Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Террористону экстремистон хоинону ватанфурӯшон ҳастанд. Онҳо муқобили калонсолону кӯдакон ва муқобили ҳамдиёрону ҳамватанони худ ҳаракат мекунанд. Барои ҳифзи марзу буми ватан, мо бояд саҳми арзандаи худро гузошта, маърифат ва гуфтаҳои аҷдодонро ба роҳ монем.

Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза тамоми ҷангҳои минтақавӣ ва байнисарҳадӣ ҳама бо дастгириҳои хоҷагон ва ташкилотҳои террористӣ ба амал омада, ҳазорон одамони бегуноҳ олами ҳастиро падруд гуфтанд. Барои пешгирии ингуна зуҳуротҳо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша аз баҳри омӯзиши дақиқ нисбат ба ягон ҳодиса ва воқеаҳои гузаштаи байнисарҳадии минтақаҳои ҷаҳон ва хулосабарории комили сиёсиро дошта бошем. Дар ин замон ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд ва маълумотҳои дуруғин дар сомонаҳои иҷтимоӣ чархак мезананд, аз ин рӯ ҷавони муосирро мебояд донишҳои комили сиёсӣ дошта бошад.

Бисёр хуб шуд, ки коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо далелҳои дақиқу саҳеҳ масъалаҳои марзиро баён намуданд, ки ин иқдом барои фаҳмиши сиёсии ҷомеа таъсири мусбат хоҳад расонд.

Инсоният аз давраи пайдоишаш то инҷониб ҳамеша ҳарис аст ва барои қонеъ кардани манфиатҳои худ дар замин мубориза бурда, ҳаёт мегузаронад. Инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ дар раванди фаъолияти зиндагии худ хусусият ва сифатҳои зиёди иҷтимоиро аз бар намуда, мавҷудияти ҷамъиятии худро таъмин карда ба шахсият табдил меёбад. Маънии «Шахсият», танҳо хусусият ва сифатҳои ҷамъиятии инсон-нутқ, шуур, одатҳои гуногун ва ғайраҳоро, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, ба худ мегирад. Мафҳуми «шахсият» - ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон ва маҷмӯи сифатҳои ҳосил кардаи иҷтимоии  ӯ  дар ҷараёни зиндагиаш мебошад.

Дар зери мафҳуми муҳит маҷмӯи таъсирот, ҳодисоти берунаи ба одам таъсиррасонанда фаҳмида мешавад. Дар бораи муҳити табиӣ, ё ки ҷуғрофи- иҷтимоӣ ва хонагӣ гуфтан мумкин аст. Ҳар кадоме инҳо ба одам таъсироти ба худ хос доранд. Муҳити иҷтимоӣ ба ташаккули шахсият таъсироти зиёд дорад. Махсусан муҳити ҷамъиятие, ки бача дар он зиндагӣ мекунад. Муҳит инчунин гирду атрофи бевоситаи кӯдак, аҳли оила, ҳамсинфон, шароити ҳаёти ӯ хона, ҷиҳози он мебошад. Бинобар ин дар замони ҳозира мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор  бошем. Ба насли ҷавон ва наврас аз давраи кӯдакӣ то давраи оиладорӣ ба тарбия, шахсият ва муҳити ӯ аҳамияти хоса диҳем. Ба таълиму тарбия тавре роҳнамои кунем ки то ин ки онҳо барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф шуда  наметавонад, зеро ки давлатҳое ки аз дасти ин террористҳо нотинҷ ҳастанд, ба давлати мо наздик ҳастанд. Ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, давлати тинҷу сулҳпарварамонро вайрона созанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба фисқу фасоди  хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз фисқу фасоди душманон эмин нигаҳ дорем. Ба ҳар яки наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, гузоштани номи нек, насли солим ва хонаи обод мебошад.

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

            То имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

            Ба созмонҳои ҷиноии ифротӣ-террористӣ шумораи афзояндаи ҷавонон шомил мешаванд. Маҳз чунин тоифаи аҳолӣ ба мисли ҷавонон яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар робита ба шомил шудан ба чунин созмонҳои ҷиноӣ мебошад.

            Кадом омилҳо ба афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд?

