуби мухолифинро гирифта, ҳаёти осоиштаи мардумро барқарор хоҳем кард.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои математика,

дотсент, мудири кафедраи барномарезии ДПДТТ

 

 

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатесст инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон санаи 23 маи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистаанд

Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

 

Р.Зокиров, устоди ДПДТТ унвонҷӯи кафедраи меъморӣ,

М. Бобоҷонова, мудири макаркази тестӣ, унвонҷӯи кафедраи дизайн

З. Домуллоева, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ, унвонҷӯй

 

 

 

 

Изҳороте, ки рузҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа паҳн гардидааст, руирост тӯҳмат задан ба низоми давлатдории миллӣ аст. Бояд гуфт, ки изҳороти бемаънии наҳзатиён, ки бо иқдоми онҳо чунин изҳоротҳо нашр мешавад,  наметавонад, афкори ҷомеаи ҷаҳонро дигар кунад. Зеро  маҳбусонро ягон нафар ба хотири пушаймонӣ аз фаъолияти сиёсии худ, сиёҳ кардани ҲНИ ва узрхоҳӣ аз мардуми кишвару даъват ба парҳез намудан аз дастгирии ин ҳизби мухолиф, изҳорот диҳанд.

Асли воқеаро ҳама медонад, ба мисоле, ки «Он чи аён бошад, ҳоҷат ба баёнаш нест», аз ин ру корнамоии бадкирдорони ин ҳизбро таи салҳои охир хама дар хотир дорад. Алайҳи кишвари ободу озод чи бесару сомониҳоро оварданд, тамоми мардум медонанд ва дигар ҳоҷат ҳам нест, ки мақомоти дахлдор маҳбусони сиёсиро талаб намоянд, ки бояд изҳороти иқрор шудани Айёмиддин Сатторовро пайравӣ намоянд. Мусаллам аст, ин ҳизб дар кишвари мо ҳизби ифротгаро эълон гардида, дар ҳоле, ки миллати ру ба тараққӣ ниҳодаву дар роҳи мустақили гом мезад, ба ҷои пайравӣ намудан аз сулҳу суббот, кӯшиш намудан то миллати моро ба майдони ҷангу набард мубаддал кунанд ва фазои оромиро дар кишвар халалдор намоянд.

Аллакай ҳама медонад, ки қувваи онҳо ҳақиқӣ нест, агар он қувва ягон асос медошт, чунин изҳороти бемантиқро баён намекарданд. Дар итмоми сухан иброз менамоям, ки мо мардуми халқи тоҷик ҳар як зарраи хоки ватанро пос медорем ва намегузорем, ки касе онро дар гирдоби худ ба умқи яғмо барад.

Абдушукур Назаров,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

собиқадори меҳнат

 

 

 

 

 

 

 

 

Мо, устодону шогирдони факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ аз он шигифтаем, ки рӯзҳои охир «рақибони сиёси»-и кишварамон бо суръати том бо Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гӯиё «ҷанги иттилоотӣ» мебаранд. Навиштаҳои онҳо ягон пояи воқеӣ надоранд. Аз ҷумла Муҳаммади Одинабек дар мақолаи худ таҳти унвони «Интиқом шуруъ шуд» ҳар он амали ваҳшиёнае, ки солҳои навадум аз ҷониби домуллотарошони ҲНИ ба вуқуъ омада буд, ба ҳукумати ҳозири нисбат медиҳад, ки дурӯғи маҳз аст. Халқ имрӯз аз гузаштаи таърихи худ огоҳии комил дорад ва медонад, ки майдоннишиниҳои наҳзатиён, инсонбадбинии онҳо буд, ки ҷанги дохилӣ сар зад. Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки ҳамингуна бесарусомониҳо боз рух диҳаду онҳо озодона нақшаҳои тарҳрезинамудаашонро дар амал тадбиқ намоянд.

Онҳо гумон мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи онҳоро ҳимоя мекунанд. Ва ҲНИ-ро чун ҳизби комили рақиби сиёсии Тоҷикистон эътироф мекунанд, аммо  воқеъияти ҳол нишон медиҳад, кия гон амали созандаи онҳо барои ояндаи Тоҷикистон манфиатовар нест. 

Шаҳрвандони кишвар дар ҳамаи ҷода, идоракунии мамлакат, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, варзиш, санъат ва ғайра мақоми пешро ишғол карда омада истодаанд. Онҳо идроки сиёсӣ доранд.  

