ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /НИАТ «Ховар»/. 26 января в городе Бустон Согдийской области Республики Таджикистан состоялась очередная встреча сопредседателей Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы Саймумина Ятимова и Камчыбека Ташиева. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан.

 

 

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро  тасдиқ намудаанд.

Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.

Дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳр Хуҷанд конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Муаммои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираи обӣ” бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олӣ, коршиносон доир гардид.

Усмонҷон Ахмедов, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, салому паёми директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли ҳозирин расонид.  Мавсуф дар баромадаш зикр дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро аз ҷониби давлати Тоҷикистон қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо ҳиси баланди худшиносӣ, садоқат ба ватандорӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 дар рӯзҳои ҷашни байналмилали Наврӯз, ки ташаббускораш ҷониби Тоҷикистон буд, дар Созмони Миллали Мутаҳид шуниданд.Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Ҳозирин филми мустанадеро вобаста ба обшавии босуръати пиряхҳо дар қаламрави Осиёи Миёна ва паёмадҳои он тамошо карданд.

Вобаста ба муҳимияти ташаббуси мазкур, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо,  пиряҳхо ва ҳифзи он, дидгоҳи нав дар рушди истифодаи оқилонаи об Зафар Розиқов, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Турди Турдиев, дотсенти кафедраи географияи табии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”,  Толмас Сайфуллоев, омӯзгори калони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, ва Абдувалӣ Ҳомидов, директори Маркази обу ҳавосанҷии вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Нотиқон баён доштанд, ки мушкилоти нарасидани оби тозаи ошомиданӣ аз асри XX ин ҷониб мушкили глобалии замони мо ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ  азият мекашанд. Тибқи омор, тақрибан 1/5 аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар он ҷо оби тозаи ошомиданӣ басандагӣ намекунад.  Илова бар ин, 1/4 аҳолӣ бинобар набудани инфрасохтори зарурӣ барои кашидани он аз обанборҳо ва дарёҳо аз норасоии об дучор мешаванд. Ҳамзамон давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад. Танҳо соҳибхирадӣ, сиёсати дурнигарии Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки барои ҳифзи неъмати бебаҳои табиат, яъне об сарҷамъона талош варзем.

Конференсия бо саволу ҷавоб байни иштирокдорон ва коршиносон ба кори худ анҷом бахшид.

 

 

 

 Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Нахуст аз раванди супоридани имтиҳоноти маҳорат, ки дар синфхонаҳои алоҳидаи донишкада бо фарогирии беш аз 400 нафар довталабон сурат мегирифт, аз наздик шиносоӣ пайдо карда шуд. Маълум гардид, ки ин намуди имтиҳоноти Маркази милллии тестии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон бо ташкили тамоми шароити лозима ва низоми хос аз тарафи Донишкада сурат гирифта истодааст. Довталабон ва волидайни онҳо ба Вазири маорифи маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар ин бора қаноатмандии хешро изҳор доштанд.
Раҳим Саидзода ҳазамон аз пойгоҳи таълимию илмии донишкада, аз ҷумла аз озмоишгоҳҳои ин муассисаи таълимӣ шинос гардид. Таъкид шуд, ки таълиму тарбия, шароиту имконияти таҳсилу фаъолият ба пойгоҳи моддии муассисаи таълимӣ вобаста буда, тайёр шудани муатахасисони баландихтисос ба он тавъам аст. Ташкили теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои фаннӣ мувофиқ ба ихтисосҳои донишкада намунаи пайравӣ ба дигар муасссисаҳои олии мамлакат арзёбӣ гардид.
Вазири маориф ва илми мамлакат ба иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сатҳи омомдагиҳо ба соли нави хониш, фаъолияти дохилии комиссияи қабули донишкада ва дигар масоили рўзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дастуру супоришҳои махсус дод.
 

Дар нахустин ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки санаи 27 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ  доир гардид, муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов иштирок намуд.

 Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати  муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед  сурат гирифт.  Мавсуф қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.

 

Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, дар он 4 масъала:

-интихоби раис, муовинон ва котиби Шуро;

- баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2023;

-баррасии масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе”;

-таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҷониби Рамазон Абдуллозода - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷаласаҳои минбаъдаи Шурои мазкур тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.

