(посух ба номаи муборакбодии Кабирӣ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон)

Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро гирди худ ҷамъ намудааст.

Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандуст бошиӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода барин шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёр ва шуҳратманд шудани Тоҷикистони Азизамон ва ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд. На он босмачиёне, ки Кабирӣ дар суханронии худ васф кардааст.

Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд, хиёнаткорони Ватан дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам боқӣ мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим бо тахалуси ҳоҷи Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҲНИ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Шрофиддин Гадоев, Сайидюнуси истаравшанӣ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ҳайҳот! Ин чӣ рўзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулм, истибдод, кўштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин сахттару бузургтар намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сўи писар тир мекушояд! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд. 

Майдоннишиниҳоро наҳзатиён созмон додаанд, аммо Кабирӣ дар суханронии хеш ҳукумати кунуниро ба ин айбдор месозанд.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро марди бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳс бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлол шудем ва сулҳ ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело зиёд аст. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои ҷаҳони пешниҳодоти хело муфидро ба роҳ монд ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2015 - 2025 “Об ба хотири рушди устувор”, ки ин ҳам ифтихори мо Тоҷикистониён аст.

Имрӯз чун як Тоҷикистонии кӯчак бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Имрӯз Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

 Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғани мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, кузасозӣ, оҳангарӣ, расоммӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли мелодии 2018 – ро соли “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам аз эҳтиром ва ҳифзи фаҳрангӣ тоҷикон дарак медиҳад.

Тоҷикистони азиз имрӯз 27 – мин солгарди худро ҷашн мегирад.

27 соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

27 соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.

27 соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шоду нишоти пиру барно, меҳнату заҳматҳои рӯзонаву шабонаи Пешвои муазамамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон.

27 – мин Истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро ба кули мардуми кишвар табрик ва муборакбод мегуям!

Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳаммат бастанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату модар, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ноил гардонидааст. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

Шабнам Нуруллоева, устоди кафедраи барномарезии ДПДТТ, унвонҷӯй

 

Исломе, ки то чи андоза поку беолоиш будани онро мо мардуми тоҷикон аз ҳама беш медонему дарк менамоем, мутаасифона боз ҳам дар чанголи он гуруснаҳое, ки бо хуни мардумони бегуноҳ чашми худро сер мекунанд афтода истодаем. Маҳфуме ҳаст, ки ман низ аз рӯи хулосаҳои худ маротибаҳои зиёд иброз намудам, ки мушкилоти чавонони мо имрӯз дар он ифода гашта истодааст, ки исломро аз имон дар фарқ гузошта наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд. Хусусан, ин ҷангҳои бемаънову дасисаҳои беасос дар ҳодисаҳои сиёсии Сурия ва таъсиси ДИИШ вусъат ёфта истода, ҷавонони тамоми ҷаҳонро гирди худ ҷамъ оварда истодааст, ки ин тамоюл гурӯҳҳои экстремистон ва миллатгароёнро бо таҳқиру шиканҷаи мусулмонон фаъолтар намуданд, ки ин албатта тафаккури мардумонро бетаъсир намемонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем.

Мутаассифона, таи солҳои охир на танҳо дар дигар кишварҳо, балки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро, ки дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ онҳо буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон сохиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд, халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  онро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо бехатарии ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи озодӣ солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодони тоҷвар шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

Аммо Кабирӣ ва кабири барин бедину беимонон мехоҳанд, ки бобоёни моро, ки алайҳи торикиву зулмат, бесаводиву фунтдаменталӣ мубориза мебурданд, имрӯз душмани миллат ном баранду босмачиҳои ғоратгару зинокор ва хуни мардумхӯрро қаҳрамон. Каме буд, ки Анварпошшои туркро низ қаҳрамон тарошад. 

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Р. Зокиров,

устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ,

унвонҷӯй

 

 

 

 

 

 Ҳодисаи нангини ҳамлаи як гурўҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ, қатли бераҳмони 4 нафар ва захмдор гардидани 3 нафари онҳо бар асари ҳуҷуми ин ашхоси бадкирдор дар санаи  29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғара нигаронӣ ва вокуниши амиқи кулли ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард. Мо - тайи ин рӯзҳо гумон кардем, ки қатлу куштор аз ҷониби ҷангиёни ДИИШ доир шудааст. Аммо пас аз тамошои филми «Гирдоб» фаҳмидем, ки гунаҳкори асосии ин амали ваҳшатангез ҲНИ будааст.