            Ба эътиқоди мо омилҳои зерин ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд:

  • Тағйир додани самтҳои арзиш. ...
  • Шиддати иҷтимоӣ. ...
  • Ҷинояткорӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ. ...
  • Омили динӣ. ...
  • Миллатчигӣ. ...
  • Муомилоти ғайриқонунии силоҳ. ...
  • Истифодаи Интернет.

            Чаро ҷавонон махсусан ифротгароӣ осеб мебинанд?            Омилҳои ифротгароии ҷавонон аз таъсири волидайн ва дӯстони радикалӣ, инчунин ҳамсолони ҷонибдори ақидаҳои ифротгароӣ ва дигар шахсони бонуфуз аз доираи ботинии шахс, парокандашавӣ дар ҷомеа тавассути ҳолатҳои стресс ва вазъи ноустувори равонӣ,            Кадом хислатҳои ҷавонон онҳоро ба гурӯҳи хатари ифротгароӣ табдил медиҳанд?            Инкори созиш, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, максимализм, беэътиноӣ ба зиндагии худ ва омода будан ба фидокорӣ асоси ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгаро гардида, онҳоро бераҳм ва ин категорияи иҷтимоиро ба гурӯҳи хавфнок мегардонад.            Муносибат ба ташаккули ҳаёт - малака.            Дар ин замина рафтори мушкилии як ҷавон акср аз нуктаи назари проблемахои функсионалӣ дида баромада мешавад ва кумак дар расидан ба синну сол ва шахсиро дар назар дорад максадҳо. Аз ин нуктаи назар давраи ибтидоии ифротгароён фаъолият метавонад кӯшиши нишон додани калонсолон бошад рафтор, яъне  як шакли бегонагӣ аз падару модар, ифодаи эътирози ичтимоӣ ва даъват ба арзишҳои муҳити зист, он имкон медиҳад, ки иштирокчӣ шавад лақаби тарзи ҳаёти субмаданӣ.            Бояд қайд кард, ки барои ба ифродгарӣ даст назадани ҷавонон самти тарбияро аз оила, муносибати волидайн байни худ ва фарзандон, рафтори мурабиён дар кӯдакистон, муносибати муаллимон дар макотиби миёна, устодон дар макотиби олӣ, роликҳо ва намоишҳо дар телефизион баланд ва мукаммал бояд кард. Инчунин дониши ҳуқуқии ҷавоноро сайқал додан зарур аст.

Абдушукур Абдураҳимович Назаров

профессор,

доктори илмҳои иқтисодӣ

 

 

           Оре , ҳақ бар ҷониби гуфтаҳои шоир, Ватан – ин сарзамини ҷовидонӣ ва нурафшони ҳар як зодааш аст, ки баҳри ҳар як  зодагони худ аз ҳама ҷои поку биҳиштосор ба ҳисоб меравад. Ин маконест,  ки обу ҳавояш дар димоғ, нону хокаш дар дил то абад боқи бимонад.  Ватан – ин сарнавишти қисмати ҳар як инсон аст. Зеро агар модари аслии ҳар як шахс ӯро ба дунё оварда бошад, пас Ватан баҳрамон дасти навозишкорона гузошта, баро идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Ин макони муқаддасест, ки ҳар яки инсон дар инҷо чашм кушода, нахустин қадами худро дар ин макон гузоштааст. Бинобар он дар тамоми олам баробари якчанд муқаддасот нақш ва мақоми Ватанро баланд медонанд.

Ватани азизу меҳрубони мо, сарзамини шоирону бузургони дунё- ин Тоҷикистон мебошад, ки дар арсаи ҷаҳон бо миллати бофарҳангу ниёгони шоиста машҳур аст. Тоҷикистон сарзамини сулҳу ободӣ ва илму фарҳангест, ки ҳамун давлати соҳибистиқлол мунтазам рушд ёфта истодааст. Ин маконест, ки   ҳар як пораи замини он меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст, ки меҳри бузурги ин сарзамин барои ҳар як зодааш дар дилу ҷон аст.  Ин сарзамини ниёгони макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандон, ки оламиён васфашон мекунанд, ба ҳисоб меравад

Тоҷикистони азиз бад аз он ки соҳибистиқлол гардид ба тамоми ба тамоми ганҷинаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мушарраф гардид. Аз ин хотир, ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллиӣ саъю кӯшиш бикунанд, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.ба дастовардҳои пешравӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалт Раҳсон дар пойдории Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократии адолатпарвар хеле бузург аст. Бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд иқтисодиёти кишвар бо суръати баланд рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳ гардид.

 Зеро дар таърихи навта ини миллати тоҷик нақш ва мақоми Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.  Ӯ чун фарзанди барӯманд ва ғамхори  миллат далати худро саҳми арзанда гузоштааст. Давраи роҳбарии муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон , ки бахти миллати тоҷик , зиёда аз чоряк  асрро дар бар мегирад, замони гул-гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон мебошад.  Агар асри 10 дар замони салтанати Сомониён давраи тиллоии тараққиёти илм ва адаӣиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, пас замони роҳбарии Пешвои миллат  яке аз замони беҳтарин ва боломақоитарини миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро миллати тоҷик бо сулҳу субот, илм , фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ сазовор гаштааст.

Акбарова Н.А.

Ассистенти кафедраи молия ва қарз

ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

 

 

Дар намоиши навбатии “Минбари муҳоҷир”, ки тавассути ютубканал  Муҳаммадиқболи  Садриддин бинобар надоштани мавзӯи актуалӣ “ боз ба саҳнасозӣ оғоз намуд. Ӯ ба ҳайси ҳунарманди номуваффақ мехост ба дохили образ даромада аз набудани сенария  бо овардани буҳтонҳо мехост дастовардҳои мардуми тоҷикро дар тӯли ин даҳсолаҳо нодида гирад. Ӯ мунсифона танҳо ба он ашхосе имкони сухан гуфтан медод, ки мақсадҳои нопоки ӯро тарафгирӣ мекунанд ва суханронии дигаронро бо ҳар ҳарфу баҳона қатъ менамуд. Яъне ҳамон фабрикаи ҷавоби худро таъсис дода, онҳоро низ пешакӣ тайёр менамояд, то ба бадномкунии давлат шурӯъ кунанд.

Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин ҳама “театрбозӣ”-иро мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон қабул надоранд. Онҳо собитқадамона сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгири мекунад ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин иғвову дасисаҳои шумо хоинон навхоҳад шуд.

Ба Муҳаммадиқболи беиқбол гуфтанием, ки  Шумо нохалафон  имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони худ зиндагӣ мекунед ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунед. Барои Шумоён ба ҷузъ шуҳрати пул дигар манфиатҳои миллӣ арзиш надорад.  Яъне ҳаёти Шумо ҳаёти паразитонааст. Шумо хоинон хеҷгоҳ пешравии Тоҷикистонро намехоҳед ва бо ин дасисаҳои номардонатон ҳар гуна барномаву наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимои паҳн мекунед.

Мо - ҷавонон ба шумо муроҷиат карданием, ки вақти худро беҳуда барои ноором кардан сарф накунед.

Мардуми бомаърифати  тоҷик ҳеҷ гоҳ ба Шумо хоинон бовар нахоҳад кард.

Мо  ватани худро дӯст медорем, барои тинҷиву оромӣ ва пешравии он саъю талош меварзем.

То имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

            Ба созмонҳои ҷиноии ифротӣ-террористӣ шумораи афзояндаи ҷавонон шомил мешаванд. Маҳз чунин тоифаи аҳолӣ ба мисли ҷавонон яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар робита ба шомил шудан ба чунин созмонҳои ҷиноӣ мебошад.

            Кадом омилҳо ба афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд?

            Ба эътиқоди мо омилҳои зерин ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд:

  • Тағйир додани самтҳои арзиш. ...
  • Шиддати иҷтимоӣ. ...
  • Ҷинояткорӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ. ...
  • Омили динӣ. ...
  • Миллатчигӣ. ...
  • Муомилоти ғайриқонунии силоҳ. ...
  • Истифодаи Интернет.

