Даҳшату ваҳшате, ки одамкушони давлати исломӣ нисбати сокинони Сурия ва Ироқ вақтҳои охир содир мекунанд, имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст.  Зеро дар вуҷуди ин пастфитратони ҷангиёни ба ном исломӣ аз ҷавҳари инсонӣ нишонаи дигаре боқӣ намондааст. Ин тӯдаи манқурт зери таъсири идеологияи мағзхӯру душмани илму маърифат ва тамаддуни умумибашарӣ ҳадафи ягонааш ба чӯлистону регзорони ҳазорсолаи пеш табдил додани дунёи мутараққӣ ва маҳв сохтани аҳли илм дар шуури инсонҳост. Чанд соли охир дар кишвари мо ба инкишофу равандҳои ислом бештар таваҷҷуҳ дода мешавад. Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд,сохтмони масҷидҳои нав, нашри китобҳои динӣ, мақолаҳои илмиву оммавӣ, филмҳову барномаҳои телевизионӣ роҷеъ ба мавзӯҳои ислом ва ҷаҳони имрӯза хеле зиёд шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани Донишгоҳи исломӣ бо тамоми шароиту имконоташ, ки дирӯз Сарвари давлат ба он асос гузоштанд, бори дигар аз нигохи хайрхоҳона ва мардумсолории Пешвои муаззами халқ далолат медиҳад.  Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бегуноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро бо кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. Ислом динест, барои осудагиву амният ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва раҳму адолат водор месозад. Тавре аз сарчашмаҳои аслӣ бармеояд, дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.

Бадбахтона ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ чодари исломӣ пӯшонидан хатои маҳз аст.

Душманони миллати мо ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд бо маводҳои ҳангомаҷӯёна, наворҳои авомфиребона дили халқро ба худ моил кунанд. Чунончи дар расонаҳои хабарӣ видеоролике нашр шудааст, ки гӯё давлат муқобили ҷашнҳои динӣ бошад ва онро асос кардаанд, ки соли гузашта санаи 1 сентябр дар рӯзи Иди Қурбон  дар муассисаҳои таълимӣ дарс буд. Агар давлат ба дину диндорӣ арҷ намегузошт дари ҳазорон ҳазор масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз намешуд. Барои ҳаҷҷи Каъба шароиту имкониятҳои фарох намедод.

Эй аҳримансифатон бас кунед,  аз ин иддаои бепояатон

 

  Вақтҳои охир   ҷараёни  баҳамоии терроризм  бо шаклҳои мухталифи  ҷиноят – гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддир  ва аслиҳа, хариду фурӯши  одамон, муҳоҷирати  ғайриқонунӣ  ба  назар мерасад, ки  аз  ҳама хавфноктарини он гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир    маҳсуб  ёфта, тибқи  маълумот  яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани  амалҳои террористӣ   ба  шумор меравад.

 Тоҷикистон  ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи  ҷаҳони муосир дар марҳилаи нави дигаргуниҳои иқтисодиву  иҷтимоӣ  қарор дошта, барои  шароити  хуб фароҳам  овардан  ба мардуми  шарифи  кишвар  ва ободии  Ватан талошҳо  дорад.

Аммо сулҳу суббот ва ободии меҳани азизамонро баъзе аз гурӯҳу шахсони алоҳида амсоли ҲНИ, «Озодандешагон»ва гурӯҳи 24 таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ дидан намехоҳанд. Ҳар он изҳорот ва муроҷиате, ки аз ҷониби гурӯҳҳои фаъолу ватандӯст дар посух ба мақолаҳои иғвангезу ҳангомаҷӯёна дода мешавад, беибо онҳо низ ҷавоби по дар ҳаво медиҳанд. Чунончи дирӯз Шӯрои уламои дини кишвар ахиран гуфт, ки ҷониби Эрон нисбати кишвари мо хайрхоҳ несту душманони моро тарафгирӣ мекунанд, сафири Эрон посухи ноҷо додааст. Қайд кардааст, ки Шӯрои уламои дин на Тоҷикистонро, балки мусулмонони Фаластинро, ки аз ҷониби Исроилиён мавриди торумор қарор гирифтаанд, ҳимоя кунанд. Шояд ҷаноби сафир надонанд, ки рисолати аслии Шӯрои уламои дини кишвар ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти Тоҷикистон аст. Вақте ту орому тинҷ ҳастӣ, баъд ба ҳамсоягону ҳаммаслаконат ёрмандӣ намоӣ. Алҳол мақсади ҳамаи мо як аст, тинҷиву оромии кишвар ва ваҳдати сартосарӣ.                   