Ҳеҷ ҳоҷат нест, ки онҳо ба гурӯҳҳои экстремистии ифротгаро рафта ҳамроҳ шаванд ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯши худро ба нангу ор омехта созанд. Ҳар як фарди ҷавон  бояд дар мамлакати худ кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онро шукуфон гардонад. Насли бунёдкор ва пешбар бошад. Барои таъмини халқи худ аз ҷиҳати модиву маънавӣ саҳмгузор бошад. 

Он шахсоне, ки аз номи дини ислом имрӯз ҷавонони роҳгумкардаро ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб намуда истодаанд худ Ватан, дин, мазҳаб, оила надоранд, агар медоштанд ба ин роҳ намерафтанд!

Охир давлати тоҷик яке аз давлатҳои қадимтарини рӯи олам мебошад, он мероси ниёгони мо, ки дар тамоми рӯи ҷаҳон арзиши қиммате дорад ба монанди  Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Маснавии маънавии Ҷ.Румӣ, куллиёти Ҳофиз, Саъдӣ, А.И.Сино ва гайраҳо бояд эҳтиром кард ва ҷавонон аз он бохабар бошанд.

Гулнора Юсупова, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Сулҳия Баҳодурова, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ

Б. Бакаев, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ

Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст.   

Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона пайи меҳнати ҳалоланд ва ин ҳамдилӣ аз ваҳдату ягонагии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

     Фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои таҳрибкорона ва экстремистии  бархе аз чеҳраҳои ба қавли ношукурбандаҳо аз ҷониби тамоми ҷавонон маҳкум карда мешавад ва тарафдори ҷиддии қатъ карда шудани фаъолияти чунин ашхосон ба монанди хиёнаткоронанд.  Ин ҷо нуқтаи асосиеро бояд тазаккур дод, ки  фаъолияти носозгори як қабил ифротиён замоне мардумони бегуноҳеро ба таҳлука овард. Ҳолатҳоеро дучор гардиданд, ки мардумони бечора ва бегуноҳ аз рўи ин бадтинатон барои бурдаи нон дар навбат меистоданд ва шумораи зиёди модароне дар ҳасрати ҷигарбандони гумкардаашон ғам мехӯранд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои даҳшатовар ба ҳеҷ ваҷҳ зи хотираҳо зудуда нахоҳад гашт, зеро фаъолияти амалҳои ифротгароёнаи баъзе аз нафарони хиёнаткор имрӯз низ боиси ташвиши ҷомеаи муосир гаштааст.

Бо вуҷуди он ки дар мамлакати мо сулҳу субот ва ороми ҳукмфармост, холатҳоеро вохўрда истодаем, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият қавваҳои бегона истифода шуда истодаанд. Ҳар кадоме аз он нафарони бадкирдор, ки қасди талаф додани сулҳу моро мекунад, бояд донад, ки ин мустақилӣ ба осонӣ ба даст наомаддаст, ки чунин ба осонӣ аз даст равад. Барои он ки ба мо имруз дурахшон фароҳам ояд ҷони ҳазорон абармардони далеру ҷасур нисор гардиддаст. Аз ин хотир ба ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр даъват ба амал меорам, ки барои пос доштани номи ниёгон номи ононе, ки имруз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии милатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд, ки ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг дар миёни дигар давлатҳои пешқадам арзи ҳастӣ намояд.

