Ҳар ҷомеа, ки ба миллати худ содиқ аст, меҳани худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад, ниёгони худро эҳтиром менамояд бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷомеа, ин миллат, ин фард, ин шахс, ин кӯдак ба ҳеҷ гуна корҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ба ҳеҷ гуна гурӯҳбозӣ, ба ҳеҷ гуна амалҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ифротгароию терроризму экстремизм даст нахоҳад зад. Бо ин амали нек ҷомеаи мутамаддини мо ҳамешагӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ хоҳад расид. Миллати куҳанбунёди мо на ҷонибдори ифротгароӣ, балки тарафдори инсонгароӣ мебошад.

Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Аъзоёни шӯрои собиқадорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар  Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Аммо ҳамоно рақибони заифи сиёсии мо аз қабили ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон мехоҳад ин ҳама ободгариву таваҷҷӯҳи ба нерӯи солимро нодида гирад. Онҳо бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои иттилоотӣ мехоханд обрӯи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ягон созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мақсадҳои “оли”-и онҳоро дастгирӣ намекунад. Гузашта аз ин онҳо дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Он рӯз дур нест, ки онҳо иқрор шаванд, ки дар раҳи хатоянд

 

                                                                   Устодони  факултети муҳандисиӣ- иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 

 

Дар мусоҳибаи охирини худ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву террористии ҲНИТ бо хабарнигорон дар сомонаи “Паём нет” қайд кардааст, ки Ҳукумати кунунии кишвар барои фаъолияти ҳизб монеаҳо эҷод карда, роҳбарон ва тарафдорони онро бегуноҳ ба маҳкама шинондаанд. Ин “олими саршинос” дар посух ба саволҳои хабарнигор дар мавриди хомушӣ ба изҳороти тезу тунди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сухане гуфта натавонист. Балки бо суханбозиву ҳарфи “муҳаббат” ба обу хоки диёри кишвар хизматҳои худро замони дар Парлумони кишвар буданаш ёдовар шуд.

Ин ман – маниҳои абёти зеринро ба хотир меоварад:

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

ҲНИТ воқеан ҳам аз замони зуҳур карданаш то ҳозир маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарф мекунанд. Агар солҳои пешин бо баҳонаи ҷалби аъзо ва пайравон ин маблағҳоро мегирифтанду онро  сарфи хонаву дар, мошинҳои гаронарзиш ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

А. Акбаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

ИЗҲОРОТИ ҷомеаи меҳнатии факултети информатика  ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба «Роҳбарияти олии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати Исломи Тоҷикистон»

   Қатлу куштор ва хунрезиҳое, ки қариб ҳамарӯза аз ҷониби қувваҳои ифротгаро бо супориши ҳоҷагони хориҷии онҳо дар Покистон, Ироқ, Шом, Сурия, Яман содир карда мешавад ба ягон аҳкому ахлоқи исломӣ  мувофиқат намекунад.  Ин ҳама бедодгариҳоро   насли калонсоли Тоҷикистон дар солҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми қарни ХХ, ки дар асл ин фоҷиаи миллӣ ҳам буд дар мағзу устухонҳои худ санҷидаанд. Дар солҳои 90-ум қарни гузашта ифротгароён  ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундрав, радикализм,  зурӣ, аз он ҷумла терроризмро истифода бурда фарзандони беҳтарини миллати тоҷик-прокурори кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, академик М.Осимӣ, депутатҳои Шӯрои Олй Муродали Шерализода, Моёншоҳ Назаршоев, олимони машҳури соҳаи тиб Юсуфҷон Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, хабарнигори барҷаста Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл расонданд.

     Ифратгароӣ дар зери ниқоби дин сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа, бадандешӣ, кинаю адовати байни одамон гардида барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, устувории вазъи сиёсати ҷомеа монеаҳои зиёда эҷод мекунад. Сади роҳи ташаккули ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳи ва худшиносии миллӣ мегардад.  Дар шуури мардум нисбати давлат ва низоми сиёсии ҷомеа ҳисси бегонагӣ, бетарафӣ  ва бадбинӣ ҷойгирӣ мекунад.