 

Асри 21 бо вуҷуди пешравиҳо ва эволютсияи илмӣ-техникӣ барои башарият як қатор хатарҳоеро ба вуҷуд овард, ки боиси марги зиёди одамон, парокандашавии давлатҳо, вайрону валангор гардидани деҳаву шаҳрҳо ва гуреза шудани миллионҳо нафар гардида истодааст.Тавре маълум аст, дар ин дигаргуниҳои сиёсии ҷаҳон ва муноқишаҳои дохилӣ бештар мардуми мусалмон қурбон гардида истодаанд, зеро хатаре, ки дар симои терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ зоҳир мегардад, мутаассифона, ба дини ислом нисбат дода мешавад, чунки ҳодисаҳои ифродгароӣ ва ҷангҳои мазҳабӣ дар давлатҳои исломӣ ё давлатҳое,ки аҳолии он аксаран мусалмон мебошанд, рух дода истодааст.

Дар замони муосир  қувваҳои иртиҷоӣ ба монанди ҳизбҳои гуногун  мехоҳанд, ки  ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намоянд. Набояд фаромўш кард, ки таърихи инсоният дарозои қарнҳо аз таъсиру зарари қувваҳои иртиҷоӣ ва инсонкуш бисёр азият кашидааст. Дар ин ҷода кофист, ки мӯҳтавои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсиро ба хотир орем ва ба симои манфури Заҳҳоки морон диққат диҳем, ки аз шарру касофати ӯ ҷомеаи инсонӣ то кадом андоза шиканҷа дида, ба насли одамӣ қирон омад.

  Дар замони муосир низ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қувваҳои баде бо номи терроризм ва экстремизм падид омада, айни рафтору кирдори Заҳҳоки моронро такрор ва ҳатто зиёда аз он дар ҳаққи кӯдакону занон, ҷавонону калонсолон беадолатию ноинсофӣ ва ҷабр карда истодаанд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҷони одам ва тақдири ӯ бозӣ мекунанд. Бо куштор онҳоро ба қатл мерасонанд,  ҳатто мехаранду мефурӯшанд. Аз рӯи  маълумоти расонаҳо  онҳо занҳоро азият дода, кӯдакону наврасонро низ бо мақсадҳои гуногун истифода бурда, маҷбуран узвҳои бадани онҳоро барои сарватмандони калонсол мефурӯшанд. Ин рафтори онҳо аз ваҳшоният ва кирдорҳои ғайриинсониашон  гувоҳӣ медиҳад.

  Терроризм –ин сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душманони сиёсию мазҳабӣ, бо роҳи зӯрӣ нобудсозӣ ва куштори сартосарӣ ба манфиати гурӯҳи тамаъҷӯю ҷоҳталаб аст.

  Экстремизм –пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротгароӣ ва ифротталабӣ аст.

  Гурӯҳи террористону экстремистҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ дар ҳаққи ҳеҷ кас, ҳатто кӯдакону занон ва умуман, бани инсон раҳму шафқат надоранд, худкомагӣ ва ифротгароӣ ба дараҷаест, ки ҷони ширини инсонӣ  лаҳзае онҳоро аз кирдори бад боздошта наметавонад.

  Имрӯз ба ҷабру ҷафои   террористону экстремистон халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон гирифтор буда, ҷонибдорони ин гурӯҳҳои иртиҷоъпараст мехоҳанд, ки бештар таъсири худро ба насли наврас ва ҷавонон гузаронида бошанд.

  Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   бо мақсади пешгирии таъсири қувваҳои иртиҷоъпарасту ифротгаро дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонони тоҷик меросбардори миллати дар гузашта ва имрӯз сарбаланду таърихан бофарҳанг ва адолатпарвару рострав, ростқавл, ҳамешагӣ сулҳпарвару ваҳдатсаро ва соҳиби ақли солиму фиросати комил буда, ҷиҳати таъсирпазирии қувваҳои манфӣ – терроризм ва экстремизм ҳушёрии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

  Сарвари давлат дар суханронии худ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон оид ба нуктаи болоӣ зикр намудаанд, ки «Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз тахаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд».

  Сарвари давлат ба қувваю нерӯи ҷавонони тоҷик боварии комил дошта, ба фаъолияти онҳо ҳамчун идомабахши кору пайкори калонсолон, ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

         Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат баъзе аз ҷавонони сустирода ва бетавфиқ ба доми фиребу найрангҳои ифротгароён фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

  Аз ин рӯ сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд.

  Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони содаю гумроҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои ифротгаро фаромада ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

  Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷавонон имконият ҷиҳати кору фаъолият муҳайё буда, аз ҷумла, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаи иқтисодиёту кишоварзӣ, тиб, маорифу фарҳанг ва навгароӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ба қувваю нерӯи ҷавонон марбут аст.

  Дар ин маънӣ низ суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо ҷолиб буда, ҷавононро ба сӯи комёбӣ ва музаффарияти нав ба нав ҳидоят менамояд:

  «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии  Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди  Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

  Ба ҷавонони тоҷик зарур аст, ки ба қадри ин боварӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа ва номбардори шоистаи миллат ба обу хоки поки Ватан, осмони софу беғубори он шукрона намуда, ҳамеша дар ҳимояи марзу буми замини аҷдодии хеш бошанд, ба ҳаракату ҳизбу ҷараёнҳои ифротгаро ва худкомаи  терроризм, экстремизм ҳеҷ гоҳ ҳамроҳ набошанд, бахту саодати худ, оила ва шарафу номуси Ватани хеш-Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.      

 

 Асри 21 дар баробари таҳаввулоти илмиву техникӣ,  ҳамзамон пешорӯи инсоният хатари терроризму экстремизимро ба вуҷуд овард. Имрӯз дар аксари гӯшаҳои олам ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо рух дода истодаанд. Мавриди зикр аст, ки омили асосии ин хунрезиҳо манифат бардоштани давлатҳои абарқудрат аз фурӯши яроқҳои худ ва ҳамчунин ба даст овардани нафту дигар сӯзишвориҳо мебошад. Бузургтарин нуқтаи гарми олам ин давлати Сурия аст. Зеро ин кишвар интиқолдиҳанда ё ба таври дигар гӯем коридори нафтрасонӣ аз шарқи наздик ба Аврупову дигар минтақаҳо мебошад. Ба ин хотир тарафҳои манфиатгир бо дасти ифротиён мехоҳанд, ки ҳамин ҳудуд зери тасарруфашон қарор гирад. Бадбахтӣ он аст, ки дар меҳвари асосии ҷангиён дини мубини ислом аст. Мо борҳо тариқи навор дидаем, ки ҷавонони аз ҷанги Сурия баргашта зимни мусоҳиба гуфтанд, ки ба дасти мо яроқ дода, мардуми мусулмонро ҳамчун кофир ба қатл расонанд. Чун ба хонадони ҳамон “кофир” ворид мешавем, мебинем, ки дар хона ҷойнамоз ва китоби муқаддаси “Қуръон” истодааст, пас мо чӣ гуна мусулмонро куффор гуфта ба қатл расонем.    

Мутаассифона, маҳз ҳамин таблиғи бегонапарастӣ, исломситезӣ амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кӯдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гунна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайри инсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Боиси ташвиш аст, ки риштаҳои терорризму экстремизм дар кишвари мо тавассути аъзо ва пайравони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон паҳн мешавад. Мисоли барҷастаи он аз ҷониби  кормандони амнияти кишвар дастгирӣ шудани чанде аз размандагони ин ҳизб мебошад, ки дирӯз тавассути телевизон “асрори шӯриш” кушода шуд.  

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрӯз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

 Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳама гуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Вақте маводи ҳангомаҷӯёнаи Муҳаммади Одинабекро таҳти унвони «Интиқом шурӯъ шуд? Ё асли воқеият: тоҷик дар Тоҷикистон муҳоҷир аст?» мутоила намудам, бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки то кадом андоза душманони миллати мо ба пешрафт ва шукуфоии кишварамон бо чашми нотавонбин дида медӯзанд. Номбурда ҳар он амале, ки солҳои навадуми асри гузашта бар сари миллати мо аз ҷониби наҳзатиёни фундаменталист таҳмил шуда буд, ба фаъолияти имрӯзаи давлат ва Ҳукумат рабт медонад, ки комилан хатост. Ҷанги бародаркушро кӣ оғоз кард, ҳама медонанд.

