Бо дастгирии Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти суханрони муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ саҳми омӯзгоронро дар рушду нумуи вилоят наззаррас унвон намуда барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Баъдан ба ҳамаи иширокчиёни конференсия, ки зиёда аз 200 нафарро ташкил менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгириву пуштибонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кормандони маориф рӯ ба беҳбуди ниҳодааст. Аз якуми сентябри соли ҷорӣ 15% зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷҷетӣ аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи маориф боз далели ин гуна ғамхориҳост.

Дар рафти чорабинӣ 68 нафар фаъолон, собиқадорон ва кормандони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ санъаткорон ва хонандагони муасассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ барои болидагии рӯҳии иштирокчиён сурудҳо дар васфи ватан ва омӯзгор сароиданд.

 

 

 

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

 Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, қофиласолори назм, устоди устодон маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳои худ дар саросари ҷаҳон машҳур буда, ашъори ҳамвазни дурру гавҳарро боқӣ гузоштааст.

Ашъори  устод Рӯдакӣ саршор аз  панду ҳикмат буда, қариб тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фарогир аст.

Омӯхтани илму дониш, хайру сахо, одобу тарбия, меҳру муҳаббат, зебогии табиат, васфи диёр аз зумраи ин баҳри бекаронанд.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор  ояд.

Ҳамасола 22 – сентябр дар саросари кишварамон Рӯзи Рӯдакӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Санаи 21 сентябри соли равон дар толори донишкадаи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ бахшида ба Рӯзи Рудакӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Маҳфили адабӣ бо доираи васеи устодон ва донишҷӯёни донишкада ва воситаи ахбори омма баргузор гардид. Дар толор намоиши асарҳои устод Рӯдакӣ ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо хондани шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён оғоз гардид.

Баъдан омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Файзиева Ш. оид ба осор ва рӯзгори Одамушшуаро суханронӣ намуданд.

Маърӯза доир ба фаъолияти адабии пири хирад аз ҷониби  омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Нозирова М. қироат карда шуд. Зимни маърӯза қайд карда шуд, ки дар асари “Чеҳраҳои мондагор”-  и Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик, Одамушшуаро, қофиласолори назм, балки ҳамчун пири маънӣ, рамзи бедориву худшиносӣ, рамзи ҷовидонии адабиёт оварда шудааст.

Маърӯзаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Т.Р таҳти унвони “Ҳазордастони шеъри Аҷам”  аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.

Аз ҷониби донишҷӯён суруди “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” ва “Бихандад лола бар саҳро” бо маҳорати баланд сароида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ навор оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод, асарҳои ӯ намоиш дода шуд, ки устодону донишҷӯён як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

Пандҳои устоди назм аз ҷониби омӯзгор Файзиева Ш. хеле пурмазмун ва олӣ шарҳ дода шуд.

Бо ҳамин маҳфили адабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, ҳусни анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  аз 20 июли соли 2018 санаи 9 август бо иштироки беш аз 18 намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотии директори ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид.

Мавсуф доир ба фаъолияти шашмоҳаи донишкада назди ҳозирин гузориш дода, таъкид дошт, ки ташрифи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи таҷлили моҳвораи ҷашни ҷавонон,  ба  вазъи таълиму тарбия баҳои баланд додани ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов масъулияти устодону шогирдонро боз ҳам зиёдтар намуд. Давоми 5 моҳ 4 нафар устодони ҷавони донишкада рисолаҳои номзадиро ҳимоя карданд. Дар маҷмӯъ 67 дар сади устодони донишкадаро  олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Дар панҷ моҳи охир донишкада соҳиби 2 патент ва 7 шаҳодатномаи зеҳнӣ гардида, дар маҷмуъ донишкада дорои 24 гувоҳномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 57 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 8 патенти берун аз ҷумҳуриро дар самти ихтироъ ва навоварӣ ба даст овардааст. Дар давраи ҳисоботӣ 7 шартномаҳои нав бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд. Он имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва устодони мо дар мактабҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Аз рӯи барномаҳои шуъба 12 нафар устодону донишҷӯён барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, таҳқиқот ва иштирок дар конфронсҳои байналмиллалӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд.

Номбурда аз вазъи пояи моддиву техникӣ, омодаи бинои муассиса ба соли нави хониш ва дар ин замина рафти таъмиру тармими хобгоҳ, бинои маркази бақайдгирӣ, натиҷаҳои қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ғолибият дар олимпиадаву озмуни Ҷоми Академияи илмҳо ва  «Enactus» сухан ронд.