 

Дар доираи баргузории  ҳафтаи илми тоҷик бо  иқдоми Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” суръат гирифта, он дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, натиҷагирӣ шуд.

Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду давр: даври донишгоҳӣ ва даври ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаи 1,2,3 ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд. Дар озмуни имсола аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.

Тибқи хулосаву баҳогузории гурӯҳи корӣ 26 нафар сазовори дипломи дараҷаи якум, 49 нафар сазовори дипломи дараҷаи дуюм, 42 нафар сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва 20 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.

Боиси ифтихор ва саодат аст, ки ду нафар дастпаварони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – Мирмухамедова Шаҳноза дар бахши “Техника ва технология” ва Сайдалиев Муҳаммад дар бахши “Инноватсия ва ихтироъкорӣ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ин дастоварди бузургро ба донишҷӯён муборакбод мегӯем ва итминон дорем, ки сафи чунин ҷавонони ҳушманду доно солҳои минбаъда афзун хоҳад шуд.  

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад.

 

 

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида иттилоъ дод, ки самти фаъолияти муассисаи таълимӣ асосан ба татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат равона намуда, дар ин ҷодаҳо мутахассисонро омода месозад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи аз рӯйи 29 ихтисос; дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Ба ба 3561 нафар донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 176 нафар омӯзгорон, ки аз ин шумор 8 нафар профессорон, 68 нафар, номзадони илм, дотсентон, 54 нафар омӯзгорони калони бе унвони илмӣ, 46 нафар ассистентон дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 43,4% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад. Дар соли 2022 57 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, дар маҷмӯъ дар 5 соли охир 176 нафар омӯзгорони Донишкада дар муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 24 китобҳои таълимӣ, 260 мақолаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз нашр бароварда шудааст, ки он нисбат ба соли 2021 20% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 8 адад монография, 12 мақолаи сатҳи СКОПУС, 67 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА), 68 мақолаҳои РИНЦ ба нашр гардида, 5 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 3 нахустпатент, 9 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ гирифта шудааст

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем. Зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Вобаста ба амалисозии ин ҳадафи чоруми стратегӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун маскани асосӣ доир ба омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар рушди соҳаи саноати вилояти Суғд эътирофу муайян гардида, дар ин смт нақши муассир дорад. Дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд; Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (зинаи бакалавриат), Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (магистратура), Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук (докторантура) ва ғайраҳо мутахассисони ҷавобгӯ бабозори меҳнат омода карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 соли охир зиёда аз 600 нафар донишҷӯён донишкадаро хатм намуда, дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар солҳои 2021 - 2022 12 нафар устодон ва шогирдони донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Чунончӣ устоди кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии донишкада Худойбердиев Х.А. дар номинатсияи ихтироъ ва навоварӣ сазовори ҷойи сеюм, устод Охунов З. ҷойи ифтихории чорум гашта буданд. Дар соли 2022 бошад, донишҷӯён Дадохонов Мирзомуин аз номинатсияи технологияи информатсионӣ ҷойи 2 ва Зоҳирова Меҳрангез аз номинатсияи химия сазоври ҷойи 3 гаштанд. 4 донишҷӯён бо ифтихорномаи Президенти АМИТ сарфароз гардонида шудаанд.

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдуҳамид Ҷӯраев, Робия Розиқова, Маъмурахон Самадова, Чаманоро Абдуллоева, Афзал Босолиев, Нуъмон Раҷабзода, Нурбибӣ Бобоева, Фарзона Шамсиева ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

 

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои донишкада, шиносои бо иқтидори илмӣ, пояи моддиву техникӣ, раванди таълим субҳи имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дари кушод барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, литсею коллеҷҳо баргузор гардид.

Саҳни бинои асосии донишкада бо намоиши дастовардҳои илмии донишкада зеб дода шуда, устодони кафедраҳо зарурият ва муҳимияти ихтисосҳои худро барои толибилмон муаррифӣ намуданд. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз навтарин муассисаи олии кишвар мебошад, ки дар ин боргоҳи таълим ҷиҳати амалишавии чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони соҳаҳои сохтмон, меъмор,  алоқа, энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, барномасозону иқтисодчиён, молияшиносону тарроҳон  ва агротехнологҳоро омода карда мешавад.