Пас аз пошхӯрии давлати бузурги ИҶШС Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро Истиқлол номиданд. Аммо мустақилият бо хунбаҳои садҳо сокинони кишвар ба даст омад. Аниқтараш бадсиголӣ,  нодидагирии иддае аз ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон ғӯта занад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд, зеро онҳо шаҳди марги писар ва ё падарро чашиданд. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва пора- пора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурахшон. Ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бо нангу ор шабу рӯз хун мегирист, Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид. Магар Муҳаммади Одинабек намедонад, ки кадомин тараф бештар майлу хоҳиши сулҳро дошт. Агар мухолифин воқеан ҳам дилсӯзи миллат мебуд, аввал иқдоми гуфтугӯи мусолиҳатомезро ба даст мегирифт. Маҳз ҳукумати кунунӣ таҳти Сарварии Эмомалӣ Раҳмон  тасмим гирифтанд, ки новобаста ба амнияти худ ба чунин «риск» раванд. Магар рақибони мо фаромӯш карданд, ки ба шартҳои гузоштаи ҷониби мухолифин Сарвари давлат бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷонро ба каф гирифта, ба вазнинтарин нуқтаи Афғонистон барои гуфтушунид рафтанд. Магар «озодандешон»- и насли нав фаромӯш карданд, ки танҳо ба хотири амну амонӣ ва пешниҳоди Сарвари давлат Ҷумҳуриҳои Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон розӣ шуданд, ки гуфтушунидҳо дар ин мамлакатҳо доир шаванд. Ҷони ҳазрон ҳазор ҷавононро кӣ рабуд, таърих дар хотир дорад. Маҳз ҷангиёни наҳзатӣ ба хотири барпо намудани давлати фундаменталӣ ба қатлу куштор, ғорат, таҷовуз даст заданд. Осори ин солҳои сияҳро то кунун модарон чашидаанд.

Аввалин коре, ки ин марди Худо анҷом дод, овардани гурезагон аст. Гурезагон аз ҷабри домуллотарошони наҳзатӣ, ки парвардаи обу хоки Афғонистону Эрон буданд, ба муҳоҷирати иҷборӣ рафтанд. Мо худбо чашми сард идем, ки роҳбари давлат ба хотири баргардонидани гурезагон ба ҷои муваққатии онҳо рафт. Мо худ эҳсос кардем, ки Сарвари давлат аз мушкилиҳои гурезагон бо ҳарорат сухан мекарданд.  Касе ки он рӯзҳои наҳсро дар хотир дорад, медонад, ки мушкилоти аз гурезагии вазнинтар ёфтани нон ва зистан барои намурдан буд. Садҳо кӯдакону модарон аз гуруснагӣ фавтиданд. Ана дар ҳамин рӯзҳои вазнин Сарвари давлат паҳлӯи мардум буд. Ин ҳама заҳматҳоро нодида гирифтан аз рӯи камоли одамгарӣ нест.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

 

Вақтҳои охир шоҳиди падидҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд, аз қабили ҳодисаҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ мешавем. Ин томоюл, бешак, мардуми ватандўст,  бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилест, ки миёни ҷавонон ба зуҳур омадааст. Рӯзи гузашта мо аз телевизиони Тоҷикистон боздошти як гурӯҳ размандагони генерали ошӯбгар ҳоҷӣ Ҳалим Назаровро дидем, ки иқрор шуданд, ки ба хотири пулу моли Муҳиддин Кабирӣ ва дастури ҳизби наҳзат ба даст яроқ гирифта, алайҳи нерӯҳои  ҳукуматӣ бар зидди халқ бархостанд. Ин навор бори дигар авомфиребӣ, дурӯягӣ ва хиёнаткории Муҳиддин Кабириро исбот намуд.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо намояндагони динҳои гуногун умр ба сар мебаранд, дар баробари ин аксари зиёди сокинони он мусалмонанд. Ҳамаи онҳо дар амали намудани фаъолияти динии худ озод мебошанд ва  давлат фаъолияти тамоми равияҳои  диниро, ки расман сабти ном шудаанд, эътироф мекунад ва барои пайравии онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Аммо ин амал дар ҳолате ба роҳ монда мешавад, ки фаъолияти онҳо зидди сиёсати давлат ва давлатдорӣ ё характери «иғвогарию хусуматпарастӣ»- ро  миёни шаҳрвандон надошта бошад. Зеро дар моддаи -1 уми Сарқонун Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ муаррифӣ шудааст. Маҳз ин мафҳум  шоҳиди он мегардад, ки дин ва муассисаҳои дини ба фаъолияти давлатдори набояд дахолат кунанд.

Дини мубини Ислом дар сират поку адолатпарвар буда, инсонҳоро ба покизагию инсондустӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунад.

 

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост

 

Пас,  баҳри пешгирии ин тамоюли номатлуб пеш аз ҳама мо бояд ҷавононро ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва фарҳангшиносӣ даъват кунем. Дар баробари ин, бояд ҳар кас баёни назари худро нисбат ба ин ё он равияву гурӯҳҳо дарк намояд, вагарна ба гирдоби бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дучор мегардад. Фарҳангу ҳувият ва худшиносии миллӣ на бо майлу ҳавас, балки аз бомаърифат тай намудани зинаҳои маърифат, ҷустуҷўи дониши ҳақиқи пойдор мебошад.