            Чаро ҷавонон махсусан ифротгароӣ осеб мебинанд?            Омилҳои ифротгароии ҷавонон аз таъсири волидайн ва дӯстони радикалӣ, инчунин ҳамсолони ҷонибдори ақидаҳои ифротгароӣ ва дигар шахсони бонуфуз аз доираи ботинии шахс, парокандашавӣ дар ҷомеа тавассути ҳолатҳои стресс ва вазъи ноустувори равонӣ,            Кадом хислатҳои ҷавонон онҳоро ба гурӯҳи хатари ифротгароӣ табдил медиҳанд?            Инкори созиш, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, максимализм, беэътиноӣ ба зиндагии худ ва омода будан ба фидокорӣ асоси ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгаро гардида, онҳоро бераҳм ва ин категорияи иҷтимоиро ба гурӯҳи хавфнок мегардонад.            Муносибат ба ташаккули ҳаёт - малака.            Дар ин замина рафтори мушкилии як ҷавон акср аз нуктаи назари проблемахои функсионалӣ дида баромада мешавад ва кумак дар расидан ба синну сол ва шахсиро дар назар дорад максадҳо. Аз ин нуктаи назар давраи ибтидоии ифротгароён фаъолият метавонад кӯшиши нишон додани калонсолон бошад рафтор, яъне  як шакли бегонагӣ аз падару модар, ифодаи эътирози ичтимоӣ ва даъват ба арзишҳои муҳити зист, он имкон медиҳад, ки иштирокчӣ шавад лақаби тарзи ҳаёти субмаданӣ.            Бояд қайд кард, ки барои ба ифродгарӣ даст назадани ҷавонон самти тарбияро аз оила, муносибати волидайн байни худ ва фарзандон, рафтори мурабиён дар кӯдакистон, муносибати муаллимон дар макотиби миёна, устодон дар макотиби олӣ, роликҳо ва намоишҳо дар телефизион баланд ва мукаммал бояд кард. Инчунин дониши ҳуқуқии ҷавоноро сайқал додан зарур аст.

Абдушукур Абдураҳимович Назаров

профессор,

доктори илмҳои иқтисодӣ

 

 

Ин мисраҳо аз они шоир Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад.

Ватан чӣ калимаи зебост. Баҳри ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷони ширини худро қурбон кардаанд.

Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.

Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳуми «Инсон» «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «зебоӣ», «муҳаббат», «садоқат» алоқаманд медонад.

Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад.

Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст.

Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарвар дида метавонад, ки бо тамоми иқтидор онро дӯст медорад, бо ранҷаш ранҷ мекашад, бо бемориаш бемор мешавад.

Дар достони «Ғалабаи Таня» Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқу мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ифода мекунад. Шоир тавонистааст, ватандӯстиву ватанпарастии насли наврасро дар рӯҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космедиянская инъикос намояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон қаҳрамонона барои мудофиаи Ватан ҷон медиҳад. Дар симои Зоя тамоми хусусиятҳои неки инсонӣ - поквиҷдонӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хуб таҷассум кардааст.

Ба андешаи мо, наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Хубу аъло таҳсил намудан, ширкати фаъол доштан дар зиндагии мактаби худ намунае аз ватандӯстиву меҳанпарастист.

Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад. Мо - омӯзгорон кӯшиш мекунем, ки шогирдон омода бошанд зиндагии худро баҳри шаъну шараф ва гулгулшукуфии Ватан бубахшанд.

 

Дадоҷонова Зебо,

ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент

 

 

Дар ҳақиқат об яке аз муъҷизаҳои беназири табиат мебошад, зеро ба рукнҳое мансуб аст, ки боиси побарҷо мондани тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Бартарии сайёраи аҳли башар нисбат ба дигар сайёраҳо аз он иборат аст, ки Замин гаҳвораи тамаддуни мо инсонҳо дорои чунин ганҷи беҳамтои атокардаи Худованд об аст ва он сарчашмаи аслии зиндагӣ барои тамоми махлуқот ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба масъалаи мазкур ниёгони мо низ осори зиёде ба мерос мондаанд. Аз ин лиҳоз, дар минбари сатҳи ҷаҳонии Созмони миллали муттаҳид оид ба соли 2003 эълон шудани “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 эълон шудани Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт”, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва дар соли 2023 аз тарафи Маҷмааи 77-уми Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани пешниҳоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март эълон шудани рӯзи байналмиллалии “Ҳифзи пиряхҳо” бархурди дардҳои инсоният мебошад, зеро ҳифзи пиряхҳо манбаи асосии таъмин ва беҳдошти оби ошомидани дар кулли сайёра мебошад.