Беш аз ҳазор нафар довталабон аз 7 толори лексионӣ, 48 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ, 1 маркази таълимӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинети лингафонӣ, 2 толор ва майдони варзишӣ дидан карда, шавқ ва хоҳиши идома додани таҳсилро дар донишкада иброз доштанд.  Ба толибилмон махсусан самаранок истифода бурдани 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо , ҳамкории мутақобила бо ширкату коргоҳҳои ҳудуди кишвар, ташкили кафедраи сайёр ва ҳамовора илмро ба амалия татбиқ намудани устодони донишкада писанд афтод.Бо ҳузури беш аз 500 нафар довталабон дар маҷлисгоҳи асосии донишкада мулоқоти озоду шаффофи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид. Номбурда ҷавонони даврони соҳибистиқлолро аз насли хушбахти айём дониста, таъкид дошт, ки таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти дониш, ҳунар ва малакаи ҷавонон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Махсусан бо ташаббуси Сарвари давлат ба хотири бедор намудани шавқи ҷавонон ба илмҳои муосир солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, иқдоми дигар дар ин самт - ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” барои ҷавонон роҳи васеи илмомӯзиро кушод. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат буд, ки хатмкунандагони донишкада дар давоми 10 соли охир дар бонуфузтарин ширкатҳои бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, саноат, сохтмон фаъолияти густурда доранд. Чорабинии имрӯза шиносоии наздик бо дастовардҳои донишкада маҳсуб шуда, орзуҳои довталабонро ба хотири интихоби дурусти касб амалӣ менамояд.

 

Муяссар Ҳайдарзода, мудири шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз ҳамкориҳои самарабахши Раёсати маориф ва донишкада ёдовар шуда, зикр дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз бузургтарин муассисаи олии касбии мамалакат дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар омодасозии мутахассисони соҳибкасб махсусан дар техникаву технология, рушди соҳаҳои саноат, истеҳсолот нақши мондагор дорад.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба хотири санҷиши дониши довталабон озмуни “Донишманд” дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон” баргузор гардид. Маълум шуд, ки ҷавонон иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлатро нисбати эҳтироми ва гиромидошти неъмати бебаҳои табиат – об дастгирӣ мекунанд ва ин мавзӯро хуб азхуд кардаанд. Дар натиҷа бо баҳодии ҳайати ҳакамон дастаи “Федченко” бар дастаи “Зарафшон” пирӯзӣ ба даст овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокдорони озмуни “Донишманд” аз ҷониби роҳбарияти донишкада Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз ҷониби аҳли ҳунари донишкада, ки ҳамагӣ донишҷӯён мебошанд, барномаи рангини суруду рақсҳо пешкаши довталабон карда шуд.

Аксарияти довталабон таассуроти амиқ аз Донишкада гирифта, омодагии худро барои супоридани ҳуҷҷат ба ин боргоҳи маърифат иброз доштанд.

 

 

 

 

(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов -  «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, 1(31), 2023)

 

Марди таърихсоз

Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.

  Муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ба унвони як муҳаққиқ ва нозири дақиқназар ҳамин ҷиддияти рисолат ва зарурати таваҷҷуҳ ба онро солҳост, ки дарк намуда ва дар талоши ҳамкорӣ барои таҳкими пояҳои маориф ва маънавиёти миллӣ ҳаст. Муаллиф бо муруре ба гузашта як қиёси таърихӣ анҷом додааст: «...агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст». Ин ҷо як қиёси шоиронаи Бозор Собир ёд меояд, ки мехоҳад хидмат ва заҳматҳои бузургу бесобиқаи таърихии устод Садриддин Айниро барои миллати тоҷик дар қиёс бо устод Рӯдакӣ бозгӯ кунад ва мефармояд:

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.  

 

Манзури шоир аз ин сатрҳоро аз худи ӯ пурсида будам, ки барои аҳли фаҳм ошност. Қиёси муаллифи муҳтарам низ дақиқан дар ростои ҳамин мантиқ қобили арзёбӣ аст. Ҳамин тавр, Пешвои миллат рисолати таърихии худро аввал бо ҷасорат қабул карданд, дарк намуданд ва ба дурустӣ анҷом доданд. Парчами ҷунбишҳои ба камол нарасида ва ба шикаст мувоҷеҳшудаи миллиро баланд намуда, роҳбарӣ карданд ва бо баланд кардани дасти Исмоили Сомонӣ дар майдони Озодӣ – рамзи қудрати сиёсии тоҷикон ба кӯйи мурод расонида, орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ва дудмони Сомониро бо ин иқдом ба курсӣ нишонданд.