Аз ин рў мо бояд ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, як лаҳза аз он бояд ғофил намонем.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Аз таърихи давлатдории ҷаҳонӣ маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсият ва гурӯҳҳое буданд, ки аз сохт ва умури давлатдорӣ норизоанд. Аммо онҳо бо кору амали худ камбудиҳоро ошкор намуда, роҳи ҳалли онро меҷустанд. Муҳимаш ба саодату эътимоди халқ ноил мегардиданд. Яъне, рақобати солимро ба  миён меоварданд. Дар кишвари мо низ то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсии баробарамалкунанда фаъолият дошт. Аммо ин ташкилотҳо бо усули корбарии худ яке аз дигаре фарқ дошт. Мусаллам аст, ки он ҳизбе маҳбубияти халқро бештар ба даст меовард, ки содиқона ба ҳалқ хизмат кунад. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳарчанд ба гуфти худашон «куҳансолтарин» ҳизб баъди ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳсуб мешуд, давоми беш аз 23 соли фаълияти худ натавонистанд, боварию эътимоди мардумро ба даст орад. Аъзоёни соддалавҳи ин ҳизб ахиран дарк накарданд, ки мавҷудияти ин ҳизб барои соҳиб шудани курсии парлумонии Муҳиддин Кабирӣ ва нафари дигари калидии ин ташкилот буд. Агар чунин не, пас чаро дар интихоботи ахиран, ки ҳизб ба мағлубият дучор шуду Кабирӣ натавонист ба парлумон роҳ ёбад, норозигӣ зиёд шуд. Магар дар интихоботҳои пешин низ ҲНИ ғалаба кард? На, ин нафарон аъзои худро ғуломи хеш карда буданду халос. Агар Кабирӣ муҳаббати воқеӣ ба Ватан медошту дилсӯзи халқу миллат мебуд, ғами сарҷамъии миллат, ваҳдату суботро мехӯрд, на ин ки бар сари миллат бармехост. Ӯ ва Шӯрои олии ҳизб аз интихобот хулосаи даркорӣ мебаровард. Дар кучо камбудиҳо бошад, ислоҳ мекард. Воқеан  ҳизбе, ки Кабирӣ онро сарварӣ дошту онро чанд «фанат»- ҳо ҳимоят мекардд, то имрӯз чӣ коре ба нафъи ин миллат анҷом дод? Кадом аъзои ҳизби босаводи худро пуштибонӣ дошту кӯшиши дар парлумон мавқеъ ёфтанашро меварзид, ки мо ӯро бо боварии том ҷонибдор бошем? Нафареро метавонед чун аъзои ҲНИТ ном баред, ки халқ ба фарҳангу илми ӯ қоил бошаду ояндаи ватанро ба ӯ бовар намояд? 

   Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом дар мусоҳибаи худ дар сомонаи «Паём.нет» роҳбари ҳизб ва худи ҳизбро  ба таъбири халқи “Мусичаи уволак”  пиндошта, гӯиё ҳар он амале, ки ҲНИ анҷом додааст, бар нафъи халқ анҷом додааст. Агар ин тавр мебуд, чаро нафаре аз накӯиву хайр ва эҳсонкории аъзоёни ҲНИ ҳарфе бар лаб намезанад. Агар ҲНИ воқеан ҳам дархӯри розу ниёзи мардум мебуд, пас чаро бо роҳандозии барномаи худ лоақл ба дарди дарманде дармон ва ҳоҷати нафари ниёзмандро мебаровард. Не, онҳо баръакс аз бар захми ҷароҳатҳо намак мепошиданд. Танҳо иғвову дасиса ва тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи давлат ҷоиз медонистанд. Онҳо тавассути нашрияи “Наҷот” миллатро наҷот намедоданд, балки худро аз халқ дур мекарданд. Бастаҳои нашрияро ройгон ба халқ тақсим мекарданду тухми нифоқро мекоштанд. Орзуи “рӯзи саодат”-ро мекарданд.  

Маҳмудҷон Файзраҳмон иддао дорад, ки аъзои ҳизб пайрави дигар равия нест. Хеле соддалавҳона гуфтааст. Агар наҳзатиён шиамазҳаб набошанд, ин ҳама маблағҳои ҳангуфт, ки дирӯзу имрӯзу шуморо таъмин мекунад аз куҷо? Аз куҷо Кабирӣ дар Олмон карру фар карда мегардад? Аз куҷо Алим Шерзамонову Темур Варқӣ маблағ ёфта зиндагӣ мекарданд. Ин нафарон аввал имон, баъд миллаташонро бар ивази дастмузд фурӯхтаанд.