Чунонки аз пурсиши дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов муайян шудааст, ў роҳбари ин гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ буда, дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтааст ва бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистӣ - террористии наҳзати ислом шомил гардидааст.

Аз ин далелҳои ошкоршуда бармеояд, ки ҷинояти мазкур кори дасти як гурўҳи хурд набуда, нақшаи махсус тарҳрезишудаи ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.

Ҳизбе, ки соли 1992 хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро рехта, қасдан шахсони барўманди миллатро нобуд карда буд. Ҳизбе, ки  соли 2015 бори дигар кўшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро содир кард, ки ҳадафи душманонааш дар сатҳи ҷаҳон ба обрўи Тоҷикистон зарба задан мебошад.

Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд.

Мо итминони комил дорем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъиятро дуруст баҳо хоҳанд дод ва қилро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

Моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки дар оянда такрори чунин амалҳои нангин пешгирӣ шавад ва душман дигар натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти ватани азизамонро халалдор созад.

Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ростӣ интизор набудам, ки як олими тавоно, роҳбари ба қавле ҳизби пурқудрати гуреза ва сарҷамъкунадаи муттаҳамони аз давлату миллат ранҷида ба ин сон дар ҷаласаи САҲА суханронӣ кунад. На танҳо ман, балки чашми ҳазорон ҳазор мардуми кишвар, онҳое, ки ба Муҳиддин Кабирӣ дар як гӯшаи дилаш оташаки боварӣ доштанд, умедвор буданд, ки Кабирӣ ҳар он суханҳое, ки дар ин чанд моҳи охир нисбати ӯву ҳизбаш гуфтанд, рад мекунад, бо мисолҳои возеҳ банд ба банд ва ҳатто ҳарф ба ҳарф посухи воқеӣ медиҳад. Интизор буданд, ки Кабирӣ «сайёҳони хориҷиро наҳзатиҳо накуштаанд», мегӯяд. Умедвор буданд, ки «Ҳар ҳарфу ҳиҷои Аёмиддин Саторов ва Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дурӯғи маҳз аст» мегӯяд. Интизор буданд, ки Кабирӣ мегӯяд, ки «Мо пойбанди ягон қувва нестем ва Эрониҳоро беҳуда мазаммат накунед». Аммо баръакси ин уммедвориҳо Муҳиддин Кабирӣ  дар суханронии худ дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшава танҳо аз истиқлолият ва хизматҳои «содиқона»-и Тоҳири Абдуҷаббор ва Сайидабдуллоҳи Нурӣ сухан гуфт. Аз суханронии Муҳиддин Кабирӣ эҳсос мешуд, ки гӯиё дар истиқлолият ба даст овардани тоҷикон танҳо онҳое даст доранд, ки ифтихори миллашон боло буд. Ӯ режими шӯравиро, ки сокинони гуногунмиллатро дар зери як ақида сарҷамъ менамуд, ба риштаи танқид кашида, ватанхоҳону истиқлоҳоҳонро васф менамуд. Ман тарафдори ақидаву корбариҳои он замон нестам, аммо ҳаққи танқид карданашро низ надорам. Биёед, як андеша кунем. Дар кадом кунҷи ин мамлакати паҳновари шӯравӣ миллатбадбинӣ буд. Ҳоло дар Тоҷикистони кӯчаки мо бо айби тафриқаандозиҳои наҳзатиҳо барин қувваҳо ҳатто бародар бо бародар дар ҷанг аст.

Сахт шигифтзада шудам, ки Кабирӣ аз босмачиҳо қаҳрамон сохт. Магар мо фаромӯш кардам, ки босмачиҳо бо дасти кӣ хешу ақрабои худро куштанд. Мо гуфта метавонем, ки босмачиҳо босавод буданд. Ба ҷои ин ҳарфҳо Кабирӣ аз хизматҳои таърихии Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум,Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садри Зиё, Шарифҷон Махдум, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва ахиран аз корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сухан мекард, мо ба ӯ қоил мешудем.