 Бидуни шак, метавон гуфт, ки руҳи Куруши Бузург, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ дар симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буруз кардааст. Аз ин нигоҳ арзёбии муаллиф қобили дарк ва дақиқ аст: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад». Бо баёни омиёнатар метавон хулоса кард, ки дар воқеъ як давраи томи таърихи миллати тоҷикро Пешвои миллат сохта ва сабти таърих кардаанд. Аз ин нигоҳ, дар ин баҳси фалсафии муаллиф Инсони таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад

Зимни арзёбии сабаб ва омили шикастҳои пай дар пайе, ки тоҷикон дар дарозои таърих ба он рӯ ба рӯ шудаанд, муаллиф бо ҷасорат ба ин хулоса мерасад: «Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд». Бояд гуфт, ки дар осебшиносии таърихи миллати тоҷик ин назария ва хулосаи бисёр муҳим қобили таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Ҳам таърихнигорӣ ва ҳам оянданигарии мо бояд бар мабнои ҳамин назария ва ҳамин андеша шакл бигирад. Мутаассифона, то кунун ҳеҷ яке аз бузургони мо аз ин манзар таърихи моро мӯшикофӣ ва осебшиносӣ накардааст. Умуман, осебшиносӣ дар соири илмҳои муосир, хусусан, осебшиносии таърих асли муҳим барои ояндаи миллатҳо маҳсуб мешавад, ки дар илми мо ривоҷ надорад. Ин масъала қобили баҳси ҷудогона аст.

Мутаассифона, метавон гуфт, ки тоҷикон дар олами муосир аз ҷумлаи камтарин миллатҳое ҳастанд, ки «фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур», балки ба тақдир ҳавола кардаанд. Мушоҳидаи муаллиф дар мавриди қиёси мизони динзадагии миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам қобили таваҷҷуҳ ва дақиқ аст: «... барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?».

 Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат дар ин миён мо танҳо миллате ҳастем, ки аввал ба ақида ва дини худ менозем, баъд ба миллати худ. Дар аксари маврид миллатро муҳим намешуморидем ва намешуморем. Хусусан, барои аҳли таассуб ва хурофот дар тӯли таърих миллат ва давлат муҳим набуд ва имрӯз ҳам нест. Он ки аз давлат гоҳе имрӯз ҳам ҳимоят мекунанд, аз рӯйи риёст, на вафо ва садоқат.

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омили суқути ҳамаи давлатҳои миллии тоҷикон, чӣ то исломӣ ва чӣ замони исломӣ динзадагӣ ва ҳамон ҳаволаи оянда ба тақдир буд ва ҳаст. Имрӯз ҳам дар андешаи аксари кулли диндорон ҳамин ақида чира аст, ки дар сурати ҳамлаи як кишвари исломӣ оё мо ҳаққи шаръии ҳимоят аз худро дорем ё не? Ин тоифа дар асли худ ба ақидаи давлат-миллат боварманд нестанд. Ва дар ҳавои 1400 соли пеш ба сар мебаранд. Ин ҷо бояд ҳатто зикр намуд, ки дар таҳти шуури баъзе аз афрод ҳатто андешаи хилофатхоҳӣ ҳам зинда аст. Яъне андешаи ДИИШ-ӣ, ки аз маҷрои сиёсӣ тавассути қудратҳои фароминтақавӣ обёрӣ ва фарбеҳ шудааст.

Ҳатто сабаби иқтидори сиёсиро аз даст додани тоҷикони Афғонистон, ки наздики даҳ сол (1992 - 2001) қудратро дар ихтиёр доштанд, пойбандии беш аз ҳади онҳо ба арзишҳои динӣ назар ба андешаи миллӣ буд. Баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд маълум гашт, ки танҳо тоҷики соҳибнуфузе, ки «фардои худро ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур» вобаста медонист, ба иқтидори сиёсӣ барои бақои миллат бовар дошт, шахси Аҳмадшоҳи Масъуд будааст. Баъди вафоти ӯ дар ҳамсоякишвар ихвониҳо андешаи «қудрати сиёсӣ»-ро ба ақидаи «тақдири илоҳӣ» иваз намуданд.