Дар мавриди ҳизби экстремистиву террористи эътироф шудани ҲНИ-ро ҳамон тавре, Маҳмуди Файзраҳмон мегӯяд, ягон давлат эътироф накардааст, хатои маҳз аст. Зеро 3,3 миллиард  аҳолии замин, ки ба Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд ҳанӯз санаи 29 январи соли 2016 ҳизби наҳзатро чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф намуданд.

Пас, моро мебояд, ки ба халқ чеҳраи аслии ҳизб ва роҳбараш  Кабириро нишон диҳем. Барои сарҷамъии миллаи саъй варзем.  Яъне, чуноне ки мегӯянд, аз сухан ба амал гузарем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Қадам ба қадам мураккаб шудани авзои сиёӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар як узви ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар муқобили ин гуна зуҳурот истодагарӣ намояд. Гузашта аз ин, Тамоюлҳои имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳо дигаргунии куллиеро ба вуҷуд овардаанд.

Мутаассифона, бархе аз насли муосир ба таҳаввулоти техникаву технологияи муосир сарбанд шуда, аз арзишҳои таърихии худ бехабар мемонанд.

Дар сомонаҳои интернетӣ хабаре хеле паҳн шуд, ки кишвари Туркия дар яке аз Донишгоҳҳои олии тиббии худ ҳайкали Абӯалӣ ибни Синро гузошта, ин абармарди таърихӣ, олими бузурги шарқ ва дар асл тоҷикро олими худ хондаанд. Ба ёдам хотираҳои навиштаи шарқшиноси ҳолландие омад, ки дар як навори видеоӣ гуфта буд. Ман аз сафар ба Осиёи Миёна ҳам хурсанд будаму ҳам ҷое ғамгин. Шодмон аз он, ки баъзе аз халқияту миллатҳои ин гӯшаи олам аз ҳеҷ чи як чизро месозанд. Яъне, моли дигаронро моли худ медонанд. Аммо тоҷикон, ки фарҳанги бою  ғанӣ доранд ба таври шоиста миллати худро муаррифӣ карда наметавонанд. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ба ин васила хонаву дари сокинон обод, миллат ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад шуд. Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо зиёини мамлакат дар остонаи ҷаши байналмилалии Наврӯз таъкид дошта буданд:  «Таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд.

Таърихи начндон дури кишварамон моро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари донистани фарҳанг ва тамаддуни хеш ҳамзамон зиракии сиёсӣ дошта бошем. Махсусан нофаҳмиҳои солҳои навадум асри гузашта ба ҷавонон бояд дарси ибрат шавад.  Вазъият аз моҳи феврали соли 90-ум мураккаб шуда баъдтар ба дараҷаи олии худ  расид  (яъне ҷанги бародаркуш оғоз шуд). Бо пайдо шудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо «Растохез», «Рӯ ба рӯ», « Лаъли Бадахшон»  ва ғайра на бо роҳи муколамаи солим,  балки  бо роҳҳои  гуногун кӯшиши ба даст овардани ҳокимият (бо кадом арзише, ки набошад) вазъиятро торафт тезу тунд мекард. Маҳз дар ҳамин давра, принсипи асосии мубориза бо роҳи осоишта ба даст овардани  ҳокимият ба назар намерасид. Дар натиҷа вазъи мазкур  ба ҳодисаҳои фалокатовар оварда расонид. Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ фаро гирифта буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо кулфатҳои зиёдеро овард. Дар рафти ҷанги бародаркуш иқтисодиёти ҷумҳуриямон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, зиёда аз 150 ҳазор  нафар одамони бегуноҳ қурбон шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор  оила бе саробон монда, муҳоҷирати иҷбории наздик як миллион тоҷикистониён, даҳҳо ҳазор хонаҳо сӯхта, ҳазорҳо иншоотҳои хоҷагӣ аз кор бозмонданд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба қатори мамлакатҳои камбизоату дастнигар дохил шуд ва 80% аҳолиаш мӯҳтоҷи ёрии башардӯстона гардид. Дар  ибтидои асри ХХI Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷа 840 млн. доллари амрикоӣ қарздор шуд».  Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ фаро гирифт, ки оқибатҳои он то имрӯз ба чашм мерасад. Хусусан, насли ҷавон, ки дар ҳамон давра аз таълиму тарбия дур монданд ва имрӯз бинобар паст будани сатҳи савод ва таълиму тарбияи онҳо ба ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ даст мезанад. Чунки онҳо мавқеъи худро дар ҷомеаи имрӯза  ёфта наметавонанд ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба тамоми корҳои зишт  даст мезадагӣ шуданд. Бадии кор дар он аст, ки бархе аз ҷавонон бо вуҷуди дар даврони осоишта зиндагӣ кардан ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст мезананд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум гӯё бехабар бошанд ё  барои худ ягон таҷриба наомӯхта бошанд.