Ҳастанд давлатҳое, ки аз камчинии оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо ва бемисли мо, ки дорои чунин тӯҳфаи Офаридгор аст, имрӯз дар миқёси Осиёи Миёна оид ба фаровонии оби ошомидани мавқеи хоса дорад. Хусусан дар замони муосир, ки зери таъсири амалҳои инсон табиат ва иқлими сайёра ба хатарҳои экологӣ ру ба ру мебошад, пешниҳоди Пешвои миллат саривақти ва бонги изтироби шахси дурандешу дилсузи сайёра арзёбӣ мешавад. Тазаккур бояд дод, ки зимни масоили дар боло зикр гардида Алломаи Машриқзамин Абуали ибни Сино нигоштаҳои зиёде ба мерос гузоштаанд.

Абуали ибни Синоро аз китоби “Қонуни тиб” роҷеъ ба масоили шинохти об қайд намудааст, ки “Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он чой ғолиб набошад. Ё оби чашмаҳое бошад, ки аз санг берун оянд, зеро ин беҳтар буда, уфунати замини напазируфта бошад. Бидон ки обҳои аз роҳи гили раванда беҳтар аз обҳое бошад, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг бошад чунин коре нахоҳад кард.

Лекин гиле , ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад , на шура ва ғайри он. Сипас обе беҳтар бошад , ки ру ба сӯи шимол равон аст. Оби ру ба сӯи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст. Дар мавзӯи санҷидани ҳоли об чунин баён гардидааст: “Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад. Вазн гоҳе бо паймонаҳо санчида шавад ва гоҳе бадин тариқ , ки ду пора латтаро ва ё ду пора пахтаро, ки вазни ҳар ду баробар бошад, андар ду оби гуногун тар намоянд ва сипас ба дараҷаи расо онҳоро хушк кунанд. Баъд, онҳоро бар кашанд, пас обе, ки пахтаи он сабуктар аст, беҳтар бошад”.

Дар мавриди истеъмоли об фоида ва зарари он ба саломати инсон чунин омадааст: “Оби ба миқдори муътадил сард созгортарини обҳо барои тандурустон бувад , вале асабро ва худованди омосҳои андомҳои даруниро зиён дорад. Вай аз ҷумла чизе бошад, ки иштиҳо биангезад ва меъдаро қавӣ созад. Аммо оби гарм гувориданро табаҳ кунад, таомро бар сари меъда бигардонад ва ташнагиро зуд нашканад. Дар китоби мазкур роҷеъ ба сифат, хусусиятҳои табобати ва нафъу зарари об бисёр дастурҳои хуби ба дард бархурдоре дарҷ гардидаанд ,ки омӯзгорони фанҳои химия, география, экология ва роҳбарони синфҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми метавонанд ҳамчун абёти иловагӣ ҳангоми дарсҳо истифода намоянд то, ки хонандагон ба ҳифзи пиряхҳо аз гармшавии иқлим зери таъсири газҳои гармхонаи ва партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ки боиси ифлосии обу иқлим мегарданд ва баҳри беҳдошти он саҳмгузор бошанд. Инчунин, истифода аз китоби мазкур савияи дониши хонандагонро баланд бардошта нигоҳи онҳоро ба табиат ва об созгор месозад.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

 

Дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати  ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд ба ҳамагон маълум аст.  Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ,  амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир  дар мамолики  Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини  ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ,  ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин,бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери каноти созмонхои ба ном байналмилалию хифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ  нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд .Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида,  мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур  ба амал омада буд.

Эълон шудани соли 2021 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав,  нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам  дар  барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Роҳбари фирории  ТЭТ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў дар кишвари Олмон ва Лаҳистон (Польша) бо ҳаргуна баҳонаи беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Аз ин нигоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрўз  фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст.

Фикр мекунем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.