Сипас рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд,  Саидҷон Сулаймонов аз нашрияи «Согдийская правда», Алишер Охунов, намояндаи нашрияи «Фараж» дар вилояти Суғд,  Робия Розиқова, намояндаи нашрияи «Нилуфар» ва Уғулой Раҷабова, телевизиони «Ҳафт ситора», вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, равобит бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имтиёз барои устодону донишҷӯён, чорабиниҳо ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Афзал Босолиев, намояндаи телевизиони «Азия» пешниҳод кард, ки дар сатҳи вилоят шогирдони донишкада сомонаи махсуси сайёҳӣ бо се забон таҳия намоянд, то он роҳнамои сайёҳони хориҷӣ бошад. Ин таклиф аз ҷониби роҳбарият хуш пазируфта шуд.

Дилафрӯз Саидӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳозиринро ошно намуда, зикр дошт, ки дар ояндаи наздик бо ҷалби барномаҳо дар факултети муҳандисӣ- технологӣ лабораторияи махсус барои ихтисосҳои дизайн ва мӯд мавриди истифода қарор гирифта,  ҳамчунин меъморони оянда низ он ҷо таҳсили илм хоҳанд кард.

Директори донишкада барои ҳамкории мутақобила ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, дар ҷодаи қаламфарсоӣ ба онҳо барор хост.

 

 

Истиқлолият аз бузургтарин дастовард ва неъмати халқи тоҷик аст, ки моро ҳамбастаи сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат гардонидааст. Маҳз истиқлол аст, ки мо имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ дорему ваҳдату оштӣ пешаи мост.

Бо шукргузорӣ аз суботи кишвар ва истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябр дар толори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ чорабинии сиёсиву  фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз намоиши навор оид ба дастовардҳои донишкада оғоз гардид. Баъдан сухани табрикотӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз дода шуд.

Зимни суханони табрикотии хеш Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо фарорасии Иди Истиқлолияти давлатӣ таҳният намуда, қайд намуданд, ки имрӯзи осудаи мо бо шарофати соҳибдавлатӣ ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Махсусан, зикр шуд,  ки барои баландбардории маърифати сиёсии сокинону донишҷӯён, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯстдории ин сарзамину миллати аҷдодӣ саҳми омӯзгор калон аст. Маҳз меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкада дар қаламрави кишвар боз ҳам баландтар аст

Баъди табрикоти директори донишкада ҷонишини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед суханронӣ намуданд. Мақсудов Х.Т аввалан ҳамагонро бо ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, баъдан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бо гирифтани Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсат ва ҷомеаи устодон табрику таҳният намуданд. Ба директори донишкада Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.  

Боиси ифтихор аст, ки устоди донишкада Зариф Довудов номзади илмҳои физика ва математика гардид. Аҳли нишаст ва директори донишкада устодро бо гирифтани номзадӣ таҳниятҳо намуданд.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон ва кормандони фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Баъди қисмати расмӣ  бахши фарҳангӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён гулдастаи шеъру суруд, рақсу таронаро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идона ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.

 

 

Бо мақсади тақвияти таҷриба, мубодилаи афкор, вусъати ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳо ва бахши хусусии иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои таҳсилоти касбӣ дар шаҳри Тблисии Ҷумҳурии Гурҷистон ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ”-и барномаи GIZ бо иштироки Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳо ва бахши хусусии иқтисодиёти давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Дар рӯзи нахустини чорабинӣ  ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки шомили ин барномаанд,  бо намояндагони барномаи GIZ “Рушди бахши хусусӣ ва таҳсилоти касбӣ дар Гурҷистон” мулоқот анҷом доданд. Гурӯҳи корӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон ташриф оварданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон – Кетеван Натриашвили ва сардори Департаменти рушди таҳсилоти касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон – Ирина Церодзе  системаи миллии таҳсилоти касбии Гурҷистонро ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуданд. Баъд вохӯрӣ бо роҳбари шуъбаи ҳамкории байналмиллалии Сафорати ҶФО дар Гурҷистон – Даниел Хаас баргузор гардид.

Дар идомаи сафар гуруҳи корӣ аз фаъолияти коллеҷи касбии “AISI”-и деҳаи Кахретии вилояти Кахетия дидан намуданд. Зимни мушоҳидаҳо директори коллеҷ – Малхаз Асламазашвили таъкид дошт, ки саҳми коллеҷ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи кишвари Гурҷистон калон аст. Дар  корхонаи хусусии “Schuchmann Wines” дар шаҳри Кисисхеви назария бо амалия татбиқ карда мешавад.  Фаъолияти ин боргоҳи таълимиро роҳбари корхона Роланд Бурдиашвили  ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуд.

