Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИТ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИТ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони барӯманди миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористии худро мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикаст хӯрдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод мохи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар ин минтақа мардумро бо рохи зӯровари ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз муболиғони низомии исломӣ домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии нохиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гуруҳ онҳоро ба ҷиҳод-ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Точикистон даъват менамуданд. Ин ҳизби террористӣ бисёр ҷиноятҳои вазнинро содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ХНИТ дар Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солхо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИТ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишҷӯёни хоричӣ кӯмак мекарданд. ҲНИТ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло - Абдураҳим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳони ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИТ огаҳи надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъкул ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун ҳизби сиёсӣ ба кайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутоиқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онхо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ҲНИТ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафи, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИТ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корхояшон мухолифи фармудахои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» аст. Намоз хондан  нахондан мухим нест, мухим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто-мукобили Ҳукумати қонунии ҶТ.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд. То имрўз руҳониёни исломии асил ҲНИТ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.    

Солиева Мавлудахон, донишҷӯ

 

 

Баҳри иҷрои тадбирҳои пратаколи рақми 8 - и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби терроризму экстремизм ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақша - чорабинии якҷоягии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, прокуратураи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии шаҳри Хуҷанд доир шуда истодааст.

Чунин мулоқоти судманд рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо иштироки  раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ваколатдори калони оперативии Шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, капитани милитсия Ҷабборов Шарафҷон, иштирокчии барқароркунандаи сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Рустамҷон доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи донишкада Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд. Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Ҳадафи мулоқоти имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҷабборов Шарафҷон зимни маърӯза зикр дошт, ки дар ҳудуди вилоят даҳҳо оилаҳоро дучор омадан мумкин аст, ки фарзандҳояшон бинобар гумроҳӣ дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ фавтидаанд ё бе ному нишон гардидаанд. Зеро аксар аз надонистани оқибатҳои маргбори ин амал ба чунин гурӯҳҳо пайваст шудаанд. Номбурда омили асосии гаравидани ҷавононро дар фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ медонад. Дигар роҳи гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паҳн гардидани адабиётҳои динӣ, ки аз ҷониби мубаллиғон ройгон дода мешавад, мебошад. Мавсуф аз таърихи пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба монанди «Ал- қоида», «Салафия»  гузориши муффасал дода, эҳтиёткор буданро бар манфиати кор донист.

Шогирдон муваззаф гардиданд, ки дӯстону ҳамсабақони худро ҳушдор диҳанд, то даст ба чунин амалҳои номатлуб назананд.

 

Имрӯзхо ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳоии мухталиф дорад. Ифротгароӣ  шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи  бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ  асос меёбад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм- амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва  бо роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».  Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро  эътироф мекунад ва вазифадор аст, ки дар дохилу хориҷӣ мамлакат  зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад. Ифротгароӣ дар  мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст.  Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан  осонтар аст.  Имрӯз  ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии  ҳизби «Таҳрир», Ваҳҳобия, Салафия ба ташвиш овардааст.          Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ваҳҳобиёнро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд.  Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашида шуданд.  Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ  расонид, ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд.  Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ  пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад.  Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, то ки барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амали ҷиноятӣ даст назананд. Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд. Тирамоҳи  соли 2014  мо шоҳиди он будем, ки мақомоти дахлдор амалиёти гурӯҳҳои ифротгарои диниро дар ҳудуди вилояти Суғд ошкор намуданд. Дар  шаҳри Панҷакент гурӯҳеро дастгир карданд, ки онҳо фаъолияти худро дар ҳудуди шаҳри Екатеринбурги Россия бо машқҳои ҳарбӣ шурӯъ карда, ҷавононро аз ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ҷалб карда буданд. Баъди машқҳо онҳо ба ҳудуди Сурия рафта, аз тарафи мухолифини ин давлат ҳамчун аскари кироя хизмат мекунанд.  Бо мақсади он, ки оилаҳояшонро ба Сурия гирифта баранд, онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд.  Онҳо бе иҷозати ҳукумати Тоҷикистон ба он ҷо рафта буданд. Ҳини бозгашт дар майдони ҳавоӣ онҳо дастгир мешаванд.  Аз гузориши сардори гурӯҳ бармеояд, ки онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон низ гузаронидани табаддулоти давлатиро дар нақша доштаанд. Ҳатто тарконидани  нуқтаи муҳими стратегӣ нақби Истиқлол ва Шаҳристонро  пешбинӣ карда буданд. Вақте ки ба саволҳои шореҳ тавассути телевизион сардори гурӯҳ дар ин бора арза дошт, хеле ба ҳайрат омадам, ки ин ҷавонони роҳгумзада барои фоидаи шахсӣ ва мақсадҳои нопоки сиёсии худ аз ягон воситаи мубориза бар зидди сохти конститутсионӣ рӯй наметофтаанд.  Пеши назарам кӯшишҳои пайгиронаи  сардори давлат меомад, ки барои баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чӣ тавр бо Эрону  Хитой ҳамкорӣ  карда, робитаи минтақаи шимолу ҷануби мамлакатро  осон кард. Ба ҳам пайвастани ин ду нуқтаи муҳими стратегӣ ин орзуи деринаи халқ буд ва ба шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   амалӣ  гардид. Ин ормони  дар замони истиқлолият  амалишудаи халқро кадом ифротие, ки ба ӯ  ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ бегонааст, мехоҳад тарконад, ба давлату миллат зарари моддӣ расонида, ваҳдати тоҷикону якпорчагии Тоҷикистонро ба нестӣ орад. Тавассути шабакаи интернет овозае паҳн гардид, ки 10 -11 – уми октябр дар ҳудуди Тоҷикистон митингҳои зидди сохти конститутсионӣ барпо мегардад.  Лекин хукумати конститутсионии Тоҷикистон  гурӯҳи «24» -ро дастгир карда, амнияти мардумро таъмин, сохти коститутсиониро ҳифз намуд.  Моҳи сентябри соли 2010  бар зидди шӯъбаи шашум  сӯиқасд ташкил карда шуд, ки дар натиҷа ба ҷумҳурӣ талафоти ҷонию  моддӣ расонид. Иштирокчиёни он гӯё ба хотири ба ҷаннат афтодан ин амалиётро анҷом додаанд. Ин таҳрифи таълимотҳои дини мубини Ислом аст. Дар ягон ояти «Қуръон»-и карим дар бораи ҳангоми худкушӣ ва куштори дигарон ба ҷаннат рафтан чизе гуфта нашудааст. Куштор аз назари ислом гуноҳи бадтарин аст. Касе ки ифтихори миллӣ  дорад, бо куштор не балки бо эҷодкорию созандагӣ ватанро обод, мардумро шод ва худро ба қуллаи мурод мерасонад.

 Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти  комилҳуқуқи  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои  ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зурурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

        

Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидой гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар таргибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои гоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудй, масеҳй, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

     Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро ва хатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

                                                                                                               

 

 

 

Дар олами муосир хатари гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Агар одамон ба масъалаҳои экстремизм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои экстремизм (ифротгароӣ) ва шаклҳои дигари ифротгароии сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои манфӣбуда, бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад.

Махсусан дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва субботу амнияти ҷомеаро доранд.

Мутаассифона, доираҳои муайяне дар ҷаҳони муосир мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳо даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳои ифротгароӣ бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амалкардани ташкилотҳои экстремистӣ  ё  созмонҳое,  ки  ба  экстремизм мусоидатмекунанд,  тарғиби  экстремизм  ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Мутобиқи моддаи  8-и  Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ инкишоф меёбад. Ягон идеология, аз  ҷумла динӣ,  наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Ташкилотҳои динӣ,  ки  аз давлат ҷудоанд,  ба корҳои давлатӣ дахолат  карда  наметавонанд.  Ин  чунин маъно дорад,  ки  дар давлати дуняви ё чун Тоҷикистон муассисаҳои динӣ аз  давлат ҷудо  карда  шудаанд ва онҳо имконият надоранд,  ки  ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Ва мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд…»

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳидмекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида вадигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба мавридаст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 банду баст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишоровардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту хештаншинос, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборатаст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризму экстремизм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимконаст.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ

 

 

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:

1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

2.Ҳисси молу сарват (пул)

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ.

  1. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ. Албатта онҳое,ки мегӯянд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ кай,дар куҷо ва бок адом мақсад сар задааст.

    Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

    Зуҳури ифродгароии сиёсӣ,қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

    Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.

    Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:

1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

2.Ҳисси молу сарват (пул)

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ.

  1. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ. Албатта онҳое,ки мегӯянд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ кай,дар куҷо ва бок адом мақсад сар задааст.

    Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

    Зуҳури ифродгароии сиёсӣ,қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

    Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.

    Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст.  Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро мусалмонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад.

Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад.

Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд.

Ҳамаи ин корҳо беширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

 

 

Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рӯи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд.

Ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомӯш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Мо рушанфикрон,    ки   дар  хавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. 

Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандӯзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зӯроварӣ, балки фарҳангдӯстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

Ҳамчун устоди донишкада аз худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динии донишҷӯёнамон  ифтихор мекунам ва аз чунин андешаварзӣ, фикри солиму равшани ҷавонони донишҷӯ истиқболи ҳамаҷониба менамоям.