Шахсан камина ба хотири тақвияти дониш, сафедро аз сиёҳ фарқ кардан зиёд ба расонаҳои хабарӣ таваҷҷуҳ дорам. Вақтҳои охир гурӯҳе бо номи “Озодандешон” ва ҳизби мамнӯи ҲНИ, ки рисолату моҳияташ ба ҳамагон аён аст, мехоҳанд бо оддитарин камбудӣ санг ҷониби давлат партояд. Ман шахсан мавҷуд будани рақобати сиёсиро қабул дорам. Аммо рақобат солим бошад. Ба фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии пешрафтаи олам дида медӯзаму ба худ савол медиҳам, ки чаро ҲНИ миёни мардум маҳбубият пайдо накард. Чаро кам касон аз рисолати ҳизбии онҳо бо некӣ ёд меорад. Чаро Кабириро чун олими тавоно васф намекунанд, чаро ҳизбе, ки ба он исломро рабт доданд ба умқи дили мардум роҳ наёфт. Посухи ҳамаи ин саволҳоро дар намоиши видеоии “Решаҳои ноайён” ва “Бозгашт аз ҷаҳаннам” дарёфтам. Саидқиёмиддин Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дар гузаштаи наздик аз афроди наздик ба роҳбарияти олии ин ҳизб буданд. Ва ман то ҷое аз рисолати онҳо дарак доштам. Пештар низ онҳоро чун шахсиятҳои калидӣ мешинохтам. Зеро дар мубоҳисаҳои сиёсии ҳизбҳои амалкунада дар вилояти Суғд, ки бо иқдоми САҲА  ширкат меварзидам. Роҳбари бахши дар вилоят будаи ҲНИ Наим Самиев аз ин нафарон ёд меовард. Вақте ин нафарон аз амали худ пушаймонӣ изҳор намуданд, чи ҷои ҳоҷат ба дигарон аст. Пас наҳзатиён  бо баҳонаи дигаре ба ҷузъ сиёҳкунии давлат дар мавриди маҳбусон наёфтанд. Аслан роҳбарони ҳизб худ амали ноҷавонмардона намуданд. Агар онҳо бегуноҳ мебуданд, барои ҳимояи онҳо дар Ватани хеш мубориза мебурданд, на ин ки мисли рӯбоҳ дум хода намуда, имрӯз бо роҳнамоии хоҷагони эронии худ дар Варшававу Дормунт пикетҳои сохта ташкил намекарданд.

Ҳаволаи ин масхарабозон ба Худост. Давлати тоҷикон такя ба миллати соҳибхиради худ дорад. Дасти тавонои давлат дар ҳамбастагист ва ин тифоқӣ ҳаргиз завол намеёбад.  

Анвар Ҳоҷиев,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди кафедраи таъминоти барқи ДПДТТ,

собиқадори меҳнат   

 

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Роҳбарияти ҲНИ ва умуман, аъзоёни он бо ташкили ҳизби худ мусулмонони кишварро ба ду тақсим намуданд. Яке ҳуҷҷатдору дигар беҳуҷҷат. Бар ақидаи аксари онҳо гӯё шомил шудан ба ҲНИ нишони эҳтиром ва арҷ гузоштан ба дини мубини ислом аст. Ин фикронӣ ғалат аст. Агар дар асл чунин мебуд, даҳҳо нобиғаҳои гузашта чунин равия ва қувваро ташкил намуда, баҳри мустаҳкамии пояи ислом кӯшиш ба харҷ медоданд.

Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад.

Мо тарафдории амну осиш ва Ҳукумати кунунӣ ҳастем ва барои ҳифзу шарафи он омодаем, ки ба ҳар гуна мақолаву хабарҳои бӯҳтонангез посухи воқеӣ дода бошем.

Ғайрат Раҷабов,

Охунбобо Раҳимов,

Хайринисо Темирова,

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

собиқадорони меҳнати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 Ҳоло мо дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқоди мардум монеа намесозад. Мо бояд шукронаи онро кунем, ки чунин озодии дину виҷдон дар давраи гулгулшукуфои шӯравӣ ҳам набуд.  Аз нақлҳои бобоюбибиҳоямон  бар меомад, ки  дар гузашта волидонамон пинҳонӣ ва бо ҳазор тарсу ваҳм дар хонаҳо адои  намоз мекарданд. Ва агар ин амали эшон ошкор шавад, ҷазои сахт мегирифтанд. Хушбахтона, ба шарофати истиклолияти давлатамон мо аз ин асорат ва дурафтодагиву бедини халос хӯрдем.     

Имрӯз давлат пуштибони дини исломе аст, ки ба маънои томаш ҳақиқист. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст. Пас, ин ҳама иғвову  кинаҷӯи ва  баҳонахоҳиро зарурат чист намефаҳмам? Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷа бар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

Ҳизби мамнӯи ТЭТ ҲНИ, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон аст, аз имконияти фарохе, ки давлат ба онҳо додааст, тӯли беш аз 23 соли фаъолияти пас аз истиқлолият ба даст овардани кишвар барои ифроти намудани ҷомеа саъй варзид. Ҳар як узви фаъоли он фаъолияти таҳрибкорона бурда, мехостанд оташи алангаи нафрату надомаоро дар ҷомеа сар зананд. Он нафароне, ки имрӯз маҳбусанду наҳзаьтиён онҳоро “маҳбуси сиёсӣ” мехонанд, худ медонанд, ки барои кадомин амалҳояшон паси панҷара рафтаанд.