Санаи 29 июн вохӯрии гуруҳи корӣ бо намояндагони агентии Швейтсария оид ба масъалаҳои рушд ва ҳамкорӣ, Барномаи рушди СММ (ООН) ва Ассотсиатсияи фермерҳои Гурҷистон, Маркази миллии Гурҷистон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар конфронс-зали меҳмонхона барпо гашт. Сипас, ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи муколамаи минтақавӣ баргузор гардид, ки он то санаи 30 июн давом кард. Дар охири маҷлис қабули тавсияҳо оид ба натиҷаи ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи муколамаи минтақавӣ баргузор гардид. Баъди ба итмом расидани ҷаласа барои гуруҳи корӣ экскурсияи шаҳри Тблиси ташкил карда шуд.

Сафар хотирмон гузашт.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати гурӯҳи кории Тоҷикистон директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода шомил буданд. Донишкадаи мазкур шомили ин барнома буда, мунтазам устодони донишкада дар доираи ин барнома бо муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамкории судманд доранд.

 

 

 Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон конференсияи илмӣ – адабӣ доир гардид.

Конференсия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, ваҳдат ва истиқлолият аз ҷониби донишҷӯёни донишкада оғоз шуд.

Тайиба Бобоева, мудири кфедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ  мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати бостониамон боз ҳам бештару хубтар шинос шавем ва  бо арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ошногӣ  пайдо намуда, эҳсоси ватандӯстӣ  ва ифтихори миллиамонро баланд бардорем.

Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б. ­Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзӯи «Истиқлолият: моҳият ва ҳадафҳои олии он» маърӯза намуда, афзуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Мӯътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» суханрон ронда, гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолият имрӯз миллати тоҷикро чун меросбарони фарҳанги қадима мешиносанд. Дар тӯли беш аз 27 соли соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ рушд намуда, муҳимтар аз ҳама сатҳи худшиносии шаҳрвандон боло рафт.

Миёни донишҷӯён ва устодон атрофи мавзӯи истиқлолият саволу ҷавоб сурат гирифт. Бо ҳамин конференсия ба анҷом расид.

 

Ба ифтихори хатми зинаи магистратурӣ субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ хатмкунандагонро муборакбод намуд. Зикр шуд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумат сол аз сол сатҳи таълиму тарбия боло рафта, пурқувват гардидани пояи моддиву техникӣ ба омодасозии кадрҳои соҳибтахассус мусоидат намуда истодааст. Магистрантони донишкада давоми ду сол тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати устодон донишҳояшонро тақвият бахшанд. Акнун аксари хатмкунандагонро роҳи бузурги кору фаъолият интизор аст. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки робитаро бо донишкада минбаъд низ қавитар намоянд ва чун узви Ассотсиатсияи хатмкунандагон барои пешрафти минбаъдаи ин боргоҳи илму ҳунар кӯшиш варзанд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдушукур Назаров зимни баромади хеш таъкид дошт, ки соли аввал аст, ки хатмкунандагони ихтисоси бизнес – маъмуриятчигӣ зинаи магистратураро ба итмом расониданд. Номбурда ба мутахассисони оянда барор хост.

Ба магистрантон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Магистрантон Зӯҳро Усмонова, Нодира Домуллоҷонова Мафтуна Ғаниева, Малика Ғаффорова  ба устодон барои ранҷу заҳматҳояшон аз номи хатмкунандагон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо меҳнати созандаи худ бар нафъи диёри хеш фаъолият мебаранд.

Дастагули шеъру мусиқӣ чорабиниро боз ҳам хотирмон намуд.

 

 

 

Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Дар мақоми шукргузорӣ ва саодат ва бо ҳисси ифтихормандии зиёд Шуморо бо фарорасии ҷашни фархунда, мубораку муқаддаси миллӣ  – 27 – умин солгарди  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ  ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ  устуворона қадам мезанад.

Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ  ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ , ватандӯстӣ  ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳанги бою қадима мебошад.

Сарвари давлатамон дар яке аз баромадҳои худ моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан  ифода намудаанд: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид».

Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯза ба хубӣ эҳсос мекунад, ки маҳз бо баракати Истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. 

Дар баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан саҳми Шумоён устодони гиромӣ низ хеле калон аст.  Маҳз  меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкадаамон миёни дигар муассисаҳои олии кишвар боз ҳам баландтар мешавад.