Сарвари давлат ҳамзамон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, субот азиз аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем.

 

                

Турсунқулов Ш.Р., ассистенти

кафедраи молия ва қарз

 

       Терроризму экстремизм яке аз омилҳои хатарнок ва даҳшатовари ҷомеа мебошад, ин он имрӯзҳо кулли аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб сабабгори бадбахтии инсоният буда, пайравони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миллионҳо кӯдакро бесаробон гузоштанд, хонаҳоро вайрон карданд ва то ҳол ба тақдири ояндаи насли инсон таъсири бениҳоят манфӣ расонида истодаанд. Хавфу хатари гурӯҳҳои ифротгароро ба инобат гирифта, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилии мудҳиши глобалӣ бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатовари ин зуҳуроти номатлуб Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон муҳимияти ин масъаларо махсус қайд менамоянд: “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI табдил ёфтааст. Бинобар он зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

         Яке аз мақсадҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи куштору хунрезӣ ва ваҳшоният ҷомеаро ба худ тобеъ намуда, ҷаҳони тақсимшударо аз нав тақсим намудан аст. Пайравони ташкилотҳои террористӣ, ки мутаасифона қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё фаъолият мебаранд, барои расидан ба мақсадҳои касифи худ ҳамеша роҳҳои зӯроварӣ, куштор, таҳдид ва хунрезиро ба кор мебаранд. Дар таърихи навини инсоният вомехӯранд воқеаҳои мудҳише, ки пайравони гурӯҳҳои ифротгаро ба мардум зарари бениҳоят калон расонида, тамоман аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ баромадаанд. Вақте ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, маълум мегардад, ки решаи ҳамаи ин иғвогариву бесарусомониҳо дар ҷоҳиливу бесаводист, зеро инсони бомаърифат ҳаргиз ба гурӯҳи террористӣ, ки мақсадаш фақат куштор аст, шомил намешавад, як инсони соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтии инсони дигар нахоҳад шуд.

         Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоку разилонаи худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, номи поку беолоиши онро дар ҷомеа доғдор месозанд. Ин ҷоҳилону гумроҳон ҳангоми амалӣ намудани кирдорҳои ваҳшатбор намедонанд, ки бо кадом мақсад боиси бадбахтиҳои зиёд мешаванд, ҳам  худро ва ҳам ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро қурбон мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ягон оят ва ҳадисҳои исломӣ оиди куштору хунрезӣ ва ваҳшоният сухане наёмадааст. Баръакс дини мубини ислом кулли мусулмонони дунёро ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуда, чунин таълимот медиҳад, ки новобаста аз забон, наслу нажод ва вазъи иҷтимоӣ мусулмонон бояд бо ҳамдигар ҳамчун бародар ғамхору меҳрубон бошанд. Дар ин бора низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид қайд намудаанд, ки террорист ватан, миллат, забон, дину мазҳаб надорад ва душмани Худову бандаҳои Ӯст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, бар он ақидаанд, ки омехта намудани ин зуҳуротҳои нангин бо дини мубини ислом кори нодуруст аст. Чи тавре ки шоир фармудааст:

                                   Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                                   Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 

Мо- ҷавонони Тоҷикистон ҳамун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравии сарвари оқилу хирадманди хеш бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо терроризму экстремизм муборизаи беамон барем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки насли ояндаи миллат дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия ёфта фирефтаву гумроҳи ташкилотҳои ифротгаро нагарданд.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тољик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар љомеаи љаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Эмомалӣ Рахмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳи ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ, эҳтироми озоди, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд,ки дар он хама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти милли, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори вахдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

 

Расулов О.Р.,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 Дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд, ки   террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд.

         Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ алакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.  

Терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд.

Имрўз терроризм ва ифротгароии муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, ки ба сулҳу субот ва ба амнияту осудагӣ аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар меоварад. Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии гурўҳу иттиҳодияҳо мубаддал гашта, террорист ва ифротгар ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат натавонистааст пояҳои давлатдориро, сулҳу субот ва амнияти дар ҷомеа таъмин бударо вайрон намояд.

         Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмндадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.

 

Исмоилова С.К., ассистенти кафедраи МО ва Ф

ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.