Бояд иқрор шуд, ки дар ин чанд соли охир дар ақсои олам номи исломро бадбинони онҳо ба мисоли ҲНИ доғдор кард. Наход мусулмон ба амали терроистӣ қодир бошад.  

Ҳизби наҳзати исломи ҳарчанд ба гуфти аъзояш чанде пеш 40 сола шуд, ҳанӯз ҳам дар дили сокинони меҳру муҳаббати худро нисбаташ бедор накардааст, дар ҳоле Каюирӣ аз миллату худшиносӣ сухан мегӯяд, кореро дар самти худшиносии миллат анҷом надодааст. Истифодаи калимаи ислом барои онҳо аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст, зеро маҳз ҳамин вожа, ки дар худ ҷаҳонеро ғунҷондааст, аъзо ва пайравонашро зиёд намудааст. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, зумрае аз наҳзатиён ба ҷои он ки мардумро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намояд, баръакс тафриқандозиву мунофиқаро миёни омма бармеангезад.

Ҷаноби Кабирӣ бояд хафа нашавад. Дар сафҳои ӯ кам ҳастанд шахсони воқеан ҳам донишманду дилаш ба ин миллату меҳан месӯхта. Аксаран ба хотири таассуб ба ин ҳизб шомил шуданд ва имрӯз аз ин амалкарди хеш пушаймонанд.

Ҳамагуна зуҳоротро яктарафа баҳо додан ягон вақт шахсеро ва ё ниҳодеро соҳибобрӯ гардонида наметавонад. Ҳукумат низ иқрор мешавад, ки дар ҷомеа камбудиҳо зиёд аст.

 Зиндагӣ яксон намемонад. Роҳбарияти кишвар дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳо таҳлили худро дорад. Ва сиёсати давлатии Тоҷикистон тавре роҳандозӣ гардидааст, ки мардумро ба сӯи нури зиё раҳнмамун месозад.

Ҳоло наҳзатиён иддао доранд, ки чаро маҳз ҲНИ мавриди танқиди шадид қарор мегирад. Ин сабаб дорад. Зеро фаъолияти ҲНИ бо он сиёсате ки имрӯз дорад, ба ҷомеа хафи бештар дорад. Иқрори гуноҳҳои хеш аз ҷониби Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва ё Аёмддин Саттров худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Мо намехоҳем, ки мамлакатамон мисли кишвари ҷангзадаи Афғонистон бошад. Имрӯз мардум дилшод аз онанд, ки тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Ватанро нафарони сарсупурда ҳимоя мекунад. Қувваҳои мусаллаҳамон дигар он зарфиятро надорад. Онҳо ҳамвора пурқувват шудаанд. Дар баробари ин мардум низ мардум бедор аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои химия,

устоди кафедраи химия ва технологияи хӯрока

 

 

 

 

Имрӯзҳо ҳодисаи дар қаламрави ноҳияи Данғара рухдода мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Тоҷикистони орому босуботро дар ин рӯзҳо як боди ноамнӣ қариб буд ба гирдоб печад. Қотиле чанд, ки акнун мансубият ва ҳуввияташон маълум шудааст, бо кор гирифтан аз амалҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳамла ба ҷони сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикову Аврупо карданд, то обрӯи байналмилалии кишвари маҳбуби моро резанд, талошҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллатро пеши чашми ҷаҳониён хира созанд. Бехабар аз он ки Тоҷикистон мардони бедору нерӯи басиҷ ва пуртаҷриба дорад, ки дар замони кӯтоҳ ҳар гуна талоши бенизом кардани ҷомеро хунсо ва омилонашро боздошт мекунанд.

Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои  Тоҷикистон офтобманзар омадаанд, то аз табиати нотакрори он ва мардумони меҳмоннавозаш бо худ хотироти хуш баранд. Дар соле, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст, роҳандозӣ кардани чунин амалиётҳои хасмона душмание ба миллат ва кишвари маҳбуб беш нест.

