Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Набардҳое, ки имрӯз дар мамлакати Ироқ ва Сурия доир шуда истода шаҳодати гуфтаҳои болоиянд. Касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонад. Аз як сӯ аҳолии осоишта аз ин ҷанги бемаънӣ хисроти калони моддиву маънавӣ мебинанд. Аз сӯи дигар ҷони ҳазорон-ҳазор размандагон, ки худ намедонанд бо кадом мақсад вориди ҷанг шудаанд,  қурбони ин фирефтаю дасисаҳо гардида истодаанд. Барои инсоне, ки ақлу шуур дорад ин нобасомониҳо бояд дарси ибрат шавад. Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин росто қайд карда буданд : «..Ҷаҳонишавӣ  чун дар ҳама ҷо барои асолат  ва ҳуввияти миллӣ , арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ , симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ  эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ  ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо  намуд».

Ба ҷузъ он ки имрӯз аслиҳаи асосии абарқудратҳо ташкили ғояҳои носоз дар зеҳну шуури ҷавонони навроҳи зиндагист, ҳамзабон ин гурӯҳҳо бо истифода аз дину эҳсос  ва мазҳаб мехоҳанд дар симои мусулмон мусулмони дигарро душман созанд. Яъне,  мазҳабгароиву ба гурӯҳҳо ҷудо шуданҳо, ки тайи чанд сад соли охир заифии мусулмонон аст, калиди асосии ҷангу хунрезиҳо гашта истодааст. Маҳз ҳамин омил аст, ки имрӯз муносибати Эрон бо давлатҳои арабӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ва агар зиёиёин, соҳибназарон ва рӯшанфикрон дар ин самт андешаи ҷиддӣ накунанд, ҳоли сокинон чӣ мешавад, тақдир медонад.  

Коршиносони масоили сиёсии олам мазҳабгароиро хатари бузургтар аз экстремизиму терроризм медонанд, ки воқеан ҳам дуруст аст. Зеро экстремисти террорист бо як мақсад – нест кардани ҳадафи худ кор бубарад, пас пайравону тарафдорони ин ё  он мазҳаб  хостгори нест кардан ё ба ҷониби худ моил намудан қавм ё миллатанд, ки  воқеан ҳам ҷои андеша аст. 

Яке аз «сиёсати ҳадафманд»-и ҳизби ба ном наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1991 таъсис ёфта, дубора соли 1999 аз ҷониби Вазорати адлия сабти ном шуда буд, маҳз таблиғу ташвиқи ғояҳои ҷараёни мазҳаби шиа дар Тоҷикистон буд. Мубаллиғони  ин ҳизб, ки аз мактаби бузурги сиёсатмдорӣ ва адабиёти Эрон огоҳ буданд, мехостанд арзишҳои миллии мо-адабиёт, фарҳанг, таърих, нангу ор ва номуси миллии моро ба адабиёту фарҳанги бегона иваз карда, бо ҳамин номи Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон пок созанд. Ин парда замоне аз рӯи чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб бардошта шуд, ки худи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки маркази таблиғи шиапарастии ҷаҳон маҳсуб меёбад, онҳоро паноҳандагӣ дода, дар сатҳи давлат ва ҳукумат пазироӣ карданд ва ба конференсияи исломӣ расман даъват намуданд. Ҳол он ки ҷониби Тоҷикистон, як қатор ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби экстремистиву террористӣ эълон доштаанд. Аммо ҷониби Эрон ин ҳамаро нодида гирифт, муносибатҳои ҳазорсоларо, ки моро дӯстӯ қарин менамуд, пушти по зад.  Ба Кабирӣ -шахси аввали ҳизб имкон доданд, то «дарди дил» кунад. Аз ҳадафҳои иҷронашудаи «судмандаш» нақл кунад. Гузашта аз ин онҳо аз созмонҳои бонуфузи олам даъват ба амал оварданд, ки ба «нақзи ҳуқуқҳояшон» дар Тоҷикистон истодагарӣ намояд.