Дар мардум мегӯянд, ки «Кӯр як маротиба асои худро гум мекунад»,  яъне  мо дар солҳои 90-уми қарни гузашта ба хатоӣ  роҳ додем, ки  дарси ибрат барои наслҳои оянда шуда метавонад. Чунки одамият ҳамин хел офарида шудааст, ки то ба чашми худ набинаду онро бо тамоми вуҷудаш ҳис накунад қаноатбахш намегардад. Барои ҳамин сиёсатмадорон,  табақаи зиёиёни кишвар, бо мардум наздик шуда, бо онҳо доимо корҳои фаҳмондадиҳӣ  мегузаронанд.то ки ҳарчи зиёдтар шуури сиёсии мардумро  баланд бардоранд, забони мардумро ёфта, дарду камбудиҳои ҷойдошташро ошкор намуда дар якҷоягӣ бартараф намоянд. Ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ватандории мардумро боз ҳам ҷоннок намуда онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуд. Бояд  мудом аз таҷрибаи гузаштаи худ ва имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрат гирифт, зеро зикр менамоянд, ки агар шахс гузаштаи худро надонад имрӯз ва ояндаи худро дуруст дарк карда наметавонад.

Амриддин Азизов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ба ном «Гурўхи 24», «Озодандешон» ва ҲНИ дида метавонем, ки раҳбарияшро Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда дорад.  Зикр кардан ба маврид аст, ки “Гурўҳи 24”-ро пас аз марги Умаралӣ Қувватов  Шарофиддин Гадоев, соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошта, пайваста, намоишкорона дар сомонаҳои Ахбор.сом ва Паём нет муроҷиатномаҳои бесару нӯге ба мардум мефиристад. Аз баромадхояш маълум, ки ба эҳсосот сахт дода шудааст ва худ намедонад, ки чиҳо гуфта истодааст.  

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурўҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчўбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.

Новобаста аз он, ки ин гурўҳ сиёсист ё ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурўҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

 

 

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву терорристии ҲНИ ба ҷузъ он, ки худро пайваста «реклама» мекунад, кори дигар надорад. Мусаллам аст, ки сомонаҳо ҳам мехоҳанд, ки ба саҳифаҳояшон зиёдтар корбарони интернет ворид шаванд. Аз «Паёми Рамазонии Кабирӣ» ва мусоҳибаи иғвоангезаш бо Алим шояд «Олим» бошад муддате нагузашта, худро бо баҳонаи «Сӯиқасд ба ҷонаш» расонаӣ кард. Ба ин кор ёварону хоҷагонаш ба ӯ маслиҳати «судманд» доданд. Наҳзатиён ба лидери худ ҳамонгуна рафтор мекунанд, ки дар ягон гӯшаи дунё чунин «рақиби тавоно» набуда бошад. Ӯ ба ҳадде эркаи хоҷагонаш шудааст, ки бояд ӯ ҳатман дар расонаҳо чеҳраи рақами як бошад. То ҳадде воҳима шудааст, ки дар масъалаи амни ҷонаш сохторҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо ба ӯ сипари боэътимод аст. Ба гумони ман ин ҳангома аз пяр беш нест. Кабирӣ мехоҳад, ки бо ин ахбори бардурӯғ  барои худ имиҷ созад.