Ҳоло ки ин сатрҳоро менависем, мебинем, ки ҳуввияти ин террористон маълум шудааст. Мо акнун медонем, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боз ба як амали ҷинояткоронаи нобахшиданӣ даст задааст ва ин амали ноҷавонмардона аллакай ҷони ҷанд нафарро гирифт. Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт даст ба амалиёт намезаданд, кӣ медонад ин хуношомон боз даст ба кадом кирдорҳо намезаданд.

Дар аввал гумони ҳама бар ин буд, ки дар ҳақиқат ин кори ДОИШ аст, чун расман эълон кард, ки сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистоонро маҳз бо дастури ин созмони террористӣ куштаанд. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мӯйро аз хамир ҷудо карданд ва маълум шуд, ки кори дасти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки сарварону фаъолонаш ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Гузашта аз ин афроди даст дошта дар ин амали террористӣ таҳсилкардагони Эрон буда, дар он кишвар омӯзиш ҳам дида буданд. Инро роҳбари ин гурӯҳ Ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дар филми «Гирдоб» тасдиқ кардааст, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, амали террористиро бо супориши узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Қорӣ-Носир иҷро карда шудааст. Онҳо пас аз содир намудани ҷиноят мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992  узви фаъоли ТТЭ ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад. Ӯ бошад, дастури шахсии Муҳиддин Кабириро гирифтааст. Тавре ҳамсари Носирхӯҷа Убайдов тасдиқ кард, шавҳари ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ карда, онҳоро дар чорраҳаи зиндагӣ танҳо гузошт ва бо ашки шашқатор ба чунин «Худотарс» лаънат хонд.

   Аз филм маълум гардид, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони ваҳдатшиори Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд.

 

Маҳинбону Неъматуллоева,

омӯзгори калони кафедраи химия ва технологияи хӯрока

Таи солҳои  охир роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ бо  муроҷиати худ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон худро чун “қосиди сулҳ” нишон дода истодааст. Чунин рафтори онҳо вақтҳои охир маълум шуда бо барномаҳои якрангу бемантиқи худ дар назди мардум баромадҳо намуда истодаанд.

Дар суханронии худ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар нишасти САҲА, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон оғоз шуд, Муҳиддин Кабирӣ ҷангҳои дохилаи кишварро бар дӯши собиқ коммунистон ва дигар манфиатхоҳон дониста, қайд намуд, ки нерӯҳои ватандӯст, истиқлолхоҳ ва озодандеши кишвар, шахсиятҳои миллӣ ва оммаи мардум ин падидаро бо шодиву фараҳ истиқбол карданд. Ман нафаҳмидам, ки “нерӯҳои ватандӯсту истиқлохоҳон ва озодандеши кишвар” гуфта ҷаноби Кабирӣ киро дар назар дорад. Агар Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Тоҳирӣ Абдуҷаббор ва дигар “шахсони таърих”-и  истиқлолиятро сохтаанд, пас чаро касе онҳоро дар хотир надоранд.

Маҳз ҳамин “пирӯзии дерҳангом”  бо айби наҳзатиҳо дер ба самар овард. Чаро Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии хеш ҳарфе аз хоҷагони худ нагуфт. Чаро қайд накард, ки Аёмиддин Сатторову Сайидқиёмиддин Ғозӣ нисбати онҳо “тӯҳмат” заданд. 

Кабирӣ борҳо дар баромади хеш аз “нақши таърихи”-ии Иттиҳоди опозитсиони тоҷик ҳарф зада, сулҳу ваҳдатро моли наҳзатиён донист. Кабирӣ дар  ин бора низ сухане лаб во накард. Ба Кабирӣ ва дигар  иттифоқчиёни нави онҳо гуфтанием, ки офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд.

Роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ӯ босмачиёнро, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд, инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон карда, ҳарфе аз аввалин инсонҳои бавиҷдони хату саводи бесаводонро бароварда нагуфт. Пас маълум, ки ӯ низ аз ҳамон босмачиён беш нест.  Ба Кабириву кабириҳо гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон. Кадом шахсият ва кадом ҳизбҳо барои зиндагии хушбахтона муқобилият карда истодааст, агар як-ду нафар онҳое, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд ва бемансаб мондани баъзе намояндагони ҲНИ набошад, дигар ҳама аз ин ҳаёти хушу хуррам ободу осудаи мамлакат шоду масрур бо меҳнати ҳалол зиндагии худро ба пеш бурда истодаанд.