Имрӯз бо гузашти 20- сол мардум фаҳмиданд, ки саркардаҳои чунин бедодагариҳо маҳз аъзо ва пайравони ҲНИТ будаанд. Онҳо тавассути хоҷагони зархариди хеш мехостанд зиёиёни миллати моро несту нобуд намуда, фарҳанг ва оини бегонаро бар сари мо таҳмил намоянд.

Аммо ин миллати тамаддунофар дар тӯли асрҳои зиёд тавонист аз ғиреви душманон раҳо шавад, ин бор низ бо руҳияи шикастнопазир ғалаба ба даст овард.

Мо, ҷомеаи устодон эътимод бар он дорем, ки ягон қувва садди роҳи пешрафти мамлакат нахоҳад шуд.

 

Устодону шогирдони факултети информатика ва энергетика

 

 

 

 

Дар ҷомеаи мо тайи солиёни охир бинобар талқини амалҳои хурофоту фарҳанги бегона иддае аз шаҳрвандон имонро аз таассуб ҷудо карда наметавонистанд. Ҳамсояеро медиданд, ки намозхон шудаасту барои ба қавле хату саводро гирифтан фарзандашро пеши «домулло»-и маҳалла мефиристад, ӯ ҳам дар пайравӣ бо ӯ масҷидро ҷойи худ дида, барои илмомӯзӣ баназди домулло мефиристад. Албатта ин амали волидон аз як ҷиҳат хуб аст, ки нисбати худу фарзандашон корхои шоистаеро мекунанд. Аммо мантиқи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки то кадом андоза доммуллои маҳалла хату савод дорад ва то куҷое намозхонии ӯ барои пок гуфтану пок рафтори ӯ  мусоидат мекунад. Мутаассифона ба таассуб ба масҷид рафтану фарзандҳоямонро бовар карда назди домулло бурдан ба он оварда расонд, ки ҷавонон ифротгапроиву ба қавле «фонат»-и равияҳои бадхоҳ гарданд.     Таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гунна гурӯх ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ  бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии  манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон  ба осонӣ мушоҳида намуд. 

Шукри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд намоем, ки аз замони ба имзо расидани санади тақдирсози Оштии миллӣ то ба имрӯз ба василаи ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона ва иқдомҳои ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ _ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагиву амният ва суботи комили кишвар таъмин гашта, мамлактамон ҳамвора қадами устувор рӯ ба рушд ниҳода истодааст.

Вале назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳанӯз будаанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва ҳаёти гулафшони Ватани маҳбубамон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ буда, боиси ташвиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагиро фароҳам оварда шудаанд. 

Бояд гуфт, ки иллати асосии гироиши ҷавононро ба ин равияҳои маҷароҷӯву исёнкор дар надоштани донишҳои сиёсиву ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамчунин гирифтори таассубу хурофот гардидани онҳо дониста, ҳамаҷиҳата баҳри рафъи ин камбудиҳо бо таблиғи ғояҳои олии сулҳу ваҳдат ва ватандӯстиву инсонгароӣ корҳои фаҳмондадиҳро ҷоннок намудаанд. Бо маърифати ғамхориву пуштибонии давлату Ҳукумат омӯзишу парвариши насли наврасу ҷавонро дар мадди аввал гузошта, барои боло бурдани маънавиёту фарҳангии кӯдакону наврасон ҷаҳди доимӣ ба харҷ медиҳанд.

Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳманд гардида, ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.

       Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин дорем.