Бояд гуфт, ки Кабирӣ аз маккортарин саркардаҳои наҳзатиён маҳсуб меёбад. Ӯ аз аввалинҳо шуда, аз Ватан ба қавле думро хода кард. Чунки нозбардоронаш товони эркагии ӯро бардоштан наёфтанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз қабили чунин шахсиятҳое ҳаст, ки мехоҳад тавассути ба даст овардани иродаи халқ дар кишварамон тарафдорон пайдо намуда, мулки тинҷу оромонамонро ба майдони ҳарбу зарб табдил диҳад. Ин нафаре, ки аз фазои озоду ободи кишварамон солҳои сол истифода намуда, бо эҳсоси имони мардум бозӣ мекард.  Бо ин мақсад дар дохилии кишвар даҳҳо ҷавонони соддаву гумроҳро ба тарафдории худ мекашид. Гӯиё ӯ «лидери сиёсӣ» асту «тӯдакаши ҷомеа». Аммо тираш хок хӯрд. Дар интихобот, ки мағлуб шуд, дигар кӯзаи пуробаш шикаст. Аз кӯза на худаш ва ёронаш об нӯшиданд.   Ӯро  мардум ба воқеъият шинохтанд. Дили ӯ ва ҳаммаслаконаш барои ин миллат ва сарзамин намесӯзад. Чун оташи ҷанг забона мезад, онҳо нафарони аввалине мешуданд, ки силоҳу асбобҳои ҷангиро ворид карда худ дар хориҷ ин саҳнаро тамошо мекарданд. Муҳиддин Кабирӣ ҳаргиз андеша намедорад, ки он хоҷагони ӯро ба «кироя» гирифта мехостанд миллатеро аз байн баранд, ки дар ҳазорсолаи охир бо фарҳангу адабиёти оламшумулаш дар феҳрасти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. Ва муҳимтар аз ҳама аз калон то хурди ин диёр ваҳдати миллӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву оромии ҷомеаро болотар аз ҳама неъматҳо медонанд.

Фикр мекунам дар ин ҷода бояд ҳар як инсон, хосса ҷавонон имон дошта бошанд. Фирефтаи ҳар гуна иттилоҳои бардурӯғ нашаванд. Бояд донанд, ки имрӯз рақибони давлат мехоҳанд аз пушт ба шонаҳои миллат корд халанд. Ва гумон доранд, ки дар ҷанги иттилоотӣ пирӯзӣ насибашон мешавад. Аммо ҳамон тавре, ки дар боло ишора кардам, оне имрӯз иродаи халқро ба даст овардааст, ки барои ин миллат хизмат карда бошад. Оне тӯдакаш аст, ки дархури ормонҳои миллӣ аст. Дини мубини исломро сипари манфиатҳои худ намудан аз рӯи камоли одамгарӣ нест ва нахоҳад буд. Пас худ хулоса бароред, ки пирӯзу кӣ мағлуб?

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо ҳар рӯз шоҳиди даҳҳо ҳодисоту воқеоти дорои аҳамияти ҷаҳониву маҳаллӣ мегардем, ки ба ҷаҳонбинию назари сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар фарди худогоҳ  таъсири бориз мерасонад. Баръакси ҳол ҳамзамон тариқи ин ё он воситаи ахбор, ё шабакаҳои ҷаҳонӣ аз амалҳои номатлубии динситезон ошноӣ пайдо карда, табъамон хира мегардад. Хабари тазоҳуроте, ки чанд рӯз пеш дар назди сафоратхонаи Эрон шуда гузашта, то андозае моро шигифт намуд. Чун аз асли воқеа огоҳ шудем, аз нигоҳи одамиву одамгарӣ мо низ тарафдори тазоҳуроткунандагонем. Охир ҳар касе, ки он ҷо омада буд, ба худ дарде дорад. Шояд дигарон ин дарди худро ниҳон доранд, аммо ҳамонтавре, ки баён доштанд, аксарашон дар фироқи фарзандони гумкардаанд, ки тавассути таблиғоти нодурусти наҳзатиён ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Сарварон ва пайравони наҳзатиён боз шарм надошта, аз камбудиҳои ҷузъии кишвари мо ҳарф мезананд.  Эътироф намекунанд, ки маҳз онҳо барои гумроҳии ҷавонон сабабгор шуданд.

     Имрӯз мардуми тоҷик қадри сулҳу оромиро ба хубӣ дарк мекунад, зеро ки амониву осудагӣ дар кишвар бо осонӣ ба даст наомадааст. Зимнан, мардуми тоҷик  сиёҳро аз сафед фарқ карда, ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ баҳои воқеӣ дода метавонад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардум фикру ақидаи худро зидди  фаъолияти ғайриқонунии  аъзоёни ҲНИТ ошкоро баён карда метавонад. Ва ҳеҷ гоҳ намемонад, ки душманон Тоҷикистони ободро ба Афғонистони хароб ва Сурияи валангор табдил диҳанд.

Бадхоҳони миллат ба нияти нопоку разилонаи хеш нарасиданд. Зеро миллати бедору ҳушёри мо аз ҳар вақта дида муттаҳидтар гардида, сиёсати хирадпарваронаи Президенти мамалакатро дастгирӣ мекунанд. Мо як Ватан ва як сарзамини биҳиштӣ дорем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекунем. Зеро ин Ватан хонаи мост Пешвои миллат Пешвои воқеан ҳам мардумии мост.