Тақвият ёфтани базаи моддиву техникӣ, рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароити таълим имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонон бештар рӯ ба муассисаи олии мо оваранд. Натиҷаҳои имсолаи қабул тариқи Маркази миллии тестӣ гуфтаҳои моро тасдиқ менамоянд. Гузашта аз ин донишкада сол то сол робитаро бо муассисаҳои олии пешрафтаи дунё қавӣ намуда, дар роҳандозии чандин барномаҳо муваффақ шуда истодааст.

Танҳо дар ду соли охир ворид шудани таҷҳизотҳои муосири лабораторӣ ба факултети муҳандисӣ- технологӣ, бунёди бинои лабораторӣ ба ихтисоси дизайн ва меъморӣ руҳияи мо, устодонро дучанд гардонд.

Мо ифтихорманд аз онем, ки пайваста ҷараёни бунёдкориву ободонӣ дар донишкада вусъати тоза мегирад. Сол аз сол биноҳои таълимиву дигар иншоотҳои донишкада азнавсозӣ гардида, фикр мекунам соли оянда вақте бинои факултети информатика ва энергетикаро аз таъмири куллӣ баровардан дигар мушкилот дар ин самт боқӣ намемонад.

Роҳбарияти донишкада тасмим гирифт, ки давоми ду моҳи таътили тобистона ошёнаҳои 2, 3 ва 4 –и хобгоҳоро таъмиру азнавсозӣ намояд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ тамоми ҳуҷраҳо, ошхона, долон ва дигар утоқҳои ёрирасон ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Ҳамзамон дару тирезаҳо иваз ва дар ҳар як блоки истиқоматӣ ҳуҷраи дастурушӯи бунёд гардид. Ҳамчунин бошандагони хобгоҳ бо мизу курсӣ, рахти хоби нав, либосовезак, китобмонак  таъмин карда шуданд.

Дар маҷмуъ дар соли нави хониш 453 нафар донишҷӯён бо утоқҳои маҷҷаҳҳаз таъмин гардиданд. Донишҷӯён аз чунин таваҷҷӯҳ ва иқдомҳои наҷиб хушнуду сарфароз мебошанд. Илова бар ин синфхонаҳои 101 ва 401-и факултети информатика ва энергетика пурра азнавсозӣ гардид.

Боварии комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада, хосса донишҷӯён ин заҳматҳои моро сазовор қадрдонӣ намуда, бо хонишу рафтори намунавӣ обрӯи донишкадаамонро боз ҳам баландтар мебардоранд.

Бори дигар  ин  ҷашни муборакро ба ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада муборакбод гуфта,  рӯзгори обод, дили шодро таманно дорем.

Саломат бошед!

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва пойдории давлати кунунии тоҷикон саҳми беандоза доранд. Таърихи ғанӣ ва куҳани тоҷикон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар хотир дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо дар замони худ накши арзандае доранд. Дар ин ҷода Ҷаноби Олӣ чунин менигоранд. «Таърих гувох аст, ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…» Марҳилаи кунунӣ маҳз бо шарофати Ҷаноби Олӣ марҳилаи еҳё ва камолоти навбатии давлати тоҷикон аст. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо низ чи дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисодии кишвар, чи дар баҳамоии тамоми минтақаҳо ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, маҳз Ҷаноби Олӣ бо сифатҳои шахсии волои худ роли ҳалкунандаро доранд. Пайваста дар байни халқ будан, бо забони шевои тоҷикӣ сехрангез суханронӣ кардан, ба ватандӯстию ватандорӣ, сулҳу ваҳдат даъват кардан далели ин гуфтаҳост. Инчунин, Ҷаноби Олӣ, дар эҳё ва пайдо кардани ғояҳои нав ба нав, ки дар такмилу ташаккули давлату миллат саҳми босазое гузошта истодаанд, сараввал таҳлил ва таҳия ва сониян бо шеваи ба худ хос ба халқ расондани онҳо ва ниҳоятан мавриди амал қарор додани онҳо низ хеле фаъол мебошанд. Мисоли оддитарини ин гуфтаҳо, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудан, мебошад. Зеро сайёҳӣ, аз як тараф, яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ бошад, аз тарафи дигар, муаррификунандаи таъриху фарҳанги бою ғанӣ, табиати зебо ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Зиёда аз ин дар арсаи ҷаҳонӣ низ Ҷаноби олӣ ҳамчун шахсияти арзанда ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон таҳи чанд соли охир таваҷҷӯҳи тамоми оламиён ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини башарият «бо оби ошомиданӣ таъмин будани инсоният» чалб шуда истодааст.