 Иттифоқан, тоҷик шояд танҳо миллати соҳибдинест, ки на аз дини миллии худ ва на аз динҳои дигаре, ки дар дарозои таърих ба ӯ таҳмил шуда, ҳаргиз ба нафъи бақои миллӣ фоида наҷустааст. Балки динхӯйӣ дар ин муддат барои давлатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ кушанда воқеъ шуда ва имрӯз ҳам бузургтарин таҳдид ба ҳастии давлат динзадагии афрод ва ба хислати фардӣ табдил шудани он аст. Дар дараҷаи аввал хатари ба хислати фарогир табдил шудани ҳамин зуҳурот вуҷуд дорад, ки он гоҳ ба таҳдиди билфеъл барои вуҷуди давлати миллӣ низ табдил хоҳад шуд.

Ин дугонагии тафаккур садсолаҳост, ки думболагири афроди миллат аст, ҳоло ман дар худам ин ҷуръатро суроғ надорам, то бигӯям, он хислати миллии моро ташкил медиҳад, аммо шодравон Лоиқ Шералӣ бо дарки умқи масъала ва вусъати пайомади он, ин ҷасоратро дошт, ки гуфта буд:        

Миллати мо миллати яклахт нест,

З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

Вақте яклахт мешавем, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури воҳид, усули тафаккури ягона, на бегона дошта бошем, то он замон миллат намебошем. Ин давоми ҳамон андешаи шоири дигари забони тоҷикии форсӣ Муҳаммад Иқбол аст, ки бовар дошт:

Миллат аз якрангии дилҳостӣ,

Равшан аз як ҷилва ин синостӣ.

Қавмро андешаҳо бояд яке,

Дар замираш муддао бояд яке.

Аз ин манзар, хулосаи муаллиф роҷеъ ба аҳамияти усули ташаккули андешаи воҳиди миллӣ, қобили таваҷҷуҳ аст: «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».

Албатта, мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмуи ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ муайян мекунанд, сохта мешавад. Ва тафаккури дунявӣ, ки ба ҳайси як ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир ҷой уфтодааст, реша дар хиради тоҷикӣ ва ориёии мо, дар биниши миллии мардуми мо дорад. Хиради тоҷикӣ, ки бар мабнои таҷриба, бовар ва ҷаҳонбинии гузаштагони мо ташаккул ёфта буд, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ, барои ҳифзи асолати миллӣ дар марҳилаҳои мухталифи сарнавиштсози таърих мусоидат намуд.

Дар боварҳои куҳани миллии мо масъалаи давлатсозӣ ва иштироки мардум дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони асл матраҳ мебошад. Мувофиқи боварҳои миллии мо, низоми сиёсӣ бояд бар мабнои мафҳум ва қарина (консепсия)-и ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфта бошад. Ин ҳама падидаест, ки муаллиф онро дар хусусияти давлати миллӣ ва сифатҳои шахсии Пешвои он пайдо намудааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ... батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».

Албатта, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид ва ба он посухи муносиб дод, то дар роҳи расидан ба рифоъ, тавсеа ва ҳамзамон ташккули як хислат ва як тафаккури воҳиди миллӣ ё ба ибораи шоир «яклахт сохтани миллат» ҳамовозӣ ва кумак кунем.

Хирад, – яъне  дониш, фаросат, огаҳӣ, ҳуш, дарк, зиракӣ, дарёфт ва тадбир, (Шарофатномаи Мунирӣ, Анҷуманорои Носирӣ, Деҳхудо) бо усулҳои аслии дунявият мисли илмгароӣ ва инсонгароӣ созгорӣ дорад. Бинобар ин, талоши ба ҷойгоҳи худ бозгардонидани хирад ва озодсозии зеҳни миллӣ аз ишғоли таърихӣ вазифаи муқаддас аст. Зеро вақте «бахти араб бар Аҷам чира шуд», хирад ва хирадварзӣ ҷойи худро ба ақлонияти динӣ ва тақдири аз пештайиншуда дод. Фард озодиву қобилияти зояндагии фикрӣ ва миллат руҳияву иқтидори ҷаҳонкушоии худро бохт. Аз ин нигоҳ, хулосаи муаллиф саҳеҳ ва қобили дарк аст: «Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ - ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест. Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад».