Ҳанӯз аз оғози таъсиси собиқ ҲНИ давлату миллати тоҷик ягон эътирозе надошт баръакс бовар дошт, ки ин ҳизб низ дар қатори ҲХДТ барои манфиатҳои мардуми кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт, касе ҳатто фикр намекард, ки онҳо дар ниқоби ислом ҳар гунна ҳаракатҳои ифротию терористи байни мардум ташфиқот мебарад. Боадолатона рафтор намудани Ҳукумати Ҷумҳуриамонро бинед, ки ба онҳо баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ  бовар карда вазифаҳои гуногунро ба дӯши эшон супориданд. Лек боиси таассуф аст, ки аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд мисоли воқеаҳои сентябри 2015 бороҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои собиқ ҲНИ буданд.

Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст қариб тамоми  аҳолии Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо дар мазҳаби Ҳанафия мебошанд, ки наздик 1300 сол боз саҷда мекунанд. Аммо як нуқтаро низ мехоҳам ёдовар созам, ки мо миллатгарои намекунем, ҳамаро бо як чашм назар менамоем, на ин ки дар байни мардум  иддаои миллатҷудокуниро қасд менамоем.

Давоми солҳои охир як зумра аз аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, имрўз он ҳамчун ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф гардидааст, ки рафтори ношоиста, кирдори ифротгароёна, фаъолияти ҷудоиандозиро пеша намуда, вазъи оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Кирдори ношоистаи худро хостаанд дар миллате, ки дар он ҷо зиндагӣ доштанд, амалӣ намуданд.

Имрӯз бошад, М.Кабирӣ дар чунин як конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ менамояд. Гуноҳи нобахшидании худу аъзоёнашро маҳкум намуда, иддао дорад, ки ин воқеаҳо маҳсули дасти мақомотҳое ҳастанд, ки барои давлат кор мекунанд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест, сӯхтан осон, аммо сохтан хеле душвор аст, ин миллатро ба душвории бениҳоят хос ба озодӣ баровардаанд, чаро бояд онро ба вартаи нобудшавӣ  оварда расонад.

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи химия ва технологияи хӯрока,

номзади илмҳои ҳимия

 

 

 

 

 Ҳимоятгари ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем, мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки ҳар як порчаи он Ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст.

Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин кадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони ҷони худро дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада, ҳамаи ин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд.

Ин кофӣ нест, ки боз вақтҳои охир ба мисоли канаҳо ба ҷавонони бетаҷрибаи мо часпидаанд, то ин ки онхоро низ муртакиби ҳар гуна амали зишту ғайриинсонӣ менамоянд. Гирифтори коре, ки ҳеҷ ба ақли инсон рост намеояд аз бетаҷрибагии ҷавонон сӯиистифода намуда, эшонро ба куштору тарконидан ва ба маънои ҷиҳод дигар амалҳои хислати терористиву экстремистӣ дошта мубтало месозанд. Ҷавонон, ки ҳоло аз мавзӯъи садаи сипаришудаи миллати мо чизеро намедонанд, ба суханони хар марду номарди кӯрнамаке, ки дар ҳамин сарзамин зиндагонӣ намудаву аз ҳавои он  нафас мегирад, фармонбардору мутаккои хоҷагони беруна гашта, имрӯз аз  ободии кишварамон сарфи назар менамоянд гӯш медиҳанд ва дар фикри он ҳастанд, ки онҳо сари ҳар ваъдаи додаашон истодагарӣ мекунанду давлати моро аз имрӯзааш карда вазъияташро беҳ месозанд, яъне мехоҳанд, ки давлати моро исломӣ созанд.

Қаблан дар ҳамин ҷо як нуқтаро мехоҳам баррасӣ намоям, ки эй мардуми бошарафу бовиҷдон куллатон медонед ва бисёр хуб дарк менамоед, ки дар ягон холат шахси бегона омада давлати моро обод нахоҳад кард, ин қадар эътимоди комил нисбати як нафаре, ки чандон ношинос аст, барои чист ба манн нофаҳмост, моро мебояд, ки хаймаи хешро худи мо бо меҳнату заҳмат бунёд намоем, дуруст ба амсоли гузаштагони окилу хирадмандонамон!.