Мусоҳибаи рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур бо Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд» худ парда аз чандин амалҳои номатлуби ин ҳизб, ки пуштибони аслиаш Эрон аст, бардошт. Дар посух ба саволҳои хабарнигор номбурда такя ба далелу аснодҳо исбот кардааст, ки ҲНИТ натанҳо мубаллиғи асосии шиапарастӣ дар кишвар, ҳамчунин барангезандаи ҷанги дубораи шаҳрвандӣ будааст. Роҳбарони ин ҳизб дар минтақаҳо барои силоҳноккунии гурӯҳи муташаккила саҳм гузоштаанд. Пас саволе ба миён меояд, ки силоҳу маблағҳои ҳангуфт, ки ба Ҳоҷиҳалим Назарзода зимни баргузории амалиётҳо ба зархаридон маблағ дод, аз кадом ҳисоб буд?  Худ маълум, ки ҳизб бозичаи дасти Эрон буд.

Агар ин хел намебуд, чаро онҳо тавассути ҳизби таъсисдодаашон-ҳизби наҳзати Ислом дар байни мардуми мо тухми низову нифоқ ва бадбинӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба таъриху анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ мекоштанд. Бо амали Назарзода мехостанд заъифии ин давлату миллатро нишон диҳанд, бигӯянд, ки оромиву осудагии мардумро ин Ҳукумат кафолат дода наметавонад. Аммо тирашон хок хӯрд, як идда аз ин ваҳшиёни ташнаи хун мисли лошахӯрон ҷони худро аз даст доданд, қисми дигар мисли шағолони тарсӯ ва нобакор ба лонаи худ –Эрон фирор карданд ва баъди ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ орому осуда ва бо карру фар нафас мекашанд.

 Мардуми тоҷик ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсонии онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷазои мардум то имрӯз касе раҳо наёфтааст. Гарчанде ин қотилону саркардагонашон муддатҳо аз ҷазои қонун фирор мекарданд, оқибат гирифтор шуданд, онҳоро ҷазои аз ҳама вазнин – нафрату лаънати мардум интизор аст.

 Таърихи талхи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса намоем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъона аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила моҳияти аслии мухолифони заифи мо, чеҳраи манфури иҷрокунандаҳои ин амалҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Он гоҳ мо қарзи худро дар назди Ватан адо ҳоҳем кард.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Вақте маводи мазкурро омодаи навиштан будам, ба хотирам суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад. Он касс  қайд карда буданд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Ба маъракае даъват шудам. Анбӯҳи одамон паси дарвозаи маъракадор сарҷамъ буданд. Аз вақти таъин намудани ба истилоҳи мардум «зиёфат» ним соат гузашта бошад ҳам, касе ба даруни хона даромаданӣ набуд. Чун сабаб пурсидем, маълум гардид, ки домуллои маҳалла дар маъракаи дигар будаасту ҳамин замон омада мемондааст. Ниҳоят домуллои маҳалла бо як мошинаи гаронарзише назди дарвозаи маъракадор омада таваққуф намуд. Чун нек назар кардам, ӯ ба синну сол тахмин 40-45-сола менамуд. Аммо ришҳои мондаву либоси дарози ба домуллоҳо хос ӯро аз будаш калонсолтар мекард. Домулло бо карру фар аз даъватшудагон пеш вориди хона шуда, дар ҷойи аз ҳама боло рафта нишаст ва бо хондани яке аз оятҳои каломи раббонӣ ҳозиринро ба хӯрдан даъват кард. Шояд ин амал як ҳодисаи маъмул дар ҳоли ҳозир бошад, аммо бароям чунин рафтори домулло писанд наомад. Зеро дар ин маърака нафароне ҳам ҳузур доштанд, ки ҳам ба синну сол ва ҳам аз рӯи обрӯ ва нуфуз аз ин домулло боло меистоданд. Ҳатто марде, ки дар канори ман буд, худро омӯзгори деҳа муаррифӣ намуд, бо ифтихор шогирдаш будани домуллоро қайд кард. Ва ин ҷавони аз илми шариат бархӯрдор мебоист онҳоро аз худ пеш гузаронида, баъд медаромад. Баъдан дар ҳаққи маъракадор ӯ неву шахси калонсолтар дуо мегуфт. Зимни тановули хӯрок ӯ аз аҳкоми шариат ёд карда, ҳатто бузургтарин парастиши Худовандро дар эъзозу икроми волидон ва дар сурати реҳлати онҳо дӯстони наздики онҳо донист, аммо худ ба оддитарин одобу ахлоқи инсонӣ риоя накард.