Дар соли  ҷорӣ бо ташаббуси навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки  дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка  баргузор гардид, баромад намуданд. Ин баромад ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд. Аз сомонаҳои интернетӣ дарёфт кардан мумкин аст, ки ин баромад дар шакли мақола дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардидааст.

Метавон гуфт, ки баромадҳои Ҷаноби Олӣ чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он, аз ҷумла Паёмҳое. ки ҳамасола  одатан дар охири сол ироа мегарданд,  пеш аз ҳама суханҳои самимӣ ва самимонаи  Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҳамватан, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як сокини Ҷумҳурӣ мебошанд.

Сониян, ин баромадҳо ва паемҳоро ҳамчун пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо метавон ба қалам дод, ки ҳарфҳои он аз муҳаббат ба Ватан лабрез буда, дар зери ҳар як калимаи он  манфиати чи насли имрӯза ва чи насли оянда нуҳуфт кардааст.

Сеюм, баромадҳо ва паёмҳо садои баланду созандаи давлати Тоҷикистон, ки дар марҳилаи навбатии эҳё ва ташаккулёбӣ қарор дорад, миллати тоҷик  ва тамоми Тоҷикистониен дар маҷмӯъ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Чаҳорум, дар низоми сиёсии давлату давлатдорӣ бошад, ин баромадҳо ва паёмҳо бе шакку шубҳа ҳуҷҷатҳои расмӣ ва сарнавиштсозе мебошанд, ки дар ниҳодҳои гуногуни ҷамъиятӣ, колективҳои меҳнатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, макотибҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебоист, ки мавриди таҳлили дақиқ қарор бигиранд.

Ва ниҳоятан ин баромадҳо ва Паёмҳо дар маҷмӯъ барномаи мукаммали рушди давлату миллат,  барномаи дурнамои рушди Тоҷикистони азиз дар ҳамаи самтҳо, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ, қутбнамои ҳаракати устувор ба сӯйи ояндаи нек ва алгоритми пешбурди кор дар ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошанд.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ

Ҷомеи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли нави хониш ва дарси сулҳро аз тамошои мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону шогирдони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз намуданд.

Пешвои миллат зимни баромади хеш кулли донишҷӯёну хонандагони кишварро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, аз моҳияти сулҳ ва амну амонӣ сухан карданд.  Президент бори дигар аз хатарҳои геополиткии олам ҳарф зада, баён доштанд: «Мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кунем».

Президент аз ғахориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати маориф сухан ронда, насли худогоҳи миллатро ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳунару ҳунармандӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат дар идомаи сухнронии худ аз мушкиливу дастоварди соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1500 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд шуданд, вале ба андешаи роҳбари давлат сатҳи касбияти мутахассисон вобаста ба омӯзиши технологияи навини тиббӣ чандон қаноаткунанда нест. Ҳамзамон зикр шуд, ки марказҳои ташхисиву тиббӣ дар иҷрои рисолати худ саҳланкорӣ мекунанд. Баъзе аз пизишкон ташхиси дуруст намонда, ба мизоҷон доруворӣ таъин мекунанд, ки дар натиҷа бемор шифо неву ба бемории дигар мувоҷеҳ мегардад. Пешвои муаззами миллат аз вазъи нохуби санитариву гигении сарторошхонаҳо, хонаҳои ҳусн,  марказҳои стоматологӣ изҳори ташвиш намуда, сироятёбии баъзе аз сокинон ба бемории марговарро аз беаҳамиятии масъулин донистанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Президент аз кормандони соҳаи тандурустӣ ва кулли устодону шогирдони Донишгоҳи тиббӣ даъват ба амал оварданд, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудиҳои соҳаро ислоҳ ва дастовардҳоро афзун намоянд.

Пас аз тамошои дастаҷамъонаи суханронии Сарвари давлат директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо соли нави хониш табрик намуда, баён дошт, ки  Сарвари давлат ба масъалаи омӯзонидани  донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдорӣ донистанд. Албатта ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷомеаи меҳнатии ҳамаи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро барои боз ҳам хубтар ҷорӣ кардани таълиму тарбия вазифадор мекунад. 