Ҳанӯз фоҷиаи даҳшатбори асри гузаштаро фаромӯш насохтаем, ки имрӯз ин падидаҳои бегона дар ҷомеа бо ном гурӯҳҳои тундрави террору ифротӣ ба зиндагии орому тинҷи мо таъсироти манфии худро расонида бо ҷангу ваҳшонияти ташкилоташон мардумро ба таҳлука оваранду вазъияти осоиштаи мамолики моро муташанниҷ соханд.

То ҳол гурӯҳҳои зиёди халки тоҷик аз таъсири он ҳодиса, ҳодисае, ки бар асари он миллати мо қариб бист-сӣ сол аз ҳоли рушду тараққиёт бозмонд аз ин ҳам бадтар он, ки модарони муштипару дуогӯйи мо ҳанӯзам дар ғами ҷигарбандонашон месӯзанду оҳ мекашанд, ашки кӯдакони бегуноҳи  ятиму бепадар монда ҳоло хам хушк нашудаву аз меҳру муҳаббати падар маҳрум мондаанд, дигар касе намехоҳад, ки чунин ҳолат ҳамвора дар кишвар рух диҳаду боз авзои миллати моро хароб созад, то ба дараҷае ин сарзамин бесоҳиб ҳам нест, ки кассе хоҳад ба миллати мо зарба занад, гузашта аз ин мардуми имрӯза ба мисли мардумони солҳои наваддум онқадар соддаву зудбовар ҳам нест. Онҳоро то имрӯз сабаки давлату давлатдорӣ додаанд, дигар эшон мутаккои ҳар гунна суханҳои ғайри қобили эътимод бовари надоранду дасисаҳои беасоси шахсони иғвогарони беҳадафро маҳкум менамоянд.

Мардум то ба имрӯз аз он нафароне, ки ба миллати мо чунин як зарбаи шадидеро интиҷор сохтанд, басо нафрат доранд ва пеши худ мақсад гузошта буданд, ки қувваи мухолифини давлатамонро бо фарҳанги бойи миллат ва иттиҳодии мардуми якдилу якзабони тоҷикон шикаст медиҳанд.

Муҳиддин Кабирии “гиромӣ” худро чандон овораю сарсон нокарда, ба тақдири худ тан диҳед, ки аллакай намояндагону аъзоёни ташкилотатон ҳамаи розу ниёзи шуморо як як ба рўи об бароварда истодааст, паси парда пинҳони амал намудан, хоси мардонагӣ нест. Аз ҳамин лиҳоз бас кунед, чунин рафторрову баста шудани фаъолияти ҳизбатонро қабл намоед, чунки асоси фаъолияти шумо ба ҳама маълум гардиду сабабаш ба худатон низ айён аст. Ба он беҳудагўие, ки аз минбарҳои созмонҳои гуногун бо пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳатон мекунед, хотима бахшед. 

Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озоди баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост.

    

Муҳаррам Темирова,

мудири шуъбаи тарбияи  ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Шахсони ба ин гуна ҳаракатҳо шомилгашта амалҳои зишти худро бо ислом рӯйпӯш намуда, ин дини покро ба таври дигар муаррифӣ менамоянд.

 Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон” омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар.

 

Тӯҳматҳое, ки ТЭТ ҲНИ нисбати давлат  карда  истодаанд ҳама ботил асту маъное надорад, лекин онҳо ба ҷуз бӯҳтону иғвоандози кадом роҳи наҷоти худро наёфта истодаанд. Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Ҳангоми ба хотир овурдани амалҳои терористии пайравони собиқ ҲНИ суоле атрофии андешаамро иҳота менамояд, ки «Оё аъзоёни ҲНИ ҳуқуқ доранд, ки мазҳаби ғайр ва бегонаро зўран ба зўран дар байни мардум мусулмони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намояд ва мафкураи аҳолиро заиф созад». Асло, мардуми бомаърифати тоҷик наву тоза ба мустақилият баромадаву анакнун меваи истиқлолиятро мечашад ва ба кассе иҷозати онро намедиҳад, ки ба оромии мардуми халқ халал ворид намояд. Итминонам комил аст, ки баъди  «корнамои»-иҳои бевоситаи  М.Кабирӣ эътимоди кули мардум имрӯз аллакай шикастааст, агар не барои аз байн бурдани ин ҳизб кайҳо мардум эътирози хешро иброз менамуданд.