 

                          

                          Назира Бобоҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Фарҳанг яке аз рукнҳои асосии миллат ба ҳисоб рафта, арҷгузорӣ ба он ва пос доштани анъанаҳои гузаштагон вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст. Махазҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик таърихи қадима дошта, бо фарҳанги ғании хеш дар байни миллатҳои дигар маъруф аст. Бостоншиносон исбот кардаанд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар суннатҳои қадимаи миллии миллати тоҷик вуҷуд надошт, зеро дар ангораҳои аз давраҳои қадим ёфтшуда бонуи тоҷик бо сатр тасвир нашудааст. Аммо зани тоҷик чун олиҳаи ҳусну зебои ва боиффатию порсои шинохта шуда буд. Занони кӯҳистон ҳамеша рӯймоли калон ба сар мекарданд., ки дар мавридҳои зарури чеҳраи худро аз ҳамсуҳбати ношинос паноҳ мекарданд. Бонувони тоҷик то ба имрӯз либоси миллии худро тарзе мупӯшиданд, ки худ роҳад буданд ва мухолифи шариати ислом набуд. Занони бо маърифат дар баробари риояи аркони ислом баробари мардон дар ҳама соҳаҳо фаъолият менамуданд.

Аз рӯи аҳкоми шариат пӯшонидани мавзеъҳои бадан аз назари шахсони бегона ва номаҳрам сатри аврат аст, вале бархе аз бонувони тоҷик имрӯз ба тақлидкори роҳ дода, сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, ҳол он ки либоси миллии тоҷикӣ мухолифи аҳкоми шариат нест. Як гуруҳ  духтарони ҷавон ва бонувон ҳиҷоб ба бар мекунанд, ки ин ҳам аз байн хоҳад рафт.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мервад ва мо, ки дар замони муракаби ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем, бояд ин ҷузъи муҳими фарҳанги ниёгонамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва ба ҷаҳониён фарҳанги волои либоспӯшии тоҷикиро муаррифӣ кунем ва бояд чуноне, ки аз гузаштагонамон ба мо расидааст ба ояндагон мерос гузорем.

 

 

 

 

Даҳсолаи охир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти фаромиллӣ касб карда, дар аксари минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногун зоҳир месозад.

Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,  ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

Дар асоси маълумоти коршиносони мӯътамад дар ҷаҳон беш аз  500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки онҳо бо беш аз 10 ҳазор сомонаҳо ҷонибдорони худро даъват менамоянд.  Бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) тайёранд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ  ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли берамонаи оммавӣ даст зада истодааанд,  ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

Имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кӯдакону наврасонро низ ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомӯзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рӯ ба камол боис мешавад, ки террористон нерӯи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

Ба ҳамаи шахсоне, ки фирефтаи тағйиротҳои дурӯғини ҳизбҳои гуногун ва ё харакатҳои номақбул гаштаанд, муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки имрӯзҳо давлат ва иқтидори интеллектуалии он иқтидори ҳарбӣ ва сиёсиаш метавонад ба ҳар гуна ҳаракату азҳобҳои экстремистӣ ҷавобҳои сазоворро диҳад. Зин сабаб ба ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон гуфтаниам, ки биёед ҳама дастҷамъона суботи сиёсии кишвар, осмони софи он, ваҳдати нотакрор ва истиқлолияти худододи ро шукргузорӣ намуда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намоем.

Зоҳир Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Сулҳу осоиштагӣ, фазои софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон, таҳсили бемамониаи наврасону ҷавонон, озодии кулл дар ҷомеа беҳтарин неъмат барои насли одамӣ маҳсуб меёбад.  

Танҳо ҳамдиливу муросо метавонад миллатро ба сӯи шукуфоӣ раҳнамун намояд.   

Ба андешаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Давлат ҳам мисли падару модар аст. Насли калонсоли имрӯз тамоми зиндагӣ ва фаъолияти худро дар талошу мубориза барои рафъи буҳрону мушкилот ва бунёдкориву созандагӣ гузаронида истодааст

Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид.

Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИТ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони факултети сохтмон ва нақлиёт  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо ҷавононро талқин мекунем, ки танҳо илм омӯзанд ва роҳи ростинро пеша созанд.

Гурӯҳе аз устодони факултети сохтмон ва нақлиёт  

 

 

 

Терроризм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.Сиёсатшиносон  ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабои асри XXI эътироф шуда, ба ҳастиву саломати  банӣ башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишваргувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст.