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз дастовардҳо дар самти беҳбудии таълим, мувафаққиятҳои олимони ҷавони донишкада дар озмунҳои инноватсионӣ, олимпиадаву Ҷоми академияи илмҳо, натиҷаи ҷараёни қабул ба донишкада ва вазъи пояи моддиву техникӣ ҳарф зад. Қайд шуд, ки агар солҳои пеш мо факултетҳои муҳандисӣ-технологӣ, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ- технологӣ, майдонча ва толорҳои варзиширо пурра аз таъмир бароварда бошем, пас имсол ошёнаи 2, 3 ва 4 хобгоҳ пурра таъмир гардида, ҷиҳози утоқҳои зисти устодону донишҷӯён нав карда шуд. Гузашта аз ин синфхонаҳои 101 ва  401- и факултети сохтмон ва нақлиёт аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Дар факултети муҳандисӣ – технологӣ бинои нави иловагӣ барои лабораторияи ихтисосҳои дизайн ва меъморӣ бунёд шуда истода, ҳамчунин Маркази бақайдгирӣ азнавсозӣ шуда истодааст.

Номбурда ба донишҷӯён ва устодон дар соли нави хониш барору комёбиҳо таманно намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сармеъмори вилоят Равшан Раҳимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Абдуқаюмзода номаи муборакбодии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори соли нави хониш ва дарси сулҳ ба самъи ҳозирин расониданд.

Бо ҳамин ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори соли нави хониш анҷом пазируфт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормндони масъули ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Б. Ғафуров дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардид.

Дар кори семинар муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи шаҳри ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд.

Раъно Маҳмудзода ҳадафи баргузории семинарро баён дошта, афзуд, ки ҲХДТ беш аз пеш дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардида истодааст. Зарур аст, ки масъулияти ҳизбии ҳар як аъзои ҳизб бобати тақвияти дониши сиёсӣ баланд бардошта шавад. Зеро ҳизбиён тӯдакаши ҷомеа ҳастанд ва бояд онҳо ҷомеро ба самти дурусти зиндагӣ раҳнамун кунанд.

Маъруф Муҳаммадзода аз ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кумиҷроияи шаҳрӣ сухан карда, гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 16 феврали равон самтҳои минбаъдаи фаъолияти хизбиёнро муайян намуда, ҳамчунин барои пешбурди кор дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла зимни вазифагузориҳо таъкид доштанд, ки раисони кумиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва умуман, ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бояд ҳамкориро бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои корӣ вусъат бахшида, барои сафарбар кардани соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва сокинони шаҳраку деҳот барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд.

Маҳз аз ҳамин вазифагузориҳои роҳбарияти олии ҳизб семинарии имрӯза доир мегардад ва боиси қаноатмандист, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумиҷроияи шаҳрӣ дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст. Мо дар симои ҳар яке аз Шумоён роҳбарони ташкилотҳо пуштибон ва пешсафони соҳаро мебинем. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ бо дастгирии аъзоёни ҳизб дар сатҳи баланд доир мегардад. Мо огаҳем, ки кумиҷроияи шаҳрӣ ташаббускори иқдомҳои созанда ҳастанд, ки эътимоду боварии сокинонро нисбати давлат ва Ҳукумати кишвар қавитар месозад. Баргузории иди кӯча ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ, аёдати сарбозон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомӣ, ширкати фаъолона дар ҳама гуна ҷашну маросимҳо, аз наздик ошоноӣ пайдо кардан аз рӯзгори кӯдакони ятиму бесаробонмонда, шахсони яккаву танҳо имкон фароҳам меорад, ки мардум бо диду назари тоза ба ояндаи кишвар нигоҳ кунад. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар сатҳи баланд доир шудани конференсия вобаста ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва баргузории даҳҳо семинару конфронсҳо вобаста ба хаёти рӯзмарраи сокинон бозгӯи он ҳастанд, ки ҳизб ҳамвора фаъолияташро пеш мебарад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раиси кумитаи иҷроияи ибтидоиИ ҳизбии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ медали ҷашнии ҳизб супорида шуд.

Баъдан дар мавзӯи «Усулҳо ва манбаҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ», «Ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги сиёсии аъзои ҳизб», роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, «Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ. Дастуру супоришҳои ПЕшвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар» мудири бахши бақайдгир ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳим Шоҳиён,  «Истифодаи тарзу усулҳои замонавии ВАЩ ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ» мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дасгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳомидов ва «Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувори давлат» мудири шуъбат таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ гузоришҳо доданд.

Раъно Маҳмудзода дар фуроварди чорабинӣ барои пешрафтаи минбаъдаи фаъолият дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо вазифагузорӣ курси бозомӯзӣ хотима ёфт.