Барои чӣ ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ доири ин ҷинояти нангини ҳамҳизбҳояш  ягон  даҳан сухан нагуфтааст. Баръакс ин ҳама амали номатлубе, ки ягон инсон ҳатто фикр намекард анҷом додаву имрӯз онро ба мақомотҳои давлати ҳавола менамояд, муттаҳамии ин сон ҳам ҳадди худро дорад, ки касе ҳақ надорад, бардурӯғ алайҳи ин миллати биҳиштосо ҳар кореро, ки хоҳад ба итмом мерасонад. Ин давлат бекасу бесарпаноҳ нест, ки иҷозати онро намедиҳад, ки изи пои нохалаферо  дар ин сарзамин бинад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Аз фоҷеае, ки дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба амал пайваст наздики 40 рӯз сипарӣ шуд. Дилам ба насли одамӣ сӯхт. То куҷо ҳайвонсирату бадгуҳар шудааст «сарбозони наҳзатӣ».  Магар ин аз рӯи адолат аст, вақте миллионҳо сокинони кишвар аз рушди сайёҳӣ болидагӣ изҳор намоянду ҳар хонадон ҳатто беҳтарин анвои хӯрданиашро барои меҳмонон, хоссатан сайёҳон пешкаш созанду бо айби чанд тан аз ҷавонони ноогоҳ  бо тавсияи терористони наҳзативу исломпарастони зоҳирӣ ин ҳама хислатҳои наҷиби тоҷикона фаромӯш шавад? Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.

Андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд.

Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

 

 

 Мо бо баромадҳои собиқ раиси ҳизби аз байн рафта, ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шинос шудем. Ҳангоми баромади худ дар назди сиёсатмадорон ва дипломатҳои баландпояи Аврупо соли 2016 дар конфронси Варшава ва аз ин ҳодисаҳои охири кишвар, ваъзи аъзо ва тарафдорони собиқ ҲНИ инчунин оқибатҳои мамнӯъгаштани фаъолияти ҳизб аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ман намефаҳмам, ки чи тавр  Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ то чи андоза қудрат доштани ин миллатро фаромўш кардааст, ки хост дар байни мардум иғво ангехтаи онро ба арсаи нестӣ бубарад, борҳо таъкид намудан ҷоиз аст, ки аҳолии мардуми Тоҷикистон ҳангомаву дасисаҳои бемаънии гузаштаро такрор намудан намехоҳад ва ҳатто намегузорад, ки ягон нафар дуюмбора ин хатогии марговарро такрор намояд, маҳз ба туфайли бадхоҳону мухолифони ин ватан , ки оғозбахшандаву саркардаи ҷанги бародаркушу таҳлилии Тоҷикистон ҳамон исломгароённа буданд, давлатамонро қариб буд, ки сад сол аз ҳоли рушд боз дорад, ин амал кам буд, ки маротибаи дуюм такрор ёбад, чи тавре дар урфият мегӯянд, «Бори каҷ ба манзил намерасад» амалҳои ваҳшиёнаи аъзоёни  фаъоли собиқ ҲНИ бо аз байн бурдани ҳаёти чанд нафар сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави кишварамон  бори дигар собит сохт, ки онҳо фармонбардору муттакои хоҷагони берунаанд, вале дар дохили давлати Тоҷикистон зиндагӣ менамуданд. Ин кору рафторе, ки дар ниҳоди М.Кабирӣ аст ва онро дар амал татбиқ намуда, ҳама ҷо бидуни афкор байни мардум паҳн менамоянд ин ба мисли ҳамон гуфторест, ки «Намакро хӯрда ба намакдон пуф кардан» аст.

Баста шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом танҳо ба иродаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ набуда, балки ирода ва мавқеи аксарияти аҳолии кишварро ифода мекунад. Мақсадам он аст, ки ин баромаду суханҳои тӯҳматангез дигар фоида надорад.