Ҳузуру  зуҳури  терроризм  дар ҳаёти сиёсии мамолики ҷаҳон омили баҳамзанандаи суботу амният аст. Мутассифона,  мавзӯоти куштори мансабдорони давлатӣ, намояндагони ВАО, соҳибкорон, њодисањои қатли омм, таркиш дар нақлиёт, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамагӣ ба терроризм бастагӣ доранд,ҳамарӯза дар сархатти хабарҳои байналмиллалии садову симо ва ВАО-и чопӣ қарор гирифтаанд.Чунин ахбор  на танҳо боиси норомиву тазйиқи рӯҳиву равонииҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, балки ҷаҳони мутамаддинро ҳушдор медиҳад, ки ба мустаҳкам намудани мубориза бар зидди зўроварїҳар чӣ бештар аз пештар муттаҳид шаванд. Терроризми байналмилалӣ  яке аз мушкилоти глобалиест, ки дар замони муосир ба девори муносибатҳои байналмилалӣ рахна ворид менамояд. Терроризми байналмилалӣ, мутаассифона, дар миќёси љањонїторафт васеъ доман паҳн менамояд.Ҳарчанд, бино ба андешаи аксари муњаќќиќон, терроризму ифротгароӣ(экстремизм) як навъ падидаест, ки дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, этникию идеологӣ ва  хусусияти равонӣаст, вале аз зуҳуру сар задани он ҳеч як давлату халқу миллате дар амон нест.Агар дар минтаќањои  аз нигоҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ оқибмонда, низоъњои анъанавии байналмилалӣ (ба мисли Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ)  ин падидаи хатарнок чанд сол ин ҷониб идома ёфта истода бошанд,аз ин хатар  давлатҳоии пешрафта ва шукуфон (аз ҷумла, ИМА ва Аврупои Ғарбӣ) низ вақтҳои охир  дар канор намондаанд.Мисоли равшани он ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2011 дар ИМА, ё ҳодисаҳои терроризм кишварҳои дигари Аврупо, мисли Фаронсаву Туркия ва ғайра мебошанд.Ҳамасола дар ҷаҳон садҳо амали террористӣ содир   мешаванд ва аз инҳисобдар байни ҷомеъа дар баробари ҳазорон куштавуқурбониву маъюбӣ, осори тарсу бим  ва хавотирӣ аз амнияти наздикону пайвандон, кӯдакону наврасон ва солмандон  барои боқӣ мемонад.

Кишвари мо, Тоҷикистон ҳарчанд аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ, як андоза дар канор бошад ҳам, вале фаромӯш набояд сохт, норомии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз метавонад, моро ором гузошта наметавонад.Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон қарор дорад, ки ин падида ҳеч як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад.Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама вақт таъкид мешавад, кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъият маҳкум менамояд.  Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро саривақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки мубориза ба терроризм- ин зуҳуроти барои инсоният бегона, бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи банӣ башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф  ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад.Аз пайвастан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои заҳролуд намудани афкору андешаи мардум замина мегузоранд, худдорӣ намоянд ва  аз зиракии сиёсиву ҳисси баланд миллию масъулияти ватандорӣ кор гиранд. Зеро чуноне ки Сарвари  кишвар дар яке аз баромадҳояшон зикр намуда буданд,  роҳи ягона ва шарти асосии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Н. Хоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

Бо қарори суди олии кишвар ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташ қатъ гардидааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба қавле роҳбарияти олии ҳизб, ки дар кадом давлати Аврупо панаҳ бурдаанд,  мехоҳанд, ки аз нав тарафдорони худро дар хориҷ пайдо намоянд. Онҳо ба  ин хотир «қаноти парвоз»-и худро бо анҷумани «Озодандешон», ки ба он зиёиёни «дилсӯз»-и кишвар шомиланд, пурқувват карданианд.

Сомонаи «Паём. нет» дар саҳифаи охирини худ зикр доштааст, ки Ҳукумат шабу рӯз аз хавфу хатари ҲНИТ сухан мегӯяд. Воқеан чаро нагӯяд, дар ҳоле, ки мубаллиғони ХНИТ ҳанӯз ҳам умедвори дубора фаъолият бурдани ҳизби худ ҳастанд. Ва сокинони кишвар ба хубӣ медонанд, ки роҳбарияти олии ҲНИТ чи нақшаҳои муғризона дорад.  