Дар изҳороти “Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ”, ки ташкилкунандааш шахсан Муҳиддин Кабирӣ аст, омода аст, ки маҳбусон зери шиканҷа қарор гирифта истодаанд. Ин маълумот аз куҷост. Онҳо чанде пеш Хайрулло Мирсаидов ва Бузургмеҳр Ёровро низ гуфта буданд, ки маҳбусони сиёсианду барои додани маълумоти бардурӯғ мавриди шиканҷа қарор додаанд. Аммо онҳо дар мусоҳибаашон иқрор шуданд, ки ягон зулму истибдодро нисбаташон раво надиданд. Пас онҳо дигар мавзӯи ҳангоматалабӣ наёфтанд. Наҳзатиён аз он ҳиси тарс доранд, ки дар пайравӣ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дигар маҳбусони ба қавли худашон “сиёсӣ” сирҳои накушодаро мегӯянд. Худи Айёмиддин Сатторов дар мусоҳибаи дуввуми худ қайд намудааст, ягон нафар ӯро маҷбур накардааст, ки бар зидди собиқ ҳамақидаҳои худ барояд. Кабирӣ аз он тарс дорад, ки рӯзи фаношавии ҳизбаш наздик аст, аз ин хотир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби дастиёрӣ мекунад.

    Дар муқобили таблиғоти нодурусту тоҷикбадбинии наҳзатиён  давлату Ҳукумати Тоҷикистон падару модарон ва мураббиёну муаллимон  мекӯшанд, ки фарзандонамон дар роҳи рост, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ, руҳи шикастнопазирии дӯст доштани обу хоки диёр ба камол расанд.  Ҷаҳонбиниву дониш ва ақлу заковати мардуми соҳибназари мо дар қиёс ба 20 соли пешин хеле боло рафтааст. Ягон ангеза ва афкори иғвоангез наметавонад идроку фаҳмиши онҳоро дигар кунад. Барои фароҳам овардани чунин шароити созгор мебояд содиқона барои халқу миллати хеш хизмат намоем ва номи ин миллати тоҷдорро дар арсаҳои байналмилалӣ шинохта гардонем.

Абдуқаҳҳор  Бӯриев,

номзади илмҳои физика ва математика,

дотсент, устоди кафедраи физика ва математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем . 

 

Хиромон Пӯлодова, донишҷӯи курси 4,

Маърифат Мавлонова, магистранти донишкада,

Мубина Холиқова, донишҷӯи курси 2,

Назокат Ҳомидова, донишҷӯи курси 3

 

 

 Тавре аз расонаҳои хабариву иттилоотӣ бармеояд, бо иқдоми раиси  ҲНИ Мухиддин Кабирӣ  барои таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти худ ҷалб намуданд, ин ҳизб бо ташкили Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа таъсис дода,  кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористӣ доштаашро ба гардани худи давлати мо партояд.  Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷавонони мост.

Кабирӣ, ки худ афроди ҷангҷӯ ва ифротгарост, инро пўшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки ў ва намояндагонаш ҳамчун як миллати шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумўи кишвар фаъолият доранд, вале дар асл онҳо, душманони Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, фоҷиаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй дод, бо ташаббуси бевоситаи худи Кабирӣ сар зад, хотири тамоми мардумро аламзада намуда, модарони зиёдеро ба вартаи доғи фарзанд андохт. Бо мутаҳамми беш идао намуда, ки ба ин фоҷиаи даҳшатовар ҳеҷ дахолате надорад. Ин худсафедкунии Кабирӣ ягон асосе надорад ва   онҳое, ки дар он  ҳизб намояндагӣ мекарданд, аллакай медонанд, ки дар доми фиреб афтодаанд. Ва дар натиҷаи амалҳои бадхонаашон тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳабс гирифта шудаанд, бевосита дар асоси далелҳои раднопазир гуноҳашон исбот гардида, дар ҳодисаҳои рӯй дода, исён ва ё табадуллотӣ даст доранд.