Хулоса, аз ин зиёфати ошноям ошуфтаву малулхотир берун шудам ва ба худ андешидам, ки чаро имрӯз обрӯ ва мартабаи домуллоҳо баланд шудаасту муаллимро, ҳамон тавре ки пештар ҳурмат мекарданд, имрӯз эҳтиром намекунанд ва азиз намедоранд.

Аз рӯи нақли модаркалонам, ки чанд сол пеш аз ин ҷаҳонро реҳлат кардаанд, дар замони шӯравӣ, ки хондани намозу ба масҷид рафтан манъ буд, «одамони кӯҳна» намозашонро мехонданд, аммо касеро талқин намекарданд. Аз амнияти худ метарсиданд. Чунин даъватҳои ошкоро аввалҳои  соли навадум ба қавле «мӯд» шуданд.  Дар хотирам аст, ки мо, толибилмони мактаб аз рӯи таассуб бошад ё бо амри дил аз волидонамон хоҳиш мекардем, ки ба мактаби шабонаи омӯзиши динӣ равем. Онҳо низ ба хотири гирифтани дониши динӣ ба иқдоми мо розӣ шуда буданд. Ду домулло ба мо аз фанни «муаллими сонӣ» дарс мегуфтанд. Аҷибаш он, ки ин домуллоҳоро, ки ба «дониши мукаммалашон» он вақт сахт эътимод доштем, ҳар шаб сари хони густурдаи яке аз шунавандагон ба мо дарс мегуфтанд. Яъне, бар замми ҳаққи хизматашон мо бояд бо навбат онҳоро меҳмондорӣ мекардем. Хулоса, аз ин домуллотарошон чизеро наомӯхта, онҳо ба якборагӣ ғайб заданд. Дар он солҳо даҳҳо домуллоҳое буданд, аз эҳсосоти мардум бар манфиати хеш истифода мебурданд. Ва онҳое ки имрӯз қадре аз ин илми исломшиносӣ огаҳӣ пайдо кардаанд, бо дамандозиву фотеҳа ба фотеҳа гаштан ҳам кисаҳояшонро пур мекунанду ҳам шикамашонро.

Манзури овардани ин мисолҳо дар чӣ буд? Ман аз он дар шигифтам: мардуми мо то куҷо кутоҳназаранд, ки кӯдаки беморро ба умеди шифоёбӣ аввал ба шифохона неву ба даргоҳи мулло мебаранд, то  дам андозаду кӯдак шифо ёбад. Чун ҳолати бемор вазнин мешавад, баъд ба беморхона мебаранд. Агар кӯдак шифо наёбад, аз гиребони табиб мегиранд. Аммо то ҳол ба мушоҳида нарасидааст, ки касе аз домулло сабаби шифо наёфтани фарзандашро пурсон шавад.

 Имрӯз шумораи домуллоҳо дар ҷомеа бамаротиб афзудааст. Чаро чунин аст? Аввал ин ки тавре дар боло ишора шуд, ба домуллоҳо ҷомеа бештар таваҷҷӯҳ доранд, сониян набудани касбу кор иддае аз ҷавонони моро водор мекунад, ки даст ба домуллогӣ зананду нони беминнате ёбанд. Дар ин самт ба ақидае бархе розиам, ки мегӯянд: «садоқат ба илму касбомӯзӣ нуфузи муллоҳоро кам мекунад». Зеро ҷавони дар даст касбдошта  ҳаргиз дар фикри домуллогӣ нестанд ва нахоҳанд шуд.

Сардори давлатамон дар чандин баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки муллогӣ касб нест. Агар мақсад омӯзиши илми шариат бошад, айни замон қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мадрасаҳои исломӣ фаъолият мебаранд. Барои омӯзонидани наврасон бошад, дар назди аксарияти масҷидҳои ҷомеъ мактабҳои ибтидоии аз қайди давлатӣ гузашта мавҷуданд.

Одатан мардуми мо мулло гуфта, шахсеро мефаҳмид, ки ба монанди муаллим роҳнамо ва тарбиятгари аҳли ҷомеа бошад. Ҳатто имрӯз ҳам, одамони калонсол ба нишони эҳтиром ба муаллимон «домулло»- гӯён муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, рафтору амали бисёрии муллоҳои навбаромад ба ин талабот ҷавоб намедиҳад. Муллогӣ на роҳнамоиву ҳидоят, балки воситаи рӯзгузаронию сарватҷамъкунӣ барои онҳо шудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шахси хонда ва бомаърифат ҳаргиз духтурро монда, ба пеши мулло намеравад. Ҳамчунин, тавре ки болотар таъкид намудем, рӯ ба омӯзиши касбу ҳунар ва меҳнати ҳалол овардан ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ таҳрик менамояд.  Бо ибораи дигар, онҳо бахти худро дар меҳнат меҷӯянд, шариатро аз хурофот фарқ карда, динро ҳамчун худошиносӣ ва наздикшавӣ ба асли худ истифода мебаранд.

Бадбахтӣ дар он аст, ки дар замони имрӯза бисёр падару модарон рисолати азалии худро ба ҷо намеоранд ва боз аз мактабу маориф домангир ҳастанд. Ин гуна волидон гоҳо худашон дидаву дониста фарзандонашонро шогирди муллотарошон мекунанд, ки на ҳама вақт оқибати хуб медиҳад.

Аз рӯи маълумотҳо айни замон зиёда аз 300 нафар ҳамватанони мо дар Сурия «ҷиҳод» мекунанд. Ҳамаи онҳо шогирдони чунин муллоҳои ифротгаро ҳастанд ё худашон ба чунин дараҷа расидаанд. Ҷиҳоди онҳо танҳо барои нафс ва молу сарват аст. Агар мақсад ризо кардани парвардигор бошад, онҳо метавонистанд дар Ватани худ гӯшаеро обод намуда, дастгири ниёзмандон бошанд.

Чунин ҳолат дар гузашта низ ба мушоҳида расида, боиси нигаронии равшанфикрон шуда будааст. Аз ин ҷост, ки шоир Фахрии Рӯмонӣ мегӯяд:

Ҳар гову харе, ки соҳиби дунё шуд,

Дар маъракаҳо ҷои вай аз боло шуд.

Норафта ба мактабу наомӯхта сухан,

Аз каҷравии замона домулло шуд.

Мутааассифона, имрӯз айнан чунин ҳолат дар ҷомеаи мо ба назар мерасад. Бояд ҳамагӣ аз паи ислоҳи он шавем ва насли наврасу ҷавонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  доир шуданд. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01 тб Алимов Иброҳим дар риштаи гӯштини тарзи озод сазовори ҷойи дуюм гардид.  Хоналиева Зулола, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 50.01.01 дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 3 ихтисоси 37.01.07 та Ҳусейнҷон Худойназаров дар риштаи давидан ба масофаи  5 км сазовори ҷойи 2 гардид. Хурсандиовар он аст, ки Ҳусейнҷон дар пойтахти кишвар дар мусобиқаи ниммарафонии байналмиллалӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзиданд, мақоми 208- умро соҳиб шуд. Барои кулли ғолибон, иштирокдорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки шарафи донишкадаро баланд бардоштанд, аз номи Раёсати донишкада изҳори сипос гуфта, барояшон дар ҷодаи ғолибият комёбиҳои нав таманно дорем dubaixdate.com

Қобил Маҷидов, устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатесст инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодҳои динӣ амалкунанда, ки имрӯз аз ҷониби бегонагон ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад, ки дар ҷаҳон имрӯз чун проблемаи глобалӣ маҳсуб меёбад.

Гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон санаи 23 маи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистаанд

Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ  мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Азизов Амриддин, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдӯсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рӯзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд. Сад афсӯс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некӯаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

Мувофиқи маълумотҳои коршиносон имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал менамоянд ва ҳамасола дар мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

 

 

 Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ , номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад. Хоссатан, ҳар як шаҳрванд аз мақсаду мароми ҲНИ, ки чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, огаҳ бошанд ва ба навиштаҳои онҳо посухӣ воқеӣ диҳанд.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Мо устодонро мебояд, ки ба шогирдон ба дурустӣ фаҳмонем, ки ин ҷараёну қувваҳо танҳо барои ҳифзи манфиатҳои шахсони алоҳида нигаронида шудааст ва оқибатҳои нанговар дорад.

 

 

 

 

Баъд аз истиқлолиятро ба даст даровардани Тоҷикистон ҳудуди онро ҷанги шаҳрванди фаро гирифта, бештари олимону  мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Бо рафтани бисёри аз онҳо фазои илмию фарҳангӣ мамалакат холӣ монд. Ва ҳамон солҳо нафаре ё гурӯҳе аз рӯшанфикрону озодаандешони Тоҷикистони натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд. Бинобар ин фарҳанги арабӣ ва мафкураи  исломӣ мисли асри VII аз нав хурӯҷ карда ба оташи ҷанг равған рехт. Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки гуногунақидагӣ дар масъалаи дину этиқод ба нофаҳмиҳо пайдоиши ҳар гунна ҳаракатҳову ҳизбҳое оварда мерасрнад, ки метавонад боиси халалдории оромиву суботи давлату ҷомеъа гарданд. Бояд қайд кард, ки аллакай ин падидаҳо дар ҷомеъаи мо зуҳур ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди соҳибмарифати Тоҷикистони азизамон бояд дарк кунад, ки дин аз сиёсат ҷудо аст, вале давлат дар сиёсати худ дин ва масъалаҳои диниро аз мадди назараш дур  намемонад. Истифодаи дин, эҳсос ва этиқодии динии мардум дар сиёсат раво нест. Барои он, ки аз номи дину худо манипулятсия накунанд. Барои ба ин мақсад расидан бояд калимаи ислом аз номи ҳизби наҳзати ислом бардошта шавад.

Аз қабили чунин қувваҳо, ки бо эҳсоси мардум ба қавле бозӣ мекунанд ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзат мебошад. Намояндагони ин ҳизб сар аз роҳбари «оқил»-и худ  мехостанд бо роҳи давлатро дар назари мардуми одди сиёҳ созанду барои ҳизбаш имтиёзоти сиёсӣ ба даст орад. Он мушкилотеро мегӯянд, ки мардум худаш медонад. Суханпардозиҳояшонро хизмат ба ҷомеъа меҳисобанд. Аммо дар бораи он ки ҳизби наҳзати ислом аҳри ҳаёти орому осудаи мардум, пешрафти иқтисодии онҳо чи корҳоеро анҷом додаст, хомуш аст. Зеро амали воқеиро дар тӯли мавҷудияти ҳизб анҷом надодааст. Фарқиятгузори ин ё он гурӯҳҳо дар масоили дини метавонад байни ин гурӯҳҳо ҳисси бадбини ва тафриқаро ба миён оварад. Аз ин лиҳоз тарафдорони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон имрӯз дар кишвар намондааст, зеро онҳо чеҳраи аслии худро нишон дод.

 

 

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз маъмултарин  таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, ба миллат, фарҳанг ва дин  рабте надорад. Аммо бархе аз кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси  «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври ошкоро назари расонаҳои  байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад.  Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

         Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, ба сафи гурӯҳҳои  ифротгароӣ  равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва аз ҳам аз тариқи иқдомогти ҷиноӣ, монанди кочоқи  маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки  дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд.

Мутаассифона, дар ин амал нақши ҲНИ калон аст. Он аъзо ва пайравоне, ки аз амалкарди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати бастани ин ҳизб норозианд, имрӯз хеле фаъолона дар ҷалби ҷавонон гом мениҳанд. Ҳадафашон ҷавони гумроҳро барои оянда омода кардан аст. Яъне, инҳо мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулот намуда, нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагони худро дар амал ҷорӣ созанд.  

         Воқеан аз нақли нафарони гумроҳшуда бармеояд,   ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

         Мо, устодон аз ҷавонони огоҳу зирак даъват ба амал меоварем, ки ба ҳамсолони худ роҳнамову ёвар бошед. Ба онҳо фаҳмонед, ки наҳзатиён на дӯст, балки душмани миллат ҳастанд.          

 

Имрӯзҳо сар то сари олам дар ҳамаи минтақаҳое, ки мардуми мусулмон кор ва зиндагӣ мекунанд, мудом хархаша, бадгӯйӣ кардан, ҳамдигарро сарзаниш кардан ва ҳатто барои қатли якдигар омодагӣ мегиранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз дар давлатҳои мусулмонӣ мудом ҷангу куштору террори мардум рӯй ба инкишоф аст!? Ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии он иборат аз он аст, ки аксари мардуми худро мусулмон муаррифӣ мекарда аз арзишҳои баланди дини мубини ислом хабар надоранд ва аксарияташон, ки саводи нокифояи мазҳабӣ доранд, тез ба доми фиреби ҷосусони хориҷӣ гирифтор гашта, ба хоҷагони худашон, ки ба ном «сарсупурдагони исломанд», ҳамчун манқуртҳо хизмат менамояд. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори он нест, ки хуни бандаи муъмин ноҳақ рехта бошад. Амалҳои мудҳиш ва ноҷавонмардонае, ки дар Сурия, Ироқ, Яман ва дигар давлатҳои исломӣ ба вуқӯъ меоянд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ҳамаи давлатҳои номбурда дар паси иҷрои амалҳои мудҳиш ва қатли одамони бегуноҳ рӯсиёҳони пулпарасти хориҷие меистанд, ки ғарази эшон фақат барангехтани даҳшат ва куштор буда, бо ин восита пур кардани ҳамёнҳои бетаги худашон мебошад. Шумо дӯстони азиз, як маротиба жарфтар андеша карда бинед, ки қатли оммавӣ, террорҳои мудҳиштарин, бесарусомониҳои ногуфтанӣ ҳеҷ гоҳ дар Америка, Англия ва дигар давлатҳои абарқудрат рӯй намедиҳанд ва фақат ин амалҳо дар давлатҳои кӯчак ва алалхусус дар давлатҳои мусулмонӣ роҳандозӣ мешаванд. Мо хуб медонем, ки агар қавм ва ё фарду ҷомеаи ин дорои савдои казоӣ набошад, ин қавм ва ин ҷомеаро метавон бо роҳи фиреб ба доми ҳаргуна амалҳои мудҳиш равона кард. Мо ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоям ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанием, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».

 

 

22 майи соли равон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури гирандагони стипендияи Раиси вилоят таъкид кард, ки таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

-Тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантони фаъол ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ, зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷўёну магистрантон ва аспирантон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба донишҷўёни аълохон маҳсуб меёбад, - иброз дошт Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки аз 300 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят тавассути озмун ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ишора ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён дошт, ки ҷавонони фаъол бояд равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи имрўзро дарк ва таҳлил намуда, корҳои таблиғотӣ ва маърифатию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ ва таассубу хурофот ҷоннок намоянд.

Раиси вилоят донишҷўёну магистрантон ва аспирантонро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо таманно намуд. Самые доступные цены на проституток в Пензе у нас!

Сипас, ба 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят барои соли хониши 2017-2018 стипендияҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷавонони фаъоли вилоят бо сипосмандӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Шинохти арзишҳои ҷомеаи башарӣ, алалхусус, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавии босуръат аҳамияти бештар касб мекунад. Воқеан ҳам агар мо аз таъриху тамаддун, вазъи сиёсии кишвари худ огоҳ набошем, пас қувваҳое ин заифии моро мақсаднок истифода мебаранд.  Афроде, ки чанде пеш дар назди сафоратхонаи Эрон даст ба тазоҳурот заданд, нидои қалби онҳоест, ки доираи андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии фарох доранд  ва аллакай ба қавле сараро аз носара, сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд, шиори зиндагиашон ватандӯстию ватандорӣ ва хештаншиносист. Талаб ва мақсуди ин тазоҳуроткунандагон садоқатманд пойдории сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон ва пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои даҳшатангези қатлу куштор, терроризм аст. Танҳо ин модарони муштипар аз Кабириву ҷами ёронаш хостгори он ҳастанд, ки фарзанҳояшонро гумроҳ накунанд.

Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан,  миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

         Аз ин, рӯ моро зарур аст, ки ба ҷомеа фаҳмонем, ки чи нақшаҳои «бориз» доранд душманони миллати мо. Танҳо якдиливу сарҷамъи моро ғолиб мегардонад.