Ин ҷо суханони машҳури нависандаи бузург Лев Толстой ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Бадбахттарин ғулом инсонест, ки хиради худро ба ғуломӣ додааст ва чизеро воқеият мепиндорад, ки хирадаш онро қабул надорад».

Акнун дар ин маврид муносибат ба масъалаи мазкур муҳим аст. Бояд эътироф кунем, ки ғуломон дар фикри озодӣ нестанд, ин инсонҳои озода ҳастанд, ки ғуломонро озод месозанд. Бинобар ин, вазифаи давлати миллӣ дар симои маориф ва барномаи таълим иҷрои ҳамин вазифаи муҳим аст. Мутмаинан, агар давлати Сомониён ҳазор сол пойдор мемонд ва ё давлатҳои дигари миллӣ идома мекарданд, мо ҳоло ба як марҳили дигаре аз ғурури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ расида будем. Ба ин маънӣ дарк, бардошт ва хулосаи муаллиф аз иллат ва сайри таърихии таҳаввули фикри миллӣ саҳеҳ аст:  «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст».

Аммо бояд эътироф кунем, ки он чизе дар садсолаҳо шикаста шуда ва зарба хурдааст, то ин ки тармим шавад, роҳи дароз дорад. Яъне заҳмати зиёд мехоҳад, то дубора, хирад ва хирадварзӣ, ҷойи таваккал ва тақдирпарастиро бигирад. Дар ҳар сурат, масъалаи муҳим барои мо боз гардонидани хирад ва ё бозгашти мо ба хирадварзист. Ин вазифаи муқаддаси мактаб аст. Зиёиён ва олимон бояд дар ин масъала ба давлат кумак кунанд.

Масъулият ва буҳрони бекифоятӣ

Бидуни шак, мактаб курраи миллатгудозӣ, шахсиятсозӣ аст. Он чӣ мебинем ва он чӣ дорем, маҳсули мактаб аст. Тавре муаллиф зикр намудааст, «Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест».

 Агарчи дер, аммо бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба профессори муҳтарам, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Саймумин Ятимов барои таваҷҷуҳе, ки ба китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» зоҳир намуданд ва тақризи фарогир, ширкат ва суханронияшон дар муҳокимаи китоб, изҳори сипос ва миннатдории самимии муаллифонро изҳор намоям. Маҳз тақриз ва тавсияи мазкур буд, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс»  мутобиқ ба таъйинот ва рисолати аслии худ таҳия ва ислоҳ шуд.

Инҷо ба ҷузъиёти нуктаҳои мавриди баҳс дар китоб намепардозам, танҳо бояд гуфт, ки эродҳои профессори муҳтарам дуруст ва усулӣ буданд. Аммо як нуктаеро мехоҳам ёдоварӣ намоям, ин аст, ки дар лоиҳаи аввалияи бархе саҳифаҳои он китоб, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, воқеияти тарзи тафаккури ҷомеаи илмӣ ва умуман андешаи дугона дар зеҳни ҷомеаи мо ба намоиш омада буд. Зеро мо ҳудуди 70 тақриз аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо (роҷеъ ба муҳтавои ҳар боб то 3 тақриз) гирифтем. Он ҳам баъди ислоҳ ва таҳрир, ки ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи таҳиягар анҷом додем. Ҳеҷ муқарризе ба масъалаи тарзи ҷаҳонбинӣ ва зикри масъалаҳои усулӣ дар китоб изҳори назар накард. Баръакс, муаллифонро дар баъзе маврид ба эҳёи дидгоҳи замони Шӯравӣ дар нисбат ба масъала муттаҳам месохтанд.

 Бинобар ин, муаллифи муҳтарам вазъиятеро, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ ва мушкилеро, ки дар ҷаҳонбинии муаллифон ҷой дорад, инчунин сабаб ва омилҳои вазъияти мавҷудро ба тафсил таҳлилу матраҳ намудаанд. Ба он чизе изофа намудан мушкил аст. Ҷойи баҳс ҳам надорад. Фақат бояд афзуд, аз нигоҳи осебшиносии маориф ё низоми омӯзишу парваришро ба ин вазъият «буҳрони бекифоятӣ» (incompetence crisis) метавон гуфт. Ин як амри табиист, бояд онро эътироф кард, осебшиносӣ намуд ва барои ислоҳи он ирода варзид.