Суханоне, ки барои худсафедкунии хеш бо хама роҳу усул истифода менамояд, аз як тараф баҳона бошад, аз тарафи дигар сифати ҳақиқии фаъолияти ҳизби мазкурро барои аҳли ҷомеъа равшан сохта истодааст. Баъди воқеъаҳое, ки бо ташаббуси ҲНИ  дар кишвар ба вуқўъ пайваст, мардум аз ин ҳизб воқеан дилсард гардиданд ва қисми зиёди аъзоёни он ҳизбро тарк намуданд. Ҳатто роҳбарони калидии он ба мисли Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дар навори видеоӣ иқрор шуданд, ки он роҳи интихобкардаашон дар зиндагӣ хатои маҳз буд. Зеро онҳо ба нафароне хизмат карданд, ки барояшон манфиатҳои худӣ аз манфиатҳои давлату миллат болотар меистад. Онҳо дер бошад ҳам дарк карданд, ки ҲНИ на барои рушду нумӯи давлати тоҷикон, балки ба ҳадди нестӣ расидани миллат ҳамчун як кишвари воҳид саъю талош варзиданд. Маҳз ин кӯрдилон буд, ки ҷавонон ба ҷои таълимоти замонавӣ гирифтан, исломи фундаменталиро аз охундҳои эронӣ омӯхтанд ва ба сари миллати худ яроқ бардоштанд. Маҳз Кабирӣ ва ёрони “боҳиммати” ӯ сабаб шуданд, ки имомҳои чанде аз масҷидҳои кишвар ба дунболи “роҳбарияти оли”-и худ ба чанд пулаки пурчаки шиамазҳабони эронӣ тағйири мазхаб намуда, мардумро ба кӯи навмедӣ бурданд. Маҳз мубаллиғони ҳамин ҳизб буд, ки мусулмонро аз мусулмонон тафриқа гузошта. Маҳз ҳамин нафарон буданд, ки ба ҷавонон риши безебмониву ба бонувон фаранҷипӯширо талқин намуданд. Зери шоири “Тоҷикистон аз мост” онҳо ахиран чанд амалҳои террористиро ба амал расонида, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки Тоҷикистон кишвари ноамн аст. Худ қазоват намоед, ки ҳама ҳаёти орому осоишта ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро мепазиранд. Пас касе дигар ба ин ҳизб эътимод намекунад, ба ҷуз ононе, ки саводи дурусти исломи надоранду зуд шефтаи фиребу фасоди ифротиён мегарданд.

 Дар ин раванд изҳороти иддае намояндагон ва худи Кабирӣ, дар ин бора ки гўё «ҳизб фаъолияти худро мисли пешин танҳо бо роҳҳои мусолиматомез ва дар чорчўбаи қонунҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мавҷуд идома хоҳад дошт ва то ҳадди имкон сади роҳи пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ хоҳад гашт», касро дар ҳайрат мегузорад. Чӣ гунна ин ҳизби фаъолияташ манъ гардида дар чорчўбаи қонунҳо амал намуда, пеши роҳ пайваст шудани ҷавононро ба созмонҳои ифротӣ мегирифта бошад. Ин изҳорот танҳо воситаи аз вартаи заволёби халоси асту бас.

Бояд қайд намуда, ки мардуми босавод ва соҳибмиллате, ки зарраи хоки ватанро ҳифз мекунад ин изҳоротро маҳкум менамояд. Умаман то кай он бадтинатони мардумфиреб бо дурӯғи худ ба боварии мардум медарояд. Итминонам комил аст, ки мардуми ватанпарасти мо нерўҳои солимро ба майдон оварда, албатта, ба умқи ҳақиқат мерасанд ва ба худсафедкуниҳои Муҳиддин Кабирӣ эътимод нахоҳанд кард.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи “Меҳвари дониш”-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

Боиси ташвиш аст, ки амалкарди терорризму экстремизм дар кишвари мо тавассути аъзо ва пайравони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон паҳн мешавад. Мисоли барҷастаи он аз ҷониби  кормандони амнияти кишвар дастгирӣ шудани чанде аз размандагони ин ҳизб мебошад.

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ,  аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрӯз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳама гуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Одилхӯҷа Солиев, номзади илмҳои физика ва математика, декани факултет,

Хуршед Худойбердиев, номзади илмҳои физика ва математика, мудири кафедраи барномарезӣ

Раҳимов Соҳибназар, мудири кафедраи физика ва математика, номзади илмҳои физика ва математика