  Бинобар он нохалафони дохилӣ ва берунии кишварро  маҳкум карда, гуфтанием, ки онҳо ҳамчун зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ (бегона) намуда, ба муқобили Ватани маҳбуби мо корҳои ношоистаро раво набинанд.

 Ин тоифа шахсиятҳо ба дуои модарони тоҷик гирифтор нашаванд.

 Ва ёддрас менамоем, ки то ҳол  оби дидаи модарони азиз аз ҷабри солҳои наваддуми бародаркуши хушк нашудааст.

 Ба онҳо тавфиқ мехоҳем, ки онҳо фикри фарзандони худ, модарону ҳамсар ва авлоди хешро дар назди мардум лаънаткарда қарор надиҳанд.

Тибқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тағйирнопазирии тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро моддаи 100-ум кафолат медиҳад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИТ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад. Зеро мо метавонем.

 М. Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

 

Барои рақобати солими сиёсӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд. Роҳбарону масъулони ин ҳизбҳо мекӯшанд, бо барномаву дурнамои мукаммали худ тарафтодорони худро зиёд намоянд. Яъне, муборизаи солими сиёсиро аз ин интихобот то интихоботи дигар пеш мебаранд. Дар кишвари мо низ аксари ҳизбҳо маҳз аз чунин шеваи корбарӣ истифода мебаранд. Натиҷаи плюрализм ва имконияти баробар додан барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ буд, ки то соли 2015 дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳо бо барномаи пешазинтихоботии худ вориди рақобат гардид. Натиҷаи интихобот маълум намуд, ки на ҳамаи ҳизбҳо миёни омма маҳбубият доранд. Махсусан масъулони ҲНИТ ҳеҷ гумон надоштанд, ки чунин овози пастро соҳиб мешаванд. Муҳиддин Кабирӣ ва кормандони дастгоҳашон умедвор буданд,ки лоақл 3- 4 нафарашон аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони кишвар ворид мешаванд.Аммо тарбуз аз бағал афтид...

Ва оғоз шуданд нақшаҳои “Б” ин ҳизб, ки дар сурати пирӯзӣ нашудан мехостанд дар кишвар нооромиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ин васила давлати исломӣ бунёд намоянд.   

Сентябри соли 2015 як гурўҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ҲНИТ М.Кабирӣ меистад. ҲНИТ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кўшиш кард. Аммо тираш хок хўрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад. 

Дар натиҷаи ҳамин мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИТ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзўр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзўр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пўшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИТ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 26 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

       Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии дар дӯшдошта, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васояти ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшон бедор намуд. Чихеле, ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифат муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Мо метавонем бо воситаи фиттаҳо он ҷавонони гумроҳе, ки ба дасисаи душманон гирифтор шуда, ҳоло қисме дар ғарибиҳо фавтидаву қисме сарсону саргардонанд, намоиш диҳем, то ҷавонон бохабар шаванд. Суҳбатҳо ташкил намуда, дар бораи моҳияти «Қуръон ва дини ислом» маълумот диҳем, то ки ҷавонон фаҳманд, Қуръон саропо панд аст ва покиро талаб мекунад. Қуръон дурӯғ гуфтан, дуздӣ кардан, зино кардан, хун рехтанро манъ мекунад. Ҳоло он, ки ҷавонони гумроҳ дар зери ниқоби ислом хунрезӣ мекунанд, гӯё, ки дар роҳи ростиву имон ва дин меҷангида бошанд. Магар онҳо Модар, хоҳар, фарзанд ва Ватан надоранд?

       Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадор аст, ки дар тарбияи фарзандаш масъулиятшинос бошад, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад. Имрӯз зарур аст, то моҳияти «Қонуни масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд» дар ҷамъомадҳои  умумидонишгоҳӣ, соатҳои тарбиявӣ ҳаллу фасл намоянд.

Ғайрат Раҷабов, устоди ДПДТТ

 

 

 

 

Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафшон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки нооромиҳои ҷаҳони имрӯза, хатари таҳдидҳои терроризму экстремизм, раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ба амнияти баъзе аз кишварҳо халали ҷиддӣ ворид сохта истодааст. Ва Тоҷикистон чун мамлакати сулҳхоҳ дар сиёсати давлатдориаш натанҳо ин гуна амалҳоро маҳкум мекунад, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки дар муқобили ин гуна қувваҳо дастҷамъона муборизаи беамон барад.

Ба андешаи Пешвои миллат танҳо якдиливу тифоқии мамлакатҳои ҷаҳон, баланд будани дониши сиёсӣ метавонад бар муқобили ин вабои аср истодагарӣ намояд.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Мутаассифона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳон нурпошӣ хоҳад кард.