Ба қавли А. Эйнштейн, «бидуни буҳрон, озмоишҳои ҷиддӣ пушти сар намешаванд. Ва буҳрони аз ҳама воқеӣ буҳрони бесалоҳиятӣ аст». Бояд гуфт, ки ин фақат мушкили нависандагони китобҳои дарсӣ нест. Ин ба як мушкил барои идораи муассисаҳои маориф, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ низ табдил шудааст. Яъне мушкил ин ҷо умдатан мушкили адами кадрҳои шоиста, огоҳ ва боиродаи миллист.

Муаллиф, зимни натиҷагирӣ аз пажӯҳиши худ роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала, аз ҷумла таъкид мекунад: «Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтадбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд».

Албатта, мутлақо дуруст аст, вале бояд фақат афзуд, ки хуб мебуд, онҳое низ, ки «ба ҷалби олимон барои навиштани китобҳои дарсӣ машғуланд», яъне масъулини соҳа ҳам донишманд, худогоҳ, хештаншинос ва хирадситойю бо дарки амиқи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва босалоҳияту бокифоят  бошанд. Инҷо масъулият миёни муаллифон ва масъулин баробар тақсим аст, балки бори масъулият ва рисолати масъулон бештар аст.

Бинобар ин, роҳи берунрафт аз ваъзият кумак хостан ва боварӣ кардан ба қишри боирода, соҳиби андешаи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, босалоҳияту бокифоят, шинохтан ва гумоштани онҳо ба идора ва роҳбари муассисаҳои маориф, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ мебошад.

Он гоҳ метавонем ба тарбияи шоиста ва ба камол расонидани насли худогоҳ, миллиандеш, хирадгаро ва бокифояту босалоҳият, ки бақои давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллатро тазмин намояд, умед бибандем ва дар татбиқи роҳнамоиҳои Паёми Пешвои муаззами миллат саҳм бигирем.

Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих

Субҳи имрӯз тибқи анъанаи солҳои пешин нахустин гурӯҳи наваскарони даъвати баҳорона аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар   шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор ҷавон, афсарону сарбозон, фаъолони вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи муҳим ҷомеаи устодону шогирдони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, бо парчамҳи давлатӣ наваскаронро гусел намуданд.

  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ зикр кард, ки артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат дониста мешавад. Раиси вилоят ба фарзандони далеру шуҷоъ, ки бо хоҳиши худ  хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, фатҳи қуллаҳои баланди мардонагиву матонатро таманно намуд.

Аз миёни даъватшавандагон, хатмкунандаи ихтисоси барномасозии факултети информатика ва энергетикаи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Фирӯз Раҳмонов сухан карда, баён дошт, ки орзуҳоям амалӣ гардиданд. Бояд гӯям, ки аз як тараф волидонам барои баланд гардидани эҳсоси ватандорӣ замина гузошта бошанд, аз сӯи дигар ҳар ҳарфу ҳиҷои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуданд, то бо хоҳиши худ ба хизматӣ ҳарбӣ равам. Аз ҳамсолони худ даъват мекунам, ки барои ҳифзи марзу бум ҳамеша омода бошанд.

   

Дар чорабинии тантанавӣ бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии нонгазон низ сурат гирифт.

 Сипас барои иштирокчиёни чорабинӣ бо ҳузури санъаткорони номии вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

 

 

 

Чоп шудааст: 13.01.2023 21:50

Муаллиф: Олга МИТРОФАНЕНКОВА

 

Дар бораи муаллиф: Олга Евгенйевна Митрофаненкова - номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.

 

Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.

Соли 2001 пас аз вуруди неруҳои хориҷӣ бо сарварии ИМА ба хоки Афғонистон, ҳаракати Толибон аз сари қудрат дур карда шуда, қисми зиёди ин гурӯҳ дар Покистон паноҳ бурданд. Дар ин давра, Толибон барои барқарор кардани қудрати худ ба захираҳои молиявӣ ниёз доштанд.

Вазифаҳои асосии Толибон дар аввали солҳои 2000-ум мустаҳкам кардани неруҳо ва инчунин баргардонидани мавқеи қаблии худ дар Афғонистон буд.