     Таърих фаромӯш намешавад. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳамин ҳизб  роҳбарӣ карду сабабгори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. Ҳоло мо аз шарм ҷангро «таҳмилӣ» ном кардаем. Киҳо онро тарҳрезӣ карданду болои миллат таҳмил, ба ҳама маълум аст.  

     Вале ба хотири наҷоту ваҳдати миллат ҳамаи ҷинояткорон бахшида шуданд. Аммо имрӯзҳо ба мо маълум аст, ки хоинони миллат фирор аз Ватан ҳастанду то ҳол оромии моро халалдор кардани мешаванд. Боис гӯш медиҳанд,  нигаронист, ки дар баъзе мамоликҳои Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи -24»Мо хоҳони онем, ки ҳама дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба сиёсати хирадмандонаи сардори давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   сарҷамъ гардида,  барои пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор ва барои амнияти халқу миллат ва давлати худ собитқадам бошем.

Устодони факултети муҳандисӣ- технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

 

 

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Бале, худ шоҳиди ҳамаи ин рӯзҳои хубу бади Ватани азизамон гаштаем.

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳо дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Зеро натавонистаанд имконияти таърихиеро, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок истифода баранд, имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкинаст.

Нимаи дуюми садаи ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ эълон дорад, аз нав тоҷи давлатдориро дар саргузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад. Вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод. Плюрализми идеологӣ ба интихоби арзиши шахсият мусоидат намуда, баҳри ҳимояи мақсаду манфиатҳои ӯ имконияти фарохро фароҳам овард. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷа, фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ, авҷ гирифтани қувваҳои ба ном "демократӣ", вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зӯроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ – чунин буд авзои сиёсии давлати тозаистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта. Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шӯрои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллати тоҷик ба зиммаи худ гирифт, кафили таъмини сулҳу осойиш ва пойдории давлат гардид.

Аз ин хотир, дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонд аъват карда шуд.

Маҳз иродаи катъии сиёсии Сарвари давлат ба ҳама баҳсу мунозираҳо атрофи масъалҳо хотима гузошта, имкон дод то ҷомеаи аз кашмакашҳо хаста шудаи Тоҷикистон ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дигаре, ки ба тақвияти равандҳои созанда мусоидат намуда, кишварро аз вартаи порашавӣ раҳо мебахшид, гузарад.

Чун имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, набояд фаромӯш кард, ки принсипи асосии сулҳофарӣ маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муайяншуд. Маҳз ҳамин принсипи асосгузор тавонист дар марҳилаҳои минбаъда зина ба зина амалӣ гашта, ба ҷаҳониён модели нави сулҳофариро тақдимнамояд.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз онифтихор дорад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омӯхта мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳамагуна низоъ роҳи ҳалли худро дорад, агар тарафҳои даргар сари вақт мақсади ҳал карданионро дармиён гузошта бошанд. Албатта, дар ҷомеае, ки дар он хун рехтаю бадбиниву хусумат реша медавонад, ин омил метавонад нахли сулҳу созишро оҳиста-оҳиста хушк намояд. Бино бар ин, авф намудани ҷонибҳои даргир қадами аввалини ҳукумат дар роҳи сулҳ ва таъмини амнияту якпорчагии кишвар маҳсуб меёфт.

Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокини дилозурда ҷойгирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад. Таҷрибаи талхи таърихи давлатдории гузашта бори дигар миллати моро водор месохт, ки сари имрӯзу ояндаи давлату миллати худ андеша кунад, панди гузаштагонро шиори рӯзгори худ созад, ба сарҷамъию ягонагӣ кӯшиш намояд, зеро шароити нав натанҳо хатари нобудшавиро аз дохил, балки аз берун ҳам пеш гузошта буд. Дар чунин шароит мебоист, бо назардошти хатарҳои мавҷуда, ба хотири таъмини пойдории давлати миллӣ ҳама гуна ғаразро як тараф гузошта, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри ягонагӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон талош намоянд.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳалаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисолим актаби сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Президентимамлакат, баръало эҳсос намоем.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд