Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динии мазҳабҳои гуногун, амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

 Терроризм ва ифротгароӣ  дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа,  махсусан, миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои бузург буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки амалҳои мазкур ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин хотир, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср оқибати фоҷиабор дошта, хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар баробари дин ва эътиқоди дини дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст. Бесабаб нест, ки ин муаммои ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса, миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстримизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангин эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.

Пас, мо агар дар худ заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, худ қазоват карда, байни ину он тафовут мегузорем.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, фосиқу авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст.

Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Мутаассифона, солҳои охир ноҷавонмардонаю разилона ва ваҳшиёна куштани одамону ғорати арзишҳои илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву разилонаеро ба худ гирифта истодааст.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯӣ ва мансабталошии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд.

Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват, неъматҳои моддию роҳати лаҳзагӣ, кайфу сафои шахсию тамаъҷӯӣ аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад.

Барои ба даст овардани сарвату давлат, барои ба даст гирифтани зимоми мансаб террористон аз тамоми роҳҳои пасту қабеҳ ва разилонаю пурманфур истифода мебаранд. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Мутаассифона, ба доми макру фиреби ифротиён афтидани иддае аз ҷавонони тоҷик, ба амалҳои террористӣ ва ҷангҳои ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияю Ироқ ҷалб гаштани онҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қувваҳои сиёҳдил наврасону ҷавонони моро гумроҳ намудаву ба сафи террористон кашида метавонанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳем, то сатҳу сифати дониши насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Ҷавононро бештар ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, аз фикру ақидаи онҳо огоҳ бошем.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари сулҳофари кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа бояд тамоми мардуми кишвар ҳамҷоя гардида, дар атрофи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ гардем. Барои амнияти кишвар, осудагии мардум ва фазои озод кӯшиш намуда, баҳри ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тавре ки  қаблан иттилоъ дода будем, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 30.04.2018 то 05.05.2018 ҳафтаи худидоракунӣ оғоз гардида, беҳтарин донишҷӯён дар вазифаҳои гуногун дониш ва малакаи роҳбариро омӯхта истодаанд.

Аз санаи 28 апрел шиносоии донишҷӯёни ба вазифаҳои таъингардида  ва кору фаъолияти шуъбаҳо оғоз гардид. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо, нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намуданд.

Санаи 30.04.2018 ҳамаи донишҷӯён мувофиқи интизоми меҳнатӣ вазифаҳои худро ишғол намуда, фаъолияти худро оғоз намуданд, ки аз рафти он гузориш медиҳем.

Ба вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 69.01.01тА Садиров Рустам интихоб гардида буд. Зимни сӯҳбат Садиров Р. қайд намуд, ки вазифаи роҳбарикунанда барояш писанд омада, кӯшиш намуда истодааст, то масъалаҳои муҳими донишкадаро то ҳадди имкон бо ҳамроҳии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ баррасӣ намояд. Рӯзи шанбе тибқи муқаррарот дар рӯзи қабул Садиров Рустам ҳамчун директори донишкада донишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфт.  Ҳамчунин, фаъолияти асосии Садиров Рустам дар давоми як ҳафта барои пешвози меҳмонони олиқадр равона карда шуда, аз болои корҳои сохтмонӣ ва чорабинии фарҳангӣ назорат бурда истодааст.

Вазифаи муовини директор оид ба таълимро донишҷӯи курси 4, ихтисоси 74.02.06т Муҳаммадҷонов Толибхон ба ӯҳда дорад. Муҳаммадҷонов Т. бо фаъолияти шуъбаи илм шинос гардида, ҳамзамон дар вохӯрии хатмкунандагон ва мудирони кафедраҳо, ки санаи 28 апрел  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин ҷамъомад Низомномаи хатмкунандагони донишкада баррасӣ карда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02тА Сангинов Саидиқбол таъин гардидааст. Сангинов Саидиқбол аввалан бо Низомномаи шуъба, фаъолияти он шиносоӣ пайдо намуд. Сатми асосии фаъолияти  Сангинов С.  бо ҳамроҳии муовини  директор оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. дар давоми ҳафта ба коркарди ташкили раванди таълим дар магистратура равона гардидааст.

Ба вазифаи сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  Мӯҳсинзода Фаризахон, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА таъин гардидааст. Айни ҳол дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ раванди дастраскунии маводҳои имтиҳони давлатӣ барои хатмкунандагон идома дорад. Зимни сӯҳбат, Мӯҳсинзода Ф. қайд намуд, ки бо нақша ва низомнома шуъба шинос гардид. Кору фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  хеле хуб ба роҳ монда шуда, барояш писанд аст. Ӯ мекӯшад, то давоми ҳафта  раванди корро хуб аз худ намуда, барои иҷрои вазифа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо Аминов Амир, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01тВ таъин гардидааст. Аминов А. қайд намуд, ки бо фаъолияти шуъба, тарзи тайёр намудани лоиҳаҳо аз рӯйи самтҳо шинос гардид. Фаъолияти асосии ӯ дар давоми ҳафта барои ҷустуҷӯи имкониятҳо барои донишҷӯён, барои таҳсил дар хориҷа равона мегардад. Зимни суҳбат Аминов А. қайд намуд, ки барои таҳсил дар хориҷа донишҷӯён бояд забонҳои хориҷиро хуб омӯхта, аз рӯйи ихтисоси худ дониши баландро доро бошанд.

Исроилова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ вазифаи сардори шуъбаи маркази тестии донишкадаро соҳиб гардид. Айни ҳол Исроилова Фарзона бо Низомномаи маркази тестӣ шинос гардида, барои омодакунии имтиҳонҳои ниҳоӣ кӯшиш намуда истодааст. Самти асосии фаъолияти Исроилова Фарзона ҳамчун сардори шуъбаи маркази тестӣ ба саривақт дасраскунии маводҳои имтиҳони ниҳоӣ аз ҷониби омӯзгорон равона гардидааст.

Сардори шуъбаи идоракунии сифат ва банақшагирии стратегӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01 тБ Ҳалимов Абдуҳаким интихоб гардид. Аз рӯзи аввали фаъолият Ҳалимов А.  раванди таълимро назорат намуд. Ҳалимов А. ҳамаи гурӯҳҳоро аз рӯи мавҷудияти силлабус, журнали гурӯҳ, қайди давомот назорат намуд. Инчунин, аз болои тасдиқи супоришот ва силлабус аз рӯи фанҳо, қайди мавзуъҳо дар журнал, раванди дарс назорат  бурда шуд.

Сармуҳосиби донишкада Ҳайдарова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ интихоб гардид. Рӯзи аввал Ҳайдарова Фарзона бо ҳамроҳии Середа Н. музди маоши кормандон ва андози онро  ҳисоб намуда,  ба Нозироти андоз фиристоданд. Инчунин, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти донишкада барои соли 2018 тартиб дода шуда истодааст.

Ба вазифаи декани факултети информатика ва энергетика донишҷӯи курси 3, ихтисоси 43.01.03тВ Холмуродов Шавкат таъин гардид. Холмуродов Ш. бо вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои  декани факултети информатика ва энергетика  аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаро тартиб додааст.

Сардори шуъбаи маркази идоракунии СИИД донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА Дадобоев Абдулҳафиз интихоб гардид. Дадобоев А. аввалан бо кору фаъолият ва вазифаи асосии шуъба шинос гардид. Баъдан бо барномаҳои шуъба, тарзи идораи СИИД шинос гардида, вазифаҳои мушаххас гирифт.

Хиромон Пӯлодова, И.в. мудири шуъбаи робита бо ВАО, сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”

 

 

 

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Шахсони ба ин гуна ҳаракатҳо шомилгашта амалҳои зишти худро бо ислом рӯйпӯш намуда, ин дини покро ба таври дигар муаррифӣ менамоянд.

 Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон” омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

                                                                           

Варзиш яке аз самтҳои асосии солимии давлат ва ҷомеа буда, дар кишвари мо таваҷҷуҳи хосаеро ба худ ҷалб намудааст. Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки аз солимии ҳар як фарди кишвар вобаста мебошад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ санаҳои 19-20 апрели соли равон «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар қаламрави вилоят доир гардид.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ ширкат варзида, ҷойи намоёнро ишғол намуданд.

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1-и ихтисоси 40.01.01.тА аз факултети информатика ва энергетика дар «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар партофтани диск ва гурз қувваозмоӣ намуда, дар ҳар ду намуд сазовори ҷойи аввал гардид.

Варзишгар Умаров Саидвохид дар ҳар ду намуди варзиш  қувваозмоӣ намуда, маҳорат ва таҷрибаи баланди варзишӣ нишон дод. Дар партофтани диск ба масофаи 35,12м  ва гурзпартоӣ 47,03мсазовори ҷойи аввал гардид.

Ғолибони «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Умаров Саидвоҳид соҳиби ду медал ва дипломҳои дараҷаи якум гардид. Casino Mostbet Azərbaycan

Саидвоҳидро бо ин ғолибият аз номи Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон таҳният гуфта, барояш қуллахои баланди варзишро орзумандем. Бигзор дар оянда низ дар чунин мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида, нуфузи донишкадаро баланд бардорад.

Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”

 

 

    

   Пас аз шиносоӣ бо мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур  бо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Шамс Одинаевич таҳти унвони  «То табаддулот се рӯз монда буд» (дар рӯзномаи «Тоҷикистон») ҳар як ашхоси ватандӯст бояд нисбати фаъолияти ҷинояткоронаи ҲНИТ хулосаҳои дуруст барорад.

    Мубоҳиса атрофи қарори Суди Олӣ оид ба манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани он доир гардидааст. Ҷолиби қайд аст, ки судя ба саволҳои мухбир равшану возеҳ  ва бо далелу санадҳои воқеӣ  ҷавоб дода, оид ба фаъолияти ирфотгароии ҳизби мазкур посухҳои мушаххас додааст.    Зеро ки ҲНИТ аз замони ташкилшавиаш ошкорову пинҳонӣ зидди  Ҳукумати қонунии кишвар ташвиқот ва амалиёт бурдааст. Ниҳоят,  аъзоёнаш руҳияи зиддидавлатии худро дар соли 2015 ошкоро ва рӯирост нишон дода, бар зидди Ҳукумат муборизаро оғоз кард, вале ба мақсади нопоки худ нарасид ва зуд шикаст  хӯрд.

     Мо чунин вазъияти ноором ва душворро  солҳои 90-и асри гузашта дар кишвари худ эҳсос карда будем. Баъзе  қувваҳо тавассути ҲНИТ дар мамлакат  ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда, Тоҷикистони ободро ба майдони набард табдил доданӣ буданд. Вазъияти ҳамон давраро ба хотир оварда, кас ба ҳайрат меояд, чунки аъзоёни ҲНИТ дар ҳамоишҳо ва ҷамъомадҳо фақат Ҳукумат ва давлатро танқид намуда, ошкоро мардумро баҳри сарнагун кардани он даъват мекарданд. Вале аъзоёни ин ҳизб асосан ба мардуми оддӣ ва гумроҳ такя намуда, таблиғу ташфиқотро байни чунин ашхос пурзӯр менамуданд. Бар зидди зиёиён, олимон, донишмандон ва ходимони барӯманди кишвар муборизаро оғоз намуда, бархеро маҳв намуда, қисмеро таъқиб карда, равшанфикронро  зери шиканҷа қарор дода буданд. Ҳатто даъват мекарданд, ки ба ҷанозаи ашхоси мухолифин, алалхусус, муаллимон ва хизматчиён иштирок накунанд. Ният як буд, яъне бо ҳамин рафтор ва кирдори нопоки худ аъзоёнашро зидди равшанфикрон барангезонда, халқро дар ғафлат монда, ба сари қудрат омадан. Аз номи дини Ислом сухан мегуфтанд ва китоби муқаддаси «Қуръон»-ро дастак менамуданд. Вале мақсади асосӣ ҳокимиятро бо зӯрӣ, тавассути мардуми сода, гумроҳ  ва ҳомиёни хориҷии худ ба даст оварда, ниятҳои хоми худро  дар амал татбиқ карда, кишвари моро ба зулмоти асри миёна табдил додан буд.  Бояд гуфт, ки сарварон ва аъзоёни ҳизби мазкур тавассути халқи дар ғафлат монда ва демократони гумроҳ  қисман ба мақсад ноил ҳам шуданд. Дар кишвар вазъияти муташаниҷ ба амал омад, куштор ва таъқиби мардуми бегуноҳ авҷ гирифт, ҳокимияти муттамарказ барҳам хӯрд, ҷанги бародаркуш оғоз ёфт.

    Алҳол, баъзе ашхос ва давлатҳо низ баҳри нооромӣ ва ноободии  кишвари мо тарафдор буда, бо ҳар роҳ барои расидан ба нияти худ кӯшиш менамоянд. Зимнан низ  хавфи ҷудоиандозӣ вуҷуд дорад, зеро ки қувваҳои зиддидавлатӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа такягоҳ меҷӯянд, то ки мардуми гумроҳро ба доми худ бикашанд. Мо бо боварии том мегӯем, ки манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар кишвар қарори саривақтӣ ва дуруст буда, нияту мақсади доираҳои манфиатхоҳро барбод  додаанд. Вале дар хориҷи кишвар ҳам сарварон ва аъзоёни ҲНИТ – ро баъзе давлатҳо ва роҳбаронаш хуш қабул карда, сарпаноҳ  доданд  ва  ин ҳизбро тарафдорӣ намуданд. Давлатҳои исломие, ки маҳз ҳамин хизбро таъсис дода, барои фаъолияти минбаъдааш фавто дода буданд, имрӯз онро қабул карданд. Зеро ки дар оянда тавассути ҲНИТ ниятҳои нопоки худро дар амал татбиқ намуда, кишвари моро таҳти фишор ва зери тасарруфи худ қарор диҳад. Вале мардуми озодидӯсти мо ҳеҷ гоҳ ба иғвову дасисаҳои ирфотгарон ва душманон фирефта нашуда, ба қадри ободӣ ва осоиштагии кишвар мерасанд ва омодаанд онро  ҳифз  намоянд.

Зафар Раҳмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар доираи таҷлили даҳаи ҷавонон, ки ҳамасола моҳи май баргузор мегардад,  бо иқдоми директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри  Хуҷанд Саидӣ Дилафруз Раббизода  бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз санаи 30 апрели соли равон то 7 май дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ миёни донишҷӯён эълон карда шуд.

Барои ҷалби донишҷӯён ба вазифаҳои Раёсати донишкада озмун дар ду давр баргузор гардид. Даври якуми озмун барои ишғоли вазифаҳои  Раёсати донишкада  санаи 20.04.2018 дар ҳамаи факултетхо гузаронида шуд.  Аъзоёни комиссия, ки деканони факултет ва мудирони кафедраҳо, муовини директор оид ба корҳои тарбия Аминов Ф. интихоб гашта буданд, бо донишҷӯён суҳбат гузаронида, ҳамчунин, аз дониши сиёсии онҳо бохабар гардиданд.

Аз 30 донишҷӯёне, ки дар даври якум ширкат варзида буданд, саволнома гирифта шуд, ки сифатхои лидериро инъикос намуд. Даври дуюми озмун санаи 27.04.2018 дар толори Шурои олимони донишкада бо иштироки бевоситаи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ, муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т., муовини директор оид ба корхои тарбия, Аминов Ф.А. баргузор гардид. Донишҷӯёни ба даври дуюм роҳхатёфта ба даври дуюми иштирок намуданд ва бо аъзоёни комиссия саволу ҷавоб намуданд.

Директори донишкада бо ҳар яке аз довталабон дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, фикру ақида ва таклифу пешниҳоди онҳоро доир  ба фаъолияти донишкада қабул намуданд.

Санаи 28.04.2018 озмун ҷамъбаст гардид ва ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳо ва деканҳо донишҷӯён аз факултетхои гуногун муайян гардиданд.

Донишҷӯёне, ки ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳо ва декани факултетҳо таъин гардиданд, доир ба рафти ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада аз ҷониби донишҷӯён дар шумораи оянда маълумот хохем дод.

 

 Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири “Меҳвари дониш”

 

 

Дар баробари рушди тараққиёти илму техника тарбияи маънавии наврасону ҷавонон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврасу ҷавонон, ҳамчун ояндаи миллати тоҷик таваҷҷӯҳи хосае зоҳир менамоянд. Зеро қисми бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунад. Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрӯза аз ҷаҳони иттилооту технологияи муосир тасаввуроти бештар  доранд ва ба навовариҳо қадами устувор мегузоранд. Ин албатта, шоистаи дастгирист. Зеро бе рушди тафаккури техникӣ миллатро побарҷо боқӣ гузоштан номумкин аст.  Дар ин ҷода Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд: «…агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд…»

Таҷрибаи ҳосилнамудаи беш аз 50 солаи кор дар самти омӯзгорӣ ва рӯзгордорӣ собит намуд, ки тарбияи ҷавонон кори саҳлу осон нест. Махсусан дар замони имрӯз, ки иттиллоти фаврӣ ҷойгоҳи махсусе дар ҳаёти мо дорад.

Мутаассифона, иддае аз ҷавонони мо иттолотҳоеро, ба худ қабул мекунанд, ки барои костагии мафкура оварда мерасонад. Шабакаҳои паҳншудаи «Одноклассники», «Фейсбук», «Твиттер», «Инстаграмм»,  ҳамарӯза даҳҳо ахброту наворҳои видеоиро паҳн мекунанд, ки  аксаран характери ифротӣ доранд. Ин гуна наворҳоро ҷавонони радикалӣ паҳн сохта, барои ҷалби ҷавонони гумроҳ маблағҳои зиёдеро низ мегиранд.

Маҳз ҳамин таблиғи аз номи дини мубини ислом навишта боис шуда, ки ҳудуди 300 нафар ҷавонони вилоят имрӯз дар Сурияву Ироқ ба гуфти худашон  барои «ҷиҳод» ҷангида истодаанд.

Дар кишвари мо низ таблиғгарони равияҳои тундгароёна кам нестанд. Онҳо ҳамагӣ аъзои ҲНИТ буда, чун имрӯз ин ҳизб дигар рисолати ошкоро таблиғи ҳадафҳояшонро надоранд, бо дасти дигарон ба ташвиқу таблиғи ҳадафҳои ифротӣ равона шудаанд.  Чаро ҷавонони мо зуд ба чунин даъватҳои сарсарӣ розӣ мешаванд. Чунки дониши сиёсии ва динии баланд надоранд. Аз «хушгӯиҳо»-и таблиғгарони ифротӣ ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ шефта мешаванд. Ин нафарон дар ҳозири ҷавонон ва ҷомеа чизи дигар мегӯянду дар ғоиб кори дигар мекунанд. Онҳо имрӯз дар паноҳи хоҷагони худ дар Аврупо шоҳона зиндагӣ доранду аъзо ва пайравони содиқи онҳо дар маҳкама қарор доранд. Агар Кабирӣ ва дигар болонишинони ӯ бегуноҳ мебуданд, омада зердастони худро ҳимоя мекарданд. Гуноҳҳо кардаи онҳоро ба гардани худ мегирифтанд. Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба чунин роҳ нараванд. Тарбияро аз оила бояд шуруъ кард. Ин мисраҳоро навишта хотироти даврони ҷавониам пеши назарам омад. Раҳмати модари меҳрубонам мегуфтанд, ки «Вақте, ки ба падарат дар муошират мешавӣ, чашматро ба замин нигоҳ карда гапзанон кун», ки ин эҳтиром нисбат ба падар аст. Боз таъкид мекарданд, ки дар «вақти суханронӣ бо падарат калимаҳои дағалонаро истифода набар!». Ин суханҳо як ҷаҳон маънии калон дорад, ки дар амал ҷорӣ кардан ин гуфтор барои баодоб шудани фарзанд саҳми арзандаро мегузорад.

Дар ҷавониам, раҳматӣ падари бузургворам моро ба инсондӯстиву хоксорӣ ва меҳнатдӯстию гирифтани савоб аз хизмати калонсолон тарбия мекарданд. Он кас мегуфтанд, ки «Вақте, ки калонсолон ягон бор мебардоранд ва дар роҳравӣ азият мекашанд, ба онҳо дасти ёри дароз намо, яъне даррав рафта бори онҳоро то ҷои лозимӣ бурда деҳ ё зери дасташон қаппида то хонаашон бурда мон». Ин сухану маслиҳатомезӣ калонсолон, албатта ҷоизи қайд аст ва имруз ин хел маслиҳатҳо бояд ҳамчун қоида дар майнаи ҷавонон ҷой гирад.

Меҳнатдӯстӣ ва усулҳои сарфакориро донистан яке аз роҳҳои тарбиявии иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҷавонон мебошад. Мисол: донишҷӯ барои дар макотиб хондан, ба таври шартномавӣ, ба ҳама ҷиҳатҳои хониш тавҷҷӯҳи зиёде бояд зоҳир намояд, то, ки маблағи супоридааш самара диҳад ва капитали инсонии ӯ пурқувват шавад. Аммо, афсӯс, ки аксарияти донишҷӯён ба ин принсипи иқтисодию иҷтимои ҷавобгӯ нестанд, ки ин ҳам ба худи онҳо, оилаҳо ва корхонаву ташкилотҳо зарари иқтисодию, моддию маънавӣ меорад. Имрӯз дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ҳар як корхона ба донишу тафаккури мутахассисони ҷавон талаботи баланд доранд. Бинобар ин ҳар як донишҷӯ бояд нағз хонад, сарфакории молиявии худро баланд бардорад ва ба мутахассиси замонавӣ ҷавобгӯ бошад.

Хулоса, дар тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавонон ҳар як падару модар ва устод аҳамияти ҷидди диҳад. 

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

 

Бисту ҳафт сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

 

 

 

Бахшида ба соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ, инчунин, ба истиқболи ҷашни 73- солагии Иди Ғалаба дар факултети муҳандисӣ – иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи анъанавии варзишии шоҳмот байни устодони донишкада баргузор гардид.

Мусобиқаи шоҳмот  санаи 28 апрел доир шуда,  дар он 12 нафар ғолибони факултетҳои донишкада аз ҳисоби устодон ширкат варзида, маҳорати ҳушмандии худро дар бозии шоҳмот санҷиданд.

Мусобиқа аз тарафи аъзоёни ҳакамон Алиев К. ва Киреев  Н. назорат ва холгузорӣ карда шуд.  Даври бозии шоҳмот то ба 10 расида, ғолиби мусобиқа аз рӯи хол ва миқдори ғолибияти даври бозӣ муайян карда шуд.

Дар мусобиқа устодони донишкада Каримҷонов А., Бӯриев А., Ахмедов Р., Мавлонов, Усмонов Ш., Раҷабов, Ҳомидов Х., Пӯлотов М. ва дигарон фаъолона иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиёни бозии шоҳмот бо ба даст овардани  9 хол  устод Бӯриев А. Ғолибият ба даст оварданд. Ғолиби мусобиқаи шоҳмот бо маблағи пулӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар рафти мусобиқа ҳамаи устодони донишкада маҳорати баланди шоҳмотбозии худро нишон дода, таассуроти хуб гирифтанд. Аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки чунин иқдом – гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни устодон хеле хуб буда, дар оянда бо иштироки фаъолонаи устодони донишкада бисёртар ташкил карда шавад.

Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири “Меҳвари дониш”

 

 

 

Дини мубини ислом барои ҳар мусалмон азиз аст ва ҳар шахси муъмин мехоҳад, ки тибқи фармудаҳои Худованду Расулуллоҳ амал намояд. Дар ин замина пайдо мешуданд одамоне, ки барои тоати Парвардигору итоати Расули Худо ба ҲНИТ аъзо гардида, фаъолият баранд. Муқарраран, онҳо баъди аъзогӣ ба ҳизб таълимоти динӣ гирифтанд, каму беш аз сиёсат огоҳ гардиданд ва гумон карданд, ки танҳо сиёсати ҳизбашон ҳақ асту дигарҳо гумроҳу гунаҳкоранд.

Гуруҳе аз пайравони ҲНИТ баъди он, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнўъ гашт, ба кишварҳои хориҷӣ, ба Эрон, Туркия, кишварҳои Аврупоӣ рафта, тавассути сомонаҳои Паём. нет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  мардумро ба худ ҷалб карданӣ мешаванд.

Раҳбарони ҲНИТ аксар вақт камбудиҳои ҷузъиро аз будаш зиёд нишон дода, таъкид медоранд, ки  ҳукумати кишвар намехоҳад, ки ин масъалаҳоро ҳал намояд.

Роҳбарони мухолифин иддао доранд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад. Аммо ин масъала ҳам дар кишварамон рўз аз рўз ҳалли худро ёфта истодааст. Шоҳид гашта истодаем, ки корхонаҳои нав ба нав ба истифода дода мешаванд. Таъмини мардум бо ҷойи кор чандин маротиба беҳтар гаштааст. Ҳақиқатро бояд дид ва ба ҳар гуна ҳарзаву ҳазён фирефта набояд гашт.

Аз ин рў, ба пайравони ҲНИТ, ки имрӯз дар ҳудуди кишвару берун аз он ҳастанд,  таъкидан мегўем, ки аз раъйшан баргарданд . Зеро зиндагии ростинро  давлат ва Ҳукумат кафолат додааст.